Атр задан
Мақолаҳои Викишиа бо рӯйкарди иртибот бо мактаби ташайюъ навишта мешаванд. Барои огоҳӣ аз паҳлӯҳои дигари мавзуъ, манобеи дигарро ҷӯё шавед. |
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Истеъмоли атр (форсӣ: استعمال عطر) ё атр задан (форсӣ: عطر زدن), аз мустаҳабботи муаккад ва суннати паёмбарон шумурда мешавад ва дар бархе замонҳо монанди ҳангоми намоз, вуруд ба масҷид, рӯзи ҷумъа ва иди фитр ва иди қурбон таъкиди бештар бар он шудааст.
Ба фатвои фақиҳон, атр задани зан дар баробари шавҳар мустаҳаб; аммо истеъмоли атр дар баробари номаҳрам ва низ дар замони иддаи вафот, ҳаром аст. Ҳамчунин истифода аз атр дар ҳоли эҳром, мамнуъ буда ва дар сурати қасдан атр задан, каффора дорад.
Бар асоси ривоёт, ҳадя додани атр ва хароҷ кардан барои харидани он мустаҳаб аст ва супориш шуда ҳангоми истеъмоли он салавот фиристода шавад. Атр задан дар ҳоли ибодат сабаби афзоиши савоби он мешавад.
Ҷойгоҳ ва аҳаммият
Истеъмоли атр аз мустаҳаббот, ахлоқи паёмбарон ва суннатҳои онон шумурда шудааст.[1] Атр ба ҳар моддаи хушбӯе гуфта мешавад, ки ба сурати пошидан, молидан, бухор кардан ва дуд кардан ба кор меравад.[2]
Хароҷот кардан барои атр мустаҳаб шумурда шуда[3] ва нақл шуда, ки Паёмбар (с) барои атр беш аз ғизо харҷ мекард.[4]
Атр задан аз намунаҳои назофат, ороиш ва зебоӣ буда[5] ва дар ривоёт ба он тавсия шудааст.[6]
Одов ва мустаҳаббот
Бино ба ривоёт истеъмоли атр дорои одобе аст;[7] задани атр ба мӯи лаб[8] ва салавот фиристодан ҳангоми истеъмоли он.[9]
Ҳамчунин гуфта шуда, ки истифода аз атр ҳангоми ибодат, сабаби афзоиши савоби он мешавад.[10] Аз Имом Содиқ (а) нақл шуда, ки намози инсони муаттар, бар ҳафтод намози бидуни атр, бартарӣ дорад.[11]
Бо вуҷуди бархе боварҳои оммиёна дар бораи нописандии ҳадя додани атр,[12] Паёмбар (с) онро беҳтарин ҳадя дониста[13] ва радд кардани он макруҳ шумурда шудааст.[14] Ҳамчунин нақл аст, ки маъсумон (а) ҳадяи атрро радд намекардаанд.[15]
Дар истиҳбоби истеъмоли атр, тафовуте миёни анвоъи он нест,[16] бо ин ҳол истифода аз мушк,[17] анбар,[18] гулоб[19] ва ғолия (атри мураккаб аз мушк, анбар, уд ва равған)[20] тавассути маъсумон (а) гузориш шудааст. Имом Содиқ (а) мушк, анбар, заъфарон ва удро аз атрҳо шумурда[21] ва ба бухор кардан низ суфориш шудааст.[22]
Мавориди истиҳбоби истеъмоли атр
Истеъмоли атр мустаҳаб аст,[23] аммо дар замонҳое монанди ибтидои рӯз,[24] ҳангоми намоз, пеш аз дуо ,[25] пас аз вузу ,[26] вуруд ба масҷид ,[27] иди фитр, иди қурбон[28] ва рӯзи ҷумъа[29] истиҳбоби бештар дорад. Бархе ривоёт, савоби бештар барои истеъмоли атр дар ин замонҳо баён кардаанд.[30]
Аҳкоми фиқҳии истеъмоли атр
Истеъмоли атр аз тарафи занон
Атр задани зан дар баробари шавҳар мустаҳаби муаккад[31] ва аз ҳуқуқи мард бар зан ва аз одоби ҳамсардорӣ[32] аст. Аммо истифода аз он тавассути зан дар баробари номаҳрам ҳаром дониста шудааст.[33] Бар асоси ривояте зане, ки барои ғайри шавҳар атр зада ва аз хона хориҷ шавад, то замони бозгашт мавриди лаънат қарор мегирад[34] Бархе фақиҳон бо истинод ба ривояте,[35] бар ин боваранд, ки пас аз ин амал, анҷоми ғусл мустаҳаб аст;[36] аммо Муҳаққиқи Баҳронӣ муътақид аст, ки мурод аз ғусл, шустани атр аз бадан аст ва на ғусли шаръӣ.[37]
Атр задан дар иддаи вафот низ бар зан ҳаром аст.[38]
Истеъмоли атр бар рӯзадор
Истеъмоли атр бар рӯзадор, мустаҳаб аст;[39] аммо бӯидани гулҳои хушбӯ, ба вижа гули наргис ва атри мушк дар ҳангоми рӯзадорӣ макруҳ дониста шудааст.[40] Ҳамчунин тавсия шуда, ки аз бӯидани атрҳои ғализе, ки ба ҳалқ мерасанд, худдорӣ шавад.[41]
Истеъмоли атр дар ҳоли эҳром
Истеъмоли атр барои муҳрим, аз муҳаррамоти эҳром аст[42] ва шомили бӯидан, молидани атр ва хӯрдани маводи муаттар (гиёҳҳо ва ғизоҳои хушбӯ) мешавад.[43] Қасдан истеъмол кардани он, як гӯсфанд каффора дорад.[44]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.420-421.
- ↑ Луғатномаи Деҳхудо, зери мадди «атр».
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.486.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.512; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.577.
- ↑ Ҳусайнии Шерозӣ, ал-Фиқҳ, ан-назофа, саҳ.93.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141-144.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.510; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.141-156.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.576.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.76, саҳ.144.
- ↑ Иштиҳордӣ, Мадорик-ул-урва, 1417ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.109.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.511.
- ↑ چرا عطر دوری می آورد؟/ پشت پرده کادو دادن عطر و جدایی چیست؟», Сайти Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон.
- ↑ Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.60.
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.421.
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.421; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.147.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.486.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Ҳидоят-ул-умма, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.163.
- ↑ Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, Муассисаи Аъламӣ, ҷ.1, саҳ.33-34.
- ↑ Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, Муассисаи Аъламӣ, ҷ.1, саҳ.42-43.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.146 ва 151.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.152.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155-156.
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.420.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.485.
- ↑ Шайхи Баҳоӣ, Мифтоҳ-ул-фалоҳ, Дор-ул-азвоъ, саҳ.302.
- ↑ Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.421.
- ↑ Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (ал-муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.408.
- ↑ Ҳиллӣ, ал-Ҷомеъу л-иш-шароеъ, 1405ҳ.қ., саҳ.107.
- ↑ Алломa Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.49.
- ↑ Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, Муассисаи Аъламӣ, ҷ.1, саҳ.41-43.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.121.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.31, саҳ.147.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Аҳком-ун-нисоъ, 1426ҳ.қ., саҳ.250.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.518.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.507.
- ↑ Яздӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.158; Фозили Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоили форсӣ, Амири Қалам, ҷ.2, саҳ.104; Макорими Шерозӣ, Аҳком-ун-нисоъ, 1426ҳ.қ., саҳ.81.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.237.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.27; Систонӣ, ал-Масоил-ул-мунтахаба, 1422ҳ.қ., саҳ.422; «پرسش و پاسخ (طلاق و عده)», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.321.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Дор-ул-илм, ҷ.1, саҳ.288.
- ↑ Гулпойгонӣ, Ҳидоят-ул-ибод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.263; Баҳҷат, Василат-ун-наҷот, 1423ҳ.қ., саҳ.309.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.302.
- ↑ Алломa Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.303.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.351; Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръия, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.375.
Сарчашма
- Алломa Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Ниҳоят-ул-аҳком фи маърифат-ил-аҳком, Қум, Муассисаи Ол-ил-байт (а), 1419ҳ.қ.
- Алломa Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Ол-ил-байт (а), 1414ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1405ҳ.қ.
- Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Василат-ун-наҷот, Қум, Интишороти Шафақ, 1423ҳ.қ.
- Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Ҳидоят-ул-ибод, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1413ҳ.қ.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо, Теҳрон, Донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Дор-ул-илм, Қум, Эрон, бетаърих.
- Иштиҳордӣ, Алипаноҳ, Мадорик-ул-урва, Теҳрон, Дор-ул-усва, 1417ҳ.қ.
- Кошифулғито, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғитоъ ан мубҳимот-иш-шариъат-ил-ғарро, Қум, Интишороти Дафтари таблиғоти Ҳавзаи илмияи Қум, 1422ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, ал-Исломия, чопи севум, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Аҳком-ун-нисоъ, Қум, Интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абутолиб (а), 1426ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Теҳрон, Муассисат-ул-вафоъ, 1403ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳи Аббос Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком фи баён-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Муассисат-ул-манор, 1413ҳ.қ.
- Систонӣ, Сайид Алӣ, ал-Масоил-ул-мунтахаба, Қум, Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, 1422ҳ.қ.
- Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Лубнон, Муассисат-ул-аълами л-ил-матбуъот, бетаърих.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия ли-эҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1407ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоили форсӣ, Қум, Интишороти Амири Қалам, бетаърих.
- Ҳарронӣ, Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул ан Оли-р-расул, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1404ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Яҳё ибни Саид, ал-Ҷомеъу л-иш-шароеъ, тасҳеҳ: Ҷаъфар Субҳонии Табрезӣ, Қум, Муассисаи Саййид-уш-шуҳадо-ил-илмия, 1405ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Ол-ил-байт (а), 1409ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ҳидоят-ул-умма ило аҳком-ил-аимма, Машҳад, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломия, 1412ҳ.қ.
- Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, ал-Фиқҳ, ан-назофа, нармафзори Фиқҳи аҳл-ил-байт (а) 2.
- Шайх Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Мифтоҳ-ул-фалоҳ фи амал-ил-явм ва-л-лайла, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, бетаърих.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Бобуя, ал-Хисол, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1362ҳ.ш.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръия фи-л-фиқҳ-ил-имомия, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозими Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вуcқо (ал-муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
- پرسش و پاسخ (طلاق و عده)» («Пурсиш ва посух (талоқ ва идда)»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, санаи боздид: 8 июни 2025.
- «چرا عطر دوری می آورد؟/ پشت پرده کادو دادن عطر و جدایی چیست؟» («Чаро атр дурӣ меоварад?/ Пушти пардаи коду додани атр ва ҷудоӣ чист?»), Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, санаи дарҷи матлаб: 13 августи 2018, санаи боздид: 2 июни 2025.