Суннат

Аз wikishia

Суннат (форсӣ: سُنَّت) ба гуфтор, кирдор ва тақрири Пайғамбари Ислом (с) дахл дорад ва аз рӯи ақидаи шиа, илова бар ӯ ба гуфтор, кирдор ва тақрири имомон гуфта мешавад.

Суннат яке аз далелҳои чаҳоргона барои исботи аҳкоми шаръӣ буда, баъд аз Қуръон дуввумин сарчашмаи иҷтиҳод маҳсуб мешавад.

Олимони мусалмон ба суннат аҳамияти хосса медиҳанд ва аз он бисёре аз ҳукмҳои шаръиро истинбот мекунанд.

Тибқи иҷмоъи мусалмонон, суннати Пайғамбари Ислом ҳуҷҷат аст. Яке аз далелҳои онҳо ин аст, ки Пайғамбар (с) маъсум аст ва хато намекунад. Дар натиҷа, ҳар чизе, ки аз ӯ содир шавад, дурусту муътабар аст ва бояд аз он пайравӣ кард. Ҳамчунин, ин далел ки баъзе аз оятҳои Қуръон ба пайравӣ аз Пайғамбар фармон дода аст.

Ба ақидаи шиа, имомҳо низ монанди Пайғамбар маъсум ҳастанд ва ба ҳамин хотир суннаташон ҳуҷҷият дорад. Илова бар ин далели ақлӣ, ба оёту ривоёте ҳам истинод мекунанд; аз ҷумлаи онҳо ояти Татҳир аст, ки ба гуфтаи онҳо бар исмат ва маъсумияти Аҳли Байт далолат мекунад; ҳамчунин ҳадиси Сақалайн, ки пайравӣ аз Аҳли Байт фармон медиҳад.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Суннат, назди олимони мусулмон, аз манобеи истинботи аҳкоми шаръӣ аст[1] ва манзур аз он дар мазҳаби аҳли суннат, гуфтор, рафтор ва тақрири Пайғамбар (с)[2] ва дар шиа, гуфтор, рафтор ва тақрири маъсум аст.[3] Ба гуфтаи Муҳаммадризо Музаффар, маншаи истилоҳи «суннат», ривоёте аст, ки аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки дар онҳо пайравонашро ба табаият аз суннати худ дастур додааст.[4] Аз назари усулиён, баҳс аз ҳуҷҷияти суннат ба унвони яке аз манобеи аҳкоми шаръӣ, масаълае аст дар ҳавзаи дониши усули фиқҳ.[5]

Истилоҳи «суннат» дар адабиёти фиқҳӣ низ корбурд дорад, ки бо маънои усулии он (ба унвони яке аз масодири ҳукми шаръӣ), андаке фарқ дорад.[6] Барои мисол, гоҳ ба аъмоли мустаҳаб, дар муқобили афъоли воҷиб гуфта мешавад. Масалан ба намозҳои нофила, ки мустаҳаб аст, суннат ва ба намозҳои воҷиб, «фариза» мегӯянд.[7] Ҳамчунин гоҳ дар муқобили бидъат ба кор меравад. Бидъат яъне чизе ки ба шариъат нисбат дода шудааст, ҳол онки дар воқеъ, дар шариат нест.[8]

Фарқи суннат ва ҳадис

Суннат, яъне қавл, феъл ва тақрири Пайғамбар ё ба таври куллӣ маъсум, ба воситаи ҳадис ҳикоят мешавад; дар айни ҳол гоҳе маҷозан ду истилоҳи «суннат» ва «ҳадис» ба ҷои якдигар ба кор мераванд.[9]

Аҳамият ва эътибори суннат

Баъд аз Қуръон, муътабартарин манбаъ барои истинботи ҳукми шаръӣ, назд ҳамаи фуқаҳои мусулмон, суннат аст.[10] Дар фиқҳи исломӣ, бисёре аз аҳкоми шаръӣ ва ҳамчунин ҷузъиёти бисёре аз аҳкоме, ки дар Қуръон ба сурати муҷмал омадааст, ба воситаи суннат шинохта мешавад.[11] Олимони мусулмон эътибори суннат дар Исломро аз заруриёти дин медонанд[12] ва мегӯянд, инкори ҳуҷҷияти он баробар аст бо муноқиша дар яке аз заруриёти дин ва дар натиҷа хуруҷ аз Ислом.[13] Ҳамчунин суннатро калиди фаҳми Қуръон ба шумор меоваранд ва бар ин боваранд, ки руҷӯъ ба он барои фаҳми Қуръон зарурӣ аст.[14]

Маҳдудаи суннат

Мазоҳиби исломӣ дар инки суннат шомили чӣ мешавад, ихтилофи назар доранд: дар мазҳаби шиаи имомӣ, имомони маъсум (а), ба воситаи Пайғамбар, аз сӯи Худованд мансуб шудаанд, то пас аз Пайғамбар аҳкоми Илоҳӣ баён кунанд ва худ манбаи ташреъи аҳкоми воқеии Илоҳианд.[15] Аз ин рӯ, дар ин мазҳаб, илова бар суннати Пайғамбар (с), суннати имомон низ ҳуҷҷат аст ва ба он амал мешавад.[16]

Дар мазҳаби аҳли суннат, суннат мунҳасир дар гуфтор, рафтор ва тақрири Пайғамбар (с) аст.[17] Албатта бархе аз олимони ин мазҳаб, ҳамчун Шотибӣ, барои суннати саҳоба низ ҳуҷҷият қоил шудаанд;[18] чароки аз назари онон, амали саҳоба бар тибқи суннате будааст, ки наздашон собит буда, вале ба мо нарасида, ё мутобиқи иҷтиҳодашон будааст.[19]

Дигар мазоҳиби мусулмон

Мазоҳиби фиқҳии Абозия ва Зайдияро дар мабонӣ, наздик ба фиқҳи аҳли суннат донистаанд, ки бар суннати набавӣ ба унвони яке аз манобеи истинботи ҳукми шаръӣ такя мекунанд.[20] Абозия, илова бар суннати набавӣ, суханон ва сираи саҳобаро низ ҳуҷҷат мешуморанд.[21] Зайдия низ илова бар суннати Аҳли Байт, ба суннати саҳоба, ба унвони яке аз масодири аҳкоми шаръӣ амал мекунанд.[22]

Ақсом

Суннатро ба се қисми феълӣ, қавлӣ ва тақрирӣ тақсим кардаанд:[23]

Суннати феълӣ

Ба амале, ки Пайғамбар ё маъсум онро ба қасди ташреъи ҳукми шаръӣ анҷом дода бошад, монанди вузӯъ гирифтан, намоз хондан ва ҳаҷ ба ҷо овардан, суннати феълӣ гуфта мешавад.[24] Умуре монанди ишора, китобат ва тарки феъли Пайғамбар ё маъсумро ҳам аз синхи суннати феълӣ бармешуморанд.[25]

Дар бора чигунагии далолати феъли Пайғамбар ва маъсум бар ҳукми шаръӣ гуфта мешавад, ду ҳолат вуҷуд дорад:

  • Феъле, ки аз Пайғамбар ё имоми маъсум содир мешавад, бо қароине ҳамроҳ аст, ки ба воситаи ин қароин маълум мешавад Пайғамбар ё имоми маъсум дар мақоми баёни ҳукме аз аҳком ё ибодате аз ибодот монанди намоз, вузӯъ, ҳаҷ ва монанди он аст. Ҳамчунин аз тариқи ин қароин маълум мегардад, ки ин феъл вуҷубӣ аст, ё истиҳбобӣ ё ғайри он.[26]
  • Феъле, ки аз Пайғамбар ё имоми маъсум содир шуда бо қаринае ҳамроҳ нест, то маълум шавад бар чӣ ҳукме далолат мекунад.[27] Дар инҷо чанд дидгоҳ вуҷуд дорад:[28] бархе мегӯянд, далолат мекунад бар вуҷуби он феъл,[29] касоне муътақиданд, нишондиҳандаи истиҳбоби он аст[30] ва ба бовари ҷамъе дигар, бар ҳеҷ як далолат намекунад ва танҳо фаҳмида мешавад анҷоми он барои мо мубоҳ ва ҷоиз аст.[31]

Ҳамчунин усулиён гуфтаанд, агар феъле, ки аз Пайғамбар ё имоми маъсум содир мешавад, бо қаринае ҳамроҳ бошад, ки ба воситаи он, маълум мешавад ин феъл ба Пайғамбар ё имоми маъсум ихтисос дорад, монанди вуҷуби таҳаҷҷуд барои Пайғамбар, ин феъл барои соири мусулмонон ҳуҷҷат нест,[32] аммо агар феъле, ки аз Пайғамбар ё имоми маъсум содир мешавад маълум набошад, ки ба онҳо ихтисос дорад, ё шомили ҳамаи мусулмонон мешавад, дар ҳуҷҷияти ин феъл барои бақияи мусулмонон ихтилофи назар вуҷуд дорад.[33] Бархе бар ин назаранд, ки чунин феъле фақат ба онҳо ихтисос дорад ва бархеи дигар гуфтаанд, барои ҳамаи мусулмонон ҳуҷҷият дорад ва ҳама метавонанд ба он амал кунанд.[34]

Суннати қавлӣ

Ба суханони Пайғамбар ва соири маъсумон суннати қавлӣ гуфта мешавад.[35] Бештарин бахши суннат, ҳамин суннати қавлӣ ё суханоне аст, ки аз Пайғамбар ва имомони маъсум нақл шудааст.[36]

Суннати тақрирӣ

Мақолаи аслӣ: Тақрири маъсум

Тақрири Пайғамбар ё маъсум иборат аст аз сукути онҳо дар баробари гуфтор ё рафторе, ки дар ҳузурашон матраҳ мешавад.[37] Гуфта мешавад, тақрири маъсум, бо шароите, далолат бар ҷоиз будан ё сиҳҳати гуфтор ё рафторе дорад, ки назди ӯ баён ё амал шудааст;[38] бо ин далел, ки маъсум муваззаф аст хатокорро аз анҷоми мункар боздорад ва агар ноогоҳ аст роҳи дурустро ба вай нишон диҳад.[39]

Далоили эътибор ва ҳуҷҷияти суннат

Олимони мусулмон барои исботи ҳуҷҷияти суннати Пайғамбар, ба Қуръон, иҷмоъ ва далели ақлӣ истинод кардаанд. Аз ҷумлаи оёти қуръонии мавриди истинод дар ин замина, оёте аст, ки бар вуҷуби итоат аз Пайғамбар далолат мекунанд.[40] Дар хусуси иҷмоъ ҳам гуфта мешавад, ҳамаи фирқаҳои мусулмон бар ҳуҷҷияти қавл, феъл ва тақрири Пайғамбар ва пайравӣ аз он, иттифоқи назар доранд,[41] далели ақлӣ ҳам ба ин шарҳ аст: дар илми калом собит шудааст, ки Пайғамбар, маъсум аз гуноҳ, хато ва ғафлат аст; пас қавл, феъл ва тақрири ӯ ҳуҷҷат ва қобили эътимод аст.[42]

Олимони шиа, илова бар ин истидлолҳо барои ҳуҷҷияти суннати Пайғамбар, аз се Қуръон, суннати Пайғамбар ва ақл барои исботи ҳуҷҷияти суннати имомони маъсум далел меоваранд:[43]

  • Қуръон: бар асоси ояи Татҳир ва ояти Улуламар, Имомон (а) дорои исматанд ва бинобарин, суннати онон қобили эътимод ва пайравӣ аз он лозим аст.[44]
  • Суннати Пайғамбар: бар пояи ҳадиси Сақалайн, ки ба сурати мутавотир, аз Пайғамбар нақл шудааст, барои пешгирӣ аз гумроҳӣ, ба пайравӣ аз Қуръону Аҳли Байт (а) дар канори ҳам, амр шудааст.[45]
  • Ақл: милоки ақлии ҳуҷҷияти суннати Пайғамбар исмати ӯст. Аз тарафе дар илми калом собит шудааст, ки Аҳли Байт (а) низ монанди Пайғамбар маъсуманд. Бинобарин, суннати онҳо низ ҳуҷҷият дорад.[46]

Эзоҳ

  1. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.96; Баҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.178; Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳи-ил-ом, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.76.
  2. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.95.
  3. Ҳаким, ал-Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, 1979м., саҳ.122; Баҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.178.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед ба Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.899.
  5. Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1437ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22 - 24.
  6. Баҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.179.
  7. Баҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.179.
  8. Баҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.180.
  9. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.58.
  10. Баҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.178.
  11. Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳи-ил-ом, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.76; Баҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.178.
  12. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97; Хизрии бак, Усул-ул-фиқҳ, 1389ҳ.қ., саҳ.239.
  13. Ҳаким, ал-Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, 1979м., саҳ.126.
  14. Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳи-ил-ом, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.75 - 76.
  15. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57.
  16. Ҳошимии Гулпойгонӣ, Мабоҳис-ул-алфоз: тақрироти дарси усули оятуллоҳ Систонӣ, 1441ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.47.
  17. Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳи-ил-ом, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.75.
  18. Шотибӣ, ал-Мувофиқот, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.290 - 293; Ҳаким, ал-Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, саҳ.122.
  19. Шотибӣ, ал-Мувофиқот, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.290.
  20. Зарқо, ал-Мадхал-ул-фиқҳи-ил-ом, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.191.
  21. Ҳорисӣ, ал-Уқуд-ул-физзия фи усул-ил-абозия, Аммон, саҳ.2; Зиёӣ, Фиқҳи абозӣ, интишороти байналмилалии Амин, саҳ.26.
  22. Абузуҳра, ал-Имом Зайд, Дорулкутубилъарабӣ, саҳ.233.
  23. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҷизонӣ, Маъолиму усул-ил-фиқҳ инда аҳл-ис-суннати ва-л-ҷамоъат, 1429ҳ.қ., саҳ.119; Зуҳайлӣ, Усул-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.450.
  24. Зуҳайлӣ, Усул-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.450.
  25. Ибни Наҷҷор, Мухтасар-ут-таҳрир шарҳи ал-кавокиб-ил-мунир, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160 - 166.
  26. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.59.
  27. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.59.
  28. Мирзои Қумӣ, ал-Қавонин, ҷ.2, саҳ.553.
  29. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.59.
  30. Мирзои Қумӣ, ал-Қавонин, ҷ.2, саҳ.553.
  31. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.59.
  32. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.61.
  33. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.61.
  34. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.61.
  35. Зуҳайлӣ, Усул-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.450.
  36. Абузуҳра, Усул-ул-фиқҳ, Дорулфикрилъарабӣ, саҳ.105.
  37. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.61.
  38. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.61.
  39. Ширвонӣ, Таҳрири усули фиқҳ, 1385ҳ.ш., саҳ.210–211; Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.61 - 62.
  40. Барои намуна нигоҳ кунед ба сураи Оли Имрон, ояти 32; сураи Нисо, ояти 59; сураи Моида, ояти 92; сураи Анфол, оёти 20 ва 46; сураи Нур, ояти 54; сураи Муҳаммад, ояти 32; Намла, ал-Муҳаззаб фи илми усул-ил-фиқҳ-ил-муқоран, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.638.
  41. Намла, ал-Муҳаззаб фи илми усул-ил-фиқҳ-ил-муқоран, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.639.
  42. Ҳаким, ал-Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, 1979м., саҳ.128; Намла, ал-Муҳаззаб фи илми усул-ил-фиқҳ-ил-муқоран, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.639.
  43. Ҳаким, ал-Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, 1979м., саҳ.148.
  44. Ҳаким, ал-Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, 1979м., саҳ.149 - 159.
  45. Ҳаким, ал-Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, 1979м., саҳ.164 - 167.
  46. Баҳронӣ, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, ҷ.2, саҳ.179; Ҳаким, ал-Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, 1979м., саҳ.187.

Сарчашма

  • Абузуҳра, Муҳаммад, ал-Имом Зайд, Қоҳира, Дорулфикрилъарабӣ, 1425ҳ.қ.
  • Абузуҳра, Муҳаммад, Усул-ул-фиқҳ, Димишқ, Дорулфикрилъарабӣ, бе то.
  • Баҳронӣ, Муҳаммад Санқур, ал-Муъҷам-ул-усулӣ, Қум, интишороти Итрат, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Зарқо, Мустафо Аҳмад, ал-Мадхал-ул-фиқҳи-ил-ом, Димишқ, Дорулқалам, 1418ҳ.қ.
  • Зиёӣ, Алиакбар, Фиқҳи абозӣ, Теҳрон, интишороти байналмилалии Амин, бе то.
  • Зуҳайлӣ, Ваҳба, Усул-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, Димишқ, Дорулфикр, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Наҷҷор, Муҳаммад ибни Аҳмад, Мухтасар-ут-таҳрир шарҳ-ил-кавокиб-ил-мунир, беҷо, нашри Абикон, чопи дувум, 1418ҳ.қ.
  • Мирзои Қумӣ, Сайид Абулқосим, ал-Қавонин-ул-муҳкама фи-л-усул, Қум, эҳёилкутубил-исломия, чопи аввал, 1430ҳ.қ.
  • Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1406ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, нашри дониши исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Намла, Абдукарим ибни Алӣ, ал-Муҳаззаб фи илми усул-ил-фиқҳ-ил-муқоран, Риёз, Дорулнашр, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Кифоят-ул-усул, Қум, маҷмаъулфикрил-исломӣ, чопи ҳафтум, 1437ҳ.қ.
  • Хизрии бак, Муҳаммад, Усул-ул-фиқҳ, Миср, алмактабатул-тиҷориятилкубро, 1389ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳаммадтақӣ, ал-Усул-ул-омма ли-л-фиқҳ-ил-муқоран, Қум, муассисаи Олулбайт, 1979м.
  • Ҳорисӣ, Солим, ал-Уқуд-ул-физзия фи усул-ил-абозия, Аммон, бено, бе то.
  • Ҳошимии Гулпойгонӣ, Сайидҳошим, Мабоҳис-ул-алфоз: тақрироти дарси усули Оятуллоҳ Систонӣ, Қум, Исмоилиён, чопи аввал, 1441ҳ.қ.
  • Ҷизонӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Маъолиму усул-ил-фиқҳ инда аҳл-ис-суннати ва-л-ҷамоъа, Риёз, Дору Ибни-л-Ҷавзӣ, чопи ҳафтум, 1429ҳ.қ.
  • Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Иршод-ул-фуҳул ило таҳқиқ-ил-ҳақ мин илми-л-усул, Димишқ, Дорулкутубилъарабӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ширвонӣ, Алӣ, Таҳрири усули фиқҳ, Қум, Дорулъилм, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Шотибӣ, Иброҳим ибни Мусо, ал-Мувофиқот, беҷо, интишороти Дору Ибни Афон, чопи аввал, 1417ҳ.қ.