Jump to content

Ятимнавозӣ

Аз wikishia

Ятимнавозӣ (форсӣ: یتیم‌نوازی) ҳимояти молӣ ва маънавӣ аз ятим аст, ки дар дини Ислом ба он бисёр тавсия шудааст. Қуръон ятимро гиромӣ дошта ва бо тавсияҳое, мухотабонашро ба риояи ҳуқуқи ятимон ва таваҷҷуҳу некӣ ба онон даъват кардааст. Дар Қуръон ба икроми ятим, ғизо додан ба ятим, эҳсон ва некӣ ба ятим ва инфоқ ба ятим тавсия шудааст.

Дар ривоятҳои исломӣ ҳам муҳаббат ва таваҷҷуҳ ба ятимон аҳамияти хос дорад. Аз Пайғамбар (с) ривоят шудааст: «Ҳар кас ятимеро то замоне ки бениёз шавад, мавриди меҳрубонии худ қарор диҳад, биҳишт бар ӯ воҷиб мешавад». Ятимнавозӣ дар сираи Аҳли Байт низ бисёр аҳамият доштааст. Барои мисол, аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст ки эҳтимоми зиёде ба кори ятимон дошт ва худро падари ятимон меномид.

Дар тӯли таърих, дар ҷаҳони Ислом, ба ятимнавозӣ таваҷҷуҳи вижа шудааст ва дорулайтомҳое бо унвони мактабулайтом барои нигаҳдорӣ ва сарпарастии онон таъсис ёфтааст.

Зарурати ҳимоят аз ятим дар дин

Таблӯи Паноҳ (Ятимнавозӣ), асари Маҳмуди Фаршчиён

Олимони динӣ гуфтаанд Ислом ба эҳтиром гузоштан ба ятим ва паноҳ додан ба ӯ тавсия кардааст[1] ва ҷомеаро дар баробари ятимон масъул донистааст.[2] Ҳамчунин ба муъминон амр шудааст, ки ба кори ятимон бипардозанд то зарару зиёне ба онон нарасад.[3] Ба гуфтаи Ҳусайни Ансориён, руҳонӣ ва хатиби шиа, ятимнавозӣ аз бузургтарин ибодатҳост.[4]

Ятим кист?

Ятим дар истилоҳи фиқҳӣ ба касе гуфта мешавад, ки падари худро пеш аз булуғ аз даст додааст.[5] Дар Қуръон ва ҳадис, ятим ба маънои луғавияш, яъне касе ки яке аз волидонашро аз даст додааст низ истифода шудааст.[6]

Тавсияи Қуръон ба икроми ятим

Касоне ки амволи ятимонро ба ситам мехӯранд, ҷуз ин нест ки оташеро дар шиками худ фурӯ мебаранд ва ба зудӣ дар оташе фурӯзон дармеоянд.


«Ояти 10 сураи Нисо»


Қуръон ятимро гиромӣ дошта ва бо тавсияҳое мухотабони худро ба риояи ҳуқуқи ятимон ва таваҷҷуҳу некӣ ба онон даъват кардааст.[7] Дар Қуръон ба икроми ятим (ояти 17 сураи Фаҷр), ғизо додан ба ятим (ояти 8 сураи Инсон, ояти 15 сураи Балад), эҳсон ва некӣ ба ятим[8] (ояти 83 сураи Бақара, ояти 36 сураи Нисо) ва инфоқ ба ятим[9] (ояти 215 сураи Бақара) тавсия шудааст.[10]

Дар оятҳои 1 ва 2 сураи Моун, касоне ки охиратро инкор мекунанд, ҳамон касонеанд ки ятимро аз худ меронанд.[11] Дар ояти 9 сураи Зуҳо, хитоб ба Пайғамбар (с) ва ҳамаи мусалмонон гуфта шудааст, ки ятимро таҳқир накунед.[12] Бар асоси ояти 10 сураи Нисо, касоне ки амволи ятимонро ба ноҳақ тасарруф мекунанд, сахттарин азобро хоҳанд дид[13] ва дар оташе афрӯхта ворид хоҳанд шуд.[14]

Гуфта шудааст ки ҳаққи ятим он аст ки амволи ӯро ба беҳтарин шева ба кор андозанд то фоидаи бештаре дошта бошад ва вақте болиғ шуд, ҳаққи ӯро ба ӯ таслим намоянд.[15] Мувофиқи ояти 17 сураи Фаҷр, сабаби зиллати бархе ин аст ки ятимро гиромӣ надошта ва ҳуқуқашро риоя накардаанд.[16] Аз ин оят истифода шудааст ки ҳар кас ба икроми ятим ва риояи ҳаққи ӯ бархезад, мавриди икроми Худо қарор мегирад.[17] Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ аз мароҷеи тақлиди шиа, Қуръон бисёр кӯшидааст то дидагони ҷомеаро ба сӯи ятимон ҷалб кунад; то он ҷо ки дастур медиҳад ҳангоми тақсими амволи майит, ҳар гоҳ ятиме дар миёни наздикони ӯ бошад, саҳме низ ба ӯ диҳанд, ҳарчанд ворис набошад.[18]

Сираи Аҳли Байт

Акс аз кӯдакон дар як маркази нигоҳдории кӯдакон дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза), тақрибан солҳои 1932–1933. Дар ин тасвир ёздаҳ кӯдак бо сарҳои тарошида ва бо пешдоманҳои яксон рӯи нимкатҳо, паҳлӯи як миз нишастаанд. Зане бо пешдоман ва рӯсарии сафед дар сари миз истодааст. (Суратгир: Лотте Якоби)

Дар ривоятҳои исломӣ муҳаббат ва таваҷҷуҳ ба ятимон аҳамияти хос дорад[19] ва икроми ятим ҷузъе аз сираи Аҳли Байт (а) дониста шудааст.[20] Аз Пайғамбар (с) нақл кардаанд: «Ҳар кас ятимеро то замоне ки бениёз шавад, мавриди меҳрубонии худ қарор диҳад, биҳишт бар ӯ воҷиб мешавад.»[21] Ҳамчунин нақл шудааст, ки Имом Алӣ (а) эҳтимоми зиёде ба кори ятимон дошт ва худро падари ятимон меномид.[22] Имом Алӣ (а) дар васиятномаи худ таваҷҷуҳ ба ятимонро дар канори таваҷҷуҳ ба намоз ва Қуръон қарор додаву гуфтааст: «Ятимонро гоҳе сер ва гоҳе гурусна нагузоред ва мабодо бо ҳузури шумо сахтӣ бикашанд.»[23]

Парваришгоҳи ятимон

Тавсияҳои дучандон дар бораи ятимон дар сарчашмаҳои динӣ боис шудааст, ки мусалмонон дар тӯли таърих нигоҳе вижа ба ятимон дошта бошанд. Дар ҷомеаҳои исломӣ, мактабхонаҳову ятимхонаҳо муҳимтарин ва густардатарин ниҳоди ӯҳдадори омӯзиш ба кӯдакони ятим дар ҷаҳони Ислом ба шумор мерафтанд. Дарулайтом ё ятимхонаҳо дар кишварҳои исломӣ аз охири қарни сенздаҳуми ҳиҷрӣ ташкил шуд ва сипас дар қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ, рушди сареъ ва чашмгире ёфт.[24]

Эзоҳ

  1. Мударрисӣ, Тафсири ҳидоят, 1377ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.353
  2. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, Қум, ҷ.13, саҳ.153
  3. Ансориён, Зебоиҳои ахлоқ, Қум, саҳ.325
  4. Ансориён, Зебоиҳои ахлоқ, Қум, саҳ.320
  5. Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.281; Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.245
  6. Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12; Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, [бетаърих], саҳ.576
  7. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, Қум, ҷ.13, саҳ.153; Ансориён, Зебоиҳои ахлоқ, Қум, саҳ.320; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.379
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.328
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.104
  10. Ансориён, Зебоиҳои ахлоқ, Қум, саҳ.320
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.368
  12. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.106
  13. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.280; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, Қум, ҷ.13, саҳ.161
  14. Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.27; Муҳсинӣ, Нақши Ислом дар асри ҳозир, 1387ҳ.ш., саҳ.89
  15. Муҳсинӣ, Нақши Ислом дар асри ҳозир, 1387ҳ.ш., саҳ.89
  16. Ансориён, Зебоиҳои ахлоқ, Қум, саҳ.320
  17. Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон ва равҳ-ул-ҷанон, 1408ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.271; Ансориён, Зебоиҳои ахлоқ, Қум, саҳ.320
  18. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, Қум, ҷ.13, саҳ.160
  19. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.463; Макорими Шерозӣ, Анвори ҳидоят, 1390ҳ.ш., саҳ.388
  20. Ансориён, Зебоиҳои ахлоқ, Қум, саҳ.321
  21. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.58; Мударрисӣ, Тафсири ҳидоят, 1377ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.354
  22. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.272
  23. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.113; Макорими Шерозӣ, Аз ту суол мекунанд, 1387ҳ.ш., саҳ.131
  24. Маъсумӣ, «Дарулайтом», зил мадхал

Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва равҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1408ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Боқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, таҳқиқ: Сайид Иброҳими Миёнҷӣ, Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Ансориён, Ҳусайн, Зебоиҳои ахлоқ, Қум, Дор-ул-ирфон, бетаърих.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Аз ту суол мекунанд, таҳия ва танзим: Абулқосим Алиённажодӣ, Қум, Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1387ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Анвори ҳидоят, маҷмуаи баҳсҳои ахлоқӣ, Қум, Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1390ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амирулмуъминин (а), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи сиюдувум, 1374ҳ.ш.
  • Маъсумӣ, Муҳсин, «Дарулайтом», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.16, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, 1393ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Паёми Мавло аз бистари шаҳодат, таҳия ва нигориш: Муҳаммадмаҳдӣ Нодирии Қумӣ, Қум, Интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ (р).
  • Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, [беҷой], [бетаърих].
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Тафсири ҳидоят, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Муҳсинӣ, Шайх Муҳаммад Осиф, Нақши Ислом дар асри ҳозир, Кобул, Бино, 1387ҳ.ш.
  • Ровандӣ, Қутбуддин, Фиқҳ-ул-Қуръон фӣ Шарҳи Оёти Аҳком, мусаҳеҳ: Сайид Аҳмади Ҳусайнӣ, Қум: Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи дуюм, 1405ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), бетаърих.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Байрут, Муассисаи Аъламӣ лилматбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фӣ Фиқҳул-Имомия, муҳаққиқ: Сайид Муҳаммад Тақии Кашфӣ, Теҳрон: Мактабатул-Муртазавия ли-Иҳёи Осори Ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии Дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
  • Ҳарр Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоилуш-шиа, Қум, Муассисаи Оли Байти Алайҳимуссалом ли-Иҳёи Турос, бетаърих.
  • Ҷассос, Аҳмад ибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, таҳқиқ: Муҳаммад Содиқ Қамҳавӣ, Байрут: Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1405ҳ.қ.