Саҳархезӣ

Аз wikishia

Саҳархезӣ (форсӣ:سَحَرخیزی) дар адабиёти исломӣ ба бедор мондан пеш аз азони субҳ гуфта мешавад, ки бахшида шудани гуноҳон ва истиҷобати дуо аз фоидаҳои он аст.

Бар пояи ривоёт, маъсумон (а) саҳархез будаанд. Ба ҷо овардани намози шаб ва хондани дуои саҳар дар моҳи Рамазон аз ҷумлаи аъмоле аст, ки дар вақти саҳар супориш шудааст.

Назди мусулмонон бархе кишварҳо, оинҳои саҳархонӣ ва таблзанӣ дар саҳарҳои моҳи Рамазон марсум будааст.

Мафҳумшиносӣ

Саҳархезӣ, бедор шудан аз хоби ҳангоми саҳар аст[1] ва саҳар бино бар бархе ривоёт ба маънои пеш аз тулуъи фаҷри содиқ (азони субҳ) аст.[2] Калимаи саҳар [Ёддошт 1] дар луғатномаҳо ба «охири шаб»,[4] «пеш аз тулуъи фаҷр»,[5] «каме пеш аз субҳ»[6] ва «замоне ки торикии шаб бо равшаноии рӯз махлут мешавад»[7] маъно шудааст.

Калимаи саҳар, дар ояти «وَالْمُسْتَغْفِرِینَ بِالْأَسْحَارِ» (тарҷума: [ботақвоён]... Ва истиғфоркунандагон дар саҳаргоҳон ҳастанд.) [сураи Оли Имрон -17] ба кор рафтааст, ки Фахриддини Турайҳӣ (вафот: 1087ҳ.қ.), луғатшиноси шиа, онро «каме пеш аз субҳ» маъно кардааст.[8]

Ҷойгоҳ

Аз саҳар дар китобҳои ҳадисӣ дар бобҳои марбут ба рӯза баҳс шудааст[9] ва Шайх Кулайнӣ (вафот: 329ҳ.қ.), муҳаддиси шиа дар китоби Кофӣ, ривояте дар бораи саҳар дар боби «авқот ва ҳолоте, ки дар он умед аст дуо мустаҷоб шавад» овардааст.[10] Дар китобҳои фиқҳӣ низ, дар боби рӯза[11] ва вақти намозҳои нофила[12] аз саҳар баҳс шудааст.

Орифон дар осори худ аз саҳархезӣ ёд кардаанд[13] ва дар шеъри форсӣ, монанди шеъри Ҳофиз,[14] Маликушшуаро Баҳор[15] ва шеъри олимоне монанди Маҳдӣ Илоҳии Қумшаӣ[16] ба саҳархезӣ ишора шудааст.

Худро бикуш эй булбул азин рашк ки гулро

Бо боди сабо вақти саҳар ҷилвагарӣ буд

Ҳар ганҷи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз

Аз юмни дуои шабу вирди саҳарӣ буд.[17]

Саҳархезии маъсумон (а)

Бар асоси аҳодис, Аҳли Байт (а) саҳархез буда ва дар саҳар ба муноҷоту дуо мепардохтаанд.[18] Ҳамчунин бино бар ривоёти шиа, яке аз вақтҳое, ки пайғамбарон барои муноҷот ва дуо интихоб мекарданд, саҳар будааст.[19]

Фоидаҳо

Илоҳӣ, онкӣ саҳар надорад, аз худ хабар надорад.

Ҳасанзода Омулӣ, Илоҳинома, 1381ҳ.ш., саҳ.18.

Дар ривоёт, бахшида шудани гуноҳон[20] ва истиҷобати дуо аз фоидаҳои саҳархезӣ шуморида шудааст.[21] Бар асоси ривояте, вақте фарзандони ҳазрати Яъқуб аз ӯ хостанд ба хотири хатое, ки дар моҷарои Юсуф муртакиб шуда буданд, барои онҳо аз Худо мағфират бихоҳад, Яъқуб талаби мағфиратро то саҳар ба таъхир андохт, чароки дуо ва талаби мағфират дар он вақт мустаҷоб мешавад.[22]

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), истиғфори шуморе аз мардум дар саҳар, монеъ аз нозил шудани азоби Илоҳӣ шуморида шуда[23] ва бар пояи ривояти дигаре, ризқҳо дар саҳар тақсим мешавад.[24]

Аъмол

Дар ривоёт супориш шудааст, ки ҳангоми саҳар аз Худо талаби мағфират шавад.[25] Мисвок задан[26] ва ба ҷо овардани намози шаб, аз дигар супоришҳо дар вақти саҳар аст.[27]

Бар асоси ривоёт, хондани дуои саҳар дар моҳи Рамазон[28] ва хӯрдани саҳарӣ барои рӯзадорон дар ҳангоми саҳар мустаҳаб аст.[29]

Оинҳо

Саҳархонӣ, оине барои бедор кардани мардум дар саҳарҳои моҳи Рамазон дар Эрон будааст.[30] Гуфта шудааст, ин оин байни мусулмонони Ҳинд низ марсум аст.[31] Оини таблзанӣ дар Сурия ва човушхонӣ дар Туркия аз дигар оинҳои ҳангоми саҳар аст.[32]

Эзоҳ

  1. Амид, Фарҳанги форсии Амид, 1389ҳ.ш., зайли калимаи саҳархез.
  2. Шайхи Тусӣ, ал-Истибсор, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.220.
  3. Теҳронӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, Меҳри тобон. саҳ.58
  4. Фароҳидӣ, Китоб-ул-айн, 1409ҳ.қ., зайли вожаи саҳар, ҷ.3, саҳ.136.
  5. Ибни Сайида, ал-Муҳкам ва-л-муҳит-ул-аъзам, 1421ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.184.
  6. Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳ, 1376ҳ.қ., зайли вожаи саҳар, ҷ.2, саҳ.678.
  7. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., зайли вожаи саҳар, ҷ.1, саҳ.401.
  8. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., зайли вожаи саҳар, ҷ.3, саҳ.325.
  9. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.463.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.320.
  11. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳоирии Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.483.
  12. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳоирии Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.231.
  13. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шоҳободӣ, Рашаҳот-ул-абҳор, 1386ҳ.ш., саҳ.45.
  14. Девони Ҳофиз, ғазали шумораи 216, саҳ.216.
  15. Девони Маликушшуарои Баҳор, 1382ҳ.ш., саҳ.3.
  16. Илоҳии Қумшаӣ, Маҷмӯаи девони Илоҳӣ, 1366ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.523.
  17. Девони Ҳофиз, ғазали шумораи 216, саҳ.216.
  18. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.399.
  19. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кӯфии Аҳвозӣ, ал-Зуҳд, 1402ҳ.қ., саҳ.75; Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.350.
  20. Имом Содиқ (а), Мисбоҳ-уш-шариъат, 1400ҳ.қ., саҳ.123.
  21. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.161.
  22. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.356.
  23. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.177.
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.322.
  25. Мансуб ба Имом Содиқ (а), Мисбоҳ-уш-шариъат, 1400ҳ.қ., саҳ.46.
  26. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.76.
  27. Шайхи Тусӣ, ал-Истибсор, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.220.
  28. Шайхи Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.582.
  29. Шайхи Садуқ, Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса, 1396ҳ.ш., саҳ.92.
  30. «Мусиқии Рамазон дар Эрон ба кӯшиши Ҳушанги Ҷовид», саҳ.17.
  31. «Рамазон ва зебоии тафовути оинҳо дар кишварҳои ҷаҳон», ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат, бойгонишуда аз аслӣ.
  32. «Рамазон ва зебоии тафовути оинҳо дар кишварҳои ҷаҳон», ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат, бойгонишуда аз аслӣ.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ибни Сайида, Алӣ ибни Исмоил, ал-Муҳкам ва-л-муҳит-ул-аъзам, Абдулҳамид Ҳиндовӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Форис, Аҳмад ибни Форис, Муъҷаму мақоис-ил-луғат, тасҳеҳи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Қум, мактабул-эъломул-исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Илоҳии Қумшаӣ, Муҳиддин Маҳдӣ, Маҷмӯаи девони Илоҳӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии бародарони Илмӣ, 1366ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Дорул-ҳадис, Қум, Дорул-ҳадис, 1429ҳ.қ.
  • Кӯфии Аҳвозӣ, Ҳусайн ибни Саид, ал-Зуҳд, тасҳеҳи Ғуломризо Ирфониёни Яздӣ, Қум, алматбаъатулъилмия, 1402ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, Қум, Дорулкитоб, 1404ҳ.қ.
  • Маликушшуарои Баҳор, Муҳаммадтақӣ, Девони ашъори Маликушшуарои Баҳор, Теҳрон, Озодмеҳр, 1382ҳ.ш.
  • Мансуб ба Имом Содиқ (а), Мисбоҳ-уш-шариъат, Бейрут, Аъламӣ, 1400ҳ.қ.
  • Мансурии Лориҷонӣ, Исмоилӣ, Симои саҳархезон дар Наҳҷулбалоға, Теҳрон, оя, 1387ҳ.ш.
  • "Мусиқии Рамазон дар Эрон ба кӯшиши Ҳушанги Ҷовид", дар маҷаллаи Китоби моҳи ҳунар, Теҳрон, хонаи китоб, шумораи 77 ва 78, баҳман ва исфанди 1383ҳ.ш.
  • "Рамазон ва зебоии тафовути оинҳо дар кишварҳои ҷаҳон", сайти ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат, таърихи дарҷи матлаб: 2 рабиъулаввали 1442ҳ.қ., таърихи боздид: 28 меҳри 1399ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулқалам, 1412ҳ.қ.
  • Турайҳӣ, Фахриддин ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқ ва тасҳеҳи Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, Теҳрон, Муртазавӣ, 1375ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, ал-Истибсор фимо ихталафа мин-ал-ахбор, тасҳеҳи Ҳасан ал-Мусавӣ Хирсон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1390ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни-л-Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, муассисаи фиқҳушшиъа, 1411ҳ.қ.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, Китоб-ул-айн, Қум, нашри ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Ҳасанзода Омулӣ, Ҳасан, Илоҳинома, беҷо, алиф лом мим, 1381ҳ.ш.
  • Ҳоирии Таботабоӣ, Сайид Алӣ ибни Муҳаммад, Риёз-ул-масоил, таҳқиқи Муҳаммади Баҳраманд ва дигарон, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1418ҳ.қ.
  • Ҷавҳарӣ, Исмоил ибни Ҳаммод, ас-Сиҳоҳ: Тоҷуллуғат ва сиҳоҳ-ил-арабия, тасҳеҳи Аҳмад ибни ал-Ғафур Аттор, Бейрут, Дорулъилми лилмалоин, 1376ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дорул-Шарифир-Разӣ линнашр, 1406ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Фазоил-ул-ашҳур-ис-салоса, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ғуломризо Ирфониён, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, 1396ҳ.ш.
  • Шоҳободӣ, Муҳаммадалӣ, Рашаҳот-ул-абҳор, Теҳрон, пажӯҳишкадаи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1386ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found