Ҳилят-ул-муттақин (китоб)

Аз wikishia
Ҳилят-ул-муттақин
НависандаАллома Маҷлисӣ (ваф.1110ҳ.қ.)
МавзуъАхлоҚ
СабкРивоӣ
ЗабонФорсӣ
Тарроҳи ҷилд1 ҷилд
НоширЛуқмон
Санаи нашр1369ҳ.ш.


Ҳилят-ул-муттақин (арабӣ:حِلْیةُ الْمُتَّقین) китобе аст форсӣ дар бораи ахлоқ, одоб ва суннатҳои исломӣ, навиштаи Аллома Маҷлисӣ (1037 - 1110ҳ.қ.).

Чунонки Аллома Маҷлисӣ гуфтааст, ин китоб, тарҷумаи равони ривоёти муътабари шиа аст. Ҳилят-ул-муттақин дар 14 бобу як хотима танзим шуда ва одоби либос пӯшидан, одоби хӯрдану ошомидан, издивоҷ ва муошират бо занону фарзандону мардум, одоби тиҷорат кардан ва сафар, аз ҷумлаи мундариҷаи китоб аст.

Аллома Маҷлисӣ, китоби Ҳилят-ул-муттақинро дар соли 1081ҳ.қ., дар 44-солагӣ навиштааст. Ин китоб борҳо чоп ва ба забонҳои арабӣ ва урду тарҷума шудааст. Муҳаммадтақии Баҳор, муҳимтарин кори Аллома Маҷлисӣ пас аз таълифи Биҳор-ул-анворро навиштани осоре ба забони форсӣ донистааст.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Муҳаммадбоқир Маҷлисӣ

Муҳаммадбоқири Исфаҳонӣ (1037 - 1110ҳ.қ.), машҳур ба Аллома Маҷлисӣ ва Маҷлисии Дувум - фарзанди Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, машҳур ба Маҷлисии Аввал аст.[1] Аллома Маҷлисӣ, дар 1037 қамарӣ дар Исфаҳон таваллуд шуд.[2] Маҷмӯаи азими ривоии Биҳор-ул-анвор ва ҳамчунин китоби Миръот-ул-уқул дар шарҳи Усули кофӣ, аз муҳимтарин осори ӯ дониста шудааст.[3]

Аллома Маҷлисӣ, дар давраи Шоҳ Сулаймони Сафавӣ, уҳдадори мансаби шайх-ул-исломӣ шуд ва то поёни умр, ин масъулиятро бар ӯҳда дошт.[4] Шайх Ҳурри Омилӣ, ҳамасри Аллома Маҷлисӣ, ӯро муҳаққиқ, фақеҳ, мутакаллим, муҳаддиси сиқа ва дорои таълифоти сӯдманди бисёр хондааст.[5] Маҷлисии Дувум, аз маъдуд олимоне будааст, ки осоре ба забони форсӣ нигоштааст, то қобили истифодаи умум бошад; аз ҷумла Ҳаёт-ул-қулуб, Ҳилят-ул-муттақин ва Ҷало-ул-уюн.[6] Беш аз 50 асари форсӣ ба вай нисбат дода шудааст.[7] Муҳаммадтақии Баҳор – шоир ва адиби барҷастаи Эрон, муҳимтарин кори Аллома Маҷлисӣ пас аз таълифи Биҳор-ул-анворро таълифи осоре ба забони форсӣ донистааст, ки ба гуфтаи ӯ, аҳли илм то он рӯз чунон коре накарда будаанд.[8]

Ангеза ва таърихи таълиф

Чунонки Аллома Маҷлисӣ дар муқаддимаи китоби Ҳилят-ул-муттақин гуфтааст, ин китобро ба дархости иддае навиштааст, ки аз ӯ рисолае мухтасару ҳамафаҳм хостаанд дар бораи одобе, ки бо санади муътабар аз аимма нақл шуда бошад.[9]

Аллома Маҷлисӣ дар 5-уми раҷаби соли 1079ҳ.қ., онро навишта[10] ва Оқобузурги Теҳронӣ ҳам менависад, таълифи Ҳилят-ул-муттақин дар 26-уми зилҳиҷҷаи соли 1081ҳ.қ., ба поён расидааст;[11] яъне дар 44-солагии Аллома Маҷлисӣ.[12]

Мазмун

Ҳилят-ул-муттақин (зинати парҳезкорон) китобе аст ба забони форсӣ, дар бораи ахлоқ, одоб ва сунани исломӣ, ки чунонки Аллома Маҷлисӣ гуфтааст, тарҷумаи равони ривоёти шиа аст.[13]

Китоб, 14 боб ва як хотима дорад ва ҳар фасл дарбардорандаи 12 фасл аст. Ҳар кадом аз бахшҳои китоб, дар баёни одобе аст; аз ҷумла дар баёни одоби либос, одоби зевари пӯшидану хазоб кардан, хӯрдану ошомидан, издивоҷу муошират бо занон ва тарбияти фарзандон, мисвок кардан ва тарошидани сар, одоби бӯи хуш доштан, ҳаммом рафтану ғусл кардан, хобидану бедор шудан, муошират бо мардум, салом кардан, одоби дохил шудан дар хона ва берун рафтан аз он, одоби пиёда рафтану савор шудану тиҷорат кардан ва саранҷом дар одоби сафар.[14] Унвони бобҳои мухталифи китоб иборатанд аз:

  1. Одоби либос пӯшидан.
  2. Одоби зевари пӯшидани мардону занон, сурма кашидан, дар оинаи нигоҳ кардан ва хазоб кардан.
  3. Одоби хӯрдану ошомидан.
  4. Дар баёни фазилати тазвиҷ ва одоби муошират бо занон ва чигунагии тарбияти фарзандон.
  5. Одоби мисвок кардан, шона кардан, нохуну мӯилаб гирифтан, сар тарошидан ва монанди он.
  6. Одоби бӯи хуш истеъмол кардан, гул бӯидан ва равған молидан.
  7. Одоби ҳамом кардан ва мутааллиқоти он ва одоби баъзе аз ғуслҳо.
  8. Одоби хобидану бедор шудан.
  9. Одоби ҳиҷомат кардан, танқиҳ ва зикри хосиятҳои баъзе аз адвия ва муолиҷаи баъзе аз бемориҳо ва зикри баъзе аз дуоҳо.
  10. Одоби муошират бо мардум ва ҳуқуқи косибон.
  11. Одоби маҷолис монанди салом, мусофиҳа, муониқа, бӯсидан ва монанди инҳо.
  12. Одоби ба хона даромадан ва берун рафтан аз он.
  13. Одоби пиёда рафтан, савор шудан, бозор рафтан, тиҷорат, зироат ва нигаҳдории чорпоён.
  14. Одоби сафар.
  • Хотима: дар баёни баъзе аз одоби мутафарриқа ва фоидаҳои сӯдманд.[15]

Тарҷумаҳо ва талхисҳо

Ҳилят-ул-муттақини Аллома Маҷлисӣ, тарҷумаҳо ва талхисҳои бисёре дорад; аз ҷумла:

  1. Талхис, фаслбандӣ ва танзими Муҳаммадбоқири Фишоракӣ (ваф.1315ҳ.қ.) бо унвони «Одоб-уш-шариъат».[16]
  2. Талхиси Шайх Аббоси Қумӣ бо номи Мухтасар-ул-абвоб фи-с-сунани ва-л-одоб.[17]
  3. Тарҷума ба арабӣ, асари Абдулҳусайни Шабистарӣ.[18]
  4. Тарҷума ба арабӣ, тавассути Халил Ризқ Омилӣ дар соли 1994 дар Бейрут ва чопи дубора бо таҳқиқи ҷадид, дар соли 1996.[19]
  5. Тарҷума ба урду, асари Сайидмақбул Аҳмад Деҳлавӣ дар 1338 бо номи Таҳзиби Ислом.[20]

Эзоҳ

  1. Давонӣ, “Шарҳи ҳоли Аллома Маҷлисӣ”, саҳ.22.
  2. Давонӣ, “Шарҳи ҳоли Аллома Маҷлисӣ”, саҳ.22.
  3. Давонӣ, “Шарҳи ҳоли Аллома Маҷлисӣ”, саҳ.23.
  4. Давонӣ, “Шарҳи ҳоли Аллома Маҷлисӣ”, саҳ.24.
  5. Давонӣ, “Шарҳи ҳоли Аллома Маҷлисӣ”, саҳ.26 - 27.
  6. Давонӣ, “Шарҳи ҳоли Аллома Маҷлисӣ”, саҳ.31.
  7. Давонӣ, “Шарҳи ҳоли Аллома Маҷлисӣ”, саҳ.34 - 36.
  8. Маҳдавии Домғонӣ, “Нигоҳе ба порае аз осори форсии Аллома Маҷлисӣ”, саҳ.17 - 18.
  9. Аллома Маҷлисӣ, Ҳилят-ул-муттақин, 1369ҳ.ш., саҳ.3 ва 4.
  10. Даргоҳӣ, Китобшиносии Аллома Маҷлисӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.228.
  11. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дорул-азвоъ, ҷ.7, саҳ.83.
  12. Маҳдавии Домғонӣ, “Нигоҳе ба порае аз осори форсии Аллома Маҷлисӣ”, саҳ.27.
  13. Маҳдавии Домғонӣ, “Нигоҳе ба порае аз осори форсии Аллома Маҷлисӣ”, саҳ.27.
  14. Садроии Хуӣ, Мероси муштараки Эрону Ҳинд, Қум, ҷ.2, саҳ.200 - 201.
  15. Аллома Маҷлисӣ, Ҳилят-ул-муттақин, 1369ҳ.ш., саҳ.4 ва 5.
  16. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дорул-азвоъ, ҷ.1, саҳ.21.
  17. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дорул-азвоъ, ҷ.20, саҳ.176.
  18. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дорул-азвоъ, ҷ.12, саҳ.238.
  19. “Мин анбо-ил-турос”, саҳ.458.
  20. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дорул-азвоъ, ҷ.4, саҳ.508.

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳилят-ул-муттақин, Теҳрон, нашри Луқмон, 1369ҳ.ш.
  • Давонӣ, Алӣ, “Шарҳи ҳоли Аллома Маҷлисӣ”, дар Шинохтномаи Аллома Маҷлисӣ, ба кӯшиши Маҳдии Маҳризӣ ва Ҳодии Раббонӣ, ҷ.1, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Даргоҳӣ, Ҳусайн, Китобшиносии Аллома Маҷлисӣ, Теҳрон, Шамсулзуҳо, 1386ҳ.ш.
  • Маҳдавии Домғонӣ, Маҳмуд, “Нигоҳе ба порае аз осори форсии Аллома Маҷлисӣ”, дар Шинохтномаи Аллома Маҷлисӣ, ба кӯшиши Маҳдии Маҳризӣ ва Ҳодии Раббонӣ, ҷ.2, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • "Мин анбо-ил-турос", дар маҷаллаи Туросуно, соли 14, ҷамодиссонии 1419ҳ.қ., № 1 ва 2.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ.
  • Садроии Хуӣ, Алӣ, Мероси муштараки Эрону Ҳинд, ҷ.2, зери назари Сайид Маҳмуд Маръашии Наҷафӣ, Қум, Китобхонаи бузурги ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, бе то.