Омезиш

Аз wikishia
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бора як мафҳум фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Рисолаи амалия

Омезиш (ба форсӣ: آمیزش) наздикӣ кардани ҷинсии инсоне бо инсони дигар ё бо ҳайвон аст. Дар фиқҳи исломӣ калимаи ҷимоъ, мувоқиа, ватй ва духул дар маънои омезиш ба кор меравад. Аҳкоми фиқҳии омезиш марбут ба замоне аст, ки духул - ҳаддиақал ба андозаи хатнагоҳ - сурат гирифта бошад. Фақеҳон омезишро ба се қисми ҳалол чун издивоҷ, ҳаром монанди зино ва шубҳанок тақсим ва барои ҳар як аҳкоми мутафовите матраҳ мекунанд. Тибқи фатвои онҳо омезиш аз пеш ё пушт, муҷиби ҷанобат мешавад, ки барои пок шудан аз он бояд ғусли ҷанобат ба ҷо овард. Ҳаром будани омезиши мард бо мард (ливот), зан бо зан (мусоҳиқа), инсон бо ҳайвон ва ҳамчунин макруҳ будани омезиш бо ҳамсар аз пушт, аз ҷумлаи аҳкоми шаръӣ дар заминаи омезиш аст.

Таъриф ва ҷойгоҳи фиқҳӣ

Дар фиқҳ аз омезиш бо номҳое чун ҷимоъ, мувоқиа, ватй ва духул ёд мешавад, ки ба маънои наздикӣ кардани ҷинсии инсоне бо инсони дигар ё бо ҳайвон аст.[1] Аҳкоми омезиш дар бисёре аз бахшҳои фиқҳ ҳамчун таҳорат, рӯза, эътикоф, ҳаҷ, издивоҷ, талоқ, зиҳор, илоъ ва ҳудуд матраҳ мешавад.[2] Албатта ин аҳком махсуси омезише аст, ки дар он ҳадди ақал ба андозаи хатнагоҳ духул сурат гирифта бошад.[3]

Анвои омезиш

Омезиш аз назари фиқҳӣ ба се қисми омезиши ҳалол, омезиши шубҳанок ва омезиши ҳаром тақсим мешавад, ки аҳкоми мутафовите доранд.[4]

Омезиши ҳалол

Омезише, ки пас аз фароҳам шудани асбоби шаръии он, сурат мегирад, омезиши ҳалол аст. Асбоби шаръии омезиши ҳалол иборат аст аз: издивоҷи доим, издивоҷи муваққат, милкият (соҳиби каниз будан) ва таҳлил (ҳалол кардани истифодаи ҷинсӣ аз канизи худ барои дигар кас).[5]

Омезиши шубҳанок

Омезиши марду зан, ба ин гумон, ки асбоби шаръии омезиш фароҳам шудааст, омезиши шубҳанок ё дар истилоҳи фиқҳӣ "ватйи ба шубҳа" (наздикии ҷинсии иштибоҳӣ) номида мешавад; монанди замоне, ки марде ба иштибоҳ бо зане, ки гумон мекунад ҳамсари ӯст, омезиш кунад.[6]

Ба фатвои фуқаҳо омезиши шубҳанок муҷозоти ҳад надорад.[7] Ҳамчунин дар он, зан бояд идда нигаҳ дорад[8] ва маҳр-ул-мисл ба ӯ тааллуқ мегирад.[9] Албатта ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир агар иштибоҳ фақат аз сӯи мард бошад; яъне зан бидонад, ки бо ӯ маҳрам нест, маҳрулмисл надорад.[10]

Омезиши ҳаром

Омезише, ки бидуни фароҳам шудани асбоби шаръӣ ва аз рӯи огоҳӣ ва бо ихтиёр сурат мегирад, омезиши ҳаром ном дорад.[11] Бархе аз мисдоқҳои омезиши ҳаром иборат аст аз: зино, ливот, мусоҳиқа, омезиш бо ҳайвон,[12] омезиш дар ҳолоте чун ҳайз, нифос, рӯза ва эҳром.[13]

Ҷунуб шудан бо омезиш

Ҳамчунин бибинед: Ҷанобат

Ба фатвои фақеҳон, омезиш чи аз пеш бошад чи аз пушт, муҷиби ҷанобат мешавад.[14] Омезиши мард бо мард ва ҳамчунин омезиш бо ҳайвон низ сабаби ҷанобат мешавад.[15] Омезиш ва ҷунуб шудан аҳкоме доранд; аз ҷумла ҳаром будани ламс кардани хати Қуръон, исми Худо ва бино бар эҳтиёти воҷиб номҳои имомон, мондан дар масҷидҳо ва хондани сураҳое аз Қуръон, ки саҷдаи воҷиб доранд.[16] Касе ки омезиш кардааст, агар ҳаддиақал ба андозаи хатнагоҳ духул анҷом дода бошад,[17] барои хондани намоз ва гирифтани рӯза бояд ғусли ҷанобат ба ҷо оварад.[18]

Бархе аҳкоми омезиш

Ба фатвои мароҷеъи тақлид, аҳкоми омезиш, замоне ҷорӣ мешавад, ки дар он духули ҳаддиақал ба миқдори хатнагоҳ сурат гирифта бошад.[19] Бархе аз аҳкоми омезиш ба нақл аз китобҳои фиқҳӣ ба шарҳи зер аст:

  • Дар издивоҷи доим тарки омезиш ба муддати беш аз чаҳор моҳ ҳаром аст.[20]
  • Омезиш бо ҳайвон ҳаром аст ва муҷозоти таъзир дорад.[21]
  • Омезиш бо зане, ки ба синни булуғ нарасидааст, ҳаром аст.[22]
  • Омезиши мард бо мард, ки ливот ном дорад ва омезиши зан бо зан, ки суҳқ (мусоҳиқа) номида мешавад, ҳаром аст ва муҷозоти ҳад дорад.[23]
  • Агар мард бо марди дигаре омезиш кунад, ҳаром аст бо модар, хоҳар ё духтари ӯ издивоҷ кунад.[24]
  • Омезиш бо ҳамсар аз пушт ҷоиз аст, аммо кароҳати шадид дорад.[25]
  • Омезиш дар аввал, мобайн ва охири ҳар моҳи (қамарӣ) кароҳат дорад ба истиснои шаби аввали моҳи Рамазон.[26]
  • Омезиш дар мавоқеъе чун шабҳои душанбе, сешанбе, панҷшанбе ва ҷумъа ва зуҳри панҷшанбе, мустаҳаб аст.[27]
  • Омезиш дар шабу рӯзе, ки моҳу хуршед гирифтааст ва низ ҳангоми ғуруби хуршед ва ҳангоми тулуи фаҷр то тулуи офтоб ва баъд аз эҳтиломи дар хоб макруҳ аст.[28]
  • Кароҳати омезиши мусофире, ки шабона аз роҳ расидааст.[29]
  • Кароҳати омезиши рӯ ва пушт ба қибла ва низ бо шиками пур.[30]
  • Омезиш бо ҳамсар, боиси ҳурмати абадии завҷ (нопадарӣ) бо духтарон (рабиба) ва набераҳои духтарии он зан аз шавҳарони собиқу ояндааш мегардад.[31]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.161.
  2. Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.161.
  3. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.267.
  4. Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.161.
  5. Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.161.
  6. Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.161.
  7. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.35.
  8. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.35.
  9. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.808.
  10. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.378 - 379.
  11. Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.162.
  12. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоиду ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.175.
  13. Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.162.
  14. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.267.
  15. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.267 ва 268.
  16. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.269.
  17. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.267.
  18. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.273.
  19. Ниг.: Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.267.
  20. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.214; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.104.
  21. Шаҳиди Аввал, ал-Қавоид ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.175.
  22. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.214.
  23. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.189; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.146.
  24. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.611.
  25. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.214.
  26. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, Олулбайт, ҷ.20, саҳ.129, ҳадиси 3.
  27. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.801.
  28. Яздӣ, Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.482.
  29. Яздӣ, Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.482, Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, ҷ.20, саҳ.131.
  30. Яздӣ, Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.483
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.349.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ мутобиқ бо фатовои шонздаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи сеюм, 1392ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалӣ Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, муассисат-ул-Аъламӣ лилматбуот, чопи дуввум, 1409ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Қавоид ва-л-фавоид, таҳқиқи Сайидабдулҳодӣ Ҳаким, Қум, китобфурушии Муфид, чопи аввал, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-дамишқия, шарҳи Сайид Муҳаммади Калонтар, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.