Jump to content

Ангуштар ба даст кардан

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи суннати ангуштар ба даст кардан ва аҳкоми он аст. Барои ошноӣ бо худи ангуштар, мақолаи ангуштарро бубинед.


Ангуштар ба даст кардан (форсӣ: انگشتر به دست کردن) ё тахаттум (арабӣ: التَخَتُّم) аз суннатҳои Пайғамбар (с) ва аз нишонаҳои муъмин шумурда мешавад, ки дар ҳадисҳои гуногун бар он таъкид шудааст.

Аз назари фиқҳӣ, ин суннат аҳкоме дорад. Аз он ҷамла, ба даст кардани ангуштарии ақиқ, хусусан дар вақти намоз, мустаҳаб аст. Вале истифодаи ангуштарии тило барои мардон ҳаром шумурда шуда ва сабаби ботил шудани намоз низ мегардад. Ҳамчунин, ба даст доштани ангуштаре, ки номи Худо ё оятҳои Қуръон бар он навишта шудааст, дар вақти истинҷо ва омезиш макруҳ аст. Барои муҳрим, инчунин ангуштар ба даст кардан ба қасди зинат ҳаром аст.

Ҷойгоҳ ва аҳаммият

Ангуштар ба даст кардан аз суннатҳои Пайғамбар (с) аст, ки бар асоси ривоёт аз нишонаҳои муъмин[1] ва шиа[2] ба шумор меравад. Дар китоби Васоил-уш-шиа, беш аз 80 ривоят дар бораи аҳаммият ва одаби ин суннат ҷамъоварӣ шудааст.[3]

Ин мавзуъ дар китобҳои ахлоқӣ монанди Ҳилят-ул-муттақин низ таъкид шуда ва аҳкоми марбут ба он дар китобҳои фиқҳӣ омадааст.[4]

Аҳкоми фиқҳӣ

Таҳорат: Ба даст доштани ангуштаре, ки номи Худо, оятҳои Қуръон[5] ё номҳои чордаҳ маъсум[6] бар он навишта шуда бошад, дар вақти истинҷо макруҳ аст. Дар сурате ки ин номҳо наҷис шаванд, ҳаром аст.[7] Инчунин дар вузу, ҳаракат додани ангуштар барои расидани об ба зери он мустаҳаб аст ва агар об ба зери он нарасад, бояд онро бардорад.[8]

Муҳаммадтақӣ Баҳҷат аз мароҷеи таклиди шиа ҳангоми адои намоз бо ангуштар

Намоз: Ба даст кардани ангуштари ақиқ дар намоз, мустаҳаб аст,[9] вале истифодаи ангуштари тилло барои мардон - дар намоз ва ғайри он - ҳаром буда,[10] ва намозро ботил мекунад.[11] Инчунин ба даст кардани ангуштарҳои оҳанин,[12] биринҷӣ ё пӯлодин[13] макруҳ аст. Ба назари баъзе уламо, намоз бо ангуштари ғасбӣ низ ботил аст.[14]

Ҳаҷ: Ба даст кардани ангуштари ақиқи зард аз мустаҳабботи сафари ҳаҷ шумурда мешавад.[15] Ба фатвои Оятуллоҳ Хӯӣ барои муҳрим истифодаи ангуштар бо қасди зинат ҳаром аст.[16] Ҳамчунин ба назари Имом Хумайнӣ, эҳтиёти воҷиб он аст, ки ҳаҷ бо ангуштари наҷис ботил аст.[17]

Никоҳ: Ба гуфтаи Муҳаддиси Баҳронӣ, омезиш бо дар даст доштани ангуштаре, ки номи Худо ё оятҳои Қуръон бар он навишта шуда бошад, макруҳ аст.[18]

Эзоҳ

  1. Кулайнӣ, «Ал-Кофӣ», 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.468
  2. Ҳурри Омилӣ, «Ҳидоят-ул-умма», 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.137; Маҷлисӣ, «Ҳилят-ул-муттақин», 1388ҳ.ш., саҳ.38
  3. Ҳурри Омилӣ, «Васоил уш-шиа», 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.76-99
  4. Таботабоии Яздӣ, «ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо)», 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361; Баҳронӣ, «ал-Ҳадоиқ-ун-нозира», 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.76; Наҷафӣ, «Ҷавоҳир-ул-калом», 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.264
  5. Баҳронӣ, «ал-Ҳадоиқ-ун-нозира», 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.76
  6. Наҷафӣ, «Ҷавоҳир-ул-калом», 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.72
  7. Наҷафӣ, «Ҷавоҳир-ул-калом», 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.72
  8. Наҷафӣ, «Ҷавоҳир-ул-калом», 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.287
  9. Таботабоии Яздӣ, «ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо)», 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361
  10. Ниг.: Наҷафӣ, «Ҷавоҳир-ул-калом», 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.54
  11. Омилӣ, «Мифтоҳ-ул-карома», 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.444
  12. Наҷафӣ, «Ҷавоҳир-ул-калом», 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.264
  13. Маҷлисӣ, «Ҳилят-ул-муттақин», 1388ҳ.ш., саҳ.38
  14. Аллома Ҳиллӣ, «Таҳрир-ул-аҳком», 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.196
  15. Таботабоии Яздӣ, «ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо)», 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.331
  16. Хӯӣ, «Мавсуат-ул-Имом Хӯӣ», 1418ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.452
  17. Хумайнӣ, «Таҳрир-ул-васила», нашри Дор-ул-илм, ҷ.1, саҳ.429-430
  18. Баҳронӣ, «ал-Ҳадоиқ-ун-нозира», 1405ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.138

Сарчашмаҳо

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, «Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ало мазҳаб-ил-имомия», Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибн Аҳмад, «ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира», Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1405ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, «ал-Кофӣ», Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, «Ҳилат-ул-муттақин», Қум, Интишороти масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1388ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммад Ҳасан, «Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом», Тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чапи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайид Ҷавод ибни Муҳаммад, «Мифтоҳ-ул-карома фи шарҳи қавоид-ил-Аллома», Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, «ал-Урват-ул-вусқо фи мо таумму биҳи-л-балво (муҳашшо)», Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Хузонӣ, Муҳаммади Иброҳим, «Рисола истиҳбоб-ит-тахаттум би-л-ямин», Исфаҳон, Интишороти маркази таҳқиқоти компютерии Ҳавзаи илмияи Исфаҳон, 1429ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, «Мавсуат-ул-Имом Хӯӣ», Қум, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, 1418ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, «Таҳрир-ул-васила», Қум, Муассисаи матбуоти Дор-ул-илм, чапи якум, бетаърих
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, «Васоил-уш-шиа», Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), 1409ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, «Ҳидоят-ул-умма ило аҳком-ил-аимма - Мунтахаб-ул-масоил», Машҳад, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, «Зикра-ш-шиа фи аҳком-иш-шариа», Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), 1419ҳ.қ.