Мутаҳҳирот

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳум фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Мутаҳҳирот (форсӣ: مُطَهِّرات), ба маънои поккунандаҳо, истилоҳест фиқҳӣ дар бораи чизҳое ба кор меравад, ки боиси пок шудани наҷас мешаванд. Мутаҳҳирот ақсоми мухталиф доранд ва ҳаряк бо шароите, ки дар китобҳои фиқҳӣ омадааст, сабаби пок шудани чизи наҷас мешаванд.

Бархе аз мутаҳҳирот иборатанд аз: об, замин, офтоб, истиҳола (тағйири моҳияти чизи наҷас), инқилоб (табдил шудани шароб ба сирка), интиқол, Ислом овардан, табаият ва изолаи айни наҷосат.

Таърифи фиқҳии мутаҳҳир

Мутаҳҳирот ба чизҳое мегӯянд, ки сабаби бартараф шудани наҷосат мешаванд.[1] Мутаҳҳирот, ақсоми мухталиф доранд ва гуфтаанд, фуқаҳо шумораашонро то бист маврид баён кардаанд.[2]

Ақсоми мутаҳҳирот

Дар китобҳои тавзеҳулмасоил мавориди зер мутаҳҳирот муаррифӣ шудаанд:

Об, замин, офтоб, истиҳола, инқилоб, интиқол, Ислом овардан, табаият, изолаи айни наҷосат, ғоиб шудани мусулмон, кам шудани аз се ду ҳиссаи оби ангур бар асари ҷӯшондан, хориҷ шудани хуни мутаораф аз ҳайвони забҳшуда, истиброи ҳайвони наҷосатхор.[3]

Аҳкоми мутаҳҳирот

Ҳаряк аз мутаҳҳирот аҳкоме дорад ва бо вуҷуди шароите, боиси пок шудани чизҳои наҷас мешавад. Дар зер, бархе аз аҳкоми мутаҳҳирот омадааст:

Об

Мақолаи аслӣ: Об

Об ҳар чизи наҷасеро пок мекунад;[4] ба шарти он ки худаш пок бошад, музоф набошад, баъд аз шустан, айни наҷосат аз он бартараф шавад ва об музоф нашавад.[5] Об ақсоме монанди ҷорӣ, кур ва қалил дорад, ки бархе аҳкомашон бо якдигар фарқ дорад.[6]

Замин

Замин, агар худаш пок ва ҳамчунин хушк бошад, чизҳое монанди кафи по ва кафи кафши наҷасро пок мекунад; албатта ба шарте, ки айни наҷосати чизҳои мазбур ба воситаи роҳ рафтан, молидан ва монанди он аз байн биравад.[7]

Офтоб

Офтоб замин, бино ва чизҳое монанди дару тирезаеро, ки дар бино ба кор бурда шуда, бо шаш шарт, пок мекунад.[8]

Истиҳола ва инқилоб

Истиҳола, яъне тағйири моҳияти чизи наҷас ба чизи дигаре монанди ин ки чӯб табдил ба хокистар ё дуд шавад.[9] Инқилоб ҳам дар фиқҳ ба ин маъност, ки шароб табдил ба сирка шавад.[10] Бархе аз фақеҳон инқилобро навъе истиҳола донистаанд.[11]

Кам шудани аз се ду ҳиссаи оби ангур

Фақеҳон хӯрдани оби ангуреро, ки ҷӯшидааст ҳаром медонанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, наҷас ҳам ҳаст.[12] Ба ҳар ҳол, оби ангур, агар ба қадре бо оташ биҷӯшад, ки ду сеюми оби он кам шавад, пок мешавад ва хӯрданаш ҷоиз аст; ба шарти он ки масткунанда набошад.[13]

Интиқол

Интиқол, яъне хуни инсон ё ҳайвоне, ки хуни ҷаҳанда дорад, вориди бадани ҳайвони дигаре шавад, ки хунаш наҷас нест; ба сурате, ки хуни ин ҳайвон ҳисоб шавад. Дар ин сурат, дигар ин хун пок аст, монанди хуне, ки паша аз инсон макида ва ҷузви бадани ӯ шудааст.[14]

Ислом

Кофир, бо пазириши Ислом, пок мешавад.[15]

Табаият

Табаият, яъне пок шудани чизи наҷас ба воситаи пок шудани чизи наҷаси дигар. Масалан агар кофире мусулмон шавад, фарзанди ӯ ба табаият аз падараш пок мешавад. Ҳамчунин агар шароб табдил ба сирка шавад, зарфи он ҳам пок мешавад.[16]

Изолаи наҷосат

Мақолаи аслӣ: Изолаи наҷосат

Изолаи наҷосат, яъне бартараф кардани айни наҷосат аз чизе. Изолаи наҷосат, дар бархе маворид, поккунанда аст. Аз ҷумла агар бадани ҳайвон наҷас шавад, бо бартараф шудани айни наҷосат аз он, пок мешавад. Даруни даҳон ва бинии инсон ҳам ҳамин тавр аст ва агар наҷас шаванд, ҳамин ки айни наҷосатро аз онҳо бартараф кунем, кофӣ аст ва ниёз ба обкашӣ нест.[17]

Истиброи ҳайвони наҷосатхор

Пешоб ва ахлоти ҳайвони ҳалолгӯште, ки ба хӯрдани наҷосати инсон одат кардааст наҷас аст ва барои ин ки пок шавад, бояд онро истибро кунанд; яъне то муддате нагузоранд наҷосат бихӯрад. Муддати нигаҳдорӣ дар ҳайвоноти мухталиф, гуногун аст.[18]

Ғоиб шудани мусулмон

Агар бадан ё либоси мусулмон ё чизе ки дар ихтиёри ӯст, наҷас бошад ва муддате ӯро набинем, агар эҳтимол медиҳем онро пок карда, биноро бар ин мегузорем, ки онҳоро пок кардааст.[19]

Хориҷ шудани хуни мутаораф аз ҳайвони забҳшуда

Пас аз забҳи шаръии ҳайвони ҳалолгӯшт ва баъд аз ин ки ба андозаи мутаораф, хун аз рагҳояш хориҷ шуд, хуне, ки дар бадани ҳайвон боқӣ мемонад пок аст.[20]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.528.
  2. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.239.
  3. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.99.
  4. Имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.132.
  5. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.99.
  6. Имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.132 - 133.
  7. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.114.
  8. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.99.
  9. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.70.
  10. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.742.
  11. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.742.
  12. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.122.
  13. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.122.
  14. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.125.
  15. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.126.
  16. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.127.
  17. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.129.
  18. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.131.
  19. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.132.
  20. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.146.

Сарчашма

  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1381ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрирулвасила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
  • Мишкинии Ардабилӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дорул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқ бо мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байти 1387ҳ.ш.
  • Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, чопи дувум, 1409ҳ.қ.