Ояти эътидо
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Номи оят | Ояти иътидо |
| Воқеъ дар сураи | Бақара |
| Шумораи оят | 194 |
| Ҷузъ | 2 |
| Шаъни нузул | Дорад |
| Мавзуъ | Фиқҳӣ-ахлоқӣ |
| Дар бораи | Машруъ будани посух ба душмани таҷовузгар дар моҳи ҳаром |
Ояти эътидо (форсӣ: آیه اعتداء) саду наваду чорумин ояти сураи Бақара дар бораи ҷоиз будани мубориза бо душмани таҷовузгар[1] дар моҳҳои ҳаром аст.[2] Тибқи мафоди ин оят бо вуҷуди ҳаром будани ҷанг дар моҳҳои ҳаром,[3] муқобила ба мисл бо душмани мутаҷовиз, ҳатто дар моҳи ҳаром низ ҷоиз аст.[4] Ояти эътидо дар абвоби мухталифи фиқҳӣ аз ҷумла ҳаҷ, ҷиҳод, қисос, ғасб ва байъ мавриди истинод қарор гирифтааст[5] ва фиқҳиён аз ин оят қоидаи фиқҳии эътидоро истинботи кардаанд.[6]
| “ | Ин моҳи ҳаром дар барои он моҳи ҳаром аст ва [ҳатки] ҳурматҳо қисос дорад, пас ҳар кас бар шумо таҷовуз кард, ҳамон гуна ки бар шумо таҷовуз кардааст, бар ӯ таҷовуз кунед ва аз Худо парво бидоред ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст. ﴾Сураи Бақара, ояти 194﴿ |
” |
Дар бораи шаъни нузули ин оят гуфта шудааст, ки дар соли шашуми ҳиҷрат, ҳангоме ки паймони сулҳи Ҳудайбия имзо шуд, Пайғамбар (с) ва асҳоб барои ширкат дар маросими ҳаҷ ба минтақаи Ҳудайбия расиданд. Мушрикон бо партоби санг ва тир ба сӯи мусулмонон, монеи вуруди онон ба Макка шуданд. Ба талофии ин рафтори мушрикон ва риоят накардани ҳурмати моҳи зилқаъда, ин оят нозил гардид.[7]
Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, ҷоиз будани қисос дар моҳи ҳаром, мисдоқе аз қонуни умумии ҷоиз будани қисос дар ҳамаи чизҳоест, ки ҳатми он ҳаром ва таъзимаш воҷиб аст ва ин қонун таҳти унвони муқобила ба мисл қарор дорад.[8]

Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ бар асоси ин оят, агар касе ба ноҳақ ба ҳарими дигарӣ таҷовуз намояд, дигарӣ низ метавонад барои дифоъ ё гирифтани ҳаққи худ муқобила ба мисл кунад ва ин мафҳум ҳуқуқҳои молӣ ва ғайримолиро дарбар мегирад.[10]
Эзоҳ
- ↑ Мухтор Умар, Муъҷам-ул-луғат-ил-арабият-ил-муосара, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1472
- ↑ Таботабоӣ, Тафсири Ал-Мизон, ал-Аъламӣ, ҷ.2, саҳ.63
- ↑ Мишкинӣ, Тафсири равон, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.230
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1363ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.32; Мишкинӣ, Тафсири равон, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.206; Бурҷӣ, Террор ва дифои машруъ, 1386ҳ.ш., саҳ.52
- ↑ Ҳиллӣ, Тазикрат-ул-фуқаҳо, 1374ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.441; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1981м., ҷ.21, саҳ.32; Тӯсӣ, ал-Хилоф, нашри исломӣ, ҷ.5, саҳ.193; Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.60
- ↑ Кошифулғито, Анвор-ул-фақоҳа (китоб-ул-макосиб), 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ал-Аъламӣ, ҷ.2, саҳ.63
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, маншуроти Исмоилиён, ҷ.2, саҳ.63
- ↑ «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار مردم آذربایجان شرقی», Сайти Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.33
Сарчашма
- Бурҷӣ, Яъқубалӣ, Террор ва дифои машруъ, Қум, Замзами ҳидоят, 1386ҳ.ш.
- Кошифулғито, Ҳасан, Анвор-ул-фақоҳа (китоб-ул-макосиб), Наҷаф, Кошиф-ул-ғито-ил-ъомма, 1422ҳ.қ.
- Мишкинӣ, Алӣ, Тафсири равон, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
- Мухтор Умар, Аҳмад, Муъҷам-ул-луғат-ил-арабият-ил-муосара, бемакон, Олам-ил-китоб, 1429ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳи Аббоси Қӯчонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1981м.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсири ал-Мизон, Бейрут, ал-Аъламӣ, бетаърих
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия ли эҳёъ-ил-осор-ил-ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, нашри исломӣ, бетаърих
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазикрат-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Ол-ил-байт, 1374ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқу таълиқ ва гирдоварӣ: Ҳасани Хирсон, Алии Охундӣ, Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи чорум, 1365ҳ.ш.
- «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار مردم آذربایجان شرقی» («Биёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори мардуми Озарбойҷони Шарқӣ»), Вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 17 феврали 2026, санаи боздид: 28 марти соли 2026