Ояти 278 сураи Бақара
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Бақара |
| Шумораи оят | 278 |
| Ҷузъ | 3 |
| Макони нузул | Мадина |
| Дар бораи | Дастури манъи гирифтани боқимондаи талаботи рибвӣ |
| Оёти муртабит | Оёти рибо |
Ояти 278 сураи Бақара (форсӣ: آیه ۲۷۸ سوره بقره) аз оятҳои марбут ба ҳаром будани рибо аст. Ин оят муъминонро ба риояти тақвои Илоҳӣ ва чашмпӯшӣ аз дарёфти боқимондаи судҳои рибо даъват мекунад.[1] Ба кор рафтани вожаи имон дар оғоз ва поёни ин оят нишон медиҳад, ки рибохорӣ бо ҳақиқати имон носозгор аст.[2]
| “ | Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо парво кунед; ва агар муъмин ҳастед, он чи аз рибо боқӣ мондааст, вогузоред. [Бақара:278] |
” |
Худо дар ин оят, бо фармон ба тақво, заминаро барои тарки рибо фароҳам мекунад ва аз мусалмонон мехоҳад, ки аз дарёфти боқимондаи суди рибо чашм пӯшанд[3] ва ба гирифтани асли сармоя басанда кунанд.[4] Аз ин таъбир истифода мешавад, ки дар замони нузули оят, баъзе мусалмонон ҳамчунон рибо мегирифтанд.[5] Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, муътақид аст: азбаски мусалмонон ба ояти 130 Оли Имрон - ки пештар риборо ҳаром эълом карда буд - амал накарданд, ин оят барои таъкиди дубора нозил шуд.[6]
Ин оят маданӣ аст[7] ва дар манобеи тафсирӣ шаъни нузули гуногуне барои он зикр шудааст.[8] Аз ҷумла дар бораи чор бародар аз қабилаи Сақиф, ки пас аз Ислом овардан, суди рибои гузаштаро талаб карданд ва оят онҳоро аз ин кор боздошт.[9] Ҳамчунин бар асоси ривояте, ки аз Имом Боқир (а) нақл шуда, Холид ибни Валид қасд дошт, суди рибои падараш Валид ибни Муғираро, ки дар ҷоҳилият рибохорӣ мекард, аз шахсе бигирад, ки бо нузули ин оят аз он манъ шуд.[10] Бо вуҷуди шаъни нузулҳои хос, ҳукми оят умумӣ дониста шуда ва ҳамаи мукаллафонро то қиёмат дарбар мегирад.[11]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.375.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.375.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.408.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.674.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.408.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.408.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.673.
- ↑ Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос, ҷ.2, саҳ.365-366; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.673-674.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.674.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.673.
- ↑ Ҳусайнии Шоҳабдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.507.
Сарчашма
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Ҳусайнии Шоҳабдулазимӣ, Ҳусайн, Тафсири исноашарӣ, Теҳрон, Интишороти Миқот, 1363ҳ.ш.