Ояти қазф
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Номи оят | Ояти қазф |
| Воқеъ дар сураи | Нур |
| Шумораи оят | 4 |
| Ҷузъ | 18 |
| Мавзуъ | Ҳукми тӯҳмати зино ва ливот |
| Дар бораи | Туҳмати зино ва ливот бе шоҳид |
Ояти қазф (форсӣ: آیه قذف) чаҳорумин ояти сураи Нур ва аз оёти аҳком аст, ки ҳаром будани қазф ва ҳадди онро баён мекунад. Қазф яъне касеро ба зино ё ливот муттаҳам кардан. Бар асоси ин оят, касе ки бидуни пешниҳоди чаҳор шоҳид, зани покдоманеро ба зино муттаҳам мекунад, ба ҳаштод зарбаи шаллоқ маҳкум мешавад, шоҳидиаш пазируфта намешавад ва фосиқ шумурда мешавад.
Муаррифии оят ва ҷойгоҳи он дар улуми исломӣ
Ояти 4-уми сураи Нур бо унвонҳои «Ояти қазф»,[1] «Ояти рамй»[2] ва низ «Ояти ҳадди қазф»[3] шинохта мешавад. Қазф ба маънои муттаҳам кардани касе ба зино ё ливот аст.[4] Ояти қазф аз оёти аҳком аст ва дар мабоҳиси фиқҳӣ, бахусус аҳкоми ҳудуд, мавриди истиндод қарор гирифтааст.[5] Фуқаҳо бо истиндод ба он, ҳаром будани қазф ва муҷозоти ҳадди онро ҳукми мавриди иттифоқи мусалмонон донистаанд.[6]
Ин оят дар улуми қуръонӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Дар китобҳои улуми қуръонӣ, аз ояти қазф барои тавзеҳи ин дидгоҳ истифода шудааст, ки аҳкоми Қуръон махсуси асбоби нузули оятҳо нестанд; бинобар ин, ҳарчанд ояте дар бораи воқеаи хос ва афроди муайян нозил шуда бошад, ҳукми он метавонад умумӣ ва шомили ҳамаи мусалмонон бошад.[7]
Дар ин оят, чунин омадааст:
| “ | Ва касоне ки занони покдоманро муттаҳам мекунанд, сипас чаҳор шоҳид (бар даъвои худ) намеоваранд, онҳоро ҳаштод тозиёна занед ва шоҳидиашонро ҳаргиз напазиред. Ва онҳо ҳамон фосиқонанд. (Сураи Нур, ояти 4) |
” |
Дар баъзе манобеи асбоби нузул, ҳодисаи ифк сабаби нузули ояти 4-уми сураи Нур дониста шудааст.[8] Дар муқобил, Муҳаммадҷаводи Муғния, аз муфассирони аҳли Лубнон, мегӯяд бештари муфассирон ва таърихнигорон, оятҳои 11 то 20-и сураи Нурро марбут ба ҳодисаи ифк донистаанд.[9] Дар баъзе гузоришҳои дигар низ нузули ояти қазф ба моҷарои Ҳилол ибни Умайя ва туҳмати ӯ ба ҳамсараш марбут дониста шудааст.[10]
Маънои оят
Ояти қазф барои касоне ки бидуни пешниҳоди чаҳор шоҳид, занони покдоманро ба зино муттаҳам мекунанд, се муҷозот баён кардааст: ҳаштод зарбаи шаллоқ, напазируфтани шоҳидии онҳо ва ҳукми фисқи онҳо.[11] Ба гуфтаи Носир Макорими Шерозӣ, муаллифи Тафсири намуна, шиддати ин муҷозотҳо нишондиҳандаи аҳамияти обрӯи шахс дар Ислом аст.[12] Ин ҳассосият аз он ҷиҳат бештар ошкор мешавад, ки дар бисёре аз ҷиноятҳо, шоҳидии ду шоҳид кофист, аммо барои исботи туҳмати зино, чаҳор шоҳид лозим дониста шудааст.[13]
Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ - муаллифи Тафсири ал-Мизон, дар нигоҳи нахуст, таъбири ба коррафта дар оят метавонад туҳмат ба ҳамаи занонро шомил шавад; вале бо таваҷҷуҳ ба сиёқи оят, танҳо нозир ба иттиҳоми зино ба занони афифа аст.[14] Касоне ҳам оятро таъмим додаанд. Масалан Соҳибҷавоҳир аз фуқаҳои шиа навиштааст шомили туҳмати ливот ба мардон ҳам мешавад.[15] Оятуллоҳ Мишкинӣ низ дар Тафсири равон гуфтаааст ояти қазф туҳмати зино аз сӯи занон ба мардони покдоманро ҳам дарбар мегирад.[16]
Иртибот бо оятҳои дигар
Ояти қазф бо ояти 23-уми сураи Нур иртибот дорад ва ҳарду бар ҳаром будани қазф далолат мекунанд.[17] Ояти қазф, дар идомаи оятҳои пешини сураи Нур, ба яке аз аҳкоми ҷиноии Ислом мепардозад.[18] Бар асоси ояти нахустини ин сура, баёни аҳкоми шаръӣ ва маорифи марбут ба онҳо аз аҳдофи асосии ин сура муаррифӣ шудааст.[19] Дар ояти 2-юми ин сура, ҳукми муҷозоти зинокорон[20] ва дар ояти 3, ҳукми издивоҷ бо онҳо баён шудааст.[21]
Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, мумкин аст муҷозотҳои баёншуда дар оятҳои 1 ва 2, заминаи туҳматҳои нораво ба афроди покдоманро фароҳам кунад; аз ин рӯ, ояти қазф, барои касоне ки дигаронро ба зино муттаҳам мекунанд, муҷозот таъйин кардааст, то аз обрӯи афроди покдоман ҳимоят шавад.[22] Дар ояти 5, тавбакунандагон аз ин ҳукм истисно шудаанд[23] ва дар ояти 6 низ ҳукми қазфи хос, яъне ҳукми қазфи шавҳарон нисбат ба ҳамсарон, баён шудааст.[24]
Эзоҳ
- ↑ Зуҳайлӣ, ат-Тафсир-ул-мунир, ҷ.18, саҳ.158.
- ↑ Ниг.: Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, ҷ.21, саҳ.36; Олусӣ, Руҳ-ул-маонӣ, ҷ.9, саҳ.296.
- ↑ Ниг.: Мишкинӣ, Расоили қуръонӣ, ҷ.1, саҳ.457; Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, ҷ.12, саҳ.198.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, ҷ.9, саҳ.166; Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ул-фиқҳия, ҷ.3, саҳ.74.
- ↑ Фозили Ҷавод, Масолик-ул-афҳом, ҷ.4, саҳ.197.
- ↑ Ниг.: Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, ҷ.8, саҳ.15, Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, ҷ.3, саҳ.350.
- ↑ Тоҳирӣ, Дарсҳое аз улуми қуръонӣ, ҷ.2, саҳ.314; Саидирӯшан, Асбоби нузул ё заминаҳои нузули оёти Қуръон, саҳ.29; Зарқонӣ, Маноҳил-ул-ирфон, ҷ.1, саҳ.118.
- ↑ Иноя, Асбоб-ун-нузул-ил-қуръонӣ, саҳ.59.
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, ҷ.5, саҳ.403.
- ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, ҷ.12, саҳ.183.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.14, саҳ.369 - 370.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.14, саҳ.370.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.14, саҳ.373.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.81.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.41, саҳ.402.
- ↑ Мишкинӣ, Тафсири равон, ҷ.5, саҳ.274.
- ↑ Мишкинӣ, Расоили қуръонӣ, ҷ.1, саҳ.457.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.78 - 82.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.78.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.79.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.15, саҳ.80.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.14, саҳ.369.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.7, саҳ.199.
- ↑ Ҷазоирӣ, Айсар-ут-тафосир, ҷ.3, саҳ.550.
Сарчашма
- Абдурраҳмон, Абдулмунъим, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ул-фиқҳия, бемакон, беном, бетаърих.
- Зарқонӣ, Муҳаммад Абдулазим, Маноҳил-ул-ирфон фи улум-ил-Қуръон, Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Зуҳайлӣ, Ваҳба, ат-Тафсир-ул-мунир фи-л-ақида ва-ш-шариа ва-л-манҳаҷ, Димишқ, Дор-ул-фикр, 1411ҳ.қ.
- Иноя, Ғозӣ Ҳусайн, Асбоб-ун-нузул-ил-қуръонӣ, Байрут, Дор-ул-ҷил, 1411ҳ.қ.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1364ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
- Мишкинӣ, Алӣ, Расоили қуръонӣ, Қум, Муассисаи илмӣ фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1393ҳ.ш.
- Мишкинӣ, Алӣ, Тафсири равон, Қум, Муассисаи илмӣ фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1424ҳ.қ.
- Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон фи шарҳи Иршод-ул-азҳон, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бетаърих.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-ислом, Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
- Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Руҳ-ул-маонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим ва-с-сабъ-ул-маонӣ, Байрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
- Саидирӯшан, Муҳаммадбоқир, Асбоби нузул ё заминаҳои нузули оёти Қуръон, Қум, Замзами Ҳидоят, бетаърих.
- Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон би-л-Қуръон ва-с-сунна, Қум, Фарҳанги исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Байрут, Муассисат-ул-аъломӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
- Тоҳирӣ, Ҳабибуллоҳ, Дарсҳое аз улуми қуръонӣ, Қум, Асва, 1377ҳ.ш.
- Фозили Ҷавод, Ҷавод ибни Саид, Масолик-ул-афҳом ила оёт-ил-аҳком, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия, 1365ҳ.ш.
- Ҷазоирӣ, Ҷобир, Айсар-ут-тафосир ли калом-ил-алий-ил-кабир, Мадина, Мактабат-ул-улум ва-л-ҳикам, 1416ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия, 1387ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зинуддини ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, ҳошия ва шарҳи Калонтар, Қум, китобфурӯшии Довудӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зинуддини Омилӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, Қум, Дор-ут-тафсир, 1427ҳ.қ.