Jump to content

Қатли амд

Аз wikishia

Қатли амд (форсӣ: قتل عمد) қасдан куштани инсонест, ки дар шариат ҷоиз нест. Қатли амд аз гуноҳони кабира шумурда мешавад. Ҳаром будани қатли нафс аз масоиле аст, ки ҳамаи адёни Илоҳӣ ва ҳамчунин қонунҳои башарӣ бар он иттифоқ доранд. Бар асоси оятҳои Қуръон, эҳтироми хуни инсонҳо воҷиб ва қатли нафс ҳаром аст.

Дар Қуръон шадидтарин азобҳои охиратӣ ва абадӣ дар дӯзах барои қатли нафс пешбинӣ шудааст. Қуръон қатли ноҳақро ба андозае бузург шуморидааст, ки куштани як нафарро ба манзилаи куштани тамоми башар донистааст. Аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки аввалин чизе, ки Худованд дар рӯзи қиёмат дар бораи он доварӣ мекунад, рехтани хун аст.

Дар фиқҳи исломӣ, куштани инсонҳои муҳтарам, монанди мусалмон ва кофири ғайриҳарбӣ ҳаром аст. Фатвои машҳур миёни фақеҳони имомия ин аст, ки қатли амд бо ду меъёр воқеъ мешавад: яке қасди куштан ва дигаре василаи куштане, ки одатан кушанда бошад. Дар аҳкоми исломӣ, ҷазои қатли амд қасос аст. Худкушӣ ва сиқти ҷанин низ аз мисдоқҳои қатли амд шумурда мешаванд.

Ҷойгоҳ

Қатли амд зулм ва аз гуноҳони кабира аст[1] ва дар Ислом барои касе, ки қатли амд мекунад, азоби абадӣ муқаррар шудааст.[2] Дигар адёни Илоҳӣ низ қатлро ҳаром ва аз гуноҳони бузург медонанд.[3] Ҳаром будани қатли нафс аз масоиле аст, ки ҳамаи қонунҳои башарӣ дар он иттифоқ доранд.[4] Ҳаққи ҳаёт яке аз ҳуқуқи асосии инсон аст, ки зербинои дигар ҳуқуқҳо шумурда мешавад[5] ва дар ҳамаи манобеъ ва санадҳои ҳимояи ҳуқуқи башар ба расмият шинохта шудааст.[6] Аҳамияти ин масъала дар манобеи динӣ дар мавзуъҳое чун ҳаром будани қатли нафс, худкушӣ ва қатли ҷанин пайгирӣ мешавад.[7]

Дар фиқҳи исломӣ, ба ҳаром будани қатли нафс аҳамияти махсус дода шудааст[8] ва аз аҳкоми қатл дар бисёре аз бобҳои фиқҳӣ чун ҷиҳод, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, мерос, ҳудуд, қасос ва диёт сухан гуфта мешавад.[9]

Эҳтиром ба хуни инсонҳо дар Ислом махсуси мусалмонон нест; балки ғайримусалмононе, ки бо мусалмонон дар ҳолати ҷанг нестанд ва дар зиндагии мусолиматомез бо онҳо ба сар мебаранд, низ ҷони онҳо муҳтарам аст.[10]

«Пас ҳокимияти худро бо рехтани хуни ҳаром тақвият макун; зеро ин кор аз ҷумлаи чизҳост, ки ҳокимияти туро суст ва заиф мекунад ва шояд онро нобуд ва сарнагун созад, ва ҳеҷ узре аз ту дар баробари қатли амд назди Худо пазируфта нест.»[11]



Таъриф, шартҳо ва аҳком

Қатл ба се навъи қатли амд, шибҳи амд ва хатои маҳз тақсим шудааст.[12] Қатли амд (ноҳақ) яъне куштани инсон бидуни он ки касеро кушта бошад ё фасоде дар замин анҷом дода бошад.[13] Дар фиқҳи исломӣ, меъёр дар қатли амд ин аст, ки қотил болиғ ва оқил бошад ва қасди амале, ки ба қатл анҷомидааст ва ҳамчунин қасди қатлро дошта бошад ё қасди амале, ки одатан сабаби марг мешавад, дошта бошад.[14]

Баъзе аҳкоми дигар дар бораи қатли амд ба шарҳи зеринанд:

  • Қатли амд аз ҷониби кӯдак ва девона аз назари шариат ба қатли хатои маҳз дохил мешавад.[15]
  • Бар асоси фатвои машҳур миёни фақеҳон, қатли амд танҳо бо шоҳидии ду марди одил собит мешавад.[16]
  • Худкушӣ[17] ва сиқти ҷанин низ аз мисдоқҳои қатли амданд.[18]
  • Дар сурате ки мақтул аз хешовандони қотил бошад, қатли амд сабаби маҳрум шудани қотил аз мерос мешавад.[19]
  • Куштани инсонҳои муҳтарам монанди мусалмон ва кофири ғайриҳарбӣ ҳаром аст; магар он ки куштан аз назари шариат мушкиле надошта бошад; монанди куштани шахси ҳамлагар дар ҳолати дифоъ аз худ ё дар ҷангҳо ё дар қасос ё фасод дар замин ва ҷинояткоре, ки ҳадди ӯ қатл аст.[20]
  • Бар асоси фатвои машҳур миёни фақеҳон, агар касе дар шароити тақия бошад ё ба зӯр аз ӯ хоҳанд, ки касеро бикушад, ҳатто агар ҷони ӯ дар хатар бошад, ҳаром аст, ки қатл кунад ва дар сурати анҷоми қатл, бояд қасос шавад.[21]

Қатл, гуноҳи кабира дар Қуръон

Бар асоси оятҳои Қуръон, эҳтироми хуни инсонҳо воҷиб ва қатли нафс ҳаром аст.[22] Қатли нафс ва куштани шахси бегуноҳ яке аз бузургтарин гуноҳони кабира дар Қуръон шумурда мешавад.[23] Ба назари Носир Макорими Шерозӣ, муфассири Қуръон, ҷазои охиратие, ки дар Қуръон барои қатл зикр шудааст, шадидтарин азоб аст.[24] Чунонки дар ояти 93 сураи Нисо омадааст: «Ҳар кас як шахси боимонро аз рӯи қасд бикушад, ҷазои ӯ дӯзах аст; дар ҳоле ки абадан дар он хоҳад монд.»

Дар Қуръон чаҳор ҷазои бисёр сахт барои қотилон зикр шудааст:

Куштани як нафар ба манзилаи куштани тамоми инсонҳо

Қуръон қатли ноҳақ ва нораворо ба андозае бузург шуморидааст, ки куштани як фардро ба манзилаи куштани тамоми башар донистааст.[26] Дар ояти 32 сураи Моида гуфта шудааст: «Ҳар кас инсонеро бидуни он ки қатл карда бошад ё фасоде дар замин анҷом дода бошад, бикушад, гӯё тамоми инсонҳоро куштааст.»[27] Аллома Табатабоӣ дар зери ин оят тавзеҳ додааст, ки агар як инсон бегуноҳ кушта шавад, маънои он нобуд кардани офариниши Худо ва ботил кардани ҳадафи Ӯст, ки бақои инсонҳо насл ба насл мебошад.[28]

Ривоятҳо дар бораи қатли амд

Дар ривоятҳои зиёде ба бузургии гуноҳи қатл таъкид шудааст.[29] Дар ривояте аз Пайғамбар (с) омадааст, ки аввалин чизе, ки Худованд дар рӯзи қиёмат дар бораи он доварӣ мекунад, [рехтани] хун аст.[30] Дар ривояти дигар аз Пайғамбар (с) омадааст: агар тамоми дунё вайрон шавад, дар назди Худо осонтар аз он аст, ки хуне ба ноҳақ рехта шавад.[31] Дар номаи Имом Алӣ (а) ба Молик Аштар низ омадааст: аз рехтани хуни ноҳақ парҳез кун; зеро ҳеҷ чиз бештар аз ин кор ба бадбахтӣ намерасонад ва ҳеҷ чиз пайомади бузургтар надорад ва ҳеҷ чиз наметавонад мисли ин амал неъматро аз байн бибарад.[32]

Ҷазои қатл дар қонуни кишварҳо

Ҷазои сангин барои қатли амд дар қонуни ҷиноии кишварҳо пешбинӣ шудааст; монанди эъдом, зиндони абад ё зиндонҳои тӯлонӣ.[33] Дар аҳкоми исломӣ, ҷазои қатли амд қасос аст.[34] Валиёни мақтул ҳақ доранд дар баробари қотил яке аз ин се ҳукмро иҷро кунанд: қасос, афв бе гирифтани хунбаҳо, афв бо гирифтани хунбаҳо.[35]

Дар баъзе кишварҳо монанди Канада ва Англия ҷазои қатли амд зиндони абад аст.[36] Дар кишвари Ироқ, ҷазои аслии қотили амд зиндонӣ муваққат ё доим аст ва дар ҳолатҳои махсус, ҷазои қатли амд эъдом муқаррар шудааст.[37]

Бар асоси моддаи 381-и Қонуни ҷазои исломии Эрон, тасвиби 1392ҳ.ш., ҷазои қатли амд қасос аст. Мувофиқи ин қонун, дар сурати ризояти волиёни хун, ба ҷои қасос дия ҷойгузин мешавад.[38] Мувофиқи моддаи 295-и Қонуни ҷазои исломӣ, тарки амале, ки сабаби марги шахсе мешавад, дар шароити муайян қатли амд шумурда мешавад; монанди он ки модар ё ширдеҳе, ки масъули шир додани кӯдак аст, кӯдакро шир надиҳад то бимирад, ё духтур ё парастор вазифаи қонунии худро тарк кунад ва шахс бимирад.[39]

Тибқи кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қатли амд ҷазои ҳабс аз 8 то 25 сол (вобаста ба навъи қатл) таин гардидааст.[40]

Эзоҳ

  1. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.9; Мударрисӣ, Аҳкоми шариат перомуни ҳаёти тайиба, 1386ҳ.ш., саҳ.176
  2. Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.133; Шаҳобӣ, Адвори фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.134
  3. Табатабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.90; Ҳусайнӣ, «Қатли нафс ва ҷазои он дар адёни иброҳимӣ», саҳ.3–4
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.105
  5. Мисбоҳи Яздӣ, Назарияи ҳуқуқии Ислом, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.257
  6. Муваҳҳидии Соваҷӣ, «Баррасии татбиқии ҳаққи ҳаёт аз дидгоҳи Қуръони карим ва асноди ҳуқуқи башар», саҳ.86
  7. Муваҳҳидии Соваҷӣ, «Баррасии татбиқии ҳаққи ҳаёт аз дидгоҳи Қуръони карим ва асноди ҳуқуқи башар», саҳ.83
  8. Аҳмадинажод, «Бизеҳи қатли амд дар ҳуқуқи Эрон ва фиқҳи имомия», саҳ.101
  9. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.491
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.107; Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.55
  11. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.121; Наҳҷ-ул-балоға, Субҳӣ Солеҳ, нома 53, саҳ.443
  12. «ماده ۲۸۹ قانون مجازات اسلامی», Маркази таҳқиқоти Маҷлиси Шӯрои Исломӣ; Аҳмадинажод, «Бизеҳи қатли амд дар ҳуқуқи Эрон ва фиқҳи имомия», саҳ.101 ва 102
  13. Аҳмадинажод, «Бизеҳи қатли амд дар ҳуқуқи Эрон ва фиқҳи имомия», саҳ.102
  14. Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, нашриёти Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, ҷ.2, саҳ.394; Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.491; Аҳмадинажод, «Бизеҳи қатли амд дар ҳуқуқи Эрон ва фиқҳи имомия», саҳ.103; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.543
  15. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.492
  16. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.493
  17. Муваҳҳидии Соваҷӣ, «Баррасии татбиқии ҳаққи ҳаёт аз дидгоҳи Қуръони карим ва асноди ҳуқуқи башар», саҳ.95; Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.55
  18. Муваҳҳидии Соваҷӣ, «Баррасии татбиқии ҳаққи ҳаёт аз дидгоҳи Қуръони карим ва асноди ҳуқуқи башар», саҳ.97
  19. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, ҷ.6, саҳ.496
  20. Мударрисӣ, Тафсири ҳидоят, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.313; Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1395ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.491; Мударрисӣ, Аҳкоми шариат перомуни ҳаёти тайиба, 1386ҳ.ш., саҳ.176
  21. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, ҷ.6, саҳ.496
  22. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.105
  23. Макорими Шерозӣ, Оини мо (Асли шиа), 1388ҳ.ш., саҳ.289; Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.55; Муъинӣ, «Қатл», саҳ.1625
  24. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.68
  25. Макорими Шерозӣ, Волотарин бандагон, 1383ҳ.ш., саҳ.181
  26. Шаҳобӣ, Адвори фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.133; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.67
  27. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.355; Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.55
  28. Табатабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.315
  29. Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.143; Шайх Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.278; Кулайнӣ, Ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.274; Ибни Абиҷумҳур, Аволи-ул-лаолӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.236
  30. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.96; Ҳар Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Бейрут, ҷ.19, саҳ.4
  31. Мунзирӣ, ат-Тарғибу ва-т-тарҳиб, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.201
  32. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмуъминин (а), 1386ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.121; Наҳҷ-ул-балоға, Субҳӣ Солеҳ, нома 53, саҳ.443
  33. Аҳмадинажод, «Бизеҳи қатли амд дар ҳуқуқи Эрон ва фиқҳи имомия», саҳ.104
  34. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.7; Муваҳҳидии Соваҷӣ, «Баррасии татбиқии ҳаққи ҳаёт аз дидгоҳи Қуръони карим ва асноди ҳуқуқи башар», саҳ.93
  35. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.607
  36. Сулеймании Меймандӣ, «Баррасии муқоисавии қатли амд дар ҳуқуқи Эрон ва Канада», саҳ.42; Пирдодаи Бейронванд, «Баррасии мабонии фиқҳии ҷазои қатли амд», саҳ.83
  37. Андак, «Мутолиаи муқоисавии ҷазои қатли амд дар қонуни ҷазои Эрон ва Ироқ», саҳ.35
  38. «Қатли амд ва ҷазои он дар Қонуни ҷазои исломӣ», рӯзномаи Эътимод, 29 озари 1401ҳ.ш., саҳ.10
  39. «قانون مجازات اسلامی», Маркази таҳқиқоти Маҷлиси шӯрои исломӣ
  40. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (1998) №574. Моддаи 104. Одамкушӣ.

Сарчашма

  • «قانون مجازات اسلامی», Маркази таҳқиқоти Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, боздид: 12 тири 1403ҳ.ш.
  • «Қатли амд ва ҷазои он дар Қонуни ҷазои исломӣ», рӯзномаи Эътимод, 29 озари 1401ҳ.ш.
  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷинон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остон Қудси Разавӣ, Бунёди таҳқиқоти исломӣ, 1408ҳ.қ.
  • Андак, Сайида Парисо ва Сайид Алӣ Рабонии Мусавиён, «Мутолиаи муқоисавии ҷазои қатли амд дар қонуни ҷазои Эрон ва Ироқ», Пажӯҳишномаи ҳуқуқи Форс, №4, 1398ҳ.ш.
  • Аҳмадинажод, Нимо, «Бизеҳи қатли амд дар ҳуқуқи Эрон ва фиқҳи имомия», Пажӯҳиши милал, №58, обони 1399ҳ.ш.
  • Ибни Абиҷумҳур, Муҳаммад ибни Зайнуддин, Аволи-ул-лаолӣ, Қум, Муассисаи Сайидушшуҳадо (а), 1403ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, беҷо, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
  • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (1998) №574. Моддаи 104. Одамкушӣ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, мусаҳҳеҳ: Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Волотарин бандагон, таҳия ва танзим: Ҷ. Фаразманд, Қум, Насли ҷавон, 1383ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Оини мо (Асл-уш-шиа), Қум, Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1388ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амирулмуъминин (а), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Назарияи ҳуқуқии Ислом, таҳқиқ ва нигориши: Муҳаммадмаҳдӣ Нодирии Қумӣ, Муҳаммадмаҳдӣ Кариминиё, Қум, интишороти Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, 1391ҳ.ш.
  • Муваҳҳидии Соваҷӣ, Муҳаммадҳасан, «Баррасии татбиқии ҳаққи ҳаёт аз дидгоҳи Қуръони карим ва асноди ҳуқуқи башар», маҷаллаи Дин ва дунёи муосир, №10, 1398ҳ.ш.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Аҳкоми шариат перомуни ҳаёти тайиба, Қум, интишороти Муҳиббони Ҳусайн (а), 1386ҳ.ш.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Тафсири ҳидоят, Машҳад, Остон Қудси Разавӣ, Бунёди таҳқиқоти исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Муинӣ, Муҳсин, «Қатл», Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, Дӯстони Ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Мунзирӣ, Абдулъазим, ат-Тарғибу ва-т-тарҳиб, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1417ҳ.қ.
  • Наҳҷ-ул-балоға, Субҳӣ Солеҳ, Қум, Маркази таҳқиқоти исломӣ, 1374ҳ.ш.
  • Наҷафии Ҷавоҳирӣ, Муҳаммад Ҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.қ.
  • Пирдодаи Биронванд, Эҳсонуллоҳ, «Баррасии мабонии фиқҳии ҷазои қатли амд», Конуни ҳуқуқ, №104, соли 52, урдибиҳишти 1389ҳ.ш.
  • Ровандӣ, Қутбуддин, Фиқҳ-ул-Қуръон, муҳаққиқ: Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, беҷо, нашриёти Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, бе таърих.
  • Сулаймонии Меймандӣ, Наҷма, «Баррасии муқоисавии қатли амд дар ҳуқуқи Эрон ва Канада», Пажӯҳиши милал, №49, дайи 1398ҳ.ш.
  • Табатабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, мусаҳҳеҳ: Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дор-уш-шариф ар-Ризӣ, 1406ҳ.қ.
  • Шаҳобӣ, Маҳмуд, Адвори фиқҳ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1388ҳ.ш.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Сайид Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1395ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе таърих.
  • Ҳусайнӣ, Сайида Руё, «Қатли нафс ва ҷазои он дар адёни иброҳимӣ», Фиқҳ, ҳуқуқ ва улуми ҷазоӣ, №16, тобистони 1399ҳ.ш.