Каффораи рӯза
- Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёр барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Каффораи рӯза ҷаримаест, ки ба хотири қасдан ботил кардани рӯзаҳои моҳи Рамазон, рӯзаи назршуда дар замони муайян ва низ қазои рӯзаи моҳи Рамазон пас аз азони зуҳр, бар ӯҳда мукаллаф меояд. Каффора қасдан шикастани рӯза ба ивази ҳар рӯзаш иборат аст аз ду моҳ рӯза гирифтан, ки 31 рӯзи он бояд пайдарпай бошад ё ғизо додан ба шаст фақир.
Каффораи рӯза дар сурате воҷиб мешавад ки рӯзадор бидонад он чи анҷом медиҳад аз мубтилоти рӯза аст. Ҳамчунин ба фатвои бархе фақиҳон қасдан анҷом додани ҳар як аз мубтилоти рӯза сабаби каффора мешавад. Дар муқобил бархе фақиҳон муътақиданд ботил кардани амдии рӯза заруратан ба маънои воҷиб шудан каффора нест.
Бинобар назари фуқаҳоии шиа, агар касе рӯзаашро бо кори ҳаром, монанди шароб хӯрдан ё зино, ботил кунад, бояд каффораи ҷамъ (ду моҳ рӯза гирифтан ва ба шаст фақир ғизо додан)-ро анҷом диҳад. Бо ин ҳол бархе аз фуқаҳо пардохти каффораи ҷамъ дар ин суратро эҳтиёти мустаҳаб ва бархе дигари эҳтиёти воҷиб донистаанд.
Мафҳумшиносӣ
Каффора ҷаримаи молӣ ё бадание аст, ки дар баробари дучор шудани бархе гуноҳон бар ӯҳда мукаллаф гузошта мешавад.[1] Каффора ғолибан сабаби аз байн рафтан ё сабукии муҷозоти ухравии гуноҳ мешавад.[2]
Фақиҳон муътақиданд каффора ба ботил кардани бархе рӯзаҳо таъаллуқ мегирад:
- Рӯзаи моҳи мубораки Рамазон
- Қазои рӯзаи моҳи Рамазон ки пас аз азони зуҳр ботил шавад.
- Рӯзае ки назр шуда дар замони муайян гирифта шавад.[3]
Анвои каффораи рӯза
Машҳури фуқаҳои шиа каффораи рӯзаро яке аз се мавриди зайл донистаанд:
- Ду моҳ рӯза гирифтан, ки бояд сию як рӯзи он пайдарпай бошад;[4]
- Ба шаст фақир таом додан;
- Озод кардан як банда.[5] (Албата озодкрдни банда имрӯза мавзуият надорад ва аз ин рӯ бардошта шудааст.[6])
Таъсири илму ҷаҳл дар каффораи рӯза
Бинобар назари фуқаҳо, агар шахсе қасдан ва бидуни далели шаръӣ, рӯзаи худро ифтор кунад, илова бар қазо, каффора ҳам бар ӯ воҷиб аст.[7] Илова бар ин, дар вуҷуби каффора шарт аст, ки шахс бидонад он чи анҷом медиҳад, аз мубтилот рӯза аст.[8] Аз ин рӯ ҳукми каффора шомили ҷоҳили қосир[9] ва ҷоҳили муқассир[10] намешавад. Ҳарчанд бархе муътақиданд ҷоҳили муқассир дар ҳукми олим ба мубтилот аст ва бояд илова бар қазо, каффораро низ адо кунад.[11]
Мубтилоти муҷиби каффора
Соҳиби Ҷавоҳир муътақид аст, ки бар асоси ривоёт, қасдан анҷом додани ҳар як аз мубтилоти рӯза илова бар қазои рӯза, сабаби каффора низ мешавад.[12] Сайид Абулқосими Хуӣ низ муътақид аст ҳар он чи рӯза бо он ботил мешавад, монанди дуруғ бастан бар Худову Паёмбар ва ё қай кардан, қасдан анҷом додани он муҷиби каффора низ мешавад.[13]
Аммо бархе аз фақиҳон муътақиданд, ки ботил кардани амдии рӯза заруратан ба маънои воҷиб шудан каффора нест.[14] Ба фатвои Имом Хумайнӣ агар шахсе дар шаб ҷунуб шавад, се мартаба бедор шавад ва бидуни анҷоми ғусл бихобад ва то азони субҳ бедор нашавад; танҳо қазои он рӯзро бояд бигирад ва каффорае бар гарданаш нест; касе ки дар ҳоли рӯза қасдан қай кунад ҳам ҳамин ҳукмро дорад.[15]
Фарқи каффораи ботил кардани рӯза бо ҳаром ё ҳалол
- Ҳамчунин бубинед: Каффораи ҷамъ
Теъдоде аз фуқаҳо муътақиданд агар шахсе рӯзаи худро бо мубтилоти ҳалол монанди обу нон, ботил кунад бояд илова бар қазои рӯза, яке аз мавориди каффораро низ бояд анҷом диҳад.[16] Аммо агар ба василаи коре, ки ҳаром аст, монанди зино ё нӯшидани шароб, рӯзаи худро ботил кунад, бояд ҳарсе каффораро адо кунад, ки ба он каффораи ҷамъ мегӯянд.[17] Албата бархе аз мароҷеъ, анҷоми каффораи ҷамъро эҳтиёти мустаҳаб[18] ва бархе эҳтиёти воҷиб донистаанд.[19]
Фарқи каффораи рӯза ва фидя
Гоҳ дар гуфтугӯи рӯзмарра каффора ба маънои фидя ба кор меравад; барои мисол аз як мудди таом (750 грамм гандум ва монанди он), ба унвони каффораи рӯза ёд мешавад,[20] дар ҳоле ки фидя ҷонишини рӯза аст ва дар баробари нагирифтан рӯза ба иллати нотавонӣ бар асари беморӣ ё монанди он ва таъхири қазои рӯза то моҳи Рамазони соли баъд (каффораи таъхир) пардохт мешавад.[21]
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.465
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.465
- ↑ Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.269
- ↑ Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.347
- ↑ Садуқ, Маҷмуату фатово Ибни Бобивайҳ, Қум, саҳ.73
- ↑ Макорим, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1429ҳ.қ., саҳ.253
- ↑ Имом Хумайнӣ, Истифтоот, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.330
- ↑ Рӯҳонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.1, саҳ.355
- ↑ Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.270
- ↑ Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.270; Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.327
- ↑ Рӯҳонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, ҷ.1, саҳ.355
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.226
- ↑ Хуӣ, Мавсуат-ул-имом ал-Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.305
- ↑ Ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.38
- ↑ Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.346
- ↑ Баҳҷат, Ҷомеъ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.29
- ↑ Баҳҷат, Ҷомеъ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.29
- ↑ Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1393ҳ.ш., саҳ.298 - 299
- ↑ Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.344
- ↑ Барои намуна ниг.: Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138, саҳ.802
- ↑ Садр, Моваро-ул-фиқҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.120
Сарчашма
- Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, дафтари Оятуллоҳ Баҳҷат, чопи дувум, 1426ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Истифтоот, Қум, дафтари интишороти Исломӣ, чопи панҷум, 1422ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Муслим Қулипури Гелонӣ, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Қум, интишороти Мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи панҷоҳу дуввум, 1429ҳ.қ.
- Мишкинӣ, Мирзоалӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, бе ҷо, бе но, 1419ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи Шароиеъ-ул-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ, Алии Охундӣ, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Рӯҳонӣ, Сайид Содиқ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, бе ҷо, бе но, бе то.
- Садр, Сайид Муҳаммад, Моваро-ул-фиқҳ, тасҳеҳи Ҷаъфар Ҳодии Даҷилӣ, Бейрут, Дор-ул-азвои ли-т-табоати ва-н-нашри ва-т-тавзиъ, 1420ҳ.қ.
- Садуқ, Алӣ ибни Ҳусайн, Маҷмуату фатово Ибни Бобивайҳ, ҷомеъ: Абдураҳими Буруҷердӣ, муҳаққиқ: Алипаноҳи Иштиҳордӣ, Қум, бе но, чопи аввал, бе то.
- Систонӣ, Сайид Алӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, интишороти Дафтар Оятуллоҳ Систонӣ, Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Систонӣ, Сайид Алӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, Машҳад, дафтари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Систонӣ, 1393ҳ.ш.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо маъ-ат-таълиқот, таълиқот: Имом Хумайнӣ; Сайид Абулқосими Хуӣ; Сайид Муҳаммадризои Гулпойгонӣ; Носир Макорими Шерозӣ, Қум, интишороти Мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1428ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуат-ул-имом ал-Хуӣ, Қум, Муассисату эҳёу осор-ил-имом ал-Хуӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, нашри Мадинат-ул-илм, чопи бисту ҳаштум, 1410ҳ.қ.