Каниз
Каниз (форсӣ: کنیز)[1] ба зани барда гуфта мешуд,[2] ки дар низоми ғуломдорӣ тавассути асирӣ дар ҷанг ё харидуфурӯш ба моликияти шахс дармеомад. Дар таърихи ташайюъ, модарони ҳафт тан аз имомони шиа ба номҳои Шаҳрбону,[3] Ҳумайда,[4] Наҷма,[5] Сабика,[6] Самона,[7] Ҳудайс[8] ва Нарҷис[9] каниз будаанд.
Канизон аз ду роҳ вориди ҷомеаи исломӣ мешуданд: асирӣ дар майдони ҷанг миёни мусулмонон бо кофирон[10] ё интиқол аз сарзаминҳои ғайриисломӣ тавассути тиҷорати ғулом.[11] Харидуфурӯши каниз пеш аз Ислом[12] дар минтақаҳое чун Макка маъмул буд.[13] Вуҷуди канизон дар садри Ислом дар Қуръон[14] ва ривоёт[15] бозтоб ёфтааст.[16] Дар Қуръон[17] канизи боимон бар зани озоди мушрик бартарӣ дода шудааст.[18] Дар ояти 33 сураи Нур, водоштани канизон ба зино ва касби даромад аз он манъ шудааст.[19]
Муносибати ҷинсӣ миёни молик ва каниз дар доираи аҳкоми фиқҳии марбут ба «милки ямин» танзим шудааст. Ин аҳком дар сарчашмаҳои фиқҳӣ, ба вижа дар абвоби никоҳ, баррасӣ шудаанд.[20] Дар айни ҳол, дар сарчашмаҳои динии Ислом, бар рафтори инсонӣ бо канизон ва ташвиқ ба озодсозии онон таъкид шудааст.[21] Дар баъзе сарчашмаҳои ривоии аҳли суннат, тавсияҳое аз Пайғамбар (с) дар бораи ба кор бурдани таъбироти мулоимтар аз каниз мисли «духтарам» нақл шудааст.[22]
Дар сарчашмаҳои фиқҳӣ[23] ва ривоии шиа,[24] бахшҳое бо унвони «Китоб-ул-итқ» ба аҳкоми озодсозии бардаҳо бахшида шудааст, ки ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, нишондиҳандаи таваҷҷуҳи Ислом ба озодӣ (итқ) ба ҷои бандагӣ (риққ) аст.[25] Дар Ислом, яке аз роҳҳои озодии каниз, фарзанддор шудан аз молик аст.[26] Чунин зан, ки дар фиқҳ, уммивалад номида мешавад,[27] пас аз марги молик, озод мешавад.[28]
Фақеҳон, ҳиҷобро барои ҳамаи занони мусалмон, новобаста аз озод ва каниз,[29] воҷиб медонанд.[30] Ҳарчанд дар баъзе ривоятҳо[31] ба мавориди хос истисноҳое дар миқдори пӯшиши канизон ишора шудааст.[32]
Эзоҳ
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи «каниз».
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи «барда».
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.127.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.247.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.273.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.297.
- ↑ Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.313.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.339.
- ↑ Зайдон, Таърихи тамаддуни Ислом, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.889; Гиромӣ, Нигоҳе ба бардагӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.43.
- ↑ Ҳусайнӣ Таботабоӣ, Бардагӣ аз дидгоҳи Ислом, 1372ҳ.ш., саҳ.14.
- ↑ Заврақ, Шаҳри гумшуда, 1394ҳ.ш., саҳ.79-80.
- ↑ Ҳусайнӣ Таботабоӣ, Бардагӣ аз дидгоҳи Ислом, 1372ҳ.ш., саҳ.14.
- ↑ Сураи Нисо, ояти 25 ва 92; Сураи Аҳзоб, ояти 59; Сураи Муъминун, оятҳои 5-7.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Китоб-ул-итқ, 1374ҳ.ш., ҷ.23.
- ↑ Ибни Исҳоқ, Китоб-ус-сияри ва-л-мағозӣ, 1399ҳ.қ., саҳ.191 ва 263; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, Теҳрон, 1374ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.413.
- ↑ Ояти 221 сураи Бақара.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.204-205.
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.104.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.284-292.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Ислом ва озодии бардагон, 1353ҳ.ш., саҳ.10-11.
- ↑ Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.150.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.34, саҳ.86.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Китоб-ул-итқ, 1374ҳ.ш., ҷ.23.
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо улуми исломӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.133.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.34, саҳ.372.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.34, саҳ.372.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.34, саҳ.377.
- ↑ Барои намуна ниг.: Фозили Ланкаронӣ, Тафсил-уш-шариъа, 1408ҳ.қ., саҳ.568-579.
- ↑ Алломмаи Ҳиллӣ, Мухталиф-уш-шиа, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.98; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.317.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.207.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Китоб-ун-никоҳ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55.
Сарчашма
- Алломмаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталиф-уш-шиа, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ-ул-Бухорӣ, таҳқиқ: Муҳаммад Зуҳайр ибни Носири Носир, Димишқ, Дор тавқ-ин-наҷот, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Гиромӣ, Муҳаммадалӣ, Нигоҳе ба бардагӣ, Қум, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Гиромӣ, 1385ҳ.ш.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Теҳрон, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1347ҳ.ш.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо, Теҳрон, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
- Заврақ, Муҳаммадҳасан, Шаҳри гумшуда; Фотима чӣ гуфт...? Мадина чӣ шуд...?, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, чопи ҳафтум, 1394ҳ.ш.
- Зайдон, Ҷурҷӣ, Таърихи тамаддуни Ислом, таҳқиқ: Алӣ Ҷавоҳиркалом, Теҳрон, Амири Кабир, 1372ҳ.ш.
- Ибни Исҳоқ, Муҳаммад, Китоб-ус-сияри ва-л-мағозӣ, Димишқ, Дор-ул-фикр, 1399ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Ислом ва озодии бардагон, Қум, Нашри осори Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, чопи аввал, 1353ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Китоб-ун-никоҳ, таҳқиқ: Муҳаммадризо Ҳомидӣ ва Масъуд Макорим, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1424ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ошноӣ бо улуми исломӣ (Маҷмуаи осор), Теҳрон, Интишороти Садро, 1377ҳ.ш.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳ: Аббос Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Байрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Байрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи севум, 1393ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Тафсил-уш-шариъа (ас-салот), Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор (а), 1408ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Китоб-ул-итқ, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт ли эҳё-ит-турос, чопи севум, 1374ҳ.ш./1416ҳ.қ.
- Ҳусайнӣ Таботабоӣ, Мустафо, Бардагӣ аз дидгоҳи Ислом, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, чопи аввал, 1372ҳ.ш.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод, таҳқиқ: Муассисаи Оли-л-Байт, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт, 1413ҳ.қ.
Пайванд ба берун
- «مطالعه تطبیقی پوشش کنیز در فقه و تفسیر شیعه و سنی» («Мутолиаи татбиқии пӯшиши каниз дар фиқҳ ва тафсири шиа ва суннӣ»)
- «پوشش کنیزان در خانواده امامان شیعه؛ تحلیل فقهی - تاریخی» («Пӯшиши канизон дар хонаводаи имомони шиа; таҳлили фиқҳӣ - таърихӣ»)