Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ояти 219 сураи Бақара

Аз wikishia
Ояти 219 сураи Бақара
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиБақара
Шумораи оят219
Ҷузъ2
Шаъни нузулДар посух ба саволи гурӯҳе аз саҳоба дар бораи шароб ва қимор
Макони нузулМадина
МавзуъҲаром будани шароб ва қимор; миқдори инфоқ
Оёти муртабитОяти 90 ва 91 сураи Моида; ояти 43 сураи Нисо


Ояти 219 сураи Бақара (форсӣ: آیه ۲۱۹ سوره بقره) дар посух ба ду пурсиш: яке дар бораи шароб ва қимор ва дигаре дар бораи инфоқ нозил шудааст. Дар ин оят ҳангоми ишора ба вуҷуди баъзе манфиатҳо барои шароб ва қимор, гуноҳи онҳоро бисёр бузургтар аз судашон муаррифӣ кардааст. Ҳамчунин дар бораи ин ки чӣ чизеро метавон инфоқ кард, меъёри онро «афв» донистааст. Дар тафсирҳо, вожаи «афв» ба миёнаравӣ ё бахшиши зиёда бар ниёз маъно шудааст.

Фақеҳони шиа бо истинод ба ин оят, бар ҳурмати шароб ва қимор фатво додаанд ва хамрро шомили ҳар моеи масткунанда донистаанд. Баъзе муфассирон таҳрими шаробро дар Қуръон тадриҷӣ тафсир кардаанд, ки яке аз оёти марбут ба таҳрими шароб ҳамин оят аст. Ояти 219 инчунин дар мавзуоте чун зарарҳои шароб, тазодди суду зиён ва ҳудуди инфоқ мавриди истинод қарор гирифтааст.

Муаррифии мухтасари оят ва аҳамияти он дар мабоҳиси исломӣ

Ояти 219 сураи Бақара дар посух ба саволҳои баъзе саҳоба аз Пайғамбар (с) дар бораи шароб ва қимор ва низ меъёри инфоқ нозил шудааст.[1] Дар ин оят, зарарҳои шароб ва қимор бар манфиатҳои модии онҳо пешгуфта шуда ва гуноҳашон бузургтар аз манфиатҳояшон эълом шудааст.[2] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, муаллифи ал-Мизон, дар Қуръон таъбири «исми кабир» танҳо дар бораи шароб ва қимор ба кор рафтааст.[3] Ҷаводии Омулӣ дар Тафсири тасним, бо истинод ба ривоёт, ба баёни осор ва оқибатҳои дунёвӣ ва ухравӣ шаробхорӣ, ҳукми ҳолати изтирор дар шурби хамр ва низ кароҳати хӯрондани шароб ба ҳайвонот пардохтааст.[4]

Дар бахши поёнии оят, ба саволи баъзе саҳоба дар бораи миқдори инфоқ ҷавоб дода шуда ва муъминон ба тафаккур даъват шудаанд.[5] Мувофиқи баъзе гузоришҳо, гурӯҳе аз мусалмонон дар инфоқ зиёдаравӣ мекарданд ва худашон ниёзманд мешуданд;[6] аз ин рӯ, бо нузули ин оят ба миёнаравӣ дар бахшиш даъват шуданд.[7] Дар ривоёти тафсирӣ, вожаи «афв» ба маънои миёнаравӣ бидуни исроф ва моли зиёдтар аз хароҷоти сол тафсир шудааст.[8] Албатта баъзе муфассирон вожаи «афв»-ро ба чашмпӯшӣ аз хатои дигарон тафсир карда ва беҳтарин инфоқро гузашт аз дигарон донистаанд.[9]

Ояти 219 сураи Бақара дар мабоҳиси гуногун мавриди истинод қарор гирифтааст; аз ҷумла дар ҳавзаи тиб (зарарҳои ҷисмии шароб),[10] мантиқ (шеваи истидлол ва ҷидоли некӯ),[11] иқтисод (тазоди суди моддӣ бо манфиатҳои ухравӣ),[12] ахлоқ (паёмадҳои рафторӣ)[13] ва ҳуқуқи маданӣ (ҳаром будани қимор).[14]

Далолати оят бар ҳаром будани шароб

Дар китоби Ал-Кофӣ ба нақл аз баъзе саҳоба, ояти 219 сураи Бақара, нахустин оят дар бораи таҳрими шароб муаррифӣ шудааст. Бар асоси ривояте, ки Кулайнӣ нақл карда, Имом Козим (а) бо истинод ба ин оят ва оёти дигари марбут ба хамр, ҳурмати шаробро барои Маҳдии халифаи вақти Аббосӣ баён кардааст.[15]

Фозили Миқдод, аз фақеҳони шиа, бо истинод ба ин оят, бар ҳурмати хамр ва ҳар моеи масткунанда истидлол карда ва ин ҳукмро иҷмоъӣ донистааст.[16] Муфассирони шиа низ вожаи «хамр»-ро дар ин оят шомили ҳар моеи масткунанда, аз ҷумла маҳсулоти ангур, хурмо ва кишмиш донистаанд.[17]

Рӯйкарди тадриҷии Қуръон дар таҳрими шароб

Ҷойгоҳи иқтисодии шароб ва қимор дар асри ҷоҳилият ва муборизаи Ислом бо онҳо сабаб шуда буд, ки ба таври пайваста дар бораи он ду савол шавад.[18] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, муфассири шиа, ояти 219 сураи Бақара бар ҳурмати шароб далолат дорад; аммо баёни он сареҳ нест. Ба бовари ӯ, ҳурмати шаробхорӣ дар чанд ояти Қуръон аз ҷумла ҳамин оят ва низ оятҳои 33 сураи Аъроф, 43 сураи Нисо ва 90 сураи Моида, ба таври тадриҷӣ ва бо афзоиши сароҳат баён шудааст.[19] Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ низ таъхир дар баёни сареҳи ҳукми ҳурматро ба шароити фарҳангии ҷомеаи садри Ислом нисбат додааст.[20]

Дар муқобил, баъзе муфассирони аҳли суннат мисли Муҳаммад Абду дар Тафсири ал-Манор эътиқод доранд, ки ин оят ишора ба ҳурмати шароб надорад; зеро «исм»-ро ба маънои зарар дониста ва бар ин асос, чизе ки ҳам суд ва ҳам зиён дорад, дар ин марҳила ҳаром нашудааст ва таҳрим дар оёти баъдӣ сурат гирифтааст.[21] Ҷаводии Омулӣ дар посух ба ин дидгоҳ, ба ояти 90 сураи Моида истинод карда, ки дар он шароб ва қимор ба таври мутлақ, палид ва амали шайтон муаррифӣ шудаанд[22] ва гуфта, ки ишора ба манфиатҳо дар ояти 219 ишора ба бардошти мардум аз судмандии онҳо будааст.[23]

Қимор ва ҳукми фиқҳии он

Дар ояти 219 сураи Бақара, вожаи «майсир» ба қимор тафсир шудааст.[24] Фақеҳон бо истинод ба ин оят бар ҳурмати қимор фатво додаанд.[25] Ба гуфтаи Ҷаводии Омулӣ, дар ин оят ва оёти дигар, қимор бо ибораҳое чун палид ва амали шайтонӣ, соҳиби гуноҳи бузург ва заминасози фитна муаррифӣ шудааст.[26] Айёшӣ, муфассири шиа, ду ривоят нақл карда, ки дар онҳо нард (тахтаи нард), шатранҷ ва бозӣ бо чормағзро аз намунаҳои қимор шумурдаанд.[27]

Эзоҳ

  1. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.557.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.118.
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.195.
  4. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1387ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.97-124.
  5. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.185.
  6. Суюти, ад-Дур-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.253.
  7. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1387ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.91-92.
  8. Айёшӣ, Тафсир ал-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.558.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.121.
  10. Содиқ Абдурризо, Алӣ, Китоб-ул-Қуръон ва-т-тибб-ул-ҳадис, Бейрут, Дор-ул-муаррих-ил-арабӣ, 1411ҳ.қ., саҳ.86.
  11. Шариатӣ Сабзворӣ, Мунозира ва таблиғ, 1389ҳ.ш., саҳ.129.
  12. Ҳардон, ал-Иқтисод-ул-исломӣ, 1999м, саҳ.49 ва 123.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.192.
  14. Тоҳирӣ, Ҳуқуқи маданӣ, 1376ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.382.
  15. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.406.
  16. Ҳиллӣ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, 1425ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.304.
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.118; Омилӣ, Тафсири Омилӣ, 1360ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.402.
  18. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1387ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.57.
  19. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.192.
  20. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1387ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.92.
  21. Ризо, Тафсир-ул-манор, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.322.
  22. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1387ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.60.
  23. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1387ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.84.
  24. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.118.
  25. Субҳонӣ, ал-Мавоҳиб, 1424ҳ.қ., саҳ.663; Макорими Шерозӣ, Доирут-ул-маорифи фиқҳи муқорин, 1427ҳ.қ., саҳ.409.
  26. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1387ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.87.
  27. Айёшӣ, Тафсир ал-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106.

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир ал-Айёшӣ, мусаҳҳеҳ: Сайид Ҳошими Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, Мактабат-ул-илмият-ил-исломия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Доирут-ул-маорифи фиқҳи муқорин, Қум, мусаҳҳеҳ: Ҷамъе аз устодон ва муҳаққиқони ҳавза, Интишороти Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Муҳаммад Рашид, Ризо, Тафсир-ул-Қуръон-ил-ҳаким аш-шаҳир би тафсир-ил-манор, Лубнон, Дор-ул-маърифа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Омилӣ, Иброҳим, Тафсири Омилӣ, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Садуқ, чопи аввал, 1360ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Содиқ Абдурризо, Алӣ, Китоб-ул-Қуръон ва-т-тибб-ул-ҳадис, Бейрут, Дор-ул-муаррих-ил-арабӣ, 1411ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Мавоҳиб фи таҳрири аҳком-ил-макосиб, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Суюти, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дур-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, Қум, Китобхонаи умумии ҳазрати Оятуллоҳилуъзумо Маръашии Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳ: Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ, Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Тоҳирӣ, Ҳабибуллоҳ, Ҳуқуқи маданӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1376ҳ.ш.
  • Ҳардон, Тоҳир Ҳайдар, ал-Иқтисод-ул-исломӣ, Уммон, Дору Воил, 1999м.
  • Ҳиллӣ, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, Муртазавӣ, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири тасним, Қум, Исро, чопи дувум, 1387ҳ.ш.
  • Шариатӣ Сабзворӣ, Муҳаммадбоқир, Мунозира ва таблиғ: Фанни мунозира, муҷодала, мағлата ва хитооба, Қум, Бунёди фарҳангии ҳазрати Маҳдии Мавъуд (аҷ), 1389ҳ.ш.