Тозиёна
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Мақолаҳои Викишиа бо рӯйкарди иртибот бо мактаби Аҳли Байт (а) навишта мешаванд. Барои огоҳӣ аз дигар паҳлӯҳои мавзуъ, манобеи дигарро ҷӯё шавед.
Тозиёна (форсӣ: تازیانه) навъе муҷозот барои иҷрои бархе ақсоми ҳад ва таъзир аст. Дар баъзе аз оятҳои Қуръон ва аҳодиси нақлшуда аз имомони шиа, ҳукми тозиёна ва миқдори муносиби он бо ҷиноятҳо баён шудааст. Дар мавридҳое ҳам худи имомон ин муҷозотро иҷро кардаанд; барои намуна, Имом Алӣ (а) ҳукми Умар ибни Хаттоб дар бораи шаробхории писараш Убайдуллоҳро иҷро кард ва ба ӯ тозиёна зад.
Намунаҳое аз ҷиноятҳои сазояш тозиёна ва миқдори муҷозоти ҳаддӣ ва таъзирии онҳо дар китобҳои фиқҳӣ омадааст; масалан, ҳадди зино барои шахсе, ки муҳсин нест, сад зарбаи тозиёна ва барои қазф ва шаробхорӣ, ҳаштод зарба аст. Таъзир муҷозоте аст, ки дар шаръ барои он миқдоре таъин нашуда бошад. Миқдори тозиёнаи таъзирӣ бо ташхиси ҳокими шаръ мушаххас мешавад. Бар асоси фатвои машҳур миёни фақеҳон, муҷозоти таъзирӣ бояд аз миқдори ҳаддии он камтар бошад.
Аз дидгоҳи фақеҳон воҷиб аст дар иҷрои ҳукми тозиёна, зарбаҳои он бар рӯи бадан тақсим шавад ва бар нуқтаи мушаххасе набошад. Муҷриёни ин ҳукм ҳақ надоранд бар нуқтаҳои хатарноки бадани муҷрим, монанди сару рӯй, тозиёна бизананд ва ин ҳукм дар сармо ва гармии шадид иҷро намешавад.
Олимони мусалмон, дар посух ба касоне, ки тозиёна заданро муҷозоте золимона ва носозгор бо ҳуқуқи башар медонанд, мегӯянд тозиёна бо ҳадафи ислоҳи ҷомеа ва ҷилавгирӣ аз такрори ҷурм анҷом мешавад ва ҳифзи ҳуқуқи касоне, ки мавриди таҷовуз воқеъ мешавандро дунбол мекунад.
Мафҳумшиносӣ ва аҳамият
Тозиёна задан (дар арабӣ: جَلْد [ҷалд]) навъе муҷозот ва танбеҳи муҷримон аст ва фақеҳон дар боби ҳудуд аз илми фиқҳ, дар бораи он ба баҳс пардохтаанд.[1] Дар оятҳои Қуръон, бархе аз шахсони сазовори шаллоқ ва миқдори он баён шудааст; масалан, миқдори ҳадди зино дар ояти ҷалд ва ҳадди қазф дар ояти 4 сураи Нур омадааст. Дар ояти 25 сураи Нисо ҳам, кайфари канизи зинокор, ки муҳсина бошад, панҷоҳ зарбаи тозиёна баён шудааст.[2]
Имомони шиа, илова бар баёни ҳукм ва таъини миқдори тозиёна барои ҷиноятҳо,[3] дар мавридҳое ҳам худ онро иҷро кардаанд. Бар асоси ҳадисе аз Имом Боқир (а), Убайдуллоҳ ибни Умар шароб хӯрд. Сипас барои иҷрои ҳад омода шуд. Падараш, Умар ибни Хаттоб, ба иҷрои ҳад бар ӯ ҳукм дод; аммо касе ҷуръати иқдом надошт. Дар ин ҳангом, Имом Алӣ (а) бархост ва бо тозиёнае дуқабата, чил зарба бар ӯ зад;[4] ҳамчунин Қайс ибни Амр ибни Молик, мулқаб ба Наҷошии шоирро ба ҷурми шаробхорӣ дар моҳи рамазон назди Имом Алӣ (а) оварданд. Имом Алӣ ҳаштод зарбаи шаллоқ ба ӯ зад ва ӯро як шаб ҳабс кард. Рӯзи баъд низ ба сабаби ҳурматшиканӣ дар моҳи рамазон, бист зарбаи дигар зад.[5] Фақеҳон дар китобҳои худ ба мавзуи шаллоқ ва баёни миқдори муҷозоти ҳаддӣ ва таъзирии он пардохтаанд.[6]
Миқдор ва мавориди тозиёна дар фиқҳи шиа
Фақеҳони шиа маворид ва миқдори муҷозоти шаллоқро дар қисмати ҳудуд ва таъзир аз илми фиқҳ баён кардаанд, ки бархе ба шарҳи зерин аст:
Тозиёнаи ҳаддӣ
Миқдори тозиёна дар ҷиноятҳои ҳаддӣ ба шарҳи зерин аст:
- Сад зарба барои зинокоре, ки муҳсин нест; яъне ба робитаи ҷинсии ҳалол дастрасӣ надорад;[7]
- Сад зарба барои мусоҳақакунанда;[8]
- Сад зарба барои ливоткунанда, агар дар ҷараёни амали ливот, дохилшавӣ сурат нагирад (вагарна муҷозоти он эъдом аст).[9] Бархе аз фақеҳон, ҳамчун Абулқосим Хуӣ, муҷозоти ливоткунандаи ғайри муҳсинро низ сад зарбаи шаллоқ медонанд ва танҳо агар ливоткунанда муҳсин бошад, ба эъдом ҳукм медиҳанд;[10]
- Сад зарба барои шахси муҳрим, ки писари навҷавонеро аз рӯи шаҳват мебӯсад;[11]
- Ҳаштод зарба барои қазф;[12]
- Ҳафтоду панҷ зарба барои қиёдат, яъне воситагарӣ байни ду нафар барои барқарории робитаи номашруъ;[13]
- Ҳаштод зарба барои шаробхорӣ (нӯшидани анвоъи машруботи алкулӣ).[14] Замони иҷрои он пас аз ҳушёрии шаробхор аст.[15]
Тозиёнаи таъзирӣ
Таъзир муҷозоте аст, ки дар шаръ барои он миқдоре таъйин нашуда бошад.[16] Мақсуд аз тозиёнаи таъзирӣ шаллоқ задани муҷрим ба теъдоде аст, ки ҳокими шаръ салоҳ бидонад.[17] Намунаҳое аз ҷиноятҳои машмули ин танбеҳ дар ривоятҳо омадааст; масалан, зану шавҳаре, ки дар рӯзи моҳи рамазон омезиш кунанд, ҳар яке бо бисту панҷ зарбаи шаллоқ таъзир мешаванд.[18] Гуфта шудааст бар асоси фатвои машҳур миёни фақеҳон, муҷозоти таъзирӣ бояд аз миқдори ҳаддии он камтар бошад; барои намуна, агар муҷозоти ҳаддии гуноҳе сад зарба бошад, таъзири он наваду нӯҳ зарба ё камтар аз он аст.[19]
Шеваи иҷрои ҳукми шаллоқ
Фақеҳони шиа аҳком ва шароите дар иҷрои ҳукми шаллоқ ва иқомаи ҳудуд баён кардаанд. Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, аз мараоҷеи тақлид, ҷинси шаллоқи мавриди истифода дар иҷрои ҳад ё таъзир бояд бофташуда ва маъмулии дорои ғафсии миёна бошад ва наметавон аз сим, кабел ва чӯб барои шаллоқ задан истифода кард;[20] ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, бино бар эҳтиёти воҷиб, набояд барои шаллоқ задан шахсро бихобонанд ва шаллоқзан дасташро то ҳадде боло набарад, ки зери бағалаш пайдо шавад.[21]
Ба назари фақеҳон воҷиб аст зарбаҳои шаллоқ бар рӯи бадан тақсим шавад ва бар як нуқтаи мушаххасе набошад. Муҷриёни ин ҳукм ҳақ надоранд бар нуқтаҳои хатарноки бадан монанди сару рӯй, қалб ва аврат ва монанди он тозиёна бизананд.[22] Ҳукми шаллоқ дар сармо ва гармии шадид иҷро намешавад.[23] Ҳаргоҳ мариз ё зани мустаҳоза маҳкум ба ҷалд (шаллоқ) бошад, иҷрои ҳад то беҳбудӣ ва қатъи хун ба таъхир меафтад.[24]
Интиқод ба иҷрои ошкорои ҳукми тозиёна
Касоне ба иҷрои ошкорои шаллоқзании эътироз кардаанд ва онро дорои осори бад донистаанд. Онҳо ин шеваро боиси ваҳшат ва салби оромиши равонии ҷомеа ё муҷиби бадбинӣ тавсиф мекунанд. Дар посух гуфтаанд, ки Қуръон танҳо дар бораи зино ба шаллоқзании ошкоро дастур дода ва мавориди дигар далели фиқҳии дақиқ надорад. Дар ин маврид ҳам таъини адади шоҳидон ба ҳокими шаръ вогузор шудааст ва ҳузури се шоҳиди ростгӯ барои иҷро кофист ва ниёзе ба ҳузури мардум аз кӯчаву бозор нест.[25]
Носозгорӣ бо ҳуқуқи башар
Бархе шаллоқ заданро бо ҳуқуқи башари роиҷ дар Аврупо носозгор дониста ва намунае аз муҷозоти золимона шумурдаанд. Ҳусайналӣ Мунтазирӣ аз мараоҷеи тақлиди шиа ин иддаоро рад карда ва гуфтааст шаллоқ задан, илова бар ислоҳи ҷомеа ва ҷилавгирӣ аз такрори ҷурм, муҷиби ҳифзи ҳуқуқи касоне мешавад, ки мавриди таҷовуз ва ҷиноят воқеъ шудаанд.[26] Бархе ҳам бо истинод ба ояти 120 сураи Бақара, ба норизоятии душманони Ислом аз иҷрои қавонини он ишора карда ва касби ризояти Худо ва ҷомеаи исломиро болотар ва муқаддам бар хушомади душманон донистаанд.[27]
Ҷойгузинӣ бо танбеҳоти дигар
Баъзе бар ин боваранд, ки муҷозоти шаллоқ бо пешрафт ва шароити рӯзи ҷомеаҳо ҳамоҳанг нест. Инҳо мегӯянд дар садри Ислом, шаллоқ роиҷ буд ва каромати муҷрим хадшадор намешуд. Он замон, муҷозотҳои ҷойгузини муносиб барои шаллоқ вуҷуд надошт; дар ҳоле ки имрӯз ин фурсат вуҷуд дорад. Кишварҳои зиёде муҷозоти шаллоқро ҳазф ё ҷойгузин кардаанд. Фиқҳи шиа низ ба иқтизои замона бояд шаллоқро, ки асари таҳқирӣ ва таҳаммулнопазирӣ пайдо кардааст, табдил ба кайфари муносиб кунад.[28] Дар муқобили ин дидгоҳ, Носир Макорими Шерозӣ, аз мараоҷеи тақлид, тағйири шаллоқи ҳаддиро манот ба ташхиси зарурат аз сӯи ҳокими шаръ медонад.[29] Ӯ мегӯяд албатта муҷозоти таъзирӣ маҳдуд ба шаллоқзанӣ нест ва бо назари ҳокими шаръ метавонад шомили анвои тавбих монанди ҷаримаи молӣ, зиндон ва ҳатто муаррифии муҷрим дар расонаҳо бошад.[30] Вай, ба ҷуз шаллоқ, ёздаҳ намуна барои таъзир баршумурда, ки маҳрумият аз бархе маносиб ва мамнуияти муваққат аз касбу кор аз ҷумлаи онҳост.[31]
Эзоҳ
- ↑ Саҷҷодӣ, Фарҳанги маорифи исломӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.643–644
- ↑ Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1383ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.313
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.23
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.214
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.216
- ↑ Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.315–316
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.137
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайх Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.706; Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, Ҷамоат-ул-мударрисин, ҷ.13, саҳ.120; Шайх Муфид, ал-Муқниа, 1410ҳ.қ., саҳ.787
- ↑ Барои намуна ниг.: Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.147; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия, Муассисаи Оли Байт (а), ҷ.2, саҳ.224
- ↑ Хӯӣ, Такмилат-ул-минҳоҷ, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.38–39
- ↑ Хӯӣ, Мабонии Такмилат-ул-минҳоҷ, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, ҷ.1, саҳ.298
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.547; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.188
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.149; Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.316
- ↑ Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.493
- ↑ Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.493
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масоликул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.325
- ↑ Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳлибайт (а), 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.316
- ↑ Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳлибайт (а), 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.316
- ↑ Ҳақпаноҳ, «Фалсафаи муҷозоти ҷалд дар фиқҳ ва ҳуқуқи башар», саҳ.187
- ↑ Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., саҳ.487–488
- ↑ Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., саҳ.488
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, 1413ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.175; Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., саҳ.488
- ↑ Макорими Шерозӣ, Истифтооти ҷадид, 1427ҳ.қ., саҳ.488
- ↑ Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.316
- ↑ «فلسفه مجازات علنی در اسلام», сайти Оини раҳмат
- ↑ Мунтазирӣ, Муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, 1429ҳ.қ., саҳ.82–84
- ↑ «فلسفه مجازات علنی در اسلام», сайти Оини раҳмат
- ↑ «اسلام و شلاق», сайти Дин Онлайн
- ↑ «شلاق», сайти Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
- ↑ «شلاق», сайти Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Таъзир ва густураи он, 1425ҳ.қ., саҳ.86
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиа фи аҳкомиш-шариа, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дуввум, 1413ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ало мазҳаб-ил-имомия, таҳқиқ: Иброҳим Баҳодурӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтооти ҷадид, таҳқиқ: Абулқосим Улёнажодӣ, Қум, Интишороти Мактаби Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи дуввум, 1427ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Таъзир ва густураи он, таҳқиқ: Абулқосим Улёнажодӣ, Қум, Интишороти Мактаби Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1425ҳ.қ.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Посух ба пурсишҳое перомуни муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, Қум, Арғавони дониш, чопи аввал, 1429ҳ.қ.
- Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, مجمع الفائدة و البرهان فی شرح ارشاد الاذهان, таҳқиқ: Муҷтабо Ироқӣ ва дигарон, Қум, Ҷамоат-ул-мударрисин фи ҳавзат-ил-илмия би Қум, бето.
- Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом фи масоил-ил-ҳаром ва-л-ҳалол, таҳқиқ: Абдулҳусайн Муҳаммад Алӣ Бақол, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳирулкалом, таҳқиқ: Иброҳим Султонинажад, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
- Саҷҷодӣ, Ҷаъфар, Фарҳанги маорифи исломӣ, Теҳрон, Кумаш, 1373ҳ.ш.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мабонии Такмилат-ул-минҳоҷ, Қум, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, Эрон, бето.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Такмилат-ул-минҳоҷ, Қум, Нашри Мадинатул-Илм, чопи бисту ҳаштум, 1410ҳ.қ.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниа, Қум, Ҷамоат-ул-мударрисин фи ҳавзаи илмия би Қум, 1410ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, таҳқиқ: Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дуввум, 1413ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳ ва-л-фатово, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1400ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи Шароеъ-ул-ислом, Қум, Муассисаи маорифи исломия, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳи Лумъат-уд-димашқия, ҳошия ва шарҳи Калонтар, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Ҳақпаноҳ, Муҳаммадалӣ, «Фалсафаи муҷозоти ҷалд дар фиқҳ ва ҳуқуқи башар», дар маҷаллаи Фиқҳ ва ҳуқуқи навин, №3, поизи 1399ҳ.ш.
- Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ, Алиакбар ва дигарон, Фарҳанги Қуръон, Қум, Бӯстони китоб, 1383ҳ.ш.
- Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Сайид Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ, Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1426ҳ.қ.
- «شلاق», сайти Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 2 обони 1403ҳ.ш.
- «فلسفه مجازات علنی در اسلام», сайти Оини раҳмат, санаи боздид: 3 обони 1403ҳ.ш.
- «اسلام و شلاق», сайти Дин Онлайн, санаи боздид: 30 меҳри 1403ҳ.ш.