Ливот

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ливот (араби: اللِّواط) алоқаи ҷинсии ду мард аст, ки яке аз гуноҳҳои кабира маҳсуб мешавад.

Дар ҳадисҳо гуноҳи ливотро бадтар аз зино донистаанд. Фақеҳон бар асоси оёт ва ривоёти масъумон, ливотро ҳаром ва ҷазояшро агар дар он духул сурат гирад, марг баён кардаанд. Ҷазо барои ливоти бидуни духул сад зарба тозиёна таъйин шудааст.

Тибқи ҳадиси имомон, иллати ҳаром будани амали ливот дар он аст, ки аз таваллуди фарзанд ҷилавгирӣ мекунад ва дар тадбир ва назми олам мафсада эҷод мекунад.

Дар динҳои дигари иброҳимӣ ва мазоҳиби исломӣ низ ливот як амали мазамматшуда ва мамнуъ эълом шудааст.

Ливот, гуноҳе бузургтар аз зино

Ливот аз бузургтарин гуноҳони кабира шуморида шудааст.[1] Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а), бузургии гуноҳи он беш аз гуноҳи зино баён шудааст.[2] Бар асоси ривояте аз Пайғамбари Ислом (с), муртакиби он мавриди хашму нафрини Худованд хоҳад буд.[3]

Дар Қуръон, аз ливот бо унвонҳои «мункар» (зишту нописанд) ва «фоҳиша» (гуноҳи ошкор) ёд шуда[4] ва борҳо қавми Лут ба хотири иртикоби ин рафтори ҷинсӣ сарзаниш шудаанд[5] ва иллати азобу ҳалокаташон ибтило ба ин гуноҳ баён шудааст.[6]

Мафҳумшиносӣ

Ҳамчунин бубинед: Ҳамҷинсгароӣ

Ливот дар истилоҳи фиқҳӣ, чунин таъриф шудааст, ки марде олати ҷинсиашро ба мақъади марди дигаре дароварад.[7] Ба гуфтаи Алии Мишкинӣ - олими шиа, бархе фақеҳон духули камтар аз хатнагоҳро ҳам ливот номидаанд[8] ва бархе низ ба мутлақи алоқаи ҷинсии мард бо мард, гарчи олат ба мақъад надарояд ливот гуфтаанд.[9]

Бар асоси ҳадисе ба нақл аз Имом Ризо (а) аз ин ҷиҳат, ки қавми Лут аввалин касоне буданд, ки ба гуноҳи бузурги ҳамҷинсбозӣ рӯй овараданд, номи ин гуноҳи кабира аз номи ин қавм гирифта ва ба он, лафзи «ливот» гузошта шуд.[10]

Ҳукми шаръӣ

Ливот амали ҳаром ва гуноҳи бузург шуморида шуда[11] ва илова бар муҷозоти шаръӣ (ҳад), дорои аҳкоми дигаре ҳамчун маҳдудият дар издивоҷ аст.[12]

Маҳдудият дар издивоҷ

Маҳдуд шудани издивоҷи ливоткунанда бо бархе аз занон ҷузви осори шаръии гуноҳи ливот аст. Тибқи фатвои мароҷеъи тақлид, издивоҷи ливоткунанда бо модар, духтар ва хоҳари касе ки бо ӯ ливот кардааст, ҳароми абадӣ[13] аст.[14] Ин ҳукм, дар модаи 1056 қонуни мадании Ҷумҳурии Исломии Эрон низ гунҷонда шудааст.[15] Албатта гуруҳе аз фақеҳон муътақиданд, ин ҳукм дар сурате аст, ки ливоткунанда болиғ бошад.[16] Ҳамчунин агар амали ливот пас аз издивоҷ бо модар, хоҳар ё духтари ливотшуда бошад, онҳо бар якдигар ҳаром намешаванд ва издивоҷашон ботил нест.[17]

Муҷозот

Ба фатвои фақеҳон, муҷозоти ливоткунанда ва ливотдиҳанда, агар болиғ бошанд, эъдом аст[18] ва ҳаркадом аз онҳо ки ғайриболиғ бошад, таъдиб мешавад.[19] Таъдиб ба муҷозоте мегӯянд, ки ҳокими шаръ бар муҷрими ғайриболиғ иҷро мекунад ва миқдори он аз ҳадди шаръӣ камтар аст.[20]

Албатта бархе фақеҳон, ҳамчун Абулқосими Хуӣ, назари ғайримашҳуре доранд ва зимни қабули ҳукми эъдоми ливотшуда, ҳукми эъдоми ливоткунандаро дар сурате медонанд, ки муртакиби он муҳсин бошад; яъне дорои ҳамсар бошад ва имкони омезиш бо ӯ дошта бошад; вагарна муҷозоташ сад зарба тозиёна аст[21]

Ҳамчунин ба гуфтаи фақеҳон, агар дар ҷараёни ин амал духуле сурат нагирад, ҳади он сад зарба тозиёна аст[22] ва дар ҳар сурат, агар муртакиби ливот, қабл аз исботи ҷурмаш, тавба кунад, ҳад аз ӯ соқит мешавад.[23]

Равиши муҷозоти қатлу эъдом

Дар ривоёт[24] ва манобеи фиқҳӣ,[25] барои эъдоми муртакиби ливот равишҳое баён шудааст, ки иборатанд аз: гардан задан, оташ задан, парт кардан аз кӯҳ, сангсор ва хароб кардани девор бар болои муҷрим. Ҳокими исломӣ бар асоси маслиҳати ҷомеъаи исломӣ, дастур ба иҷрои яке аз равишҳои мазкур медиҳад.[26] Албатта агар дар мавориде, иҷрои бархе ҳудуд боиси ваҳн ё зарба ба асли дин шавад, ҳокими исломӣ ихтиёр дорад барои ҳифзи манофеи муҳимтари Ислом, иҷрои ҳудудро муваққатан таътил кунад[27] ё дастур ба иҷрои баъзе аз равишҳо ва шаклҳои дигар, монанди эъдом бо дор задан ё тир диҳад.[28]

Фалсафаи таҳрим

Дар бораи ҳикмати ҳаром шудани ливот, дар ҳадисе ба нақл аз Имом Ризо (а) омадааст, Худованд занонро муносиб бо табъи мардон офаридааст ва инки ливот сабаби қатъи насл ва мафсада дар тадбир ва назми олам мешавад.[29]

Аллома Таботабоӣ дар ал-Мизон, дар муқоисаи ливоту зино навиштааст, Қуръон аз ливот бо иборати «تَقْطَعُونَ السَّبِيلَ; роҳро қатъ мекунед»[30] ёд кардааст,[31] аммо дар бораи зино гуфтааст: «سَاءَ سَبِيلًا»;[32] яъне роҳи баде аст. Дар натиҷа, аз назари Қуръон, осори вазъии ливот шадидтар аз зино аст; зеро мӯҷиби аз байн бурдани роҳи таносулу фарзандоварӣ мешавад.[33]

Дидгоҳи дигари адёну мазоҳиб дар бораи ливот

Ливот назди мазоҳиби аҳли суннат ҳам амали ҳаром аст ва барои муртакиби он, ҳад таъйин шудааст.[34] Албатта фатвои Абуҳанифа ин аст, ки анҷомдиҳандаи ин кор ба ҷои ҳад, таъзир мешавад.[35]

Дар соири адёни Илоҳӣ низ ливот як амали мазамматшудаю мамнуъ эълом шудааст: дар дини Зардушт, ливот бадтарини корҳо шуморида шуда ва муртакиби онро мустаҳаққи қатлу эъдом медонанд.[36] Дар Таврот аз ливот бо унвони фуҷур ёд шудааст.[37] Аҳди Ҷадид (китоби муқаддаси масеҳиён) ҳам, ливотгаронро дар радифи фосиқон, ситамгарон ва бутпарастон шуморида гуфтааст, чунин афроде вориси малакути Худованд нахоҳанд шуд.[38]

Эзоҳ

  1. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, муассисаи Олулбайт (а), ҷ.2, саҳ.224.
  2. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.543.
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.544.
  4. Сураи Анкабут, ояти 28 ва 29; сураи Аъроф, ояти 80.
  5. Фақиҳӣ, Тарбияти ҷинсӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.311.
  6. Файзулислом, Тарҷума ва тафсири Қуръони Карим, 1378ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.443.
  7. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1381ҳ.ш., саҳ.457.
  8. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1381ҳ.ш., саҳ.457.
  9. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1381ҳ.ш., саҳ.457.
  10. Алӣ ибни Мусо, ал-Фиқҳ-ул-мансуб ли-л-Имом-ир-Ризо (а), 1406ҳ.қ., саҳ.276.
  11. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, муассисаи Олулбайт (а), ҷ.2, саҳ.224; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.303.
  12. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, муассисаи Олулбайт (а), ҷ.2, саҳ.13; Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.265.
  13. Шубайрии Занҷонӣ, Китоби никоҳ, 1419ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.2109; Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.365.
  14. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.473.
  15. Имомӣ, Ҳуқуқи маданӣ, интишороти исломия, ҷ.4, саҳ.328.
  16. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.473.
  17. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (Муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.473.
  18. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.147; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, муассисаи Олулбайт (а), ҷ.2, саҳ.224; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.402; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.379 - 380; Имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, муассисаи Дорул-илм, ҷ.2, саҳ.469, масъалаи 4.
  19. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, муассисаи Олулбайт (а), ҷ.2, саҳ.224; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.403; Имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, муассисаи Дорул-илм, ҷ.2, саҳ.469, масъалаи 4.
  20. Тарҳинии Омилӣ, аз-Зубдат-ул-фиқҳийя, 1427ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.305
  21. Хуӣ, Такмилат-ул-минҳоҷ, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.38 - 39.
  22. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.147; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, муассисаи Олулбайт (а), ҷ.2, саҳ.224.
  23. Имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, муассисаи Дорул-илм, ҷ.2, саҳ.470, масъалаи 8.
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.200.
  25. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.147; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, муассисаи Олулбайт (а), ҷ.2, саҳ.224.
  26. Имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, муассисаи Дорул-илм, ҷ.2, саҳ.470, м5.
  27. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.452.
  28. Макорими Шерозӣ, Истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.369, саҳ.948.
  29. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.97; Садуқ, Илал-уш-шароиъ, маншуротул-мактабатул-Ҳайдарийя, ҷ.2, саҳ.547.
  30. Сураи Анкабут, ояти 29.
  31. Таботабоӣ, ал-Мизон, маншуроти Исмоилиён, ҷ.16, саҳ.123.
  32. Сураи Исро, ояти 32; сураи Намл, ояти 54.
  33. Таботабоӣ, ал-Мизон, маншуроти Исмоилиён, ҷ.13, саҳ.88.
  34. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.49.
  35. Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.77; Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52.
  36. Ризоӣ, Таърихи адёни ҷаҳон, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.197.
  37. Китоби Муқаддас, Китоби ловиён, фасли 18, ояти 22.
  38. Китоби Муқаддас, Китоби Қарантиён, фасли 6, ояти 9 - 10.

Сарчашма

  • Алӣ ибни Мусо (имоми ҳаштум), ал-Фиқҳ-ул-мансуб ли-л-Имом-ир-Ризо (а), Машҳад, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаби-л-имомия, муассисаи Олулбайт (а), Машҳад, чопи аввал, бе то.
  • Баниҳошимии Ҳумайнӣ, Сайидмуҳаммадҳасан, Тавзеҳул-масоили мароҷеъ, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1424ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи панҷум, 1389ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Таҳрирул-васила, Қум, муассисаи матбуоти Дорул-илм, чопи аввал, бе то.
  • Имомӣ, Сайидҳасан, Ҳуқуқи маданӣ, Теҳрон, интишороти исломия, бе то.
  • Китоби Муқаддас.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қуръони Карим.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоъоти ҷадид, интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), Қум, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Мирзоалӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, нашри Алҳодӣ, чопи сеюм, 1381ҳ.ш.
  • Мусавии Ардабилӣ, Сайид Абдукарим, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, Қум, муассисаи ал-Нашр лиҷомеъатил-Муфид, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Наҷмиддин, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ризоӣ, Абдураҳим, Таърихи адёни ҷаҳон, Теҳрон, интишороти Илмӣ, чопи дувум, 1380ҳ.ш.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, муассисаи ал-Минор, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Наҷаф, маншуроти ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, бе то.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Мабсут, Бейрут, Дорулмаърифат, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, маншуроти Исмоилиён, бе то.
  • Тарҳинии Омилӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, аз-Зубдат-ул-фиқҳийя фи шарҳи-р-равзатил-баҳийя, Дорул-фиқҳ лил-табоъати вал-нашр, Қум, чопи чаҳорум, 1427ҳ.қ.
  • Фақиҳӣ, Алинақӣ, Тарбияти ҷинсӣ, Қум, муассисаи илмии фарҳангии Дорулҳадис, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Такмилат-ул-минҳоҷ, нашри Мадинатулъилм, Қум, чопи бисту ҳаштум, 1410ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз пажуҳишгарон зери назари Шоҳрудӣ, Сайид Маҳмуд Ҳошимӣ, Фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1426ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароиъ-ул-Ислом, муассисаи ал-Мааъорифул-исломия, Қум, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайидмусо, Китоби никоҳ, Қум, муассисаи пажуҳишии раъйпардоз, чопи аввал, 1419ҳ.қ.