Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим

Аз wikishia
Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиҲамаи сураҳо ба ҷуз Тавба
Шумораи оятАввали ҳамаи сураҳо ва охири ояти 30 сураи Намл
ҶузъҲамаи 30 ҷузъи Қуръон
МавзуъЭътиқодӣ
Оёти муртабитояти 30 сураи Намл


Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим (арабӣ: بسم الله الرَّحمن الرَّحیم) ё Басмала, ояти Қуръон аст, ки дар аввали ҳамаи сураҳо ба ғайр аз сураи Тавба омадааст. Дар ривоёт, фазилатҳое барои ин оят баён шудааст; аз ҷумла ин ки он, бокароматтарин ва бузургтарин ояти Қуръон аст.

Олимони мусулмон Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳимро яке аз муҳимтарин шиорҳои исломӣ дониста, тавсия мекунанд, онро дар оғози сухан гуфтан ё анҷоми ҳар коре бихонанд.

Тибқи фатвои фақеҳон, даст задани бетаҳорат ба Басмала дар шакли хаттӣ ҳаром аст. Инчунин ҳангоми шикор ва забҳи шаръии ҳайвонот фарз аст Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим гуфта шавад.

Имомия ва бархе аз уламои аҳли суннат бар ин боваранд, ки Басмала дар ҳар сура як ояти мустақил аст ва ҷузъи ҳамон сура аст, аммо бархе аз аҳли суннат мегӯянд, танҳо дар сураи ал-Ҳамд ояти мустақил буда, бахше аз он аст ва бархеи дигарашон муътақиданд, ки дар сураи Ҳамд низ Басмала мустақил нест, балки дар оғози ҳамаи сураҳо (ба ғайр аз сураи Тавба) барои табаррук хонда мешавад.

Ба гуфтаи бархе муаррихон, Салмони Форсӣ аввалин касе буд, ки ин оятро бо дигар оятҳои сураи ал-Ҳамд ба форсӣ тарҷума кард. Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим ба форсӣ-тоҷикӣ тарҷумаҳои гуногуне дорад, ки "Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон" яке аз тарҷумаҳои роиҷи он аст.

Аҳамияти Бисмиллоҳ дар фарҳанги исломӣ

Муҳаммадҷавод Муғния дар тафсири ал-Кошиф гуфтааст «Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим», пас аз шаҳодатайн, шиори мусулмонон ба шумор меравад ва онон гуфтор ва корҳои худро бо гуфтани он оғоз мекунанд.[1] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ низ ин ҷумла аз муҳимтарин шиорҳои Ислом аст ва барои ин ки фаромӯш нашавад, хуб аст, ки мусулмонон дар таблоҳои зебою зариф онро навишта ва бар рӯи девори хонаҳояшон насб кунанд ва дар ибтидои корҳои худ бо овози баланд бигӯянд.[2]

Гуфта мешавад, яке аз корҳои роиҷ байни мардуми мусулмони Эрон ин буд, ки барои табаррук ҷустан ба номи Худо ва эман шудани аҳли хона аз балоҳо, ин иборатро бар рӯи санг ё кошӣ менавиштанд ва бар сардари хонаҳо насб мекарданд.[3] Ба иллати корбурди бисёри «Бисмиллоҳ» дар оғози корҳо, ин иборат дар забони форсӣ-тоҷикӣ ва фарҳанги омма, гоҳе ба ҷои афъоле аз қабили «бифармоед», «бишитобед» ва «шурӯъ кунед» ба кор меравад.[4] Ҳамчунин дар ибтидои поённома ва китобҳо «Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим» ё тарҷумаи он (ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон) ё таъбирҳое монанд ба он навишта мешавад.[5]

Гуфта мешавад, Пайғамбар (с) низ дар ибтидои Беъсат, ҳамин иборатро дар ибтидои номаҳо ва умуре монанди он ба кор мебурд[6] то ин ки ояти «وَ قَالَ ارْكَبُوا فِيهَا بِسْمِ اللَّهِ مَجْرَاهَا وَ مُرْسَاهَا»[7] нозил шуд ва ӯ «Бисмиллоҳ/ بسم‌الله» ба кор мебурд ва пас аз нузули ояти 110-уми сураи Исро, «Бисмиллоҳир-раҳмон/ بسم الله الرحمن» мегуфт, аммо дар ниҳоят, пас аз нузули ояти «إِنَّهُ مِنْ سُلَيْمَانَ وَإِنَّهُ بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ»,[8] «Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим»-ро ба таври комил ба кор бурд.[9] Бархе бар ин боваранд, ки «Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим» аввалин ояте аст, ки ба ҳамроҳи оёти сураи Алақ бар Пайғамбар нозил шудааст.[10]

Аз Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим, бо номҳои «Басмала»[11] ва «тасмия»[12] низ ёд мешавад.

Фазилат

Имом Алӣ (а):

Дар оғози ҳар кори майда ё калон бигӯед: «Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим». [13]


Ривоёте дар баёни фазилати Басмала дар манобеи тафсирӣ ва ривоии шиа ва аҳли суннат омадааст. Қуртубӣ дар тафсираш аз Имом Алӣ (а) нақл кардааст, ки Басмала шифои ҳар беморӣ ва ёрикунандаи ҳар доруе аст.[14] Бар асоси ривояте дар тафсири Айёшӣ ба нақл аз Имом Ризо (а) ин оят, бокароматтарин ва бузургтарин ояти Қуръон аст.[15] Ҳамчунин дар бархе ривоёт, навиштани зебои он барои таъзими Худованд, муҷиби ғуфрону бахшиш[16] ва қироати он раҳоӣ ва наҷот аз оташи дӯзах аст.[17] Дар ривояте чунин нақл шудааст, ки асрори ҳамаи китобҳои осмонӣ дар Қуръон ҷамъ аст ва ҳамаи он чи дар Қуръон аст дар сураи Фотиҳа ва ҳамаи он чи дар сураи Фотиҳа аст, дар Басмалаи он ҷамъ шудааст.[18]

Оғози кор бо номи Худо

Пайғамбар (с):
كلُّ أمر ذي بالٍ لمْ يُذكَر فيه بسم الله فهو أبتر

Ҳар кори арзишманде, ки бидуни Бисмиллоҳ оғоз нашавад, ноқис аст.[19]


Муфассирон мегӯянд, «Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим» дар оғози корҳо, барои он ки бо ному ёди Худо ҳамроҳ бошад, гуфта мешавад.[20] Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, Худованд Қуръонро бо номи худ, ки азизтарини номҳост оғоз кард, то каломаш нишона ва ёди Ӯро дошта бошад. Ҳамчунин бо ин кор, ба бандагонаш омӯхтааст, то аъмол ва гуфторашонро бо номи Ӯ оғоз кунанд, рафтору гуфторашон худоӣ шавад ва нишони Худо дар он бошад.[21]

Маънои Бисмиллоҳ

Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим ба хатти настаълиқ

Бархе аз муфассирон бар ин назаранд, ки ҳарфи "бо/ب" дар «бисми» ба маънои «ибтадаъту (оғоз намудам)» аст; яъне вақте касе мегӯяд, «Бисмиллоҳ», маънояш ин аст, ки корашро бо номи Худо оғоз кардааст.[22] Гуруҳи дигаре мегӯянд, маънои хоссе аз ҳарфи "бо/ب" мадди назар нест, балки гуфтани Бисмиллоҳ маҳз ба ангезаи ёдоварии номи Худо ва табаррук ҷустан ба он дар оғози сухан ва анҷоми корҳост.[23]

Дастаи дигаре аз муфассирон ҳарфи "бо/ب"-ро ба маънои «истионат» (ёрӣ ҷустан) донистаанд.[24] Дар ин сурат, «Бисмиллоҳ» ба маънои «астаъину бисмиллоҳ; ёрӣ меҷӯям бо номи Худо» аст.[25] Бархе муфассирони шиа[26] ин маъноро бо истинод ба ривоёте аз имомон (а)[27] пазируфтаанд.

Бархеи дигар аз муфассирон мегӯянд, аз он ҷо ки дар Қуръон такрор роҳ надорад, «Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим» дар ҳар сура, маънои хоссе дорад, ки бо мазмуни ҳамон сура вобаста аст.[28] Дар тафсири Айёшӣ, ривояте аз Имом Содиқ (а) дар тафсири Бисмиллоҳ нақл шудааст, ки дар он бо дар «бисми»-ро «баҳоуллоҳ: равшании Худо», синро «саноуллоҳ: рафъати Худо» ва мимро «маҷдуллоҳ: бузургвории Худо», маъно кардааст.[29]

Аҳкоми фиқҳии Басмала

Фуқаҳо дар бобҳое ҳамчун таҳорат, намоз, никоҳ, сайд, забоҳа ва атъимаю ашриба, аҳкоме дар робита бо Басмала баён кардаанд, ки бархе аз онҳо ба баёни зер аст:

  • Ламси Басмала: бино ба дидгоҳи машҳури фуқаҳои шиа, даст задани бетаҳорати Басмалае ки навишта шудааст, аз он ҷо ки ояте аз оятҳои Қуръон аст[30] ва исму сифоти Худованд дар он ба кор рафтааст, ҳаром аст.[31] Ҳамчунин гуфтаанд, ламси Басмалаи мактуб, бар шахси ҷунуб ҳаром аст.[32]
  • Басмала дар қироати намоз: ба иҷмоъи фуқаҳои шиа, Басмалаи ҷузве аз ҳамаи сураҳо, ғайр аз сураи Тавба аст ва лизо қироати он дар сураҳои намоз воҷиб аст.[33]
  • Шикор ва забҳи шаръӣ: ба фатвои фақеҳон, гуфтани Бисмиллоҳ аз шароити таҳаққуқи забҳи шаръӣ аст.[34] Ҳамчунин дар шикор, ҳангоми фиристодани саги шикорӣ ба сӯи сайд ё партоби тир ба сӯи он, бояд бисмллоҳ гуфта шавад ва чунончи қасдан гуфта нашавад, гӯшти он чи сайд шудааст, ҳалол нест.[35]

Гуфтани Бисмиллоҳ дар ҳангоми вузу гирифтан,[36] аввали алоқаи ҷинсӣ[37] ва низ пеш аз хӯрдану нӯшидан[38] мустаҳаб аст.

Оё Басмала як ояти мустақил аст?

Ба гуфтаи Рашид Ризо (ваф.1354ҳ.қ.) - муфассири аҳли Лубнон, аз он ҷо ки Басмала бахше аз ояти 30-юми сураи Намл аст, ҳамаи мусулмонон иттифоқи назар доранд дар ин ки ҷузви оёти Қуръон аст,[39] аммо дар ин ки дар ибтидои дигар сураҳо низ ояти мустақиле шуморида шавад, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[40] Олусӣ - муфассири аҳли суннат, дар тафсири Руҳ-ул-маъонӣ, даҳ дидгоҳ зикр кардааст,[41] ки бархе ба шарҳи зер аст:

  1. Иҷмои саҳоба бар ин ки дар мусҳафи аввал, дар ибтидои ҳар сурае ғайр аз сураи Тавба, Басмала ворид шудааст.[43]
  2. Ривоёте дар манобеи аҳли суннат ва шиа аз Пайғамбар (с) ва имомони шиа (а) нақл шудааст, ки Басмаларо ояти мустақил ва ҷузве аз ҳар сура донистаанд.[44]
  3. Сираи мусулмонон аз замони ҳаёти Пайғамбар (с) бар ин будааст, ки дар оғози ҳамаи сураҳо, ғайр аз сураи Тавба, Басмаларо қироат мекардаанд ва агар Басмала ҷузви Қуръон намебуд, бар Пайғамбар лозим буд то ба ин амр тасреҳ кунад, то сабаби гумроҳии мусулмонон нагардад.[45]
  • Молик ибни Анас, Абуҳанифа ва пайравонаш, Абуумар ва Яъқуб ибни Исҳоқ - қориёни Басра ва бархеи дигар аз олимон, Басмаларо ояти мустақиле медонанд, ки сирфан барои табаррук ва баёни оғози сураҳо ва ҳамчунин фосилаи байни онҳо омадааст[46] ва ҷузви ҳеҷ сурае ғайр аз он чи дар ояти 30-юми сураи Намл омадааст, ба шумор намеравад.[47]
  • Аҳмад ибни Ҳанбал, Ҳамза аз қориёни ҳафтгона ва бархеи дигар муътақиданд, ки Басмала фақат дар сураи Ҳамд ояти мустақил аст ва ҷузве аз ин сура ба шумор меравад.[48]

Тарҷумаи форсии Бисм-ил-лоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим

Гуфта мешавад Басмала нахустин бор ба ҳамроҳи дигар оёти сураи Ҳамд тавассути Салмони Форсӣ ба дархости форсизабонон, ба форсӣ тарҷума шуд.[49] Ӯ ин ояро ба ин сурат тарҷума кард: «Ба номи Яздони бахшоянда».[50] Бархеи дигар аз тарҷумаҳои ин оят ба забони форсӣ, ба сурати зер аст:

  • Исфароинӣ - муфассири аҳли суннат дар қарни панҷуми қамарӣ: «Ибтидо кардам ба номи Худои қодир бар офариниши халқон, хоҳони рӯзӣ додани халқон, хоҳони омурзидани мутиъон!».[51]
  • Рашидуддин Абулфазл Мейбудӣ - муфассири Қуръон дар қарни шашуми ҳиҷрӣ: «Ба номи Худованди ҷаҳондори душманпарвар ба бахшояндагӣ ва дӯстбахшой ба меҳрубонӣ».[52]
  • Абулфутуҳи Розӣ - муфассири шиа дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ: «Ба номи Худои меҳрубони бисёр бахшанда».[53]
  • Муллоҳусайн Воизи Кошифӣ - муфассири шиа дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ: «Ба номи Худои сазои парастиш ва бахшанда бар халқ ба вуҷуд ва ҳаёт бахшидану бахшоянда бар эшон ба бақо ва зинда доштан ба қудрату ҳикмат, аз офот муҳофизат намудан».[54]
  • Тарҷумаи тафсири Табарӣ, ки аз куҳантарин тарҷумаҳои тафсири Қуръон ба забони форсӣ аст: «Ба номи Худои меҳрубони бахшоянда».[55]
  • Дар тарҷумаҳои имрӯзини Қуръон (яъне қарнҳои чаҳордаҳум ва понздаҳуми қамарӣ), тарҷумаҳои гуногуне аз ин оят шудааст, ки «Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон» аз тарҷумаҳои роиҷи ин оят аст.[56]

Фарқи раҳмон бо раҳим дар Басмала

Кошинавиштаи Басмала бар сардари хонаи қадимӣ

Раҳмон ва раҳим ду сифат аз сифатҳои Худованд ҳастанд, ки аз назари бештари муфассирон,[57] аз решаи «раҳмат» гирифта шудаанд.[58] Бештари муфассирон[59] гуфтаанд, ки «раҳмон» сифати махсуси Худост[60] ва ба маънои раҳмати оме аст, ки аз ҷониби Худованд, ҳамаи бандагон, кофиру муъминро дарбар мегирад ва сифати «раҳим» бар раҳмати пайваста ва доими Ӯ далолат мекунад, ки танҳо ба бандагони муъмин тааллуқ дорад.[61]

Аз назари бархе муфассирон, ваҷҳи умумияти сифати раҳмонияти Худованд нисбат ба ҳамаи бандагонаш ин аст, ки Ӯ онҳоро офарида ва ризқашонро медиҳад.[62] Ва далели махсус будани раҳимияти Ӯ ба муъминон ин аст, ки дар зиндагии дунё ононро тавфиқ медиҳад ва дар охират, биҳиштро насибашон мекунад ва гуноҳони ононро мебахшад.[63]

Тафсири ирфонӣ

Дар мутун ва тафосири ирфонӣ, барои ҳуруфи Басмала маонӣ ва тафсирҳои ботиние баён кардаанд.[64] Бархе гуфтаанд, Худованд ба воситаи "бо/ب"-и Бисмиллоҳ, ҳамаи мавҷудотро ба вуҷуд овард.[65] Ибни Арабӣ, шакли "бо" ва нуқта ва ҳаракати онро бар оламҳои сегона татбиқ намудааст; ба ин баён, ки шакли бо олами малакут аст, нуқтаи он олами ҷабарут ва ҳаракати он, олами шаҳодат аст.[66] Абдурразоқи Кошонӣ низ дар тафсири худ, ҳарфи "бо" дар «Бисмиллоҳ»-ро ишора ба ақли аввал ё содири аввал донистааст.[67]

Бино ба назари Муллоҳусайн Воизи Кошифӣ дар Ҷавоҳир-ут-тафсир, ҳарфи "алиф" ишора ба зоти муқаддас дорад ва аз он ҷо ки аввалин ҳарф аз ҳуруфи алифбост, бо Ҳақ таоло ба унвони зоте, ки аввали ашё аст, муносибат дорад ва аз он ҷиҳат, ки холӣ аз нуқта аст, бо вуҷуди мутлақ, ки муҷаррад аз ҳама тақайюдот аст, муносиб аст.[68]

Дар бархе мутун ва тафосири ирфонӣ, «раҳмон» ба маънои бахшанда ва ифозакунандаи вуҷуду камол ба ҳамаи мавҷудот, бар асоси ҳикмат ва қобилияти онҳо омада[69] ва «раҳим» ба маънои ифозакунандаи камоли маънавии махсус ба инсон баён шудааст.[70]

Корбурд дар осори ҳунарӣ

Хушнивисии Бисмиллоҳ ба хати сулс, ба қалами Муҳаммад Ӯзчой, хушнависи кишвари Туркия

Басмала аз ҷумлаи оятҳое аст, ки навиштани он бисёр мавриди таваҷҷуҳи ҳунармандони хушнивисӣ қарор гирифта ва дар тӯли таърих, осори мутанаввеъе бо анвоъи мухталифи хат, аз он навишта шудааст.[71] Навиштани Басмала дар ҳунари кошикорӣ низ, ба унвони яке аз ҳунарҳои тазйинӣ ва меъмории Эрон намуд ёфта ва осори мухталифи он дар сардари хонаҳо, меҳроби масҷидҳо ва дар маконҳои муқаддас насб мегардад.[72] Ҳамчунин осори мухталифе аз ҳак ва навиштани Басмала ба дасти ҳунармандони мусулмон дар муаррақкорӣ ва қаламзанӣ падид омадааст.

Басмала дар шеър ва адаби форсӣ-тоҷикӣ гоҳе дар мисраи як байт қарор гирифта[73] ва гоҳе низ дар бораи мазмун ва муҳтавои он ва супориш ба оғоз намудани корҳо бо номи Худо, шеърҳоие суруда шудааст.[74]

Бисмиллоҳ дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, дар истилоҳоте монанди «мурғи бисмил» ба маънои мурғи сарбурида ва «мурғи нимбисмил» ба маънои мурғи нимаҷон ва ҳамчунин «бисмилгоҳ» ба маънои қурбонгоҳ ҳам роҳ ёфтааст.[75]

Эзоҳ

  1. ↑ Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.1, саҳ.24.
  2. ↑ Мутаҳҳарӣ, Понздаҳ гуфтор, саҳ.162 - 163.
  3. ↑ Мусавии Омулӣ, «سر در نوشته‌های قرآن», Сайти портали Улуми исломӣ.
  4. ↑ Муинӣ, Фарҳанги амсол ва таобири қуръонӣ, саҳ.153 - 155; "БИСМИЛЛОҲ" ГУФТАН ТАНҲО МАСЪУЛИЯТИ МУЛЛО НЕСТ!, Сайти ҳафтаномаи Миллат.
  5. ↑ «ترتیب پایان نامه نویسی», Сайти Каломи сабз.
  6. ↑ Қалқашандӣ, Субҳ-ул-аъшо фи саноъат-ил-иншо, ҷ.1, саҳ.480.
  7. ↑ Сураи Ҳуд, ояти 41.
  8. ↑ Сураи Намл, ояти 30.
  9. ↑ Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, ҷ.1, саҳ.7.
  10. ↑ Ниг.: Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.38.
  11. ↑ Ниг.: Ҳушангӣ, Басмала, саҳ.426.
  12. ↑ Ниг.: Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.41; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, ҷ.1, саҳ.1.
  13. ↑ Шайх Садуқ, Китоби ат-Тавҳид, саҳ.232.
  14. ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.107.
  15. ↑ Айёшӣ, Тафсир ал-Айёшӣ, ҷ.1, саҳ.21.
  16. ↑ Суютӣ, Дурр-ул-мансур, ҷ.1, саҳ.27.
  17. ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.99.
  18. ↑ Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, ҷ.1, 213.
  19. ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.76, саҳ.305.
  20. ↑ Ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.54; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.1, саҳ.103; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.15 - 17; Тайиб, Атяб-ул-баён, ҷ.1, саҳ.93.
  21. ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.15.
  22. ↑ Ниг.: Ибни Қутайба, Тафсири Ғариб-ул-Қуръон, саҳ.39; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.54; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.17; Ҳаким, Тафсири Сура ал-Ҳамд, саҳ.152 - 153.
  23. ↑ Имом Хумайнӣ, Тафсир ал-Қуръон ал-карим, ҷ.1, саҳ.95.
  24. ↑ Ниг.: Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, ҷ.1, саҳ.12 - 13; Тайиб, Атяб-ул-баён, ҷ.1, саҳ.93.
  25. ↑ Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, ҷ.1, саҳ.12 - 13; Тайиб, Атяб-ул-баён, ҷ.1, саҳ.93; Ҳаким, Тафсир Сура ал-Ҳамд, саҳ.152.
  26. ↑ Ниг.: Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, ҷ.1, саҳ.12 - 13; Тайиб, Атяб-ул-баён, ҷ.1, саҳ.93.
  27. ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.3, саҳ.41.
  28. ↑ Қушайрӣ, Латоиф-ул-ишорот, ҷ.1, саҳ.44; Имом Хумайнӣ, Тафсир ал-Қуръон ал-карим, ҷ.1, саҳ.96.
  29. ↑ Айёшӣ, Тафсир ал-Айёшӣ, ҷ.1, саҳ.22.
  30. ↑ Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, ҷ.2, саҳ.272.
  31. ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.352.
  32. ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.509.
  33. ↑ Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, ҷ.6, саҳ.174 - 175.
  34. ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.36, саҳ.113.
  35. ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.36, саҳ.30.
  36. ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, ҷ.1, саҳ.79.
  37. ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.5, саҳ.482; Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, ҷ.14, саҳ.10.
  38. ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.36, саҳ.451.
  39. ↑ Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, ҷ.1, саҳ.33.
  40. ↑ Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, ҷ.1, саҳ.33.
  41. ↑ Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, ҷ.1, саҳ.41.
  42. ↑ Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, ҷ.1, саҳ.33; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, ҷ.1, саҳ.41.
  43. ↑ Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, ҷ.1, саҳ.33.
  44. ↑ Ниг.: Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, ҷ.1, 356 - 357; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.3, 312 - 313; Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, ҷ.2, саҳ.67; Буруҷердӣ, Ҷомеъ-ул-аҳодис-иш-шиа, ҷ.5, саҳ.128 - 130.
  45. ↑ Хуӣ, ал-Баён, саҳ.447 - 448.
  46. ↑ Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, ҷ.1, саҳ.34; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, ҷ.1, саҳ.41.
  47. ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.1, саҳ.172.
  48. ↑ Рашид Ризо, Тафсири ал-Минор, ҷ.1, саҳ.34; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, ҷ.1, саҳ.41.
  49. ↑ Сарахсӣ, ал-Мабсут, ҷ.1, саҳ.37.
  50. ↑ Шуайбӣ, Муъҷаму мусаннафот-ил-Қуръон, ҷ.2, саҳ.12.
  51. ↑ Исфароинӣ, Тоҷ-ут-тароҷим, саҳ.39.
  52. ↑ Мейбудӣ, Кашф-ул-асрор, ҷ.1, саҳ.2.
  53. ↑ Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.15, саҳ.182.
  54. ↑ Кошифӣ, Ҷавоҳир-ут-тафсир, саҳ.330.
  55. ↑ Табарӣ, Тарҷумаи Тафсири Табарӣ, ҷ.1, саҳ.10.
  56. ↑ Ниг.: Соҷидӣ, «معادل فارسی «بِسْم اللَّه الرَّحْمَن الرَّحیم» در ترجمه‌های قدیم و جدید قرآن», саҳ.26 - 30.
  57. ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.104.
  58. ↑ Ибни Қутайба, Тафсири Ғариб-ул-Қуръон, саҳ.12; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.18; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.104.
  59. ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.105.
  60. ↑ Шайх Тусӣ, ат-Тибён, ҷ.1, саҳ.29; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.18 - 19; Арусии Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, ҷ.1, саҳ.12.
  61. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.54; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, ҷ.1, саҳ.166.
  62. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.54.
  63. ↑ Ниг.: Қушайрӣ, Латоиф-ул-ишорот, ҷ.1, саҳ.44; Ибни Арабӣ, Футуҳот-ул-маккийя, ҷ.1, саҳ.102; Кошонӣ, Тафсири Ибни Арабӣ (таъвилоти Абдурразоқ), ҷ.1, саҳ.7.
  64. ↑ Ниг.: Қушайрӣ, Латоиф-ул-ишорот, ҷ.1, саҳ.44; Ибни Арабӣ, Футуҳот-ул-маккийя, ҷ.1, саҳ.102.
  65. ↑ Ибни Арабӣ, Футуҳот-ул-маккийя, ҷ.1, саҳ.102.
  66. ↑ Ибни Арабӣ, Футуҳот-ул-маккийя, ҷ.1, саҳ.102.
  67. ↑ Кошонӣ, Тафсири Ибни Арабӣ (таъвилоти Абдурразоқ), ҷ.1, саҳ.7.
  68. ↑ Кошифӣ, Ҷавоҳир-ут-тафсир, саҳ.334 - 335.
  69. ↑ Кошонӣ, Тафсири Ибни Арабӣ (Таъвилоти Абдурразоқ), ҷ.1, саҳ.7; Қунавӣ, Эъҷоз-ул-баён фи тафсири умм-ил-Қуръон, саҳ.173; Султон Алишоҳ, Баён-ус-саодат, ҷ.1, саҳ.28.
  70. ↑ Кошонӣ, Тафсири Ибни Арабӣ (Таъвилоти Абдурразоқ), ҷ.1, саҳ.7.
  71. ↑ Мутиъ, «تسمیه», саҳ.326.
  72. ↑ Мутиъ, «تسمیه», саҳ.326.
  73. ↑ Ниг.: Низомӣ, Куллиёти девони Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, саҳ.9.
  74. ↑ Мутиъ, «تسمیه», саҳ.326.
  75. ↑ Муинӣ, Фарҳанги амсол ва таобири қуръонӣ, саҳ.159; Мутиъ, «تسمیه», саҳ.326.

Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва руҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир ал-Айёшӣ, Теҳрон, ал-Матбаъат-ул-илмийя, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-Вафо, 1983.
  • Арусии Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ас-Сунан-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1424ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Муассисат-ул-Беъсат, 1415ҳ.қ.
  • Буруҷердӣ, Сайидҳасан, Ҷомеъ-ул-аҳодис-иш-шиа, Қум, интишороти Меҳр, 1415ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Арабӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Футуҳот-ул-маккия, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, Тафсири Ғариб-ул-Қуръон, Бейрут, Дор мактабат-ил-ҳилол, 1411ҳ.қ.
  • Исфароинӣ, Шаҳфур ибни Тоҳир, Тоҷ-ут-тароҷим, тасҳеҳи Алиакбар Илоҳии Хуросонӣ, Теҳрон, ширкати Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1375ҳ.ш.
  • Кошифӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Ҷавоҳир-ут-тафсир, Теҳрон, Маркази пажӯҳишии Мероси мактуб, 1379ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Абдурразоқ, Тафсири Ибни Арабӣ (Таъвилоти Абдурразоқ), Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қалқашандӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Субҳ-ул-аъшо фи саноъат-ил-иншо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, бетаърих.
  • Қунавӣ, Муҳаммад ибни Исҳоқ, Эъҷоз-ул-баён фи тафсири умм-ил-Қуръон, Қум, Бустони китоб, 1381ҳ.ш.
  • Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат, Қум, Дор-ул-Усва, 1422ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носир Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Қушайрӣ, Абдукарим ибни Ҳавозан, Латоиф-ул-ишорот, Қоҳира, ал-Ҳайат-ул-мисрийят-ил-ома ли-л-китоб, 2000.
  • Мейбудӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Кашф-ул-асрор, Теҳрон, интишороти Амири Кабир, 1371ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Бейрут, Дор-ул-анвор, бетаърих.
  • Муинӣ, Муҳсин, Фарҳанги амсол ва таобири қуръонӣ, Теҳрон, нашри Фарҳанги муосир, чопи сеюм, 1394ҳ.ш.
  • Мусавии Омулӣ, Сайид Муҳсин, «سر در نوشته‌های قرآن» (Сардарнавиштаҳои Қуръон), Сайти портали улуми исломӣ, санаи боздид: 7 октябри 2026.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Понздаҳ гуфтор, Қум, интишороти Садро, 1389ҳ.ш.
  • Мутиъ, Меҳдӣ, «تسمیه» (Тасмия), дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Низомӣ, Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф, Куллиёти девони Ҳаким Низомии Ганҷавӣ, Теҳрон, интишороти Амир Кабир, 1335ҳ.ш.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Руҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон ал-азим ва-с-сабъ-ул-масонӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Рашид Ризо, Муҳаммад, Тафсири ал-Минор, Миср, ал-Ҳайат-ул-мисрийят-ул-ома ли-л-китоб, 1990.
  • Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Мабсут, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1414ҳ.қ.
  • Соҷидӣ, Акбар, «معادل فارسی «بِسْم اللَّه الرَّحْمَن الرَّحیم» در ترجمه‌های قدیم و جدید قرآن» (Муодили форсии “Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим” дар тарҷумаҳои қадим ва ҷадиди Қуръон), Нашрияи Ҳусно, № 34, баҳор ва тобистони 1397ҳ.ш.
  • Султон Алишоҳ, Султон Муҳаммад ибни Ҳайдар, Баён-ус-саодат фи мақомот-ил-ибодат, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1408ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дор-ул-фикр, бетаърих.
  • Табарӣ, ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1412ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Тарҷумаи тафсири Табарӣ, Теҳрон, интишороти Тус, 1356ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1415ҳ.қ.,
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассиса ал-Нашр-ул-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
  • Тайиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён, Теҳрон, интишороти Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ал-Баён, Қум, Муассиса эҳё осор ал-Имом ал-Хуӣ, бетаърих.
  • Хумайнӣ, Сайид Суют Мустафо, Тафсир ал-Қуръон ал-Карим, Қум, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1418ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак-ул-урва, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1391ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳаммадбоқир, Тафсири Сура ал-Ҳамд, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1420ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, ал-Мактабат-ул-асрийя, 1420ҳ.қ.
  • Ҳушангӣ, Лайло, «بسمله» (Басмала), дар Донишномаи Ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи сеюм, 1386ҳ.ш.
  • Ҷассос, Аҳмад ибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Шаҳиди Сонӣ, Алӣ ибни Зайниддин, ар-Равзат-ул-баҳийя, Қум, Интишороти Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Шуайбӣ, Алӣ Шаввох Исҳоқ, Муъҷаму мусаннафот-ил-Қуръон, Риёз, Дор-ул-рафоъӣ, 1403ҳ.қ.
  • «ترتیب پایان نامه نویسی» (Тартиби поённоманависӣ), сайти Каломи сабз, санаи дарҷи матлаб: 7 апрели 2023, санаи боздид: 7 октябри 2026.
  • "БИСМИЛЛОҲ" ГУФТАН ТАНҲО МАСЪУЛИЯТИ МУЛЛО НЕСТ!, Сайти ҳафтаномаи Миллат, санаи дарҷи матлаб: 28 сентябри 2009, санаи боздид: 7 октябри 2026.