Jump to content

Ояти насх

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти Насх)
Ояти насх
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти насх
Воқеъ дар сураиБақара
Шумораи оят106
Ҷузъ1
Шаъни нузулТаънаи мушрикон ва яҳудиён ба Пайғамбар (с) ба хотири тағири баъзе аҳкоми шаръӣ
Макони нузулМадина
МавзуъЭътиқодӣ
Дар бораиҶайгузин кардани бархе аҳкоми шаръӣ ба аҳкоми дигар бинобар маслиҳате
Оёти муртабитОяти 101 сураи Наҳл


Ояти насх (форсӣ: آیه نَسْخ) саду шашумин ояти сураи Бақара[1] аст, ки ба мавзуи поён ёфтани эътибори як ҳукм ва ҷойгузин шудани он бо ҳукми дигар ишора дорад.[2] Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, истилоҳи насх баргирифта аз ҳамин оят аст[3] ва эътиқод дорад, ки агар ояте аз Қуръон насх шавад, ҳукми шаръии он лағв мешавад, аммо балоғат ва эъҷози он боқӣ хоҳад монд.[4]

Ин оятро далеле бар ҳокимияти Худованд дар ташриъи аҳком ва ташхиси маслиҳати бандагон шумурда шудааст.[5] Муъминон набояд дар масаълаи насхи аҳком гирифтори шакку тардид шаванд.[6]

Сабаби нузули ояти насх, таънаи мушрикон ва яҳудиён ба Пайғамбар (с) дониста шудааст.[7] Инон, насх ва тағйири баъзе аз аҳком монанди тағйири қибла аз Байт-ул-муқаддас ба Каъбаро нишонае аз тазодд дар раъйи Пайғамбар (с) медонистанд[8] ва Қуръонро на каломи Худо, балки каломи Пайғамбар муаррифӣ мекарданд.[9]

Дар хусуси иборати «беҳтар аз он ё монанди он», ин гуна бардошт шудааст, ки агар ҳукме насх шавад, ҳукми нав бояд бартар аз ҳукми пешин бошад. Аммо ояти Қуръон имкони овардани ҳукме «монанди» ҳукми қаблиро низ матраҳ мекунад. Ин мавзуъ ин гуна тафсир мешавад, ки ҳукми нав заруратан бартар аз ҳукми қаблӣ нест, балки танҳо мутаносиб бо шароит ва маслиҳати замони худ аст. Мумкин аст ҳукме дар гузашта муфид буда бошад ва бо тағйири авзоъ, ҳукми наве ҷойгузин шавад, ки ё беҳтар аст ё ҳадди ақал коромадии мушобеҳе дорад ва эҳтиёҷи ҳозираро бартараф мекунад.[10]

  • Насх маҳдуд ба аҳкоми шаръӣ нест ва метавонад шомили умури таквинӣ низ бошад.[11]
  • Он чи ҷойгузин мешавад аз назари камол ва маслаҳат, дорои ҳамон вижагиҳоест, ки дар мансух вуҷуд доштааст.[12]
  • Тазодди зоҳирӣ миёни носиху мансух, бо дар назар гирифтани маслиҳати муштарак ё тағйири маслиҳат дар тули замон, бартараф мешавад; зеро аҳком бар асоси иқтизооти замонӣ ва маслиҳати он давра ташреъ мешаванд. Ин масъала дар бораи пайғамбарони мухталиф ва ҳамчунин дар бораи аҳкоме ки дар замони як пайғамбар содир мешаванд, содиқ аст.[13]

Эзоҳ

  1. Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.262; Афона, ар-Раъй-ус-савоб фи мансух-ил-китоб, 1412ҳ.қ., саҳ.19
  2. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.346-347; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.249-250
  3. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.249-250
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.250
  5. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.389
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.389
  7. Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.99
  8. Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.170; Воҳидӣ, Асоб нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.37
  9. Табаронӣ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 2008м., ҷ.1, саҳ.223-224
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.395
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252-253

Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1408ҳ.қ.
  • Афона, Ҷавод Мӯсо Муҳаммад, ар-Раъй-ус-савоб фи мансух-ил-китоб, Урдун, Дор-ул-башир, 1412ҳ.қ.
  • Аҳсонифари Лангрӯдӣ, Муҳаммад, «نگاهی نو به آیه نسخ» («Нигоҳе нав ба ояти насх»), дар нашрияи Ҳадиси андеша, №6, 1387ҳ.ш.
  • Балоғӣ, Муҳаммадҷавод, Оло-ур-раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, нашри Виҷдонӣ, бетаърих
  • Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асоб нузул-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, маншуроти Муҳаммад Алӣ Байзун, 1411ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ат-Тафсир-ул-кабир: Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Урдун, Дор-ул-китоб-ис-сақофӣ, 2008м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъломӣ ли-л-матбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Толиқонӣ, Сайид Маҳмуд, Тафсири партаве аз Қуръон, Теҳрон, Ширкати саҳомии интишорот, 1362ҳ.ш.