Қатли ғайри амд
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Қатли ғайри амд (форсӣ: قتل غیرعمد) ё қатли хатоӣ (форсӣ: قتل خطایی) ба қатле итлоқ мешавад, ки дар он, қотил на қасди куштан дошта бошад ва на қасди анҷоми амале, ки боиси қатл шавад. Қатле, ки ба дасти шахси ноболиғ ё девона анҷом шавад низ ҷузъи қатли хатои маҳз ба ҳисоб омадааст. Қатли хатоӣ қисос надорад; балки қотил бояд ба хонаводаи мақтул дия ва каффора бидиҳад. Қуръон низ дар ояти 92 сураи Нисо ба ин мавзӯъ пардохтааст.
Аз назари фақеҳон, дияи қатли хатоӣ ба миқдори дияи қатли амд аст; аммо метавонад тайи се сол пардохт шавад. Ҳамчунин, дияи қатли хатоӣ, дар бархе шароит ба уҳдаи оқила (ақвоми падарии қотил) аст. Илова бар ин, дар мавридҳое, ки қатл дар моҳҳои ҳаром ё ҳарами Макка рух диҳад, дия афзоиш меёбад.
Мафҳумшиносӣ
Қатли хатоӣ ё қатли ғайри амд яке аз масоили фиқҳи шиа аст[1] ва ба қатли нохостае гуфта мешавад, ки дар он, қотил на қасди задани дигариро дошта бошад ва на қасди куштани ӯро.[2] Қатли ғайри амд дар муқобили ду навъи дигари қатл, яъне қатли амд ва қатли шибҳи амд қарор дорад: агар шахси болиғе, касеро ба қасди куштан бизанад ё ба навъе бизанад, ки навъан кушанда аст қатли амд ва агар касеро ба қасди адаб кардан ё шӯхӣ бизанад, аммо он шахс бимирад қатли шибҳи амд номида мешавад.[3]
Дар ояти 92 сураи Нисо ба қатли ғайри амд ва ҳукми он пардохта шудааст.[4] Дар манобеи фиқҳӣ, ба қатли ғайри амд, «қатли хатои маҳз» ҳам гуфта мешавад.[5]
Мисдоқҳои қатли ғайри амд
Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), барои қатли хатоӣ ин мисол омадааст, ки касе ба қасди шикор, тире меандозад ва бо бархӯрд ба каси дигар, ӯро мекушад.[6] Ба ин навъи қатл, қатли хатоии бидуни шубҳа низ гуфта шудааст.[7] Қатле, ки ба дасти кӯдаки ноболиғ ё девона анҷом шавад, низ қатли хатоӣ дониста мешавад.[8]
Ҷазои қатли хатоӣ
Тибқи назари фақеҳон, агар касе ба хато дигареро бикушад, қисос нахоҳад шуд; балки бояд дияи ӯро тайи се сол пардохт кунад.[9] Илова бар он, мебояд ба унвони каффора, як банда озод кунад ва агар натавонад банда озод кунад, ду моҳ рӯза бигирад ва агар инро ҳам натавонад, шаст фақирро сер кунад.[10] Аз назари Ҳусайналӣ Мунтазирӣ, фақеҳи шиа, ояти 92 сураи Нисо ва бархе аз ривоятҳои маъсумон нишон медиҳад, ки дияи қатли хатоӣ ҷанбаи кайфарӣ надорад; балки фақат барои ҷуброни хисорот ва пешгирӣ аз вуқӯи иттифоқоти монанд вазъ шудааст.[11]
Равиши пардохти дияи қатли хатоӣ
Тибқи назари фақеҳон, агар қатли хатоӣ аз тариқи иқрори қотил ё сарпечии ӯ аз савганд ё аз тариқи қасома[Ёддошт 1] собит шавад, пардохти дия ба ӯҳдаи худи ӯст;[12] аммо агар қатл аз тариқи байинаи шаръӣ собит шавад ё қотил ноболиғ ё девона бошад, дияи мақтул ба ӯҳдаи оқила (аз ақвоми падарии) ӯст.[13]
Тағлиз (афзоиши) дия
Тағлизи дия ба маънои афзоиши дия аст.[14] Ба фатвои фақеҳон, агар қатл дар моҳҳои ҳаром ё дар ҳарами Макка анҷом шавад, аз се як ҳисса ба дияи мақтул афзуда мешавад;[15] Шайх Садуқ мегӯяд, қотил бояд ду моҳ аз моҳҳои ҳаромро низ рӯза бигирад.[16] Дар муқобил, бархе фақеҳон чун Носир Макорими Шерозӣ қоиланд, ки тағлизи дия танҳо марбут ба қатли амд аст ва ҳукми он ба қатли хатоӣ ва шибҳи амд марбут намешавад;[17]
Мерос гирифтани қотил дар қатли хатои маҳз
Ба гузориши китоби Фарҳанги фиқҳ, аз назари бархе фақеҳон, дар мавридҳое, ки қотил меросбари мақтул бошад, қатли хатоӣ мисли қатли амд аст ва қотил аз мақтул мерос намегирад.[18] Дар муқобил, бархеи дигар чун Соҳиби Ҷавоҳир муътақиданд, ки қатли хатоӣ ба ҳеч ваҷҳ монеъ аз мерос гирифтани қотил намешавад.[19]
Эзоҳ
- ↑ Ховарӣ, Вожаномаи тафсилии фиқҳи ҷазо, 1384ҳ.ш., саҳ.217; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.42, саҳ.18; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила (чопи қадим), 1379ҳ.ш., саҳ.937
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.42, саҳ.18. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила (чопи қадим), 1379ҳ.ш., саҳ.937
- ↑ Мишкинӣ, Невишторҳои фиқҳӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.243
- ↑ Ризоӣ Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.244; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.64
- ↑ Қутбуддин Ровандӣ, Фиқҳи Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.414; Аҳмадинажод, «Бизеҳи қатли амд дар ҳуқуқи Эрон ва фиқҳи имомия», саҳ.101 ва 102
- ↑ Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1363ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.105
- ↑ Ховарӣ, Вожаномаи тафсилии фиқҳи ҷазо, 1384ҳ.ш., саҳ.217
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила (чопи қадим), 1379ҳ.ш., саҳ.937
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила (чопи қадим), 1379ҳ.ш., саҳ.939
- ↑ Фозил Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, 1425ҳ.қ., саҳ.499; Расолаи тавзеҳ-ул-масоили Оятуллоҳ Буруҷердӣ, бахши аҳкоми дия, масоилаи 2810; Расолаи тавзеҳ-ул-масоили Оятуллоҳ Баҳҷат, бахши аҳкоми дия, масоилаи 2272; Расолаи тавзеҳ-ул-масоили Оятуллоҳ Табрезӣ, бахши аҳкоми дия, масоилаи 2809
- ↑ Мунтазирӣ, Посух ба пурсишҳое перомуни муҷозотҳои исломӣ..., 1387ҳ.ш., саҳ.36–38
- ↑ Ховарӣ, Вожаномаи тафсилии фиқҳи ҷазо, 1384ҳ.ш., саҳ.217
- ↑ Мишкинӣ, Невишторҳои фиқҳӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.256; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила (чопи қадим), 1379ҳ.ш., саҳ.972
- ↑ Шаъбонӣ, «Адами тағлизи дияи қатли хатоӣ дар моҳҳои ҳаром», саҳ.147
- ↑ Фақеҳӣ, Маърифати абвоб-ул-фиқҳ, 1383ҳ.ш., саҳ.244; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.320
- ↑ Шайх Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.515
- ↑ Макорими Шерозӣ, «حکم تغلیظ شدن دیه در قتل», сайти дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.39, саҳ.37
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.39, саҳ.36
Ёддошт
- ↑ Қасома аз равишҳои мавриди пазируфти фиқҳи исломӣ барои исботи ҷурм аст. Дар сурати вуҷуд надоштани далелҳои дигар, шикояткунанда метавонад таҳти шароити хос, аз теъдоди мушаххасе савганд, ки тавассути шахсони мухталиф анҷом мешавад, барои исботи ҷиноят истифода кунад.
Сарчашма
- Довудӣ, Саид, Нақши фақеҳони шиа дар ҳалли масоили мустаҳдаса, Қум, Интишороти Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1397ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, «حکم تغلیظ شدن دیه در قتل», сайти дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 23 озари 1403ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Мишкинӣ Ардабилӣ, Алӣ, Невишторҳои фиқҳӣ, Қум, Муассисаи илмӣ фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Посух ба пурсишҳое перомуни муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, Қум, Эрон, Арғавони дониш, 1387ҳ.ш.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Посух ба пурсишҳои динӣ, Қум, Дафтари Оятуллоҳ Мунтазирӣ, 1389ҳ.ш.
- Наҷафӣ (Соҳиби Ҷавоҳир), Муҳаммадҳасан ибни Боқир, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бето.
- Расолаи тавзеҳ-ул-масоили Оятуллоҳ Баҳҷат, беҷо, бено, 1386ҳ.ш.
- Расолаи тавзеҳ-ул-масоили Оятуллоҳ Буруҷердӣ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
- Расолаи тавзеҳ-ул-масоили Оятуллоҳ Табрезӣ, Қум, Нашри Сурур, бето.
- Ризоӣ Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
- Фақеҳӣ, Муҳсин, Маърифати абвоб-ул-фиқҳ, Қум, Маркази ҷаҳонии дарсҳои исломӣ, 1383ҳ.ш./1425ҳ.қ.
- Фозил Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, Амири қалам, 1425ҳ.қ.
- Ховарӣ, Яъқуб, Вожаномаи тафсилии фиқҳи ҷазо, Машҳад, Донишгоҳи улуми исломии Разавӣ, 1384ҳ.ш.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила (чопи қадим), Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1379ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, Қум, Ҷамоат-ул-мударрисин фи-л-ҳавзат-ил-илмия би Қум, 1363ҳ.ш./1404ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, Қум, Паёми Имом Ҳодӣ (а), 1415ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи-л-фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия, 1387ҳ.қ.
- Шаъбонӣ, Муҳаммадҳусейн, «Адами тағлизи дияи қатли хатоӣ дар моҳҳои ҳаром», Фиқҳ ва мабонии ҳуқуқи исломӣ, давраи панҷоҳу сеюм, №1, баҳор ва тобистони 1399ҳ.ш.
- Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, 1382ҳ.ш.