Зинои муҳсина

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бора як мафҳум фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Зинои муҳсина (форсӣ: زنای محصنه) зинои мард ё зани ҳамсардор аст, ки бо шароите таҳаққуқ пайдо мекунад ва муҷозоти он сангсор аст. Зинои муҳсина замоне ба вуқуъ мепайвандад, ки мард ё зани ҳамсардор ба истилоҳи фиқҳӣ дорои «эҳсон» бошанд; яъне болиғ ва оқил бошанд, ғулом ё каниз набошанд, бо ҳамсари худ омезиш карда бошанд ва ҳамчунин дар тӯли шабонарӯз имкони омезиш бо ӯро дошта бошанд.

Муҷозоти зинои муҳсина дар сурате сангсор аст, ки дар он, зинокор бо шахси оқилу болиғ зино кунад; дар ғайри ин сурат муҷозоти сад зарба тозиёна аст.

Таърифи фиқҳӣ

Дар фиқҳ, ба зинои мард ё зани ҳамсардор, «зинои муҳсина» мегӯянд.[1] «Муҳсин» ва «муҳсина» ба мард ва зане мегӯянд ки дорои эхсон бошад;[2] яъне ҳамсари доимӣ дошта бошад, бо ӯ омезиш карда бошад, омезиш бо ӯ мақдур бошад, ғулом ё каниз набошад, болиғ ва оқил бошад.[3]

Аҳком

Ба фатвои фақиҳон агар умуре монанди мусофират, ҳабс, бемориҳои монеъ аз омезиши ҷинсӣ, дар ҳамсари шахси зинокор, вуҷуд дошта бошад, зинои ӯ, муҳсина нест.[4] [манбаи беҳтаре ниёз аст] Албата дар сурати вуҷуди узри шаръӣ дар ҳамсар монанди ҳайз, рӯза ва эҳром байни фуқаҳо ихтилоф аст.[5] Ҳамчунин агар зан аз ҳамсараш тамкин накунад, зинои ҳамсар ӯ муҳсина нахоҳад буд.[6]

Фатвои дигаре аз фақиҳон дар ин замина ин аст, ки талоқи боин сабаби хуруҷ аз эҳсон мешавад; аммо дар ин ки оё талоқи риҷъӣ ҳам боиси хуруҷи зану мард аз эҳсон мешавад, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[7] [манбаи беҳтаре ниёз аст] Имом Хумайнӣ талоқи риҷъиро сабаби берун рафтани зану мард аз эҳсон намедонад ва бар ин бовар аст, ки ҳар кадом аз он ду агар бо илм ба ҳукми масаъла зино кунанд ҳадд бар онҳо ҷорӣ мешавад.[8] Ба гуфта Шайхи Муфид аз фуқаҳоии шиъа, зино бо зани шавҳардор боиси ҳурмати абадӣ (ҳаром будани издивоҷи марду зани зинокор барои ҳамеша) мешавад, ҳатто пас аз тавба ва ҷудои зан аз шавҳараш.[9]

Муҷозот

Дар шариати исломӣ муҷозоти зинои муҳсина бо шахси оқилу болиғ, сангсор аст.[10] Агар зинокор, пирамард ё пиразан бошад, қабл аз сангсор, сад зарба тозиёна низ бар ӯ мезананд.[11] Ҳадди шаръии зинои шахсе ки шароити комили эҳсонро надорад ва ҳамчунин бар пояи бархе ривоёт муҷозоти зинои муҳсина бо ноболиғу девона сад зарба тозиёна аст.[12] Ҳарчанд бархе аз фақиҳон дар ин сурат сангсорро низ баид надонистаанд.[13]

Бархе аз фақиҳон муътақиданд зинокоре ки издивоҷ карда, вале бо ҳамсараш омезиш накарда, илова бар сад зарбаи тозиёна, табъид ҳам мешавад.[14] Ҳамчунин гурӯҳе аз фақиҳон мегӯянд: агар касе ҳамсари худро дар ҳоли зино бо дигарӣ бубинад, метавонад ҳардуро ба қатл бирасонад; вале бархе дигар, чунин кореро ҷоиз намедонанд.[15] Имом Хумайнӣ қатли ҳамсарро дар сурате ҷоиз дониста ки бидонад занаш бо майлу рағбат ба ин кор тан додааст.[16] Фарқе надорад ки ҳамсари доимияш бошад ё муваққат, бо ӯ омезиш шуда бошад ё на, муҳсин бошанд ё ғайри муҳсин.[17] Ҳамчунин дар китоби муқаддас, муҷозоти зинои муҳсина қатл аст.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шаҳиди Аввал, ал-Лумъат-уд-димишқийя, 1410ҳ.қ., саҳ.254.
  2. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.307
  3. Шаҳиди Сонӣ, алрўзаҳи албҳиаҳ, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.352 ва 353; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.137 ва 138
  4. Мунтазирӣ, Муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, 1429ҳ.қ., саҳ.151
  5. Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.126
  6. Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.542
  7. Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1437ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.234
  8. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ношир: Муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), ҷ.2, саҳ.345
  9. Муфид, ал-Муқниа, 1413ҳ.қ., саҳ.501
  10. Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1437ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198
  11. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1382ш, ҷ.1, саҳ.293
  12. Таботабоии Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, 1429ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.637
  13. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи матбуоти дор-ул-илм, ҷ.2, саҳ.463
  14. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи матбуоти дор-ул-илм, ҷ.2, саҳ.464
  15. Маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт, бе то, ҷ.22, саҳ.167
  16. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ношир: муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), ҷ.1, саҳ.467
  17. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ношир: муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), ҷ.1, саҳ.467
  18. Китоби муқаддас, Тасния, 22: 22

Сарчашма

  • Гулпойгонӣ, Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1409ҳ.қ.
  • Донишномаи бузурги ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Маркази Доират-ул-маорфи бузурги исломӣ, 1395ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Муассисаи матбуоти дор-ул-илм, бе то.
  • Кадхудоӣ, Муҳаммадризо, «Баррасии ҳукми сангсор дар Ислом», дар Ковушии нав дар фиқҳи исломӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, баҳори 1390ҳ.ш.
  • Маҷаллаи фиқҳи Аҳли Байт, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, бе то.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Муҷозотҳои исломӣ ва ҳуқуқи башар, Қум, Арғавони дониш, 1429ҳ.қ.
  • Мӯсавии Ардабилӣ, Сайид Абдукарим, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, Қум, Муассисат-ун-нашри ал-Ҷомиату ал-Муфид, 1437ҳ.қ.
  • Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Интишороти тафаккур, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоии Буруҷердӣ, Ҳусайн, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиъа, Теҳрон, Фарҳанги сабз, 1429ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, Қум, Дафтари муаллиф, 1417ҳ.қ.
  • Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Маҳмуд, Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ тибқан ли мазҳаби Аҳл-ил-Байт, Қум, Маркази Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1423ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз пажӯҳишгарон (зери назари Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ), Мавсуат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ табқан ли мазҳаби Аҳл-ил-Байт алайҳимуссалом, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорфи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, 1423ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳамад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.