Jump to content

Ояти Изни ҷиҳод

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ояти 39 сураи Ҳаҷ)
Ояти Изни ҷиҳод
Маълумот дар бораи оят
Номи оятИзни ҷиҳод
Воқеъ дар сураиСураи Ҳаҷ
Шумораи оят39
Ҷузъ17
Шаъни нузулМуҳоҷирин, Аҳли Байт
Макони нузулМадина
Мавзуъфиқҳӣ
Дар бораиИҷозаи ҷанг бо мушрикон
Оёти муртабитОяти Сайф


Ояти Изни ҷиҳод (форсӣ: آیه اذن جهاد) (Сураи Ҳаҷ: ояти 39) аввалин оятест, ки ба мусалмонон иҷозаи ҷиҳод алайҳи мушриконро додааст ва носихи оятҳо дар бораи мудоро бо мушрикон шумурда мешавад. Ин оят пас аз ҳиҷрат ба Мадина ва дар пайи озорҳои шадиди мушрикони Макка нисбат ба мусалмонон нозил шудааст.

Мафсирони шиа ва суннӣ бо истинод ба ин оят, шароите барои воҷиб шудани ҷиҳод баён кардаанд, аз ҷумла ин ки ин оят дар бораи ҷиҳоди дифоӣ аст ва ин навъи ҷиҳод ниёз ба изни имом надорад. Баъзеҳо низ ин оятро нишондиҳандаи ҳудуди ҷиҳод ва радкунандаи иттиҳоми хушунатталабии Ислом медонанд, зеро ҷанг танҳо пас аз зулм ва ихроҷи мусалмонон иҷозат ёфтааст.

Дар ривоятҳои шиа, ин оят бар Аҳли Байт (а) ва Имом Маҳдӣ (аҷ) татбиқ дода шудааст. Ҳамчунин саҳоба ва тобеин аз ин оят барои машруиятбахшӣ ба иқдомоти худ истифода ё ба он эҳтиҷоҷ кардаанд; мисли Усмон дар замони муҳосираи хонааш, Имом Алӣ (а) дар ҷанги Сиффин ё Ҷамал ва Иброҳими Имом дар Қиёми Абумуслими Хуросонӣ.

Садури изни ҷиҳод бо мушрикон

Ояти 39 сураи Ҳаҷ ба номи ояти изни ҷиҳод машҳур аст.[1] Ҳамчунин ин оят бо номҳои ояти қитол[2] ё иҷоза дар қитол[3] низ маъруф аст. Дар ин оят ба мусалмонон иҷозаи ҷиҳод бо мушрикон дода шудааст, онҳое ки ба мусалмонон ситам мерасониданд. Ин оятро аз оятҳои муҳками Қуръон донистаанд[4], ки аввалин бор мусалмононро ба ҷиҳод бо мушрикон ба хотири дифоъ аз худ ва даъвати Пайғамбар (с) иҷоза додааст.[5]

Ояти изни ҷиҳодро носихи оятҳое ба монанди ояти 48 сураи Аҳзоб донистаанд, ки ба мудоро бо мушрикон таъкид доранд.[6] Гуфта шуда, дар Қуръон беш аз 70 оят дар бораи мудорои Пайғамбар (с) ва мусалмонон бо мушрикон нозил шудааст.[7] Ҳамчунин ин оятро носихи ояти 14 сураи Ҷосия донистаанд.[8]

Мафсирон ибораи «أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ» дар ояти изни ҷиҳодро ба он далолат донистаанд, ки Пайғамбар (с)[9] ва мусалмонон пеш аз нузули он аз ҷиҳод бо мушрикон манъ шуда буданд[10] ва бо нузули ин оят, ҷиҳод бо мушрикон ҷоиз эълом шуд.[11] Ҳамчунин гуфта шудааст, ки изни ҷиҳод бо ҳиҷрат сабаби пирӯзии Ислом шуд.[12]

Шаъни нузул

Дар бораи сабаби нузули ояти изни ҷиҳод гуфтаанд, ки мушрикони Макка асҳоби Пайғамбар (с)-ро озору азият медоданд ва ба ҳамин далел онҳо назди Пайғамбар (с) шикоят бурданд ва ӯ дар ҳоле ки онҳоро ба сабр ва мудоро тавсия мекард, мегуфт ки ман ҳанӯз ба ҷиҳод муваззаф нашудаам. Баъди ҳиҷрат ба Мадина, ин оят нозил шуд.[13] Бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а), мухотаби ин оят муҳоҷирон буданд, ки аз ҷониби Қурайш аз Макка ихроҷ шуда буданд.[14]

Ояти изни ҷиҳод ҳафт моҳ пас аз ҳиҷрат нозил шудааст.[15] Ин оят дар сураи Ҳаҷ, аз сураҳои маданӣ, қарор дорад. Бархе аз мафсирон бар инанд, ки танҳо бархе аз оятҳои ин сура дар Макка нозил шудаанд[16] ва баръакс, иддае бар ин боваранд, ки сураи Ҳаҷ маккӣ аст ва танҳо панҷ оят, аз ҷумла ояти изни ҷиҳод, дар Мадина нозил шудааст.[17]

Таъини шартҳои воҷиб шудани ҷиҳод дар оят

Як гурӯҳ аз фуқаҳони шиа ва аҳли суннат бо истинод ба ояти изни ҷиҳод шартҳое барои воҷиб шудани ҷиҳоди дифоӣ баён кардаанд. Аз ҷумла Ҳусайналӣ Мунтазарӣ аз мароҷеи тақлиди шиа бо истинод ба ин оят, ҷиҳоди дифоиро бениёз аз иҷозаи имом донистааст.[18] Сархасӣ аз фуқаҳои мазҳаби ҳанафӣ низ бо истинод ба ояти мазкур бар ин назар аст, ки мусалмонон танҳо дар сурате иҷозаи ҷанг доранд, ки мушрикон алайҳи мусалмонон ҳамла оғоз кунанд.[19] Албатта Шофеӣ аз фуқаҳои аҳли суннат бар ин бовар аст, ки Худованд бо нузули ояти изни ҷиҳод, ба мусалмонон иҷозаи ҷиҳоди ибтидоӣ бо мушриконро додааст.[20]

Ҳасан Ҷавоҳирӣ аз фуқаҳои ҳавзаи Наҷаф, ояти изни ҷиҳодро на танҳо ба унвони баёни ташреъи ҷиҳод, балки шарҳи ҳудуд, заруратҳо ва шартҳои он низ медонад.[21] Бархе аз уламои шиа низ шарти иҷоза дар қитолро дар ин оят ба ду шарт вобаста донистаанд: аввал, касоне мавриди зулм қарор гирифта бошанд; дуввум, бо таваҷҷуҳ ба иборати мавҷуд дар ояти баъдӣ «الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ بِغَيْرِ حَقٍّ...», аз сарзамини худ ба зулм ихроҷ шуда бошанд.[22]

Ба гуфтаи Ҷавоҳирӣ, бархе бо истинод ба ин оят, Исломро дини шамшер муаррифӣ кардаанд; дар ҳоле ки дар посух ба ин иддао бояд гуфт, Ислом пеш аз дастур ба ҷанг, тавассути бурҳон ва муҷодалаи ҳасана бо мухотабони худ сухан мегуфт ва кӯшиш дар пешгирии ҷанг дошт; аммо вақте мавриди зулм қарор гирифт, иҷозаи ҷанг содир шуд.[23]

Татбиқи оят бар Аҳли Байт (а)

Бар асоси ривояте аз Имом Козим (а), ояти изни ҷиҳод дар бораи Оли Муҳаммад (с) нозил шудааст.[24] Зайд ибни Алӣ низ нузули ин оятро дар бораи Аҳли Байти Пайғамбар медонад.[25] Ҳамчунин бар асоси ривояте аз Имом Содиқ (а), ибораи «أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ» дар ин оят, дар бораи Имом Алӣ (а), Ҷаъфар ибни Абитолиб ва Ҳамза ибни Абдулмутталиб аст.[26] Дар ривояти дигар, мақсади мухотабони оят ҳазрати Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) дониста шудаанд.[27]

Бархе аз уламои шиа бо истинод ба ривояте, мухотабони оят ки ба онҳо изни ҷиҳод дода шудааст,[28] ва ҳамчунин муроди мазлумон дар оятро, Имоми Замон (аҷ) ва ёронаш донистаанд.[29] Аз Имом Содиқ (а) низ нақл шудааст, ки омма гумон мекунанд ин оят замоне ки Пайғамбар (с) аз Макка ҳиҷрат кард, дар бораи ӯ нозил шудааст, дар ҳоле ки [таъвили оят] ва мухотабаш Имоми Замон (аҷ) аст, замоне ки барои талаби хуни Ҳусайн (а) қиём мекунад.[30]

Ба ояти изни ҷиҳод барои машрӯиятбахшӣ ба раҷъати Аҳли Байт (а) низ истинод шудааст. Бар асоси ин гуфта шудааст, раҷъат аз нишонаҳои ошкор дар ташайю аст;[31] ва бар асоси ривояте ваъдаи Худо дар бораи Аҳли Байт аст. Аз ин рӯ, бояд Аҳли Байт (а) раҷъат кунанд, то Худованд онҳоро ёрӣ намояд.[32]

Эҳтиҷоҷ ба оят дар ҳаводиси таърихӣ

Бар асоси бархе гузоришҳои таърихӣ, теъдоде аз саҳоба ва тобеин барои исботи ҳаққоният ва пешбурди аҳдофи худ ба ояти изни ҷиҳод истинод кардаанд. Аз ҷумла гуфта шудааст вақте хона Усмон дар охирин рӯзҳои хилофаташ муҳосира шуд, Саъсаа ибни Савҳон барои гуфтугӯ бо ӯ интихоб шуд. Саъсаъа дар баробари Усмон ояти изни ҷиҳодро қироат кард, ва Усмон дар ҳоле ки рад кард ки оят дар бораи Саъсаъа ва ёронаш нозил шуда бошад, гуфт: ин оят дар бораи ман ва ёронам нозил шудааст;[33] замоне ки мо аз Макка ихроҷ шудем.[34]

Дар як гузориши дигар омадааст, ки дар ҷанги Сиффин[35] ё ҷанги Ҷамал, ҳазрати Алӣ (а) барои набарди тан ба тан бо душман - бо ин ҳадаф ки шинохта нашавад, дар либоси Аббос ибни Рабиа ба майдон рафт ва бо қироати ояти «أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ...» бо бархе аз афроде, ки мубориза металабиданд, пайкор кард.[36]

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Иброҳими Имом (аз наберагони Абдуллоҳ ибни Аббос ва бародари Саффоҳ ва Мансур аз халифаҳои Аббосӣ), вақте Абумуслими Хуросониро барои қиём таъйид кард, парчаме барои ӯ баст ва бар он ояти «أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ...»-ро навишт;[37] албатта дар манобеи дигар гузориш шудааст, ки Иброҳим баъди бастани парчам, ояти изни ҷиҳодро қироат мекард.[38]

Эзоҳ

  1. Хуросонӣ, «Оятҳои номдор», саҳ.368
  2. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.21, саҳ.57; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1416ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.119
  3. Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1412ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.384
  4. Ибни Ҷавзӣ, Навосих-ул-Қуръон, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, саҳ.225
  5. Санъонӣ, ал-Мусаннаф, маншуроту Маҷлис-ул-илмӣ, ҷ.5, саҳ.397; Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.321; Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадрак, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.246; Сайид Собиқ, Фиқҳ-ус-сунна, 1397ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.620; Ҳасанӣ, Таърих-ул-фиқҳ-ил-ҷаъфарӣ, Дор-ун-нашр ли-л-ҷомеийин, саҳ.56
  6. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.57; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1416ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.119; Қуртубӣ, вл-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, 1405ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.68
  7. Шофеии Байзовӣ, Анвор-ут-танзил (Тафсири Байзовӣ), 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.73
  8. Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, 1409ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.252; Ибни Ҷавзӣ, Навосих-ул-Қуръон, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, саҳ.225
  9. Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.407
  10. Саъдӣ, Тайсир-ул-карим, 1421ҳ.қ., саҳ.539
  11. Ибни Ҷавзӣ, Навосих-ул-Қуръон, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, саҳ.225
  12. ал-Айнӣ, Умдат-ул-қорӣ, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.17
  13. Воҳидии Нишопурӣ, Асбобу нузул-ил-оёт, 1388ҳ.қ., саҳ.208; Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, Дор содир, ҷ.1, саҳ.216; Тирмизӣ, Сунани Тирмизӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.7
  14. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.183
  15. Ибни Шаҳроошӯб, Маноқиб, 1376ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.161
  16. Самъонӣ, Тафсири Самъонӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.416
  17. Фирӯзободӣ, Танвир-ул-миқбос, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, саҳ.276
  18. Мунтазарӣ, Диросот фи вилоят-ил-фақиҳ, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.121
  19. Сархасӣ, ал-Мабсут, 1406ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.2
  20. Шофеӣ, Ал-Умм, 1403ҳ.қ., саҳ.169
  21. Ҷавоҳирӣ, Буҳус фи-л-фиқҳ-ил-муосир, 1429ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.232
  22. Файз Кошонӣ, Ал-Вофӣ, 1411ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.70; Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, Бунёди фарҳанги исломӣ, ҷ.3, саҳ.164
  23. Ҷавоҳирӣ, Буҳус фи-л-фиқҳ-ил-муосир, 1429ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.239
  24. Қумӣ, Тафсири канз-уд-дақоиқ, 1411ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.102
  25. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.520
  26. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84
  27. Ибни Қулувайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1417ҳ.қ., саҳ.135
  28. Нӯъмонӣ, Ал-Ғайба, 1422ҳ.қ., саҳ.248; Нурӣ, Хотимат-ул-мустадрак, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.125
  29. Куронӣ, Муъҷаму аҳодис-ил-Имом ал-Маҳдӣ, 1411ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.264
  30. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84
  31. Гулпойгонӣ, Иршод-ус-соил, 1403ҳ.қ., саҳ.203
  32. Қатифӣ, Расоилу Оли Тавқ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126
  33. Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.585 ва 681
  34. Муттақии Ҳиндӣ, Кунз-ул-уммол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.470 ва 471; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.88
  35. Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, ал-Мактабат-ул-илмият-ил-исломия, ҷ.2, саҳ.79–82
  36. Ибни Шаҳроошӯб, Маноқиб, 1376ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.359
  37. Ибни Шаҳроошӯб, Маноқиб, 1376ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.86. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.328
  38. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, Муассисат-ул-аъламӣ, ҷ.6, саҳ.25; Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1386ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.358

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад, Тафсир-ул-Айёшӣ, таҳқиқи Сайид Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-илмият-ил-исломия, бе сана.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, Маърифат-ус-сунани ва-л-осор, таҳқиқи Ҳасан Касравӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бе сана.
  • Воҳидии Нишопурӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-оёт, Қоҳира, Муассисаи Ҳалабӣ ва Шариконаш, 1388ҳ.қ.
  • Гулпойгонӣ, Муҳаммадризо, Иршод-ус-соил, Бейрут, Дори сафва, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Абишайба, Абдуллоҳ, ал-Мусаннаф фи-л-аҳодиси ва-л-осор, таҳқиқи Саид ал-Лаҳҳом, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Арабӣ, Муҳаммад, Аҳком-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе сана.
  • Ибни Асир, Алӣ, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дору содир, 1386ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳроошӯб, Муҳаммад, Маноқиби Оли Абитолиб, таҳқиқи Луҷнатун аз асотизат-ин-Наҷаф ал-Ашраф, Наҷаф ал-Ашраф, Ал-Ҳайдария, 1376ҳ.қ.
  • Ибни Қулувайҳ, Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, таҳқиқи Нашр-ул-фақоҳа, Қум, Нашри Исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснади Аҳмад, Бейрут, Дору содир, бе сана.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон, Навосих-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бе сана.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усулул Кофӣ, тавзеҳоти Алӣ Акбар Ғафорӣ, бе ҷой, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1367ҳ.ш.
  • Куронӣ, Алӣ, Муъҷаму аҳодис-ил-Имом ал-Маҳдӣ, Қум, Муассисаи маъорифи исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин фи шарҳи Ман ло яҳзуруҳу ал-фақиҳ, таҳқиқи Ҳусайн Мӯсавӣ ва Алӣ Паноҳи Эштиҳордӣ, бе ҷой, Бунёди фарҳанги исломӣ, бе сана.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алоуддин, Кунз-ул-уммол фи сунан-ил-ақвол ва-л-афъол, таҳрири Бакрӣ Ҳайонӣ Сахвати сафо, Бейрут, Муассисаи рисола, 1409ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароел-ил-Ислом, таҳқиқи Маҳмуд Қучонӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи дуюм, 1366ҳ.ш.
  • Нурӣ, Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, таҳқиқи Муассисаи Оли Байт, Бейрут, Муассисаи Оли Байт, чопи дуюм, 1408ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн, Хотимат-ул-мустадрак, таҳқиқи Муассисаи Оли Байт, Қум, Муассисаи Оли Байт, 1415ҳ.қ.
  • Нӯъмонӣ, Муҳаммад ибни Абизайнаб, Ал-Ғайба, таҳқиқи Фарис Ҳасун, Қум, Анвори Ҳудо, 1422ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Абдулалӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком фи баён-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, бе ҷой, Мактаби Оятуллоҳ Сайид Сабзаворӣ, 1416ҳ.қ.
  • Сайид Собиқ, Фиқҳ-ус-сунна, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1397ҳ.қ.
  • Самъонӣ, Мансур, Тафсири Самъонӣ, таҳқиқи Ясир ибни Иброҳим ва Ғаним ибни Аббос, ар-Риёз, Дори ватан, 1418ҳ.қ.
  • Санъонӣ, Абдурраззоқ, ал-Мусаннаф, таҳқиқи Ҳабибурраҳмон Ал-Аъзамӣ, бе ҷой, Шӯрои илмӣ, бе сана.
  • Сархасӣ, Шамсуддин, ал-Мабсут, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1406ҳ.қ.
  • Саъдӣ, Абдурраҳмон ибни Носир, Тайсир-ул-карим-ир-Раҳмон фи калом-ил-Маннон, таҳқиқи Ибни Усаймин, Бейрут, Муассисаи рисола, 1421ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук (Таърихи Табарӣ), Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, бе сана.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1412ҳ.қ.
  • Тирмизӣ, Муҳаммад, Сунани Тирмизӣ, таҳқиқи Абдурраҳмон Муҳаммад Усмон, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
  • Файз Кошонӣ, Муҳаммадмӯҳсин, Ал-Вофӣ, таҳқиқи Зиёуддин Ҳусайнӣ, Исфаҳон, Китобхонаи Имом Амирулмуъминин, 1411ҳ.қ.
  • Фирӯзободӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Танвир-ул-миқбос аз Тафсири Ибни Аббос, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бе сана.
  • Хуросонӣ, Алӣ, «Оятҳои номдор», дар Доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, Бӯстони китоб, 1382ҳ.ш.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад, Таҳзиб-ул-аҳком фи шарҳ-ил-Муқнаъати ли шайх-ил-Муфид, таҳқиқи Ҳасан Мӯсавӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1365ҳ.ш.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Ҳабиб Қасир Омилӣ, бе ҷой, Мактабат-ул-аълом-ил-исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Шофеии Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил (Тафсири Байзовӣ), Бейрут, Дор-ул-фикр, 1418ҳ.қ.
  • Шофеӣ, Муҳаммад ибни Идрис, Ал-Умм, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1403ҳ.қ.
  • ал-Айнӣ, Маҳмуд, Умдат-ул-қорӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе сана.
  • Қатифӣ, Аҳмад ибни Шайх, Расоилу Оли Тавқ, Димишқ, Ширкати Дор-ул-Мустафо ли эҳё-ит-турос, 1422ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, таҳқиқи Тайиб Мӯсавии Ҷазоирӣ, Қум, Дори китоб, чопи чаҳорум, 1387ҳ.қ.
  • Қумӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, Тафсири канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ул-ғароиб, таҳқиқи Ҳусайн Даргоҳӣ, Теҳрон, Муассисаи нашр ва табъи Вазорати фарҳанг, 1411ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад, вл-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Абдулъалим, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1405ҳ.қ.
  • Ҳасанӣ, Ҳошими Маъруф, Таърих-ул-фиқҳ-ил-ҷаъфарӣ, таҳқиқи Муҳаммадҷаводи Муғния, бе ҷой, Дор-ун-нашр ли-л-ҷомеийин, бе сана.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Аҳмад, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоиди тафзил, таҳқиқи МуҳаммадБоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, Муассисаи нашр ва табъ, 1411ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишопурӣ, Абӯабдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳиҳайн, таҳқиқи Юсуф Абдурраҳмон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе сана.
  • Ҷавоҳирӣ, Ҳасан, Буҳус фи-л-фиқҳ-ил-муосир, Бейрут, Дори захоир, 1429ҳ.қ.