Тавҳин ба муқаддасот
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Тавҳин ба муқаддасот (форсӣ: توهین به مقدسات) масхара ё иҳонат кардан ба ҳар шахс ё чизе аст, ки назди шаръ ё аҳли шаръ эҳтиром дошта бошад. Тавҳин (дашном додан) ба муқаддасот, ҳаром ва гуноҳи кабира аст. Дар таҳаққуқи ҷурми тавҳин ба муқаддасот фарқе байни мусулмон ё ғайримусулмон нест. Унвони муқаддасот дарбардорандаи замонҳо, маконҳо, инсонҳо, китобҳо ва ғайра; монанди моҳи Рамазон, Каъба, паёмбарон, имомон (а), зариҳи аимма (а) ва Қуръон мешавад.
Миқдори ҷазо барои тавҳин, таҳқир ва дашноми муқаддасот дар дараҷаҳояш бо ҳамдигар фарқ дорад; бархе аз дараҷаҳои он боиси куфр ва иртидод мешавад ва ҷазои анҷомдиҳандаи он кушта шудан аст; монанди таҳқир ва масхара кардани заруриёти дин ва мазҳаб. Дар баъзе мавридҳо низ боиси таъзир мегардад; мисли ин ки касе дар рӯзи моҳи Рамазон зино кунад, ки илова бар иҷрои ҳадди зино, таъзир ҳам мешавад.
Ба эътиқоди фақеҳон тавҳину дашному лаънат кардан ба муқаддасоти чор мазҳаби аҳли суннат ҳаром аст. Ҳамчунин бо истинод ба ояти 108-уми сураи Анъом, тавҳин ба умуре, ки барои дигар динҳо ва мазҳабҳои Илоҳию ғайри Илоҳӣ муқаддас аст, ҷоиз намебошад.
Мафҳумшиносӣ
Тавҳин ба муқаддасот, масхара ва иҳонат кардан ба ҳар чизе аст, ки аз назари шаръ ва аҳли он, эҳтиромаш воҷиб аст.[1] Дар таҳаққуқи ҷурми тавҳин ба муқаддасот, фарқе байни шахси мусулмон ва ғайримусулмон нест.[2] Мисдоқҳои тавҳин ба муқаддасот, шомили ашхос ва ғайри ашхос аст; ашхос монанди шахсиятҳои исломӣ ва ғайриисломие, ки аз назари Ислом низ муҳтарам ҳастанд; ҳамчун Пайғамбари Ислом (с), аимма (а), ҳазрати Хадиҷа (с),[3] ҳазрати Марям ва ҳазрати Ҳоҷар;[4] ва ғайри ашхос назири Худо, Қуръони Карим, Каъба, масҷидҳо, қабри паёмбарону аимма (а).[5]
Ҷойгоҳи фиқҳӣ
Дар китобҳои фиқҳӣ, ҷурме, таҳти унвони тавҳин ё иҳонат ба муқаддасот баррасӣ нашудааст, аммо фуқаҳо зимни баёни мисдоқҳои он монанди соббун-набӣ,[6] саббул-муъминин,[7] изоъ,[8] қазф,[9] дар бахшҳои таҳорат,[10] ҳаҷ,[11] макосиби муҳаррама[12] ва ҳудуд,[13] ҳукм ба ҳаром будани тавҳин кардаанд.[14] Дар ин иртибот дар китобҳои қавоиди фиқҳӣ низ унвонҳое монанди «ҳурмату иҳонатил-муҳаррамот фи-д-дин»[15] ва «ҳурматул-иҳонат би-ш-шаъоир ва руҷҳони таъзимиҳо»[16] баён шудааст.
Дар китобҳои ривоӣ низ ривоёте дар мавориди хоссе ворид шудааст, ки аз муқаддасоти динӣ ба ҳисоб меоянд ва аз иҳонат ба онҳо наҳй шудааст; монанди иҳонат ба Каъба ва сабби Расули Худо (с).[17] Дар бархе аз ривоёт низ аимма (а), пайравони худро аз иҳонат ба умуре, ки назди дигарон муҳтарам ва муқаддас аст, манъ кардаанд.[18] Бархе аз муфассирон низ аҳкомеро аз ояти 108 сураи Анъом истифода кардаанд; монанди ҳаром будани дашном додан ба кофирон, агар мӯҷиби дашном ба Худованд шавад ва низ ҳаром будани иҳонат ба ғайримусулмонон ва муқаддасоташон дар сурате, ки мунҷар ба иҳонат ба муқаддасоти мусулмонон шавад.[19]
Ҳукми фиқҳӣ
Барои тавҳин ба муқаддасот аҳкоме зикр шудааст; аз ҷумла:
- Иҳонат кардан ба муқаддасоти динӣ ҳаром ва таъзим ва риояти эҳтиромашон воҷиб аст.[20]
- Дар ҳурмати тавҳин ба муқаддасот фарқе байни воҷибот ва муҳаррамоти Илоҳӣ ва мустаҳаббот (монанди намози ҷамоат) вуҷуд надорад.[21]
- Ба эътиқоди фуқаҳо дар иҳонат ба муқаддасот, тавба пазируфта намешавад, магар дар мавриди шахси кофире, ки пас аз тавҳин, мусулмон шуда бошад.[22]
- Агар шахсе аз рӯи нороҳатию асабоният ва бидуни қасд, ба муқаддасот тавҳин кунад, ё гумон кунад он чи мегӯяд ё амале ки анҷом медиҳад иҳонат ба муқаддасот нест, аҳкоми тавҳин ба муқаддасот дар ҳаққаш ҷорӣ намешавад.[23]
Мисдоқҳо ва аҳкоми ҷазоӣ
Ҷазоҳо дар тавҳин ба муқаддасот бо ҳам фарқ доранд. Баъзе аз осори тавҳин ба муқаддасоти исломӣ, куфр ва иртидод аст, ки ҳукми он кушта шудани анҷомдиҳандаи он аст, монанди иҳонат ба Худо, анбиё (а) ва аимма (а). Муҷозоти бархе низ таъзир аст:
Тавҳини мунҷар ба куфру иртидод
Унвони ҷурми ҳаддӣ, дар тавҳин ба муқаддасот, ё саббу қазф аст ё куфру иртидод:
- Сабби Худо: фуқаҳо касеро ки ба Худо тавҳин кунад, кофир ва маҳдуруддам мешиносанд.[24]
- Саббун-набӣ: шахсе ки ба Пайғамбари Акрам (с) дашном диҳад ё чизе ба Пайғамбар (с) нисбат диҳад, ки мӯҷиби таҳқир ва нақси ӯ шавад, маҳдуруддам шинохта мешавад.[25] Ва тавбааш монеъи иҷрои ҳукм намешавад.[26] Ба фатвои фуқаҳо дар саббун-набӣ фарқе байни муртакиби мусулмону кофир ва зану мард вуҷуд надорад.[27] Аз назари фиқҳи шиа, соири паёмбарон[28] ва Фотимаи Заҳро (с)[29] ва малоика[30] низ машмули ҳукми соббун-набӣ ҳастанд.
- Сабби аимма (а): ба ақидаи фуқаҳо, ҳар кас имоми одилро дашном диҳад, куштанаш воҷиб мешавад.[31]
- Дар китобҳои фиқҳӣ, бархе аз масодиқи ҳаддии тавҳин ба муқаддасот ба унвони зикри мисол дар таърифи иртидод ба кор бурда шудааст; монанди
- Андохтани Қуръон дар касофот аз рӯи қасд:[32] муртакиби ин амал муртад аст ва кушта мешавад.[33]
- Наҷас кардани Каъба ё тахриби он: муртакиби ин ҷурм кушта мешавад.[34]
- Наҷас кардани зариҳи Пайғамбари Акрам (с) ва аимма (а) аз рӯи қасд.[35]
- Масхара кардан[36] ё хору хафиф кардани дин:[37] агар як фарди мусулмон усули дин, монанди Худо, Расули Худо (с) ё зарурии дин монанди вуҷуби намозу рӯзаро масхара кунад,[38] мӯҷиби иртидод ва куфраш аст[39] ва муртакиби гуноҳи кабира шудааст.[40] Аллома Ҳиллӣ ҳукм ба ҷавози қатли истеҳзо ва иҳонаткунанда кардааст.[41]
- Қазфи модари Пайғамбар: бархе аз фуқаҳо муътақиданд, агар касе модари Пайғамбар (с)-ро қазф кунад, муртад аст ва кушта мешавад[42] ва агар муртадди фитрӣ бошад, тавбааш қабул нест.[43] Аммо Соҳиби Ҷавоҳир муътақид аст, далеле бар ин иддао вуҷуд надорад, магар ин ки қазфи эшон ба сабби Пайғамбар (с) баргардад.[44]
Касе ки ба Алӣ дашном диҳад, ба ман дашном дода аст ва касе ки ба ман дашном диҳад, дар ҳақиқат ба Худо дашном додааст ва ҳар кас ба Худо носазо гӯяд, Худованд ӯро дар оташи дузах меафканад ва ҳамвора дучори азоб хоҳад буд.
Тавҳини мунҷар ба таъзир
Дар таъзир шудани касе ки иҳонат ба муқаддасот мекунад, ихтилофе байни фуқаҳо нест.[45] Дар порае аз маворид, ҳамчун қасдан наҷас кардани Масҷидулҳаром мизони таъзир ба шакли собит таъйин шудааст.[46] Бархе аз мавориди таъзирии тавҳин ба муқаддасот ба шарҳи зер аст:
- Қабри Пайғамбар (с) ва аимма (а) ва ҳарами онҳо: ҳар чизе, ки боиси иҳонату истеҳзо ба қубур ва ҳарами имомон (а) гардад, ҳаром аст[47] ва шахси муртакиб таъзир мешавад.[48]
- Дар фиқҳи исломӣ, вуқуъи ҷурм дар бархе аз замонҳо монанди ҷумъа, моҳи Рамазон ва маконҳои мавриди эҳтироми мусулмонон монанди масҷидҳо, дар ташдиди ҳад муассир аст.[49] Масалан агар касе дар чунин замонҳое муртакиби зино шавад, илова бар иҷрои ҳад, ба далели тавҳину иҳонат ба муқаддасот мустаҳаққи таъзир низ мешавад.[50]
- Масоҷид: аз масодиқи иҳонат ба масҷид қасдан наҷас кардани он аст.[51]
- Ҳар чизе, ки эҳтиромаш дар шариъати исломӣ воҷиб бошад; монанди китобҳои ҳадисӣ ва фиқҳӣ,[52] турбати Имом Ҳусайн (а) ва ҳар чизе ки барои табарруку шифо аз қабри Имом Ҳусайн (а) гирифта шуда бошад ва ҳар чизе ки мутааллиқ ба қубури аимма (а) бошад; монанди турбати қабр[53] ва васоили он.[54]
Тавҳин ба муқаддасоти мазоҳиби исломӣ
- Мақолаи аслӣ: Фатвои ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти аҳли суннат
Тибқи фатвои фақеҳони шиа сабби Оиша ва лаъни саҳоба ва соири муқаддасоти мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат ҳаром аст. Ин амалро хиёнат ба Ислом ва хидмат ба гурӯҳҳои кофиру мушрик медонанд.[55]
Дар ин замина, фатвои 33 нафар аз мароҷеъи тақлиди шиа, дар бораи ҳаром будани иҳонат ба муқаддасоти мазоҳиби исломӣ ва такфири аҳли қибла, дар китобе ба номи Ҳурмати иҳонат ва такфири мусулмонон аз дидгоҳи уламои шиа, тавассути муовинати пажӯҳишии конгресси «Муқобила бо ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ» гирдоварӣ шудааст.[56]
Тавҳин ба фирқаҳо ва динҳои ғайриисломӣ
Ба ақидаи фуқаҳо, тавҳин ба умуре, ки барои дигар динҳо ва мазоҳиби Илоҳӣ ва ғайри Илоҳӣ, муқаддас ва муҳтарам аст (ҳатто бутҳо ва худоёни кофирон) ҷоиз нест.[57] Далели ин ҳукм, ояти 108-уми сураи Анъом ва бархе аз ривоёт аст.[58] Иллати наҳй аз тавҳин ба муқаддасотро муқобила ба мисл баён кардаанд;[59] зеро тавҳин ба муқаддасоти онҳо, сабаби тавҳин ба муқаддасоти мусулмонон аст,[60] ва ҳаром будани тавҳин ба муқаддасоти исломӣ, амре иҷмоъист.[61]
Аллома Таботабоӣ дар китоби Тафсири ал-Мизон аз ин ҳукм, ба унвони яке аз адабҳои диние ёд мекунад, ки агар риоят шавад, тамоми муқаддасот дар кишварҳо аз таарруз масун мемонанд.[62]
Тавҳин ба муқаддасоти исломӣ ба баҳонаи озодии баён
- Мақолаҳои аслӣ: Шарлӣ Абду (маҷалла) ва Салмон Рушдӣ
Дар бархе аз кишварҳо ба баҳонаи ҳаққи озодии баён,[63] ҳар навъ беэҳтиромӣ ва тавҳин ба муқаддасоти дигарон(қуръонсӯзӣ ё кашидани карикатурҳои зишт дар бораи анбиё)-ро ҷоиз медонанд ва манъи тавҳин ба муқаддасот ё лузуми эҳтиром ба онҳоро мӯҷиби маҳдуд шудани озодии баён медонанд. Дар ҷавоб ба ин масъала гуфта шудааст, озодии баён то ҷое мавриди эҳтиром аст, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон латма назанад; зеро яке аз муҳимтарин озодӣ ва ҳуқуқи инсонҳо ҳаққи интихоб дар дину мазҳаб аст.[64]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Зироат, Шарҳи қонуни муҷозоти исломӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.98.
- ↑ Ҳошимӣ, Иртидод ва озодӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.31.
- ↑ Мирмуҳаммади Содиқӣ, Ҷароими алайҳи амният ва осоиши умумӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.164.
- ↑ Мирмуҳаммади Содиқӣ, Ҷароими алайҳи амният ва осоиши умумӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.164.
- ↑ Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, 1380ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.54; Мусавии Буҷнурдӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.255.
- ↑ Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Кутуб-ул-макосиб, Турос-уш-Шайхи-л-Аъзам, ҷ.3, саҳ.7; Таботабоӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.20.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.49; Муҳсинӣ, Ҳудуд-уш-шаръийя, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.402.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.51.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.151.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-Макосиб, Турос-уш-Шайхи-л-Аъзам, ҷ.3, саҳ.7.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.194.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-Макосиб, Турос-уш-Шайхи-л-Аъзам, ҷ.1, саҳ.253; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.450.
- ↑ Буҷнурдӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.209.
- ↑ Ҳусайнии Мароғӣ, ал-Ановин-ул-фиқҳийя, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.556
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.26.
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2 ва 7; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, ҷ.8, саҳ.590; Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, маншуроти Исмоилиён, ҷ.7, саҳ.314; ал-Иравонӣ, Дурусун тамҳидийя фи тафсири оёт-ил-аҳком, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.596.
- ↑ Муҳаққиқи Хонсорӣ, Машориқу шумус фи шарҳ-ид-дурус, муассисаи Олулбайт, ҷ.1, саҳ.392; Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.93; Буҷнурдӣ, ал-Қавоъид-ул-фиқҳийя, 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.294; Сайфии Мозандаронӣ, Мабони-л-фиқҳ-ил-фаъол, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153; Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417ҳ.қ., саҳ.31; Табрезӣ, Рисолатун фи лубс-ис-савод, 1422ҳ.қ., саҳ.185; Субҳонӣ, ал-Ҳаҷҷу фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.692.
- ↑ Сайфии Мозандаронӣ, Мабони-л-фиқҳ-ил-фаъол, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.149.
- ↑ Ҳошимӣ, Ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.31.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.610; Фозили Ҳиндӣ, Кашф-усл-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.436; Баҳҷат, Истифтоъот, 1386ҳ.ш., саҳ.111.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.340; Ибни Ҳамза, ал-Василату ило найл-ил-фазилат, 1408ҳ.қ., саҳ.200; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, муассисаи Олулбайт (а), ҷ.2, саҳ.236; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, маншуроти ал-Мактабатул-Муртазавийя, ҷ.1, саҳ.457.
- ↑ Барои намуна ниг.: Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, ҷ.13, саҳ.171; Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.12.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.268.
- ↑ Барои намуна ниг.: Гулпойгонӣ, ад-Дурр-ул-манзуд, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.265.
- ↑ Абусалоҳи Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1430ҳ.қ., саҳ.416.
- ↑ Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1379ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.527; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.195; Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ил-минҳоҷ, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.264.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.268.
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.340; Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1379ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.527; Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.743.
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.573; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.335; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.600.
- ↑ Дастғайб, Гуноҳони кабира, 1361ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.361.
- ↑ Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.600.
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.573; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.335; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.600.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.600.
- ↑ Фахрулмуҳаққиқин, Эзоҳ-ул-фавоид, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.547.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.43, саҳ.41 ва 60.
- ↑ Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.189.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.600; Кошифулғито, ал-Урват-ул-вусқо фи-д-дин, 1423ҳ.қ., саҳ.69.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, муассисаи Олулбайт (а), ҷ.2, саҳ.236.
- ↑ Ба унвони намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.593; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.196.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.196.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.438.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.601.
- ↑ Ҷаъфарии Лангрудӣ, Терминулужии ҳуқуқ, 1367ҳ.ш., зайли вожаи “Таъзири муқаддар”
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.782; Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.698.
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.523; Фозили Ҳиндӣ, Кашф-усл-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.489.
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.782; Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.698; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.468.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.698; Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.447; Салори Дайламӣ, ал-Маросим-ул-алавийя, 1414ҳ.қ., саҳ.256; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.468; Гулпойгонӣ, ад-Дурр-ул-манзуд фи аҳком-ил-ҳудуд, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.497; Табрезӣ, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1373ҳ.ш., саҳ.175.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.87.
- ↑ Кошифулғито, Сафинат-ун-наҷот, 1344ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.85; Хуӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.437; Сайфии Мозандаронӣ, Мабони-л-фиқҳ-ил-фаъол, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.2 , 51 ва ҷ.6, саҳ.98 ва 99; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.1, саҳ.90.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.98; Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.116; имом Хумайнӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1421ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.123.
- ↑ Барои намуна ниг.: имом Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1389ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.482; “Истиқболи ҷаҳони Ислом аз истифтои ҷадиди Оятуллоҳ Хоманаӣ”, рӯзномаи Рисолат, 11 меҳри 1389ҳ.ш., саҳ.3;
- ↑ Кавсарӣ, Ҳурмати иҳонат ва такфири мусулмонон, 1394ҳ.ш.
- ↑ Барои намуна ниг.: Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, китобфурӯшии Муфид, ҷ.1, саҳ.61; Фозили Миқдод, Назд-ул-қавоъид-ил-фиқҳийя, 1361ҳ.ш., саҳ.58; Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.175; Нурмуфидӣ, Қоидаи ҳурмати иҳонат ба муқаддасот, 1400ҳ.ш., саҳ.93.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.2 ва 7.
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, китобфурушии Муфид, ҷ.1, саҳ.61.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.175.
- ↑ Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417ҳ.қ., саҳ.31.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.175.
- ↑ Эъломияи ҳуқуқи башар, модаи 19.
- ↑ Нурмуфидӣ, Қоидаи ҳурмати иҳонат ба муқаддасот, 1400ҳ.ш., саҳ.133.
Сарчашма
- Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Ҷомеъаи мударрисин, 1417ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Иршод-ул-азҳон ило аҳкоми-л-имон, таҳқиқ: Форис Табрезиён, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Наҷаф, маншуроти ал-Мактабатул-Муртазавийя, бе то.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаби-л-имомийя, Машҳад, муассисаи Олулбайт (а), бе то.
- Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Маҳосин, тасҳеҳ: Сайидҷалолиддини Муҳаддис, Қум, Дорул-кутубил-исломийя, 1371ҳ.қ.
- Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Истифтоъот аз маҳзари Оятуллоҳ Баҳҷат, Қум, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Баҳҷат, 1386ҳ.ш.
- Буҷнурдӣ, СайидҲасан, ал-Қавоъид-ул-фиқҳийя, Қум, ал-Ҳодӣ (а), 1419ҳ.қ.
- Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, ад-Дурр-ул-манзуд фи аҳкоми-л-ҳудуд, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, 1372ҳ.ш.
- Дастғайб, Сайид Абдулҳусайн, Гуноҳони кабира, Теҳрон, Конуни иблоғи андешаҳои исломӣ, 1361ҳ.ш.
- Зироат, Аббос, Шарҳи қонуни муҷозоти исломӣ, Теҳрон, интишороти Қуқнус, 1394ҳ.ш.
- Ибни Барроҷ, Абдулазиз, ал-Муҳаззаб, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Ибни Идрис, Муҳаммад ибни Аҳмад, ас-Сароир: ал-Ҳовӣ ли таҳрири-л-фатово, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Ибни Ҳамза, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Василату ило найл-ил-фазилат, таҳқиқ: Муҳаммад Ҳассун, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1408ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Китоб-ут-таҳорат, Қум, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1421ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
- Иравонӣ, Боқир, Дурусун тамҳидийя фи тафсири оёт-ил-аҳком, ношир: Дорул-фиқҳ лил-табоъати вал-нашр, Қум, чопи сеюм, 1428ҳ.қ.
- Истиқболи ҷаҳони Ислом аз истифтои ҷадиди Оятуллоҳ Хоманаӣ”, рӯзномаи Рисолат, 11 меҳри 1389ҳ.ш.
- Кавсарӣ, Аҳмад, Ҳурмати иҳонат ва такфири мусулмонон аз дидгоҳи уламои шиа, Қум, мадрасаи илмияи Имом Козим (а), 1394ҳ.ш.
- Кошифулғито, Аббос ибни Ҳасан, ал-Урват-ул-вусқо фи-д-дин, Наҷаф, муассисаи Кошифулғитоил-омма, 1423ҳ.қ.
- Кошифулғито, Аҳмад, Сафинат-ун-наҷот ва мишкот-ул-ҳудо ва мисбоҳ-ус-саъодот, Наҷаф, муассисаи Кошифулғито, 1423ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
- Мирмуҳаммад Содиқӣ, Ҳусайн, Ҷароими алайҳи амният ва осоиши умумӣ, Теҳрон, нашри Мизон, чопи шонздаҳум, 1389ҳ.ш.
- Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон фи шарҳи иршоди-л-азҳон, Қум, Нашри исломӣ, 1379ҳ.ш.
- Мусавии Буҷнурдӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, ал-Қавоъид-ул-фиқҳийя, Қум, Исмоилиён, 1410ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Хонсорӣ, Ҳусайн, Машориқу шумус фи шарҳ-ид-дурус, Қум, муассисаи Олулбайт (а), бе то.
- Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф, Ҳудуд-уш-шаръийя, Қум, Бустони китоб, 1429ҳ.қ.
- Нароқӣ, Аҳмад, Авоид-ул-айём фи баёни қавоид-ил-аҳком ва муҳимоти масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Дафтари таблиғоти ҳавзаи илмия, 1417ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъи-л-Ислом, таҳқиқ: Муҳаммад Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Нурмуфидӣ, Сайид Муҷтабо, Қоидаи ҳурмати иҳонат ба муқаддасот, таҳқиқ: Маҳдии Аълоӣ, Қум, муассисаи Бустони китоб, 1400ҳ.ш.
- Омулӣ, Муҳаммадтақӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, Теҳрон, бено, 1380ҳ.қ.
- Омулӣ, Сайидҳайдар, тафсири ал-Муҳит-ул-аъзам ва-л-баҳр-ул-хазам, Теҳрон, Вазорати иршоди исломӣ, 1422ҳ.қ.
- Сайфии Мозандаронӣ, Алиакбар, Мабони-л-фиқҳ-ил-фаъоли фи-л-қавоъид-ил-фиқҳийят-ил-асосийя, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1425ҳ.қ.
- Салори Дайламӣ, Ҳамза ибни Абдулазиз, ал-Маросим-ул-алавийя фи-н-набавийя, таҳқиқ: Сайидмуҳсин Ҳусайнии Аминӣ, Қум, ал-Муъовиниятул-сақофийя лил-маҷмаъил-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, 1414ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Ҳаҷҷу фи-ш-шариъат-ил-исломийят-ил-ғарроъ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1424ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадсаид, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Бейрут, Дорул-савт, 1415ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, муассисаи ал-Аъламӣ лил-матбуъот, 1420ҳ.қ.
- Табрезӣ, Ҷавод, Рисолатун фи лубс-ис-савод, ал-анвор-ул-илоҳийя, Қум, Дорул-Сиддиқатиш-шаҳида (с), 1422ҳ.қ.
- Табрезӣ, Ҷавод, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, Қум, Матбаъаи меҳр, 1373ҳ.ш.
- Фахрулмуҳаққиқин, Муҳаммад ибни Ҳасан, Эзоҳ-ул-фавоид фи шарҳи мушкилот-ил-қавоъид, тасҳеҳ: Алипаноҳ Иштиҳордӣ, Қум, Исмоилиён, 1387ҳ.қ.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Назд-ул-қавоъид-ил-фиқҳийя ала мазҳаб-ил-имомийя, таҳқиқ: Абдуллатиф Ҳусайнии Кӯҳкамарӣ, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1361ҳ.ш.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мабонӣ такмилат-ил-минҳоҷ, Наҷаф, муассисаи эҳёу осорил-имомил-Хуӣ, 1410ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Дорул-илм, 1410ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Сирот-ун-наҷот, Теҳрон, Дафтари нашри баргузида, 1416ҳ.қ.
- Ҳошимӣ, Сайидмуҳаммад, Ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосӣ, Теҳрон, нашри Мизон, 1397ҳ.ш.
- Ҳошимӣ, Сайидҳусайн, Иртидод ва озодӣ, Теҳрон, Созмони интишороти пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1384ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа ва мустадракуҳо, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Ҳусайнии Мароғӣ, Абдулфаттоҳ, ал-Ановин-ул-фиқҳийя, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1418ҳ.қ.
- Ҷаъфарии Лангрудӣ, Муҳаммадҷаъфар, Терминулужии ҳуқуқ, Теҳрон, китобхонаи Ганҷу дониш, 1367ҳ.ш.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ул-Макосиб, беҷо, нашри Турос-уш-Шайхи-л-Аъзам, бе то.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, конгресси Шайх, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, муассисаи Нашри исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳи ва-л-фатово, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1400ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Қавоъид ва-л-фавоид, таҳқиқ: Сайид Абдулҳодӣ Ҳаким, Қум, нашри китобфурушии Муфид, бе то.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, Қум, мактабутл-Эъломил-исломӣ, 1410ҳ.қ.