Собб-ун-набӣ
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Собб-ун-набӣ (арабӣ: سابُّ النَّبيّ) ба маънои таҳқиркунанда ё дашномдиҳанда ба Пайғамбари Ислом (с), аз мавзуоти фиқҳӣ аст, ки дар фиқҳ, ҳукми қатл барои он содир шудааст. Ин ҳукм аз аҳкоми мақбули фақиҳони шиа ва аҳли суннат аст, ки мустанади он ривоёти мустафиз ва иҷмоъ аст. Фатвои Имом Хумайнӣ дар бораи қатли Салмони Рушдӣ аз намунаҳои ин ҳукм аст.
Ба назари гурӯҳе аз фақиҳони шиа, шахсе, ки таҳқир ё дашном ба Пайғамбари Ислом (с)-ро бишнавад, бидуни ниёз ба иҷозати ҳокими шаръӣ метавонад таҳқиркунандаро ба қатл бирасонад. Фақиҳони шиа дар мавориде монанди қасд надоштани таҳқиркунанда, тақия кардан ва ихтиёр надоштани ӯ, ҳукми собб-ун-набиро ҷорӣ намедонанд. Дар фиқҳи шиа, дашном додани муқаддасоте монанди Худо, имомон ва ҳазрати Фотима (с), ҳукме баробар бо ҳукми сабби набӣ дорад.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Собб-ун-набӣ, шахсе аст, ки ба ҳазрати Муҳаммад (с) дашном медиҳад.[1] Бар асоси бархе пажӯҳишҳо, иборати сабби набӣ махсуси дашном додан нест, балки ҳар навъ иҳонат, бадгӯӣ ва масхара кардани Пайғамбар (с)-ро дар бар мегирад;[2] чунонки Муқаддаси Ардабилӣ, аз фақиҳони қарни даҳуми ҳиҷрии қамарӣ, таъбирҳои сабб, шатм ва найл дар ривоётро ҳаммаънӣ дониста, ҳамаро шомили ҳар гуна иҳонат ба Пайғамбар (с) мешуморад.[3] Дар муқобил, Ҳусайналии Мунтазирӣ, аз фақиҳони қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ, сабби набиро ба носазогӯӣ ва дашном додан маъно карда, онро шомили иҳонатҳои дигар намедонад.[4]
Дар бештари манофеи ҳадисӣ ва фиқҳии шиаён, сабби набӣ дар бахши марбут ба ҳудуд ва дар идомаи масоили марбут ба ҳадди қазф омадааст;[5] чунонки аҳли суннат умуман онро зери масоили иртидод матраҳ карда, чунин шахсеро муртад медонанд.[6]
Ҳукми эъдоми Салмони Рушдӣ аз сӯйи Имом Хумайнӣ ба далели навиштани китоби Оёти шайтонӣ, сабаб шуд, ки муҷозоти исломии собб-ун-набӣ дар ҷаҳон матраҳ шавад.[7] Аз чолишҳои ҳукми собб-ун-набӣ ба мухолифати он бо озодии баён,[8] суст нишон додани дин ва мазҳаб ва дилзадагӣ мардум аз дин ишора шудааст.[9]
Ҳукми фиқҳӣ
Дашном додан ба Пайғамбари Ислом (с), аз гуноҳони дорои ҳадди шаръӣ муаррифӣ шуда[10] ва афзун бар ҳурмат, шахси дашномдиҳанда ба қатл маҳкум шудааст.[11] Ин ҳукм аз аҳкоми мақбули шиаён ва аҳли суннат аст.[12] Бо дашном додан ба Пайғамбар (с), қатли дашномдиҳанда бар касоне, ки дашноми ӯро шунида бошанд, воҷиб аст.[13] Ба гуфтаи Шаҳиди Сонӣ, аз фақиҳони қарни даҳуми ҳиҷрии қамарӣ, ин ҳукм ҳатто бо тавба кардани дашномдиҳанда бардошта намешавад.[14]
Мустанади ҳукми фиқҳӣ
Мабнои шаръии ҳукми сабби набӣ, ривоёти мустафиза баён шудааст.[15] Ва иҷмоъи[16] гурӯҳе аз фақиҳони шиа, унвони сабби набиро барои куштани дашномдиҳанда кофӣ дониста, онро ба таҳаққуқи унвони дигар вобаста накардаанд,[17] вале бархе фақеҳон сабби набиро аз мавориди иртидод дониста, ҳукми қатли дашномдиҳандаро аз масодиқи ҳукми иртидод медонанд;[18] чунонки Муқаддаси Ардабилӣ муътақид аст, вуҷуби эҳтиром ба Пайғамбар (с) аз заруриёти дин аст ва собби набӣ ин ҳукми заруриро инкор карда ва муртад аст.[19]
Бархе пажӯҳишгарони ҳавзавӣ, сабби набиро ба манзалаи ҳамла ба Ислом ва мазҳаб қаламдод карда, вуҷуби қатли собби набиро ба ҷиҳати дифоъ аз дин ва мазҳаб лозим донистаанд.[20]
Чигунагии иҷрои ҳукм ва истисноот
Ба гузориши Соҳиби Ҷавоҳир, назари машҳур дар фиқҳи шиа ин аст, ки иҷрои ҳукми собб-ун-набӣ, ниёз ба иҷозати имом ё ҳокими шаръ надорад ва ҳар шахсе, ки сабби набиро бишнавад, метавонад гӯяндаи онро ба қатл бирасонад.[21] Аммо Шайхи Муфид иҷрои ин ҳукмро аз ихтиёроти ҳокими исломӣ медонад.[22]
Ҳамчунин гуфта шуда, ки қатли собби набӣ танҳо бар касе воҷиб аст, ки аз ҷон, мол ва обрӯи худ эмин бошад.[23] Бо ин ҳол Муқаддаси Ардабилӣ муътақид аст, ҳатто дар сурате, ки шахс амнияти ҷонӣ, молӣ ё обрӯӣ надошта бошад, боз ҳам метавонад ба куштани собби набӣ иқдом кунад.[24]
Дар мавориди зер, бархе аз фақиҳон, иҷрои ҳукми қатли собби набиро напазируфтаанд:
- Қасд надоштани дашномдиҳанда;[25]
- Сабб дар ҳолати ғазаби шадид;[26]
- Надоштани ихтиёр;[27]
- Ҳолати тақия ва икроҳ;[28]
- Ҷаҳл.[29]
Мавориде аз сабб-ун-набӣ ва вокунишҳо ба он
Бино ба ривояте, ки Имом Муҳаммади Боқир (а) аз Пайғамбар (с) нақл карда, Пайғамбар (с) фармони қатли марде аз қабилаи Ҳузайлро дод, ки ӯро сабб мекард ва бархе асҳоб ин корро анҷом доданд.[30] Афзун бар ин, дар ҷараёни фатҳи Макка, ҳамаи мушрикон афв шуданд, ҷуз чанд нафар аз ҷумла ду зани овозхон, ки Пайғамбар (с)-ро ҳаҷв ва истеҳзо мекарданд ва Пайғамбар (с) фармони қатли ононро содир кард.[31]
Дар сентябри 1988 китоби Оёти шайтонӣ,[32] романе таҳқиромез дар бораи Пайғамбари Ислом (с)[33] чопу нашр шуд ва Имом Хумайнӣ, марҷаъи тақлиди шиа ва Раҳбари вақти Ҷумҳурии исломии Эрон, фатвои қатли Салмони Рушдӣ, нависандаи китобро содир кард[34] ва мусулмонон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон алайҳи нависанда ва ношири китоб тазоҳурот карданд.[35]
Салмони Рушдӣ дар соли 2022 бо корд мавриди ҳамла қарор гирифт ва гарданаш захмӣ шуд.[36] Ҳамчунин дар 30 сентябри 2005, рӯзномаи даниягии Юлландс-Постен (Jyllands-Posten) карикатураҳои таҳқиромезеро дар бораи Пайғамбар (с) мунташир кард,[37] ки дар пайи он мусулмонон колоҳои даниягиро таҳрим карданд.[38] Дар 2011 низ нашри карикатураҳои иҳонатомез ба Пайғамбар (с) дар маҷаллаи фаронсавии Шарлӣ Эбдо (ба фаронсавӣ: Charlie Hebdo) сабаби эътирози мусулмонон дар кишварҳои мухталиф шуд.[39]
Сабби муқаддасоти дигар
Дар китобҳои фиқҳӣ, ҳукми собби набӣ дар мавориди зер низ ҷорӣ шуда ё мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст:
- Худо ва фариштагон;[40]
- Имомон ва ҳазрати Фотима (с): Соҳиби Ҷавоҳир, иҷрои ҳукми собби набиро дар бораи имомон ва Ҳазрати Фотима (с) мавриди иҷмоъи фақиҳони шиа медонад.[41]
- Пайғамбарони дигар: Соҳиби Риёз, сабби ҳамаи пайғамбаронро дар ҳукми собби набӣ медонад.[42] Соҳиби Ҷавоҳир агарчи дашном додан ба анбиёи дигарро сабаби иртидод дониста, аммо дар дохил кардани онро ба собб-ун-набӣ, ишкол кардааст.[43]
- Омина, модари Пайғамбар (с): бархе фақиҳон сабби Омина, модари Пайғамбар (с)-ро дар ҳукми сабби Пайғамбар (с) қарор додаанд.[44] Алломa Ҳиллӣ, ин баробарӣ дар ҳукмро марбут ба мавориде медонад, ки нисбати қазф ба Омина дода шавад.[45] Соҳиби Ҷавоҳир низ ин ҳукмро танҳо дар мавориде ҷорӣ месозад, ки сабби Омина, ба сабби Пайғамбар (с) бианҷомад.[46]
- Дигар вобастагони Пайғамбар (с) ва имомон (а) (имомзодагон): ба гуфтаи Соҳиби Ҷавоҳир, сабби вобастагони дигари Пайғамбар (с) танҳо дар мавориде ба собб-ун-набӣ мулҳақ мешавад, ки ба сабби Пайғамбар (с) мунҷар шавад.[47]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Зироат, «Баррасии фиқҳӣ ва ҳуқуқии ҷурми сабб-ун-набӣ», саҳ.83.
- ↑ Зироат, «Баррасии фиқҳӣ ва ҳуқуқии ҷурми сабб-ун-набӣ», саҳ.86; Муравваҷии Табасӣ, «Ҳукми фиқҳии дашномдиҳанда ба Паёмбар (с)», саҳ.43.
- ↑ Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.13, саҳ.171.
- ↑ Мунтазирӣ, Посух ба пурсишҳои динӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.492.
- ↑ Барои намуна нигаред ба: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.154; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.211; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.54; Буруҷердӣ, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиа, 1386ҳ.ш., ҷ.30, саҳ.784.
- ↑ Оқобобоӣ, «Қатли нафс ба эътиқоди маҳдур-уд-дам будани мақтул», саҳ.174.
- ↑ Ҷавоҳирӣ, «Истинботи ҳукми собб-ун-набӣ (с) аз абъоди сегонаи суннати исломӣ», саҳ.26.
- ↑ Ҳусайнии Посиндӣ, ва дигарон, «Воковии иҷрои муҷозоти собб-ун-набӣ бо нигоҳе бар чолишҳо», саҳ.35.
- ↑ Ҳоҷидеҳободӣ ва Нурӣ, «Бозпажӯҳии муҷозоти собб-ул-имом», 1393ҳ.ш., саҳ.44.
- ↑ Ҷазирӣ, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.301.
- ↑ Алломa Ҳиллӣ, Иршод-ул-азҳон, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.179; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.21, саҳ.268.
- ↑ Ҷавоҳирӣ, «Истинботи ҳукми собб-ун-набӣ (с) аз абъоди сегонаи суннати исломӣ», саҳ.29; Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик, 1405ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.109.
- ↑ Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик, 1405ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.109.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.196.
- ↑ Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.55.
- ↑ Сайид Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.482; Ибни Зуҳра, Ғуният-ун-нузуъ, 1417ҳ.қ., саҳ.428.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.154.
- ↑ Сайид Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.482; Шаҳиди Сонӣ, Маосолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.454.
- ↑ Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.13, саҳ.170.
- ↑ Ҳоҷидеҳободӣ ва Нурӣ, «Бозпажӯҳише дар муҷозоти собб-ул-имом», 1393ҳ.ш., саҳ.65-66.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.41, саҳ.438.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.743.
- ↑ Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик, 1405ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.112.
- ↑ Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.13, саҳ.171.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.41, саҳ.439; Гулпойгонӣ, ад-Дур-ул-манзуд, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.266.
- ↑ Гулпойгонӣ, ад-Дур-ул-манзуд, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.267-268; Фозили Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, 1425ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.501.
- ↑ Гулпойгонӣ, ад-Дур-ул-манзуд, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.267.
- ↑ Гулпойгонӣ, ад-Дур-ул-манзуд, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.253-254.
- ↑ Гулпойгонӣ, ад-Дур-ул-манзуд, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.256.
- ↑ Кулайнӣ, Фуруъи Кофӣ, 1367ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.267.
- ↑ Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.378.
- ↑ ."The Satanic Verses", Cайти goodreads.
- ↑ Ризвонӣ, Баррасии ҳукми Имом Хумайнӣ дар бораи Салмони Рушдӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.124.
- ↑ Мусавии Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.263.
- ↑ Ризвонӣ, Баррасии ҳукми Имом Хумайнӣ дар бораи Салмони Рушдӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.125-127.
- ↑ «حمله با چاقو به سلمان رشدی», Хабаргузории Евронюс.
- ↑ Фозилӣ, «مرگ کاریکاتوریست جنجالی دانمارک», Сайти рӯзномаи Эътимод.
- ↑ «دانمارک از کاریکاتورهای موهن میلیونها یورو زیان دید», Сайти Ҳамшаҳрӣ-онлайн.
- ↑ "Satire-Zeitung darf nicht mehr online gehen», Сайти рӯзномаи Шпигел.
- ↑ Алломa Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.433; Ҷазирӣ, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.301.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.41, саҳ.435.
- ↑ Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.56.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.41, саҳ.436-437.
- ↑ Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.56; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.41, саҳ.437.
- ↑ Алломa Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.410.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.41, саҳ.438.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.41, саҳ.438.
Сарчашма
- Алломa Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Иршод-ул-азҳон ило аҳком-ил-аймон, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Алломa Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Ол-ил-байт (а) ли-эҳё-ит-турос, 1414ҳ.қ.
- Алломa Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ала мазҳаб-ил-имомия, Қум, Муассисат-ул-имоми-с-Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
- Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон фи шарҳи иршод-ил-азҳон, таҳқиқи Муҷтабои Ироқӣ, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бетаърих.
- Буруҷердӣ, Сайид Ҳусайн, Ҷомеъу аҳодис-иш-шиа, Теҳрон, Интишороти Фарҳанги Сабз, 1386ҳ.ш.
- Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, ад-Дур-ул-манзуд, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1414ҳ.қ.
- Зироат, Аббос, «بررسی فقهی و حقوقی جرم سب النبی» («Баррасии фиқҳӣ ва ҳуқуқии ҷурми сабб-ун-набӣ»), дар нашрияи Донишкадаи илоҳиёти Машҳад, №57, поизи 1381ҳ.ш.
- Ибни Зуҳра, Ҳамза ибни Алӣ, Ғуният-ун-нузуъ ило илмай-л-усул ва-л-фуруъ, Қум, Муассисат-ул-имоми-с-Содиқ (а), 1417ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Фуруъ мина-л-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи севум, 1367ҳ.ш.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Посух ба пурсишҳои динӣ, Қум, Дафтари Оятуллоҳ Мунтазирӣ, 1389ҳ.ш.
- Муравваҷии Табасӣ, Муҳаммадҷавод, «حکم فقهی دشنام دهنده به پیامبر(ص)» («Ҳукми фиқҳии дашномдиҳанда ба Паёмбар (с)»), дар нашрияи Фарҳанги Кавсар, Қум, №78, тобистони 1388ҳ.ш.
- Мусавии Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи нур, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (р), 1389ҳ.ш.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар, Шароеъ-ул-ислом фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Оқобобоӣ, Ҳусайн, «Қатли нафс ба эътиқоди маҳдур-уд-дам будани мақтул», дар маҷаллаи Фиқҳи Аҳли Байт (а), ҷ.12, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, тобистони 1379ҳ.ш.
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиа, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, чопи севум, 1403ҳ.қ./ 1983 м.
- Ризвонӣ, Алиасғар, Баррасии ҳукми Имом Хумайнӣ дар бораи Салмони Рушдӣ, Қум, Масҷиди Муқаддаси Ҷамкарон, 1388ҳ.ш.
- Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Интисор, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1415ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Риёз-ул-масоил фи таҳқиқ-ил-аҳком би-д-далоил, Қум, Муассисаи Ол-ил-байт (а) ли-эҳё-ит-турос, 1418ҳ.қ.
- Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, Амир-ул-қалам, 1425ҳ.ш.
- Фозилӣ, Маҳмуд, «مرگ کاریکاتوریست جنجالی دانمارک» («Марги карикатуристи ҷанҷолии Донморк»), Сайти рӯзномаи Эътимод, санаи дарҷи матлаб: 24 июли 2021, санаи боздид: 5 августи 2025.
- Хонсорӣ, Ҷомеъ-ул-мадорик фи шарҳ-ил-мухтасари-н-нофеъ, Теҳрон, Мактабат-ус-Садуқ, 1405ҳ.қ.
- Ҳоҷидеҳободӣ, Аҳмад; ва Аббос Нурӣ, «Бозпажӯҳии муҷозоти собб-ул-имом», дар нашрияи Ҳуқуқи исломӣ, №40, баҳори 1393ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсилу васоил-иш-шиа ило таҳсили масоил-иш-шариъа, Қум, Ол-ил-байт (а), 1409ҳ.қ.
- Ҳусайнии Посиндӣ, Сайид Садруддин ва Сайида Баҳора Арҷмандиён ва Сайид Маҳдӣ Аҳмадӣ, «واکاوی اجرای مجازات ساب النبی با نگاهی بر چالشها» («Воковии иҷрои муҷозоти собб-ун-набӣ бо нигоҳе бар чолишҳо»), дар маҷаллаи Ҳуқуқ ва мутолиоти навин, №14, баҳори 1403ҳ.ш.
- Ҷавоҳирӣ, Муҳаммадризо, «استنباط حکم ساب النبی(ص) از ابعاد سهگانه سنت اسلامی» («Истинботи ҳукми собб-ун-набӣ (с) аз абъоди сегонаи суннати исломӣ»), дар дуфаслномаи Мутолиоти фиқҳи исломӣ ва мабонии ҳуқуқ, №29, баҳор ва тобистони 1393ҳ.ш.
- Ҷазирӣ, Абдурраҳмон, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, Бейрут, Дор-ус-сақалайн, 1419ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ Омилӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димашқия, таҳқиқи Сайид Муҳаммади Калонтар, Қум, Мактабат-уд-даварӣ, 1410ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ Омилӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ил-ислом, Қум, Муассисаи маорифи исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абӯяъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, таҳқиқи Абдуламири Муҳанно, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ л-ил-матбуъот, 1993 м./ 1413ҳ.қ.
- «دانمارک از کاریکاتورهای موهن میلیونها یورو زیان دید» («Донморк аз карикатураҳои муҳинн миллионҳо евро зиён дид»), Сайти Ҳамшаҳрӣ-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 9 сентябри 2006, санаи боздид: 5 августи 2025.
- «قانون مجازات اسلامی» («Қонуни муҷозоти исломӣ»), Пойгоҳи иттилоърасонии қавонин ва муқаррароти кишвар, санаи боздид: 8 августи 2025.
- «تحلیل جرم سبالنبی در فقه اسلامی و قوانین کیفری» («Таҳлили ҷурми сабб-ун-набӣ дар фиқҳи исломӣ ва қавонини кайфарӣ»), Сайти Хонаи китоб ва адабиёти Эрон, санаи боздид: 3 ноябри 2025.
- «شرح مبسوط قانون مجازات اسلامی حدود شامل: سبالنبی، مصرف مسکر، سرقت، محاربه، بغی و افساد فی الارض» («Шарҳи мабсути қонуни муҷозоти исломии ҳудуд шомили: сабб-ун-набӣ, масрафи мускир, сирқат, муҳориба, бағй ва ифсод фи-л-арз»), Сайти Хонаи китоб ва адабиёти Эрон, санаи боздид: 15 ноябри 2025.
- «حمله با چاقو به سلمان رشدی» («Ҳамла бо корд ба Салмони Рушдӣ»), Хабаргузории Евронюс, санаи дарҷи матлаб: 12 августи 2022, санаи боздид: 13 августи 2022
- «The Satanic Verses», Cайти goodreads, санаи боздид: 5 августи 2025.
- "Satire-Zeitung darf nicht mehr online gehen», Сайти рӯзномаи Шпигел, санаи дарҷи матлаб: 3 ноябри 2011, санаи боздид: 5 августи 2025