Иртидод

Аз wikishia
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои эъмоли динӣ бошад. Барои эъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Иртидод (арабӣ: الارتداد) хориҷ шудан ва рўигардонӣ аз дини Ислом аст. Мусулмони рўигардон аз Исломро муртад меноманд. Иртидод бо инкори вуҷуди Худо, ҳаққонияти Пайғамбари Ислом (с), дини Ислом ва умури зарурии дин монанди намозу рӯза ва ҳамчунин бо тавҳини ошкор ба муқаддасоти диние, монанди Каъба муҳаққақ мешавад.

Муртадро ба ду навъи муртади миллӣ ва муртади фитрӣ тақсим кардаанд, ки ҳаряк аҳкоми шаръии махсуси худро дорад. Бино бар дидгоҳи машҳури фақеҳон, муҷозоти муртади фитрии мард, марг аст, вале ба муртади миллии мард, фурсати тавба ва бозгашт ба дин дода мешавад ва дар сурати тавба накардан кушта мешавад. Муртади зан хоҳ миллӣ бошад ва хоҳ фитрӣ, кушта намешавад, аммо то замоне, ки тавба накунад, зиндонӣ мешавад.

Бархе аз фақеҳон дар баробари дидгоҳи машҳур, бар ин боваранд, ки муртади фитрии мард низ дар сурати тавба кушта намешавад.

Наҷас будани муртад ва ҷоиз набудани издивоҷ бо ӯ, аз дигар аҳкоми иртидод аст. Ба бовари бархе, иллати вуҷуди чунин муҷозотҳое барои иртидод, ҷилавгирӣ аз саҳлингории мусулмонон дар диндорӣ ва адами тазъифи боварҳои динӣ тавассути мухолифони Ислом аст.

Мафҳумшиносӣ ва ақсом

Иртидод, як истилоҳи фиқҳӣ аст ва фақеҳон онро рўйгардонӣ аз Ислом маъно кардаанд.[1] Ба мусулмоне, ки аз дини Ислом хориҷ шудааст, муртад мегӯянд.[2] Дар китобҳои фиқҳӣ аз иртидод дар бахшҳои мухталифе, азҷумла: таҳорат, салот, закот, савм, ҳаҷ, тиҷорат, никоҳ ва ирс сухан ба миён меояд.[3] Дар бархе китобҳои фиқҳӣ бахши ҷудогонае бо унвони «Китоб-ул-муртад», ба иртидод ихтисос ёфтааст.[4]

Ақсоми муртад

Мақолаҳои аслӣ: Муртадди фитрӣ ва Муртадди миллӣ

Муртад ду гуна аст ва ҳаряк аҳкоми хосси худро дорад:[5] муртади фитрӣ касе аст, ки мусулмон ба дунё омадааст;[6] яъне падару модараш ё яке аз онҳо мусулмонанд;[7] сипас аз Ислом хориҷ шудааст.[8] Муртади миллӣ ба касе мегӯянд, ки ибтидо ғайримусулмон буда, Ислом оварда ва сипас аз Ислом баргаштааст.[9]

Шароит ва роҳҳои исботи иртидод

Иртидод ҳам бо сухан ва ҳам бо феъл таҳаққуқ пайдо мекунад:

  • Иртидоди қавлӣ ба ин сурат аст, ки касе сухане бигӯяд, ки далолат кунад аз дини Ислом хориҷ шудааст; барои мисол бигӯяд: Худо вуҷуд надорад, ё ҳазрати Муҳаммад (с) пайғамбар нест, ё дини Ислом дини ҳақ нест.[10] Инкори зарурии дин низ аз ин қисм аст.[11] Манзур аз зарурии дин, чизе аст, ки будани он дар Ислом чунон возеҳ аст, ки ба истидлол ниёз надорад ва ҳамаи мусулмонон онро қабул доранд; монанди фарз будани намоз, рӯза ва ҳаҷ.[12]
  • Иртидоди феълӣ ба ин шакл аст, ки касе кори куфромезро аз қасд ва бо илм ба куфромез буданаш анҷом диҳад; барои мисол барои буте саҷда кунад, ё моҳ, ё хуршедро парастиш кунад, ё ба муқаддасоти диние монанди Каъба «иҳонати ошкор» кунад.[13]

Ба эътиқоди Оятуллоҳ Фозили Ланкаронӣ, шакку шубҳа дар тавҳиду набувват, то замоне, ки ба инкору такзиб нарасад, ба иртидод намеанҷомад.[14] Ба тасреҳи Аллома Шаъронӣ «пажӯҳишгаре, ки ба дунболи далелу бурҳон аст, агар бо шак мувоҷеҳ шавад ва дар садади ёфтани дин ҳақ бошад, шак мӯҷиби куфру иртидодаш дар давраи таҳқиқ намешавад; албатта ба шарти онки бо забон ба инкор напардозад!».[15]

Фақиҳон, ақл, булуғ, қасд ва ихтиёрро аз шароити таҳаққуқи иртидод медоанд.[16] Бар пояи ин шурӯт, гуфтани суханони куфромез тавассути девона ё касе ки ба синни булуғ нарасидааст, мӯҷиби иртидоди ӯ намешавад;[17] ҳамчунин касе ки аз қасд суханони куфромез нагуфтааст, ё ӯро маҷбур кардаанд, ки куфр бигӯяд, муртад ба шумор намеравад.[18]

Ба фатвои фақеҳон иртидод аз ду роҳ исбот мешавад: 1 - иқрори худи муртад ба иртидодаш 2 - байина; яъне ду марди одил бар иртидоди фарде, гувоҳӣ диҳанд.[19]

Ба гуфтаи Шаҳиди Аввал, агар касе ки ду шоҳид бар иртидодаш гувоҳӣ додаанд, бигӯяд, ки иштибоҳ кардааст, суханаш пазируфта мешавад; ҳамчунин аст агар бигӯяд, ки ба ин кор маҷбур шудааст ва қаринае бар суханаш вуҷуд дошта бошад.[20]

Намунаҳое аз иртидод дар ҷаҳони Ислом

Дар китобҳои тафсирӣ ва таърихӣ, намунаҳое аз иртидод дар замони Пайғамбари Ислом (с), гузориш шудааст.[21] Аз он миёни ду писари Абулҳусайнанд, ки аз ансор буд. Инҳо ба даъвати гурӯҳе аз масеҳиён, аз Ислом хориҷ шуда, ба дини масеҳият даромаданд.[22] Пайғамбар онҳоро нафрин кард ва нахустин афроди муртад номид.[23]

Ҳамчунин Уқба Абимуъит, ки аз бузургони Қурайш буд барои онки Пайғамбар (с) аз ғизояш бихӯрад, шаҳодатайн гуфт, аммо пас аз чанде ба хости дӯсташ, ба чеҳраи Пайғамбар оби даҳон андохту муртад шуд. Пайғамбар пас аз дастгирии ӯ дар ҷанги Бадр, ба қатлаш дастур дод.[24]

Уммуҳакам духтари Абусуфён ва Фотима хоҳари Уммусалама- ҳамсари Пайғамбар низ аз ҷумлаи занони муртад дар давраи пайғамбар буданд. Уммуҳакам ҳангоми Фатҳи Макка, дубора мусулмон шуд.[25]

Сайидабдулкарими Мусавии Ардабилӣ, дар китоби фиқҳиаш, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, намунаҳое аз иртидод дар замони Пайғамбар ва имомон (а)-ро овардааст.[26]

Дар солиёни ахир касоне ба иттиҳоми иртидод кушта шуда, ё ба иртидод маҳкум шудаанд; азҷумла:

  • Аҳмади Касравӣ ба иллати иҳонатҳое, ки дар маҷаллаи «Шиагарӣ» ба дини Ислом ва ташайюъ карда буд, дар соли 1324 шамсӣ, ба дасти ду тан аз фидоиёни Ислом ба иттиҳоми иртидод кушта шуд.[27]
  • Салмон Рушдӣ ба сабаби нигориши китоби «Оёти шайтонӣ» дар меҳрмоҳи 1367 шамсӣ, бо фатвои раҳбари вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон, имом Хумайнӣ, ба марг маҳкум шуд.[28] Иллати судури ин ҳукмро муртад шудани Салмон Рушдӣ донистаанд.[29]

Аҳкоми иртидод

Бархе аз аҳкоми иртидод иборатанд аз:

Муҷозоти муртад

Муҷозоти муртади миллии мард агар тавба накунад ва ҳамчунин муртади фитрии мард, марг аст,[30] аммо муртади зан, зиндонӣ мешавад, то ё тавба кунад, ё бимирад.[31] Албатта муртади фитрии зан ва муртади миллӣ хоҳ зан бошад хоҳ мард, агар тавба кунад, тавбааш пазируфта мешавад.[32]

Бархе аз фақиҳон дар баробари фатвоҳои машҳур дар хусуси аҳкоми иртидод, дидгоҳҳои дигаре матраҳ кардаанд; азҷумла Сайидабдулкарим Мӯсавии Ардабилӣ[33] ва Муҳаммадисҳоқи Файёз аз мароҷеъи тақлид, ҳукми муртади фитрии мардро монанди ҳукми дигари ақсоми муртад донистаанд; яъне фатво додаанд, ки муртади фитрии мард низ агар тавба кунад, муҷозот намешавад.[34]

Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ҳам гуфтааст, касе ки аз рӯи таҳқиқ дучори шубҳа шуда, аз дин баргашт, кушта намешавад; зеро бар пояи аҳодис, муҷозотҳои ҳаддӣ бо вуҷуди шубҳа набояд эъмол шаванд.[35]

Бархе аз муҳаққиқон низ ба ин бовар расидаанд, ки муҷозоти муртад, аз таъзироти тағйирпазир ва ҳукми вилоӣ аст, ки дар садри Ислом барои муқобила бо фитна ва фиребкории гурӯҳе аз кофирону мунофиқон, аз сӯи Пайғамбар (с) таъйин шуд. Таъйини муҷозоти муртад, мизон ва иҷрои он, бар асоси масолеҳи ҷомеаи исломӣ ва вобаста ба шароит муҳитӣ аст ва ба ташхиси ҳоким бастагӣ дорад.[36]

Фалсафаи муҷозоти муртад

Дар тавзеҳи фалсафаи муҷозоти муртад, ба ҳикматҳои мухталифе ишора шудааст:

  • Чун Ислом зербинои низоми сиёсӣ аст, иртидод ва ошкорсозии он, сабаби тазъифи Ислом ва фурӯпошии низоми сиёсии мубтанӣ бар он мешавад. Ба ҳамин ҷиҳат, ҳукумати исломӣ муваззаф аст дар баробари ошкорсозии иртидод беистад ва барояш муҷозот дар назар бигирад.[37]
  • Чун, Ислом омили пайванди ҷомеъа аст, иртидод ва изҳораш, сабаби гусасти мардум мешавад. Маҳдии Бозаргон аз қавли проффессор Марсел Бавозор, устоди ҳуқуқи донишгоҳи Женева нақл мекунад «иллати сахтгирии Ислом дар бораи муртад, шояд бадон ҷиҳат бошад, ки дар низоми ҳукуматӣ ва системаи идории ҷавомеъи исломӣ, имон ба Худо, ҷанбаи сирфан эътиқодию шахсӣ надошта, балки ҷузви бандҳои пайвастагии уммат ва пояҳои ҳукумат аст ба тавре, ки бо фиқдони он, қивом ва давоми ҷомеъа муталошӣ мешавад ва монанди қатли нафас ё фитнаю фасод аст, ки наметавонад қобили таҳаммул бошад!».[38]
  • Изҳори Ислом ба маънои илтизом ба назми хос ва қабули ҳувияти вижа аст; аз ин рӯ, иртидод навъе саркашӣ алайҳи ҳувияти умумии ҷомеъа аст, ки мӯҷиби ихлол дар оромиши ҷомеа мешавад.[39]
  • Иллати сахтгирӣ дар заминаи муҷозоти иртидод ин аст, ки динро масъалае сода надонем ва дар интихоби он бештар диққат кунем.[40]
  • Муҷозоти муртад, монеъ аз он мешавад, ки мухолифони Ислом бо қасди тазъифи имони мардум, Ислом биоваранд ва сипас аз Ислом хориҷ шаванд; чунонки нақшаи душманони Ислом дар садри зуҳури Ислом чунин буд ва ба ҳамин ҷиҳат, муҷозоти муртад муқаррар гашт.[41]

Соири аҳком

Бар пояи манобеи фиқҳӣ, бархе аз аҳкоми иртидод ба шарҳи зер аст:

  • Наҷосат: иртидод, мӯҷиби наҷосати муртад мешавад.[42] Муртади фитрии зан ва муртади миллӣ, чӣ зан бошад чӣ мард, агар тавба кунанд, пок мешаванд.[43]
  • Фасхи издивоҷ: агар баъд аз ақди издивоҷ ва пеш аз ҳамхобагӣ, яке аз зану мард муртад шаванд, издивоҷ ботил мешавад.[44] Агар баъд аз ҳамхобагӣ, мард муртад шавад ва муртад фитрӣ бошад, издивоҷ ботил мешавад, аммо агар зан муртад шавад, муртади фитрӣ бошад ё миллӣ, агар то поёни идда (иддаи талоқ), тавба накард, ақди издивоҷ ботил аст; вагарна саҳеҳ боқӣ мемонад. Ҳамчунин аст агар мард, муртади миллӣ бошад.[45] Иртидод, монеъи издивоҷи мусулмон бо муртад мешавад.[46]
  • Ирс: иртидод, монеъ аз ирс бурдани муртад аз мусулмон мешавад.[47]

Иртидод дар қонуни Эрон

Дар қонуни муҷозоти исломии Эрон, иртидод ба унвони ҷурм зикр нашуда ва муҷозоте ҳам барояш таъйин нашудааст,[48] аммо бархе бо истинод ба асли 167 қонуни асосӣ, онро ҷурм медонанд.[49] Дар ин асл омадааст: «Қозӣ муваззаф аст кӯшиш кунад, ҳукми ҳар даъворо дар қавонини мудаввана биёбад ва агар наёбад бо истинод ба манобеи мӯътабари исломӣ ё фатовои мӯътабар, ҳукми қазияро содир намояд... »[50]

Эзоҳ

  1. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шаҳиди Сонӣ, Ҳошият-ул-иршод, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.285; Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.44 - 46.
  2. Барои намуна нигоҳ кунед ба Хуӣ, Такмилат-ул-минҳоҷ, 1410ҳ.қ., саҳ.53; Ваҳиди Хуросонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1428ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.500; Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.44 - 46.
  3. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.366.
  4. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.366.
  5. Нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.170 ва 171.
  6. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.170.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.602.
  8. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.170.
  9. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.171.
  10. Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.47.
  11. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.146.
  12. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.146.
  13. Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.47 ва 48.
  14. Фозили Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, ҷ.2, саҳ.504. (ба нақл аз: Суруши Маҳаллотӣ, Озодӣ, ақл ва имон, 1381ҳ.ш., саҳ.282 - 283).
  15. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, ҷ.18, саҳ.596 (ба нақл аз: Суруши Маҳаллотӣ, Озодӣ, ақл ва имон, 1381ҳ.ш., саҳ.284 ).
  16. Барои намуна нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.609 ва 610; Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.102 ва 105 ва 115.
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.609.
  18. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.609 ва 610.
  19. Нигоҳ кунед ба Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръия, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.397.
  20. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръия, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.52.
  21. Содиқии Фадакӣ, Иртидод, 1388ҳ.ш., саҳ.293.
  22. Содиқии Фадакӣ, Иртидод, 1388ҳ.ш., саҳ.293 ва 294.
  23. Содиқии Фадакӣ, Иртидод, 1388ҳ.ш., саҳ.294.
  24. Содиқии Фадакӣ, Иртидод, 1388ҳ.ш., саҳ.295 ва 296.
  25. Содиқии Фадакӣ, Иртидод, 1388ҳ.ш., саҳ.312.
  26. Барои намуна нигоҳ кунед ба Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.5 - 29.
  27. “Сарнавиште ки Наввоб барои сӯзонандаи Қуръон рақам зад + тасовир”.
  28. “Фатвои торихии имом Хумайнӣ мабнӣ бар маҳдурруддам будани Салмон Рушдӣ”.
  29. “Фатвои торихии имом Хумайнӣ мабнӣ бар маҳдурруддам будани Салмон Рушдӣ”.
  30. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.170 ва 171.
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.611 ва 612.
  32. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.612 ва 613.
  33. Мӯсавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.151.
  34. Файёзи Кобулӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил, 1426ҳ.қ., саҳ.626.
  35. Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.183 ва 184.
  36. Суруши Маҳаллотӣ, Озодӣ, ақл ва имон, 1381ҳ.ш., саҳ.287 - 305.
  37. Авда, ат-Ташриъ-ул-ҷиноӣ-л-исломӣ, Дорулкитобилъарабӣ, ҷ.1, саҳ.536 ва саҳ.631; Мутаҳҳарӣ, Ёддоштҳо, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.316.
  38. Мибадӣ, Диндорӣ ва озодӣ, 1378ҳ.ш., саҳ.135.
  39. Фазлуллоҳ, “Озодӣ ва демокросӣ”, 1377ҳ.ш., саҳ.114.
  40. Шокирин, Пурсишҳо ва посухҳои донишҷӯӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.317.
  41. Шокирин, Пурсишҳо ва посухҳои донишҷӯӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.314.
  42. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.14.
  43. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.293.
  44. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.170 ва 171.
  45. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.30, саҳ.49.
  46. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.30, саҳ.47.
  47. Барои намуна нигоҳ кунед: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.39, саҳ.17.
  48. Дурӯдӣ, “Иртидод дар низоми ҳуқуқии Эрон”, саҳ.66.
  49. Дурӯдӣ, “Иртидод дар низоми ҳуқуқии Эрон”, саҳ.66.
  50. Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, 1386ҳ.ш., саҳ.89.

Сарчашма

  • Хуӣ, Сайидабулқосим, Такмилат-ул-минҳоҷ, Қум, Мадинатулъилм, чопи бисту ҳаштум, 1410ҳ.қ.
  • Дурӯдӣ, Саид, “Иртидод дар низоми ҳуқуқии Эрон”, Бозтоби андеша, шумораи 23, 1380ҳ.ш.
  • «Сарнавиште, ки Наввоб барои сӯзонандаи Қуръон рақам зад + тасовир», вебгоҳи Машриқ, таърихи нашр: 17 дейи 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 4 исфанди 1397ҳ.ш.
  • Суруши Маҳаллотӣ, Муҳаммад, Озодӣ, ақл ва имон, Қум, Дабирхонаи маҷлиси хубрагон, 1381ҳ.ш.
  • Шокирин, Ҳамидризо ва ҷамъе аз муҳаққиқон, Пурсишҳо ва посухҳои донишҷӯӣ (дафтари ҳафтум), Қум, Дафтари нашри маориф, 1389ҳ.ш.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ ал-Омилӣ, ад-Дурус-уш-шаръия фи-л-фиқҳ-ил-имомия, Қум, нашри Исломӣ, чопи дувум, 1417ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Ҳошият-ул-иршод, таҳқиқи Ризо Мухторӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии ҷомеаи мударрисини Қум, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Содиқии Фадакӣ, Сайидҷаъфар, Иртидод; бозгашт ба торикӣ; нигарише ба мавзӯи иртидод аз нигоҳи Қуръони Карим, Қум, муассисаи бустони китоб, чопи аввал, 1388ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳриру аҳком-иш-шариъа ала мазҳаб-ил-имомия, таҳқиқи Иброҳими Баҳодурӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, алмактабатул-Муртазавия ли эхёил осорил-Ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
  • “Фатвои торихии имом Хумайнӣ мабнӣ бар маҳдурруддам будани Салмон Рушдӣ”, вебгоҳи Эсно, таърихи нашр: 25 баҳмани 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 4 исфанди 1397ҳ.ш.
  • Авда, Абдуқодир, ат-Ташриъ-ул-ҷиноӣ-л-исломӣ, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, [ бе то ].
  • Фазлуллоҳ, Сайидмуҳаммадҳусайн, Озодӣ ва демукросӣ, тарҷумаи Муҷтаҳид Муродӣ, маҷаллаи Улуми сиёсӣ, зимистон, 1377ҳ.ш., саҳ.114.
  • Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамроҳи қонуни асосии машрута бо муқаддима ва замоим бо охирин ислоҳот, Қум, нашри Ҷамол, чопи сеюм, 1386ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Маҷмӯаи нависандагон, Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, ҷ.1, Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи Исломӣ, 1391ҳ.ш.
  • Маҷмӯаи нависандагон, Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, ҷ.5, Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи Исломӣ, 1392ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ёддоштҳо, Теҳрон, интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
  • Мӯсавии Ардабилӣ, Сайидабдулкарим, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, муассисаи ан-нашр лиҷомеъатил-Муфид, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Мибадӣ, Фозил, Диндорӣ ва озодӣ, Теҳрон, интишороти Офарина, 1378ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, Бейрут, 1404ҳ.қ.
  • Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусайн, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, мадрасаи Имом Боқир, чопи панҷум, 1428ҳ.қ.