Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ояти 52 сураи Аҳзоб

Аз wikishia
Ояти 52 сураи Аҳзоб
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиАҳзоб
Шумораи оят52
Ҷузъ22
Шаъни нузулҚадрдонӣ аз ҳамсарони Пайғамбар (с) ё муқобила бо фишори қабоил барои издивоҷ бо Пайғамбар (с) ва ё мамнуияти расми ғалати ҷоҳилӣ дар бораи мубодилаи занон
Макони нузулМадина
МавзуъФиқҳӣ
Дар бораиИздивоҷи Пайғамбар
Оёти муртабитОяти 50 сураи Аҳзоб


Ояти 52 сураи Аҳзоб (форсӣ: آیه ۵۲ سوره احزاب) маҳдудияте дар заминаи издивоҷ барои Пайғамбар (с) матраҳ мекунад. Дар тафсири ин оят, дидгоҳҳои мутафовите аз сӯи муфассирон пешниҳод шудааст; аз ҷумла: манъи издивоҷи нав, маҳдудият танҳо бар гурӯҳҳои хоси мазкур дар ояти 50 ҳамин сура, ҳурмати издивоҷ бо занони аҳли китоб, ва нозир будани оят ба занони маҳрам барои тамоми мусалмонон. Гурӯҳе аз уламо низ қоил ба насхи ин ҳукм шудаанд.

Дар бораи шаъни нузули оят низ эҳтимолиёте матраҳ шудааст; мисли қадрдонӣ аз ҳамсарони Пайғамбар (с), муқобила бо фишори қабоил ва манъи расими ғалати ҷоҳилии мубодилаи занон. Ҳамчунин, баъзе муфассирон аз ин оят, раво будани нигоҳ ба чеҳра ва андоми зан дар хостгориро истинбот кардаанд.

Тавсиф ва ҷойгоҳ

Ояти 52 сураи Аҳзоб аз дидгоҳи муфассирони мусалмон, маҳдудияте вижа барои Пайғамбар (с) дар заминаи издивоҷ эҷод мекунад ва ӯро аз издивоҷи нав манъ менамояд.[1] Дар мавриди мақсуди ин оят, дидгоҳҳои гуногун матраҳ шудааст[2] аз ҷумла:

Бар асоси як дидгоҳ, оят, издивоҷ бо ҳамсари навро барои Пайғамбар (с) ҳаром кардааст.[3] Дидгоҳи дигаре оятро дар идомаи оёти пешин медонад ва онро маҳдуд ба шаш гурӯҳи зикршуда дар ояти 50 ҳамин сура тафсир мекунад.[4] Баъзе муфассирон низ муҳтавои оятро нозир ба ҳурмати издивоҷ бо занони аҳли китоб донистаанд.[5] Дар тафсире дигар, мақсуди оят, ҳурмати заноне муаррифӣ шуда, ки дар шумори маҳрам барои ҳамаи мусалмонон қарор доранд.[6] Ин дидгоҳ ҳарчанд дар баъзе ривоёт матраҳ шудааст,[7] аммо дар Тафсири намуна ба далели тазод бо зоҳири оят мавриди нақд қарор гирифтааст.[8]

Дар миёни муфассирон, насхи оят низ матраҳ шудааст; бар ин асос, оят дар ибтидо маҳдудияте эҷод карда, аммо бо нузули ояти 50 ҳамин сура, ин ҳукм насх шудааст.[9] Фозили Миқдод аз муфассирони шиа, насхи оятро назари машҳури шиъиён медонад,[10] ҳол он ки баъзе дигар аз муфассирони шиа[11] ва аҳли суннат[12] бо истинод ба набудани далели қатъӣ, эҳтимоли насхро рад кардаанд.

Гуфта шудааст, ки ҷумлаи «Ва лав аъҷабака ҳуснуҳунна; ҳарчанд зебоии он занон туро шигифтзада кунад» далел бар ин аст, ки нигоҳи мард дар хостгорӣ ба андом ва чеҳраи зане, ки мехоҳад бо ӯ издивоҷ кунад, ҳалол аст.[13]

Шаъни нузул

Дар мавриди шаъни нузули ояти 52 сураи Аҳзоб, ки дар Мадина нозил шудааст,[14] якчанд дидгоҳ матраҳ шудааст:

  • Бар асоси нақле аз Ибни Аббос, ҳангоме ки Пайғамбар (с) бар асоси ояти 28 сураи Аҳзоб, ҳамсарони худро миёни итоат аз Худо ва Расул ё пайравӣ аз тамоюлоти шахсӣ мухайяр кард ва онон роҳи итоатро интихоб карданд, ин оят барои қадрдонӣ аз онон нозил шуд.[15]
  • Баъзе қабоил бар Пайғамбар (с) барои интихоби ҳамсар аз миёни худ фишор меоварданд, то ифтихори хешовандӣ бо Расули Худоро ба даст оранд. Тамоми издивоҷҳои Пайғамбар (с) бар асоси масолеҳ сурат гирифта буд, ин оят идомаи чунин равияро мутаваққиф кард.[16]
  • Дар ривояте низ омадааст, ки дар асри ҷоҳилият, мубодилаи занон амре роиҷ буд ва ин оят барои манъи ин расм нозил шуд. Рӯзе Уяйна ибни Ҳисн, дархости мубодилаи Оишаро бо ҳамсари худ намуд, Пайғамбар (с) бо истинод ба ин оят, ин амалро ҳаром эълом кард.[17]

Эзоҳ

  1. Ниг.: Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.22, саҳ.21; Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, ҷ.8, саҳ.575.
  2. Қуртубӣ, Тафсир-ил-Қуртубӣ, ҷ.14, саҳ.219.
  3. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, ҷ.6, саҳ.397; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.17, саҳ.390.
  4. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, ҷ.6, саҳ.397; Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, ҷ.8, саҳ.575; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.16, саҳ.336.
  5. Ниг.: Қуртубӣ, Тафсир-ил-Қуртубӣ, ҷ.14, саҳ.219; Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос, ҷ.8, саҳ.356; Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, ҷ.8, саҳ.575.
  6. Табарсӣ, Маҷма-ул-баён, ҷ.8, саҳ.575; Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.16, саҳ.336.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.5, саҳ.387-389.
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.17, саҳ.393.
  9. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, ҷ.6, саҳ.396; Қуртубӣ, Тафсир-ил-Қуртубӣ, ҷ.14, саҳ.219.
  10. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, ҷ.2, саҳ.244.
  11. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.17, саҳ.393.
  12. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.22, саҳ.22.
  13. Қуртубӣ, Тафсир-ил-Қуртубӣ, ҷ.14, саҳ.221; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.17, саҳ.394.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.16, саҳ.273.
  15. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, ҷ.6, саҳ.396; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.17, саҳ.391-392.
  16. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.17, саҳ.391-392.
  17. Шайхи Садуқ, Маъони-ил-ахбор, саҳ.275; Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, ҷ.6, саҳ.398.

Сарчашма

  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1419ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибни Аҳмад, Тафсир-ил-Қуртубӣ, Қоҳира, Дор-ул-кутуб-ил-мисрия, 1384ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Суюти, Ҷалолуддин, Ад-дур-ул-мансур, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷма-ул-баён, Теҳрон, Интишороти Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, Интишороти Муртазавӣ, 1425ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъони-ил-ахбор, Бейрут, Дор-ул-маърифа ли-т-тибоъа ва-н-нашр, 1399ҳ.қ.