Айни наҷас
Ин мақола дар бораи айни наҷас аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми наҷосат, мадхали Наҷасро бубинед. Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Айни наҷас (форсӣ: عین نجس) чизе ки наҷосати зотӣ дорад ва аз назари Ислом имкони пок шуданаш вуҷуд надорад. Ба назари фақеҳони шиа, агар айни наҷас ба чизи поке бархӯрд кунад ва якешон рутубат дошта бошад, он чизи пок ҳам наҷас мешавад. Аз назари дини Ислом хун, пешоб, мадфуъ, манӣ, мурдор, саг, хук, кофир, шароб ва фуқоъ (оби ҷав, пиво) наҷас ҳастанд.
Мафҳумшиносӣ
Ба назари машҳури фуқаҳо, айни наҷас, наҷосати зотӣ дорад ва аз назари Ислом, қобили пок шудан ҳам нест.[1]
Дар фиқҳи шиа даҳ чиз зотан наҷас талаққӣ мешавад, ки ба онҳо аъёни наҷас ё наҷосатҳои даҳгона гуфта мешавад: хун, идрор, мадфуъ, манӣ, мурдор, саг, хук, кофир, шароб, фуқоъ (оби ҷав).[2] Бо ин ҳол, Сайиди Муртазо - фақеҳи бузурги шиаи асри панҷуми ҳиҷрии қамарӣ, муътақид аст, ки узвҳои берӯҳи сагу хук, ҳам ба хотири берӯҳ будан ва ҳам, ба лиҳози бархе манофеъ, поканд.[3] Иддае аз мароҷеъи тақлид «арақи шутури наҷосатхор»-ро ҳам ба наҷосот афзудаанд.[4]
Аҳком
Дар фиқҳи шиа, аҳкоме дар бораи наҷосот матраҳ аст; аз ҷумлаи онҳо:
- Агар айни наҷас ба чизи поке бархӯрд кунад, чизи пок низ наҷас мешавад[5] ва ба он мутанаҷҷис (чизе ки наҷас шудааст) мегӯянд. Албатта интиқоли наҷосат ба шарте аст, ки ҳар ду (поку наҷас) ё яке аз онҳо рутубат дошта бошад.[6] Ба Файзи Кошонӣ нисбат додаанд, ки баъд аз изолаи айни наҷосат аз мутанаҷҷис (бидуни истифода аз об ва монанди пок кардан бо дастмол), наҷосати он ба чизи мартуби дигар сироят намекунад.[7]
- Бурдани айни наҷас ба масҷид агар беэҳтиромӣ ба масҷид бошад, ҳаром аст.[8]
- Хурдани айни наҷас ҳаром аст.[9]
- Обе ки бо айни наҷосат мулоқот карда бошад, агар бӯ ё ранг ё мазааш тағйир кунад, агарчи курр ё ҷорӣ бошад, наҷас аст.[10]
- Бартараф кардани айни наҷосат аз тамоми аъзои вузӯ ва ғусл воҷиб аст.[11] Дар вузуъ метавон онро қабл ва дар ҳини шустан ё масҳ кардан бартараф кард.[12] Аммо дар ғусли иртимосӣ бояд қабл аз ғусл бартараф шавад.[13]
- Агар бадан ё либос ба миқдори камтар аз дирҳам (ба андозаи банди сари ангушти сабоба) ба хун, ки аз аъёни наҷаса аст, олуда шавад, намоз хондан бо он дуруст аст.[14]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ғадирӣ, ал-Қомус-ул-ҷомеъ ли-л-мусталаҳот-ил-фиқҳийя, 1418ҳ.қ., саҳ.576; Муғния, Фиқҳ-ул-Имоми-с-Содиқ, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.41.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.64.
- ↑ Сайиди Муртазо, ал-Масоил-ун-носириёт, 1417ҳ.қ., саҳ.100.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.64.
- ↑ Таботабоии Ҳаким, Мустамсаки ал-Урват-ул-вусқо, 1384ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.479; Мусавии Халхолӣ, Фиқҳ-уш-шиъа, ҷ.3, саҳ.354.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1385ҳ.ш., саҳ.85; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.202.
- ↑ Таботабоии Ҳаким, Мустамсаки ал-Урват-ул-вусқо, 1384ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.479; Мусавии Халхолӣ, Фиқҳ-уш-шиъа, ҷ.3, саҳ.354.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.97.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1385ҳ.ш., саҳ.91.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, ҷ.1, саҳ.197 ва 202.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.101; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ал-Мактабатул-илмийятил-исломийя, ҷ.1, саҳ.169.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ал-Мактабатул-илмийятил-исломийя, ҷ.1, саҳ.169.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.101 - 102..
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ал-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.289.
Сарчашма
- Ал-Таботабоӣ ал-Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсаки ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1384ҳ.қ.
- Ал-Таботабоӣ ал-Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, мактабу Оятуллоҳилъузмо ас-Сайид ас-Систонӣ, бе то.
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Тавзеҳулмасоили мароҷеъ: мутобиқ бо фатвои сездаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, Дафтари интишороти Исломӣ (ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум), 1385ҳ.ш.
- Ғадирӣ, Абдуллоҳ Исо Иброҳим, ал-Қомус-ул-ҷомеъ ли-л-мусталаҳот-ил-фиқҳийя, Бейрут, Дорул-ҳуҷҷатил-байзоъ, 1418ҳ.қ.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фиқҳ-ул-Имоми-с-Содиқ, Қум, муассисаи Ансориён, 1414ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Масоил-ун-носириёт, Теҳрон, Робитатус-сақофа вал-алоқотул-исломийя, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Нуриддин Алӣ, ал-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳи-л-лумъат-ид-димишқийя, Қум, мактабатул-Доварӣ, 1410ҳ.қ.