Ғусли масси маййит

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ин мақола дар бораи ғусли масси маййит аст. Барои ошноӣ бо масси инсони мурда мақолаи масси майитро бубинед.

Ғусли масси маййит (арабӣ: غُسل مَسِّ المَیت) ғуслест, ки ба сабаби тамос бо бадани инсони мурда воҷиб мешавад. Ин ғусл дар сурате воҷиб аст, ки тамос бо бадани мурда, пас аз сард шудан ва қабл аз ғусли он бошад. Аз назари фақеҳони шиа, ин ғусл воҷиб аст, аммо фақеҳони аҳли суннат онро мустаҳаб медонанд. Аз ин ҳукм, ламси бадани маъсум ва шаҳид истисно шудааст.

Бинобар назари машҳури фақеҳони шиа, ғусли масси маййит аз вузӯъ кифоят намекунад. Ҳамчунин дар бораи ин ки масси маййит ҳадаси акбар аст, ё ҳадаси асғар ду дидгоҳ вуҷуд дорад: бинобар дидгоҳи аввал, барои корҳое ҳамчун таваққуф дар масҷид ва рӯза, бояд ғусли масси маййит анҷом дод. Аммо тибқи дидгоҳи дувум, ғусли масси маййит фақат барои корҳое лозим аст, ки ниёз ба вузӯъ дорад.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Ғусли масси маййит ба ғусле гуфта мешавад, ки ба сабаби тамос бо бадани инсони мурда воҷиб мешавад.[1] Аз ин ғусл дар боби аҳкоми таҳорати китобҳои фиқҳӣ сухан гуфта мешавад.[2]

Чигунагии анҷоми ғусли масси маййит бо дигар ғуслҳо, аз ҷумла ғусли ҷанобат фарқе надорад.[3] Ғусл ба ду шеваи тартибӣ ва иртимосӣ анҷом мешавад. Дар шеваи тартибӣ, баъд аз ният, ибтидо сару гардан, сипас самти рост ва пас аз он, самти чапи бадан шуста мешавад. Аммо дар ғусли иртимосӣ ҳамаи бадан дар об фурӯ меравад.[4]

Фалсафа

Фалсафаи ғусли масси маййит, риояти беҳдошт ва таҳорати рӯҳии ламскунанда дониста шудааст. Бар пояи ривояте, ки аз Имом Ризо (а) нақл шудааст, касе ки мурдаеро ғусл медиҳад, ба хотири пок шудан аз олудагиҳое, ки аз бадани маййит ба ӯ мегузарад, бояд ғусл кунад; зеро замоне, ки рӯҳ аз бадан хориҷ мешавад, офот ва уфунатҳое дар бадан боқӣ мемонад.[5]

Ҳукми фиқҳӣ

Аз назари бештари фақеҳони шиа, ғусли масси маййит воҷиб аст.[6] Аз миёни фақеҳони шиа, ба Сайиди Муртазо (355 - 436ҳ.қ.) нисбат додаанд, ки онро мустаҳаб медонад.[7] Ҳамчунин ба гуфтаи Аллома Ҳиллӣ (648 - 726ҳ.қ.), фуқаҳои аҳли суннат ғусли масси маййитро воҷиб намедонанд[8] ва аз назари бештари онҳо ин ғусл мустаҳаб аст.[9]

Ба фатвои фақеҳони шиа, тамос бо бадани инсони мурда дар сурате мӯҷиби вуҷуби ғусл мешавад, ки бадани маййит сард шуда бошад ва ламси он қабл аз ғусли маййит бошад. Аз ин рӯ, ламси бадани маййит пас аз ғусли маййит, мӯҷиби воҷиб шудани ғусли масси маййит намешавад.[10]

Истисноиёт

Бино ба назари фақеҳони шиа, чанд истисно дар заминаи вуҷуби ғусли масси маййит вуҷуд дорад. Ин маворид иборатанд аз: ламси бадани маъсум, ламси бадани шаҳиде, ки дар майдони ҷанг кушта шудааст ва ламси бадани маййите, ки пеш аз иҷрои ҳад ё қисос ғусли маййит кардааст.[11] Албатта бархе эҳтимол додаанд, ки масси бадани шаҳид низ мӯҷиби ғусл мегардад.[12]

Аҳкоми вобаста

Бархе аз аҳкоми вобаста бо масси маййит иборатанд аз:

  • Бино ба назари бештари фақеҳон, ғусли масси маййит кифоят аз вузӯъ намекунад. Аз ин рӯ, барои намоз, илова бар ғусл бояд вузӯъ ҳам гирифт.[13] Албатта ба фатвои Оятуллоҳ Систонӣ, ғусли масси маййит монанди ғусли ҷанобат кифоят аз вузӯъ мекунад.[14]
  • Ба фатвои бештари мароҷеи тақлид, ламси узви ҷудошуда аз бадани инсон, дар сурате, ки устухон дошта бошад, мӯҷиби ғусл мегардад.[15] Дар муқобил, Оятуллоҳ Систонӣ муътақид аст, ки узви ҷудошуда, агарчи устухону гушт ҳам дошта бошад, ламси он мӯҷиби ғусл намешавад.[16]
  • Дар сурати шак дар ин ки масси маййит пеш аз сард шудани бадан ё пас аз он буда, ғусли масси маййит лозим нест.
  • Бо шак кардан дар ин ки масси маййит шуда шаҳид аст ё на, ғусли масси маййит лозим нест.
  • Дар сурати шак дар ин ки масси маййит пеш аз ғусл ӯ бӯда ё пас аз ғусл ӯ, ғусли масси маййит лозим аст.[17]
  • Такрор масси маййит мӯҷиби такрори ғусл намешавад ҳарчанд чанд мурдаро ламс карда бошад.[18]
  • Бинобар дидгоҳи бархе аз фақеҳон, масси маййит монанди ҳадаси асғар аст.[19] Ба ҳамин далел ғусли масси майит танҳо барои корҳое воҷиб аст, ки ниёз ба вузӯъ доранд; монанди намоз ва даст задан ба хатти Қуръон. Дар муқобил, иддае масси маййитро ҳадаси акбар медонанд. Аз ин рӯ, анҷоми онро барои ҳамаи аъмоле, ки бо таҳорат анҷом мешаванд, монанди намоз, тавоф, рӯза ва таваққуф дар масҷид лозим медонанд.[20] Аз Ваҳиди Беҳбаҳонӣ нақл шудааст, ки машҳур байни фақеҳон назари дувум аст.[21] Бо ин ҳол, бештари мароҷеи тақлиди муосир назари аввалро пазируфтаанд.[22]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Алии Шиа, “Аҳкоми маййит дар фиқҳи мазоҳиби исломӣ”, саҳ.57.
  2. Барои намуна, ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12.
  3. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.10.
  4. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.522 - 524.
  5. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300, ҳадиси 3.
  6. Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.4, саҳ.312.
  7. Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.4, саҳ.313.
  8. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.134.
  9. Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.223.
  10. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.3.
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.307.
  12. Табризии Ғаравӣ, ат-Танқиҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.294 - 298.
  13. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.9 - 10.
  14. Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, бе то, саҳ.103, масъалаи 518.
  15. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5.
  16. Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.116.
  17. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.63
  18. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.64
  19. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.67
  20. Ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.11; Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.4, саҳ.314 - 317.
  21. Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.4, саҳ.314.
  22. Ниг.: Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.393 - 394.

Сарчашма

  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Дафтари интишороти исломӣ, 1392ҳ.ш.
  • Табрезии Ғаравӣ, Мирзоалӣ, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо тақриран либаҳси Оятуллоҳилъузмо ас-Сайид Абулқосим ал-Хуӣ, чопи дувум, 1411ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Омилӣ, Сайид Муҳаммадҷавод, Мифтоҳ-ул-каромат фи шарҳи қавоид-ил-аломат, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Холисӣ, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, бе то.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, бе но, бе то.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, Дафтари нашри ҳазрати Оятуллоҳ Систонӣ, 1417ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш./1966м.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, бе то.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом лиэҳёилтурос, 1414ҳ.қ.
  • Алишиа, Алӣ, “Аҳкоми маййит дар фиқҳи мазоҳиби исломӣ”, мутолиоти тақрибии мазоҳиби исломӣ, шумораи 3, зимистони 1391ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.