Ҳадаси акбар

Аз wikishia
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бора як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ҳадаси акбар, чизе аст, ки сабаби ғусл мешавад; монанди ҷанобат, ҳайз ва ламси маййит.[1] Ҳамчунин ба ҳолате гуфта мешавад, ки аз ин асбоб дар инсон падид меояд ва монеъи анҷоми аъмоле мешавад, ки таҳорат (вузуъ, ғусл ва таяммум) шарти анҷоми онҳост.[2]

Фақеҳон, ҳадасро ба ҳадаси акбар ва ҳадаси асғар тақсим мекунанд.[3] Манзури онон аз ҳадаси акбар (ҳадаси калонтар), чизе аст, ки сабаби ғусл мешавад.[4] Фуқаҳои шиа ҷанобат, алоқаи ҷинсӣ, ҳайз, нифос, истиҳозаи мутавассита ва касира, ва низ тамос бо маййитро аз масодиқи ҳадаси акбар донистаанд.[5]

Ҳадас чизе аст, ки сабаби аз байн рафтани таҳорат мегардад.[6] Илова бар ин, ба ҳолате низ гуфта шудааст, ки бар асоси сабабҳое ҳамчун пешоб, ҷанобат, ҳайз ва ламси маййит дар инсон ба вуҷуд меояд ва монеъи анҷоми аъмоле мегардад, ки таҳорат шарти анҷоми онҳост.[7] Фуқаҳо дар боби таҳорати рисолаҳои амалия ва дигар китобҳои фиқҳӣ, дар бораи ҳадас сухан гуфтаанд.[8] Ба касе ки аз ӯ ҳадасе содир шавад, муҳдис гуфта мешавад.[9]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246 - 248.
  2. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246 - 248.
  3. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246 - 248.
  4. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246 - 248.
  5. Файзи Кошонӣ, Расоил, 1429ҳ.қ., саҳ.22.
  6. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246 - 248.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63.
  8. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.43.
  9. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246.

Сарчашма

  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ: мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимус-салом, Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт алайҳимус-салом, 1426ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳ: Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, Расоили Файзи Кошонӣ, таҳқиқ: Беҳзоди Ҷаъфарӣ, Теҳрон, мадрасаи олии шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1429ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ут-таҳорат, Қум, конгресси ҷаҳонии бузургдошти шайхи аъзам Ансорӣ, Қум, 1415ҳ.қ.