Истиброъ

Аз wikishia

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рисолаи амалия

Истброъ (арабӣ: اِستِبراء) амали мустаҳаббие аст, ки пас аз баромадани пешоб ё манӣ анҷом мешавад, то маҷрои пешоб аз боқимондаи онҳо пок шавад. Бинобар аҳкоми фиқҳӣ, агар баъд аз истиброъ, рутубати машкуке аз маҷрои пешоб барояд пок аст ва вузуъ ё ғуслро ботил намекунад.

Корбурдҳои дигари истиброъ дар фиқҳ иборатанд аз: истиброи ҳайвони наҷосатхор (пешгирӣ аз ҳайвони ҳалолгӯште, ки ба хӯрдани мадфуи инсон одат кардааст, ба манзури пок шудани гӯшт ва шири он), истиброи раҳим (тарки омезиш бо каниз ба ҳангоми хариду фурӯш барои итминон аз бордор набуданаш), ва истиброъ аз ҳайз (ворасӣ кардани фарҷ пас аз қатъи хуни ҳайз).

Мафҳумшиносӣ ва корбурдҳо

Истиброъ ғолибан ба амали мустаҳаббие гуфта мешавад, ки мард баъд аз баромадани пешоб ва манӣ анҷом медиҳад, то боқимондаи пешоб ё манӣ дар маҷрои идрор боқӣ намонад.[1] Калимаи истиброъ дар фиқҳ корбурдҳои дигаре ҳам дорад, ки иборатанд аз: истиброъи ҳайвони наҷосатхор, истиброъи раҳим ва истиброъ аз ҳайз.

Равиши истиброъ

Дар истиброъ аз идрор, мардон баъд аз идрор, се бор бо ангушти миёнаи дасти чап аз махраҷи ғоит то бехи олат мекашанд, сипас ангушти шасти дасти чапро рӯи олат ва яке дигар аз ангуштонро зери олат қарор дода ва аз он ҷо то хатнагоҳ мекашанд, сипас се маротиба сари олатро фишор медиҳанд.[2]

Истиброъ аз манӣ ҳамонанди истиброъ аз бавл аст, аммо бояд пас аз идрор анҷом шавад. Бо ин ҳол бархе аз фуқаҳо бар ин назаранд, ки барои истиброъ аз манӣ идрор кардан кофӣ аст ва агар фарде натавонад идрор кунад, дар он сурат анҷоми истиброъ ба шеваи истиброъ аз идрор кофӣ аст.[3]

Покии рутубати машкуки баъд аз истиброъ

Бинобар фатовои фиқҳӣ агар баъд аз истиброъ рутубати машкуке аз маҷрои идрори мардон барояд, ин рутубат пок аст ва вузуъ ё ғуслро ботил намекунад.[4] Аммо агар касе пас аз идрор истиброъ накунад ва рутубати машкуке аз ӯ барояд, рутубати мазкур наҷас дониста мешавад ва вузуъ ҳам ботил мешавад.[5] Бинобар фатвои машҳур агар марде баъд аз баромадани манӣ бидуни истиброъ ғусл кунад ва пас аз он рутубате аз маҷрои идрори ӯ барояд, ки надонад манӣ аст ё чизи дигар, бояд дубора ғусли ҷанобат кунад.[6]

Истиброъ барои занон

Фақеҳон дар бораи ин ки оё истиброъ дар бораи занон ҳам вуҷуд дорад ё хайр, ихтилофи назар доранд; бештари онон муътақиданд, ки мустаҳаб будани истиброъ махсуси мардон аст.[7] Ва аз ин рӯ, рутубате, ки пас аз идрор ё манӣ аз маҷрои идрори занон хориҷ мешавадро дар сурати истиброъ накардан ҳам пок донистаанд.[8] Бо ин ҳол гуфта шудааст, ки беҳтар аст занон баъд аз идрор андаке сабр карда, сипас танаҳнуҳ (сурфаи амдӣ) намоянд ва олати худро фишор диҳанд.[9] Аллома Ҳиллӣ муътақид аст, ки истиброъ дар бораи занон низ ҷорист,[10] аммо шеваи анҷоми онро баён накардааст.[11]

Истиброи ҳайвони наҷосатхор

Истиброъ дар ҳайвони ҳалолгӯшти наҷосатхор ҳам ҷорӣ мешавад; бар ин асос барои ҳалол шудани шир ва гӯшти ҳайвони ҳалолгӯште, ки ба хӯрдани мадфуи инсон одат кардааст, бояд дар муддати муайяне аз ин кор пешгирӣ шавад.[12] Муддати истиброъ дар ҳайвоноти мухталиф мутафовит аст; бинобар гуфтаи Шайхи Тӯсӣ муддати истиброи шутур чиҳил рӯз, гов бист рӯз, гӯсфанд даҳ ё ҳафт рӯз ва мурғ се рӯз аст.[13]

Истиброъ аз хуни ҳайз

Ворасии фарҷ баъд аз қатъи хун дар одати моҳона: бар асоси аҳкоми фиқҳӣ, агар хуни ҳайз қабл аз даҳ рӯз қатъ шавад ва зан эҳтимол бидиҳад, ки хун дар раҳимаш боқӣ мондааст, бояд панбае дохили фарҷи худ кунад,[14] сипас онро берун биоварад ва агар панба ба хун олуда нашуда бошад, зан аз ҳайз пок аст, дар ғайри ин сурат бояд сабр кунад, то пок шавад.[15]

Истиброи раҳим

Истиброи раҳим марбут ба аҳкоми бардагон аст ва ба тарки омезиш бо каниз ба манзури итминон аз бордор набудани ӯ дар ҳангоми хариду фурӯш ишора дорад; дар ин ҳол фурӯшандаи каниз қабл аз фурӯш бояд ба муддати як ҳайз аз омезиш бо ӯ худдорӣ кунад ва агар каниз аз заноне бошад, ки хуни ҳайз намебинад, муддати истиброъ 45 рӯз аст.[16] Харидор агар надонад, ки фурӯшанда дар муддати мазкур бо каниз наздикӣ карда ё хайр, ё агар медонад, ки фурӯшанда бо каниз наздикӣ кардааст, бояд пас аз хариди каниз ба муддати мазкур бо ӯ омезиш накунад.[17]

Эзоҳ

  1. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  2. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.322.
  3. Ҳаким, Мустамсак-ул-урваҳ, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.109.
  4. Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.255; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.122.
  5. Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳо-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.255.
  6. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.126.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.57 - 58, ҷ.3, саҳ.112.
  8. Ҳаким, Мустамсак-ул-урваҳ, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228.
  9. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  10. Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.256.
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.58.
  12. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.278.
  13. Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.85 - 86.
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.189.
  15. Шаҳиди Сонӣ, Равз-ул-ҷанон, муассисаи Олулбайт, саҳ.73; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.189 - 190.
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.193 - 195.
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.199.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаб фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, тасҳеҳи бахши фиқҳ дар ҷомеъаи пажӯҳишҳои исломӣ, Машҳад, Маҷмаъу буҳус-ил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-ъарабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо фимо таъумму биҳи-л-балво (ал-Муҳашшо), тасҳеҳи Аҳмад Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, тасҳеҳи Алии Хуросонӣ ва дигарон, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1407ҳ.қ.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи Дорултафсир, 1416ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Равз-ул-ҷанон фи шарҳи иршод, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, бе то.