Jump to content

Ғуслҳои воҷиб

Аз wikishia


Ғуслҳои воҷиб (форсӣ: غسل‌های واجب) ғуслҳое ҳастанд, ки ҳадаси акбарро бартараф мекунанд ва ё аз рӯи назр, қасам ва монанди он воҷиб мешаванд. Анҷоми шаш ғусли асосӣ барои саҳеҳ будани бархе аз ибодатҳо монанди намоз зарурӣ аст. Ин ғуслҳо иборатанд аз ғусли ҷанобат, ғусли майит, ғусли маси майит ва се ғусли марбут ба занон: ғусли ҳайз, нифос ва истиҳоза.

Ба гуфтаи фуқаҳо, анҷоми ғуслҳои воҷиб ба худии худ воҷиб нест; балки барои анҷоми аъмоле ки ба таҳорат шарт шудаанд, воҷиб мегарданд. Ғуслҳои назр, аҳд ва қасам танҳо аз ҷиҳати воҷиб будани вафо ба тааҳҳудоти шаръӣ воҷибанд ва шарт барои анҷоми ибодат нестанд.

Аксари фуқаҳои шиа бар ин назаранд, ки агар чанд ғусл бар касе воҷиб бошад, метавонад бо нияти ҳамаи онҳо як ғусл анҷом диҳад. Ҳамаи фуқаҳои шиа муътақиданд, ки пас аз ғусли ҷанобат, вузуъ лозим нест ва бисёре аз онҳо дар ин бора иддаои иҷмоъ кардаанд. Аммо нисбат ба дигар ғуслҳои воҷиб ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Муаррифӣ ва аҳамияти ғуслҳои воҷиб

Ғусли воҷиб, ғусле аст ки ба сабаби ҳадаси акбар бар шахс воҷиб мешавад ва бо анҷомаш таҳорат ҳосил мегардад. Аҳамияти фиқҳии ғуслҳои воҷиб дар он аст ки тибқи фатвои фуқаҳо, ғайр аз ғусли назр, саҳеҳ будани бархе аз ибодатҳо монанди намоз, рӯза ва бархе маносики ҳаҷ вобаста ба анҷоми ин ғуслҳост. Ҳамчунин ворид шудан ба масҷид, ҳарамҳои имомони шиа ё даст задан ба оятҳои Қуръон низ бидуни анҷоми ин ғуслҳо ҷоиз нест. Нисбат ба се ғусли занона низ тибқи назари машҳури фуқаҳо барои анҷоми муқорибат лозим аст.

Анвои ғуслҳои воҷиб

Дар фиқҳи шиа, шаш ғусл ва ғусли назру қасам воҷиб дониста шудаанд:[1]

Шаш ғусли воҷиб иборатанд аз:

Ғусл бо назр, аҳд ё қасам воҷиб мешавад; монанди касе ки назр кардааст барои зиёрат ғусл кунад.[2] Бар асоси дидгоҳи машҳури фақеҳон, танҳо ғусли майит ва назр воҷиби нафсӣ доранд, аммо дигар ғуслҳои воҷиб воҷиби ғайрӣ ҳастанд; ба ин маъно ки анҷоми онҳо ба худии худ воҷиб нест, балки барои анҷоми аъмоле ки таҳорат дар он шарт аст, воҷиб мегарданд.[3]

Аҳкоми ғусли воҷиб

Дар сарчашмаҳои фиқҳии шиа аҳкоме барои ғуслҳои воҷиб баён шудааст:

  • Шеваи анҷоми ғуслҳо ба сурати тартибӣ ё иртимосӣ аст.[4]
  • Замони анҷоми ғуслҳое ки шарт барои ибодат ҳастанд (монанди ғусли ҷанобат) вобаста ба замони анҷоми ибодат аст; масалан касе ки мехоҳад рӯза бигирад бояд пеш аз тулӯи фаҷр ғусл карда бошад.[5] Ё барои намоз дар вақти хондани намоз, воҷиб мешавад.[6]

Ҳукми вузӯ пас аз ғусли воҷиб

Фуқаҳои шиа ғусли ҷанобатро ҷойгузини вузӯ низ медонанд ва дар бораи он иддаои иҷмоъ шудааст.[7] Ва ҳатто машҳури фуқаҳо вузӯ пас аз ғусли ҷанобатро номашруъ медонанд;[8] ҳарчанд Шайхи Тӯсӣ ба мустаҳаб будани вузӯ ҳамроҳ бо ғусли ҷанобат фатво додааст.[9]

Дар бораи кифояти дигар ғуслҳои воҷиб аз вузӯ, мароҷеи тақлид назарҳои мухталиф доранд ва машҳури онҳо назарияи кофӣ набуданро баргузидаанд.[10]

Аз мароҷеи қарни чордаҳум ва понздаҳуми ҳиҷрӣ, мароҷее монанди Хӯӣ, Систонӣ ва Шубайрии Занҷонӣ бар ин боваранд, ки бо ғуслҳои воҷиб, ғайр аз ғусли истиҳозаи мутавассита, метавон бидуни вузӯ намоз хонд.

Анҷоми як ғусл ба ҷойи чанд ғусл

Агар шахсе чанд ғусли воҷиб ё мустаҳаб (ё таркибе аз ҳар ду) бар ӯ воҷиб бошад ва бо як ғусл нияти анҷоми ҳамаи онҳоро кунад, ғуслаш барои ҳамаи онҳо саҳеҳ аст.[11] Агар ҳамаи ғуслҳо мустаҳаб бошанд, ё бархе воҷиб ва бархе мустаҳаб, низ ба назари аксари фуқаҳо як ғусл кофӣ аст.[12]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ ат-тобеа лиҷамоат-ил-мударрисин, ҷ.4, саҳ.182; Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.219; Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.70.
  2. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ ат-тобеа лиҷамоат-ил-мударрисин, ҷ.4, саҳ.182; Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.219; Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.70.
  3. Хумайнӣ, «Таълиқа» дар китоби ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.466; Таботабоии Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.68, 72 ва 341.
  4. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.522.
  5. Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.38.
  6. Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, бахши ғусл, масъалаи 373.
  7. Шайх Тӯсӣ, ал-Хилоф, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, саҳ.131, масъалаи 74; Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.240.
  8. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.240.
  9. Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.340.
  10. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.240; Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.345.
  11. Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.137.
  12. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиа, Муассисату Ол-ил-байт, ҷ.2, саҳ.367; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.114 ва 137; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.522 ва 525; Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.137 ва 140.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиа фи аҳком-иш-шариа, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, чопи дуюм, 1413ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ ат-тобеа лиҷамоат-ил-мударрисин, бетаърих.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Мустанад-уш-шиа, Машҳад, Муассисату Ол-ил-байт алайҳимуссалом лиэҳё-ит-турос, бетаърих.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Байрут, Дор эҳё-ит-турос, 1362ҳ.ш.
  • Омулӣ, Мирзо Муҳаммадтақӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, Теҳрон, бино, 1380ҳ.қ.
  • Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, Қум, Мадрасат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи панҷоҳу дуюм, 1429ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ ат-тобеа лиҷамоат-ил-мударрисин, 1421ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайид Руҳуллоҳ, «Таълиқа» дар китоби ал-Урват-ул-вусқо, таълифи Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ ат-тобеа лиҷамоат-ил-мударрисин, 1421ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, беҷо, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бетаърих.
  • Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-урва, Байрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Ҳамадонӣ, Оқо Ризо, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, Қум, ал-Муассисат-ул-ҷаъфария лиэҳё-ит-турос, 1419ҳ.қ.