Татҳир
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ буда, наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба дигар сарчашмаҳо муроҷиат кунед.
Бо таҳорат иштибоҳ нашавад.
Татҳир (форсӣ:تطهیر) ба маънои пок кардан ва бартараф кардани наҷосат аст. Дар сурати наҷас шудани баъзе чизҳо, ҳамчун масҷид, ҳарами Имом (а), либос ва бадани намозгузор, фақеҳон татҳир ва пок кардани онҳоро фарз медонанд. Об роиҷтарини мутаҳҳирот ва поккунанда аст ва ҳар чизи наҷасу нопокеро поку тоҳир мекунад. Баъзеи дигар аз мутаҳҳирот иборатанд аз: офтоб, замин ва истиҳола.
Тибқи фатвои фақеҳон чизе, ки наҷас шудааст, бо якбор шустан пок мешавад; вале дар шустушуй бо оби қалил (оби андак), наҷосати пешобро бо ду бор шустан ва наҷосати зарфҳоро бо се бор шустан пок мекунад.
Ҳамчунин фақеҳон муътақиданд, обе сабаби татҳир аст, ки мутлақу пок бошад ва ҳангоми шустан музоф нашавад ва баъд аз шустан низ айни наҷосат дар чизи наҷас боқӣ намонад. Албатта, агар дар он бӯй ё ранги наҷосат боқӣ монад, мушкиле надорад.
Мафҳум ва ҷойгоҳ
Татҳир дар луғат ба маънои пок кардан аст.[1] Дар мабоҳиси фиқҳӣ ва дар бахши наҷосот, манзур аз он бартараф кардани наҷосат аст.[2] Татҳири ҳар чизи наҷасе, ки аз он истифода мешавад, матлуб шуморида шудааст.[3] Фақеҳон дар мавориде, татҳир ва бартараф кардани наҷосатро воҷиб медонанд; аз ҷумла: масҷидҳо,[4] ҳарами Имомон (а),[5] Қуръон,[6] либос ва бадан дар намоз[7] ва тавоф,[8] макони қарор гирифтани пешонӣ дар саҷдаи намоз,[9] аъзои вузӯъ (таҳорат) ва ғусл,[10] бадан ва кафани маййит.[11]
Дар китобҳои фиқҳӣ, аз татҳир ва бартараф кардани наҷосат, бештар дар бобҳои таҳорат ва намоз баҳс мешавад.[12]
- Ҳамчунин бубинед: Изолаи наҷосат
Мутаҳҳирот
- Мақолаи аслӣ: Мутаҳҳирот
Мутаҳҳирот ба чизҳое мегӯянд, ки сабаби бартараф шудани наҷосат ё ҳамон татҳир мешаванд.[13] Мутаҳҳирот ақсом мухталиф доранд ва гуфтаанд, фуқаҳо шумораашонро то бист маврид баён кардаанд.[14]
Бархе аз мутаҳҳирот ба ин шарҳанд: об, замин, офтоб, истиҳола, интиқол, Ислом (мусулмон шудани кофир), истиброи ҳайвони наҷосатхор (пешгирӣ аз хӯрдани наҷосат тавассути ҳайвон) ва ғоиб шудани мусулмон.[15] Ҳар як аз ин маворид аҳкоми хоссе дорад, ки дар китобҳои фиқҳӣ ба тафсил баён шудааст.[16]
Муҳимтарин мутаҳҳирот об аст; зеро бар хилофи дигар мутаҳҳирот, ҳар чизи наҷасшударо пок мекунад.[17]
Равиши татҳир бо об
Об назди ҳамаи мусулмонон роиҷтарин поккунанда аст.[18] Фақеҳон мегӯянд, агар чизе (ғайр аз зарфҳо) ба ғайри пешоб наҷас шавад, пас аз бартараф кардани айни наҷосат, бо як мартаба шустан (бо оби қалил ё ғайри қалил) пок мешавад,[19] вале чизе ки бо пешоб наҷас шуда бошад, барои пок шуданаш бо оби қалил, лозим аст ду бор шуста шавад.[20] Ба гуфтаи гурӯҳе аз фуқаҳо, дар мисли либос ва фарш, лозим аст онро фишор диҳанд, то обе, ки дар он монда, берун ояд.[21]
Ба фатвои фақеҳон, барои пок шудани зарфи наҷас бо оби қалил, се мартаба бояд онро шуст,[22] вале бо оби кур ё ҷорӣ, як бор кофӣ аст, магар он ки зарф ба василаи шароб ё сагу хук наҷас шуда бошад.[23]
Аҳкоми татҳир
Дар китобҳои фиқҳӣ, аҳком ва масоили мутааддиде дар бораи татҳир баён шудааст; аз ҷумла:
- Дар татҳир қасди қурбат шарт нест.[24]
- Вуҷуби татҳир дар бисёре аз маворид, мисли татҳири либос дар намоз ё татҳири макони саҷда, вуҷуби муқаддимӣ аст;[25] яъне воҷиб будани татҳир ба ҷиҳати анҷоми намоз аст, на ин ки татҳири либос ба худии худ воҷиб бошад.
- Обе поккунандаи наҷосат аст, ки мутлақу пок бошад. Ҳамчунин ҳангоми шустушуй музоф нашавад ва пас аз шустушӯ низ айни наҷосат дар чизи наҷас боқӣ намонад.[26]
- Чизе ки наҷас шудааст, то айни наҷосат аз он бартараф нашавад, пок намешавад, вале агар бӯ ё ранги наҷосат дар он бимонад, ишкол надорад. Пас, агар хунро аз либос бартараф кунанд ва либосро об бикашанду ранги хун дар он бимонад, пок аст.[27]
- Махраҷи пешоб бо ғайри об пок намешавад ва чунончи баъд аз пешоб кардан, ду бор (ҳарчанд бо оби қалил) шуста шавад, пок мешавад. Гурӯҳе аз фуқаҳо муътақиданд, як бор шустан ҳам кофист.[28]
- Махраҷи мадфуъ беҳтар аст бо об шуста шавад, вале метавон онро бо се қитъаи коғаз ё санг ё порча ва монанди он низ татҳир намуд.[29]
- Агар кафи по ё таҳи кафш дар тамос бо замин наҷас шавад, бо роҳ рафтан рӯи замин пок мешавад, ба шарти ин ки замин пок ва хушк бошад ва айни наҷосат аз байн биравад. Ҳамчунин замин бояд хок, санг, симон, хишт ва монанди инҳо бошад.[30]
- Офтоб замину биноҳо ва аҷзои собити он, монанди дару панҷараро ки дар бино ба кор рафтааст, бо шароите пок мекунад.[31]
- Чизе ки қаблан наҷас будааст, агар худи шахс итминон ба покии он пайдо кунад, ё ду нафар гувоҳӣ ба пок шудан он диҳанд, ё соҳибаш хабар аз татҳири он диҳад, пок шуморида мешавад.[32]
- Ҳамчунин бубинед: Тахаллӣ
Такнигорӣ
- Мутаҳҳирот дар Ислом, навиштаи Маҳдии Бозаргон. Ин китоб аҳкоми таҳорат ва назофати исломиро аз даричаи тасфияи биохимия ва ба кумаки қонунҳои физикаву химия ва формулаҳои риёзӣ баррасӣ кардааст. Ношир: ал-Фатҳ, соли чоп: 1359ҳ.ш.
- Аҳкоми мутаҳҳирот, наҷосот ва тахаллӣ, мутобиқи назароти дувоздаҳ тан аз мароҷеъ. Ин маҷмӯа ба манзури рафъи костиҳои китобҳои фатвоӣ, ба дасти ҷамъе аз пажӯҳишгарон навишта шудааст. Ношир: пажӯҳишкадаи Боқирулъулум (а), соли нашр: 1396ҳ.ш.
- Аҳкоми мутаҳҳирот, навиштаи Сайид Ризо Мусавии Бойгӣ ва Алӣ Таботабоӣ. Ин китоб маҷмӯъе аст мустанад ба манобеи фиқҳӣ, монанди ал-Урват-ул-вусқо, Таҳрирулвасила, Минҳоҷ-ус-солеҳин, китобҳои тавзеҳулмасоил ва истифтоъот ва сайтҳои муътабари мароҷеъ, ки ба василаи интишороти Зоири Разавӣ чоп шудааст.
Эзоҳ
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи татҳир.
- ↑ Хуӣ, ат-Танқиҳ, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.276.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.289.
- ↑ Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-баён, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325; Фақиҳи Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.56.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.99.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.99.
- ↑ Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил, 1415ҳ.қ., саҳ.43; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Дорулъилм, ҷ.1, саҳ.119.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, муассисаи алнашрул-исломӣ, ҷ.16, саҳ.86.
- ↑ Шаҳиди Аввал, аз-Зикро, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.14.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.298.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.251.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.388.
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.528.
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.239.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107 - 146.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.99.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107.
- ↑ Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105 - 106.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.105.
- ↑ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.109.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.112.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.93.
- ↑ Фақиҳи Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.35.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.99.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.110.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.59.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.59.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.114.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.117.
- ↑ Баниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133.
Сарчашма
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ алтобеъа лиҷамоъатил-мударрисин, бе то.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Қум, муассисаи матбуоти Дорулъилм, чопи аввал, бе то.
- Мишкинии Ардабилӣ, Алӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дорул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳ-ул-исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, Бейрут, Дорултаёрилҷадид ва Дорул-Ҷавод, чопи даҳум, 1421ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибн Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-баён, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Маҷмаъ-ур-расоил (Муҳашшо), Машҳад, муассисаи Соҳибаззамон (а), чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, муассисату-Аъламӣ лилматбуъот, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқиҳ фи шарҳ ал-Урват-ул-вусқо, тақрири Мирзоалии Ғаравӣ, Қум, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Ҳамадонӣ, Оқоризо, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, Қум, алмуассисатул-Ҷаъфария ли эҳёилтурос, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикро-ш-шиъа фи аҳком-иш-шариъа, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1377ҳ.ш.