Инқилоб (фиқҳ)
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳум фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Инқилоб (арабӣ: الانقلاب) дар илми фиқҳ фароянди табдил шудани шароб ба сирка аст. Фақиҳон инқилобро аз мутаҳҳирот (поккунандаҳо) медонанд; ба фатвои онон агар шароб ба худии худ ё бо изофа кардани чизҳое чун сирка ва намак, ба сирка табдил шавад, ба лиҳози шаръӣ пок мешавад.
Мафҳумшиносӣ
Инқилоб дар истилоҳи фақиҳон, табдил шудани шароб ба сирка аст, ки бар асари ҷӯшидан ё изофа кардани намак ва сирка ба шароб, рӯй медиҳад.[1] Фақиҳон инқилобро аз мутаҳҳирот медонанд.[2] Мутаҳҳир ба чизе гуфта мешавад, ки ба василаи он чизи наҷис ба лиҳози шаръӣ пок мешавад.[3]
Тафовути инқилоб бо истиҳола
- Мақолаи аслӣ: Истиҳола
Дар бораи фарқи инқилоб ва истиҳола, ду дидгоҳ миёни фақиҳони шиа вуҷуд дорад. Бархе чун Сайид Козими Яздӣ, нависандаи китоби ал-Урват-ул-вусқо, қоил ба тафовути миёни ин ду ҳастанд; зеро дар истиҳола, моҳияти як чиз тағйир мекунад; яъне табдил ба чизе дигаре мешавад; аммо дар инқилоб сирфан зоҳири як чиз тағйир меёбад.[4] Дар муқобил, дигароне чун Сайид Абулқосими Хӯӣ инқилобро аз ақсоми истиҳола медонанд; зеро дар он ба лиҳози урфӣ моҳияти шароб тағйир мекунад.[5]
Аҳком
Бархе аз аҳкоми фиқҳии инқилоб, ба нақл аз китобҳои тавзеҳ-ул-масоил ба шарҳи зер аст:
- Агар шароб ба худии худ ё бо афзудани чизҳое монанди сирка ва намак ба сирка табдил шавад, пок мешавад.[6]
- Шаробе ки аз ангури наҷис таҳия мешавад, ба фатвои бархе фуқаҳо бо инқилоб пок намешавад.[7]
Эзоҳ
- ↑ Ниг.: Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.258
- ↑ Ниг.: Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.153
- ↑ Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.123
- ↑ Ниг.: Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.261
- ↑ Ниг.: Хӯӣ, Мавсуату ал-Имом Хӯӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.159; муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.742
- ↑ Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, бахши мутаҳҳирот, масаълаи 198
- ↑ Ниг.: Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.153
Сарчашма
- Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ мутобиқ бо фатовои шонздаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, танзими Сайид Муҳаммадҳасан Баниҳошимии Хумайнӣ, Қум, дафтари Интишороти исломӣ, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқ бо мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, ҷ.1, чопи аввал, 1390ҳ.ш.
- Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, дафтари Интишороти исломӣ, 1385ҳ.ш.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, «Мавсуату ал-Имом Хӯӣ», Қум, Муассисату эҳёи осори ал-Имом ал-Хӯӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
- Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (ал-Муҳашшӣ), таҳқиқи Аҳмад Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, дафтари Интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.