Jump to content

Вузуи ҷабираӣ

Аз wikishia


Вузуи ҷабираӣ (форсӣ: وضوی جَبیره‌ای) ба шеваи вузу гирифтан дар ҳолати доштани захм ё шикостагӣ дар аъзои вузу (пеши сар, рӯй, дастҳо ё поҳо) ишора дорад.[1] Ба давое, ки дар захм мегузоранд ва низ порча ё чизе, ки бо он захм ё узви шикастаро мебанданд, ҷабира гӯянд.[2]

Аз назари фақеҳон шахсе ки бар аъзои вузуяш захм ё шикастагӣ аст, дар сурате ки битавонад ба таври маъмулӣ вузу бигирад, бояд ба таври маъмулӣ вузу бигирад,[3] аммо агар бардоштани ҷабира мумкин набошад ва ё расондани об ба зери он зарар дошта бошад, бояд ба ҷои шустан ё масҳи бевоситаи узви осебдида, бо дасти тар бар ҷабира даст бикашад ва дар сурате ки ҷабира бар бахше аз узв қарор дорад бо дасти тар бар он қисмат бикашад ва атрофи онро бишӯяд.[4]

Омӯзиши вузуи ҷабираӣ

Бино ба фатвои бархе фақиҳон узве ки дар вузу ниёз ба шустан дорад, монанди рӯй, бинобар назари машҳур, маҳзи кашидани дасти тар бар он кифоят намекунад ва бояд рутубат ба ҳамаи ҷабираи он бирасад.[5] Агар ҷабира тамоми узве аз ахзои вузуро дарбар бигирад ҳамон аҳкоми ҷабираро дорад.[6] Бархе низ гуфтаанд эҳтиёти мустаҳаб аст, ки дар канори он таяммум низ бикунад.[7]

Ҷабира бояд пок бошад ва агар ба иллати наҷис будан натавон бар он даст кашид, бояд порчае рӯйи он қарор дода ва бар он даст кашида шавад.[8]

Эзоҳ

  1. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.461; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.2, саҳ.484
  2. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.2, саҳ.484
  3. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.461; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.2, саҳ.484
  4. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.461; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, ҷ.1, саҳ.35-36
  5. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.465
  6. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.2, саҳ.492
  7. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.2, саҳ.492
  8. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳора, ҷ.2, саҳ.369; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.466; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, ҷ.1, саҳ.36

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, бетаърих
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дор-ут-тафсир, бетаърих
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ут-таҳора, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ бимуносибат-из-зикро ал-миавият-ис-сонияти ли милод аш-Шайх-ил-аъзам ал-Ансорӣ, 1415ҳ.қ.