Манӣ

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ буда, наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба дигар сарчашмаҳо муроҷиат кунед.

Манӣ (форсӣ: مَنی) моеъи сафедранг ва ғализ аст, ки хуруҷи он аз бадан, муҷиб ҷанобат аст. Ба фатвои фақиҳони шиа ва бархе аз фақиҳони аҳли суннат, манӣ наҷис аст. Хуруҷи манӣ аз бадан, ба сурати ихтиёрӣ, рӯзаро ботил мекунад. Ҳамчунин касе ки аз ӯ манӣ хориҷ шудааст, бояд барои намоз хондан ғусл кунад.

Бархе аз нишонаҳои манӣ ки дар сурати шак, ба василаи онҳо ташхис дода мешавад, иборатанд аз: лаззати ҷинсии зиёд, ҷаҳидан ва суст шудани бадан.

Дар бораи сперм аҳкоме матраҳ аст, ки аз масоили мустаҳдиса ба шумор меравад. Аз назари фақиҳони шиа тазриқи сперми ғайришавҳар дар раҳми зан ҳаром аст. Онон дар бораи ҳукми тазриқи сперми нигаҳдоришуда аз марде дар раҳми ҳамсараш пас аз марги шавҳар ихтилофи назар доранд. Ин ихтилофи назар ба мабнои онҳо дар ин масаъла бармегардад, ки оё бо марги яке аз зану шавҳар, завҷият аз байн меравад ё хайр? Ҳамчунин дар бораи хариду фурӯши сперм ихтилофи назар вуҷуд дорад ки ба арзиши молӣ доштану надоштани он бармегардад.

Мафҳумшиносӣ

Манӣ моеъи нисбатани ғализ ва то андозае сифед аст,[1] ки маъмулан ба ҳангоми лаззати ҷинсии зиёд, аз андоми таносулӣ хориҷ мешавад.[2]

Ҳукми фиқҳӣ

Ба фатвои фақиҳони шиа, мании инсон, аз наҷосот аст.[3] Онҳо ба хориҷ шудан манӣ аз бадан инзол мегӯянд.[4] Инзол, дар фиқҳ аз сабабҳои ҷанобат аст.[5] Ба гуфтаи Муҳаммадҳасани Наҷафӣ, фақиҳони шиа, мании ҳайвоноте, ки дорои хуни ҷаҳанда ҳастандро ҳам наҷис медонанд.[6]

Касе ки манӣ аз ӯ хориҷ шудааст, бояд барои корҳое ки ба таҳорат ниёз дорад, монанди намоз, ғусл кунад.[7] Хуруҷи қасдани манӣ аз бадан (чи бо омезиш ва чи бо истимно), муҷиби ботил шудани рӯза мешавад.[8]

Дидгоҳи аҳли суннат

Фақиҳони аҳли суннат дар бораи наҷосат ё адами наҷосати манӣ назари яксоне надоранд. Абӯҳанифа ва Молик ибни Анас маниро наҷис медонанд;[9] бо ин тафовут, ки Абӯҳанифа муътақид аст манӣ дар сурате ки хушк бошад, бо соидан пок мешавад ва ниёзе ба шустан надорад.[10] Шофеиҳо[11] ва ҳанбалиҳо мании инсонро пок медонанд.[12]

Нишонаҳои манӣ

Дар фиқҳ, нишонаҳое барои манӣ баён шуда, ки дар сурати шак дар ин ки манӣ хориҷ шудааст ё на, ба кумаки он нишонаҳо манӣ аз ғайри он ташхис дода шавад. Тибқи назари бештари фақиҳони шиа, хуруҷи манӣ дар мардон бо се вижагии лаззати ҷинсӣ, ҷаҳидан ва суст шудани бадан ҳамроҳ аст.[13] Албатта дар мариз, ҷаҳидан шарт нест ва хуруҷи об бо шаҳват ва суст шудани бадан, ҳукми маниро дорад.[14]

Бархе аз фақиҳон гуфтаанд: хуруҷи об аз бадан агар бо лаззати ҷинсӣ ва ҷаҳидан ва ё ҷаҳидану суст шудани бадан ҳамроҳ бошад, манист.[15]

Нишонаҳои манӣ дар занон фарқ дорад. Аз назари бештари фақиҳони шиа, тарашшуҳоте ки аз андоми таносулии зан хориҷ мешавад, агар бо лаззати ҷинсӣ ҳамроҳ бошад, ҳукми маниро дорад. Инон ҷаҳидан ва суст шудани баданро нишонаи манӣ дар занон надонистаанд.[16]

Тафовут бо мазӣ, вазӣ ва вадӣ

Фақиҳони миёни манӣ ва дигари моеъҳое, ки аз андоми ҷинсии инсон хориҷ мешавад, фарқ мегузоранд. Онҳо ба ҷуз манӣ аз се моеъи дигар ном мебаранд:

  • «Мазӣ»: моеъ рақиқе аст, ки дар асари лаззати ҷинсии заъиф ё мулоиба аз инсон хориҷ мешавад.[17] Ин моеъ часпанда аст, вале нишонаҳои маниро надорад ва дар занон бештар аз мардон аст.[18]
  • «Вазӣ»: моеъе аст, ки гоҳе пас аз хориҷ шудан манӣ, аз инсон хориҷ мешавад.[19]
  • «Вадӣ»: моеъе аст, ки гоҳе пас аз пешоб кардан аз инсон хориҷ мешавад.[20]

Аз назари фиқҳони шиа, мазӣ, вазӣ ва вадӣ наҷис нестанд[21] ва вузӯро ботил намекунанд.[22] Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлид, дар таърифи ин се вожа ва аҳкомаш мегуяд: рутубатҳое, ки аз инсон хориҷ мешавад ғайр аз бавл ва манӣ бар чанд қисм аст: аввал обе, ки гоҳе баъд аз пешоб кардан берун меояд ва каме сифед ва часпанда аст ва ба он «вадӣ» мегӯянд; дувум обе ки ҳангоми бозӣ кардан бо ҳамсар берун меояд ва ба он «мазӣ» мегӯянд; сеюм обе ки гоҳе баъд аз манӣ берун меояд ва ба он «вазӣ» гӯянд. Ҳамаи ин обҳо дар сурате, ки маҷрои олӯда ба пешоб ва манӣ набошад, пок аст ва вузӯ ва ғуслро ҳам ботил намекунад.[23]

Эзоҳ

  1. تفاوت تعاریف طبی و فقهی در مورد مایع منی, Сайти Тибён
  2. Абдураҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳоти ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, ҷ.3, саҳ.369
  3. Сайид Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.96 - 97
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.3
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.3; Сайид Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.95
  6. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.290
  7. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ношир: Муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ (раҳ), ҷ.1, саҳ.39
  8. Ниг.: Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.129 - 130
  9. Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.15; Сайид Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.96
  10. Сайид Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.96
  11. Шофиӣ, Аҳком-ул-Қуръон, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, саҳ.81 - 82
  12. Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.15 понависи 3; Сайид Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.96
  13. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.12
  15. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, 1392ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.13; ниг.: Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, 1392ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265 ва 266
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.411
  18. Омилӣ, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳийя, 1413ҳ.қ., саҳ.196
  19. Омилӣ, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳийя, 1413ҳ.қ., саҳ.229; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.415
  20. Омилӣ, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳийя, 1413ҳ.қ., саҳ.229
  21. Барои намуна ниг.: Макорими Шерозӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1429ҳ.қ., саҳ.31
  22. Барои намунаи ниг.: Сайид Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.119; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.414
  23. https://makarem.ir/main.aspx?typeinfo=21&lid=0&mid=255385&catid=44736

Сарчашма

  • https://makarem.ir/main.aspx?иtypeinfo=21&lid=0&mid=255385&atid=44736
  • Абдураҳмон, Маҳмуд, Муъҷам-ул-мусталаҳоти ва-л-алфоз-ил-фиқҳия,
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисату Ол-ил-Байти алайҳимуссаломи ли эҳё-ит-турос, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, мутобиқ бо фатовои шонздаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1392ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозирати фи аҳком-ил-ъитрат-ит-тоҳира, тасҳеҳи Муҳаммадтақии Ереванӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ас-Сароир-ул-ҳовӣ литаҳрир-ил-фатовӣ, Қум, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Қум, муассисаи Исмоъилиён, чопи сеюм, 1410ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, интишороти Мадрисаи имоми Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом, 1429ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Диросотун фи-л-макосиб, Қум, нашри Тафаккур, 1415ҳ.қ.
  • Муртазавӣ, Сайид Муҳсину Муҷтабо Наврӯзӣ, «Нигаҳдории сперм ва баҳрабардорӣ аз он дар фиқҳи имомия», маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии Фиқҳи пизишкӣ, №38 ва 39, баҳору тобистони 1398ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи Шароиъ-ул-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дору эҳё-ил-ъарабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Омилӣ, Ёсин Исо, ал-Истилоҳот-ул-фиқҳияти фи-р-рисолат-ил-ъамалия, Бейрут, Дор-ул-булоға, 1413ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳкоми фи баёни ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, бе то.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Интисори фи инфиродот-ил-имомия, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1415ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Аҳкоми пизишкон ва беморон, Қум, Маркази фиқҳии Аиммаи Атҳор (а), чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Фозили Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф-ул-лисоми ва-л-ибҳоми ан Қавоид-ил-аҳком, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ул-макосиб, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсуту фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавияти лиэҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Шофиӣ, Муҳаммад ибни Идрис, Аҳком-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия.
  • Ҷазирӣ, Абдурраҳмон ибни Муҳаммади иваз, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-ъилмия, 1424ҳ.қ./2003м.