Ғусли маййит
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Ин мақола дар бораи ғусли маййит аст. Барои ошноӣ бо ғусли масси инсони мурда, ғусли масси маййитро бубинед.
Ғусли маййит (арабӣ: غُسل المَیِّت) аз ғуслҳои воҷиб аст, ки ба шустани маййити мусулмон бо одоби хоссе ишора дорад. Дар ин ғусл бояд мурда се бор бо оби махлут ба сидр, оби махлут ба кофур ва оби холис шуста шавад. Дар сурате, ки сидр ва кофур дар дастрас набошад, бояд мурдаро ба оби холис ғусл дод ва дар сурате, ки ғусли ӯ бо об ҳам мумкин набошад, бояд ӯро таяммум дод.
Ғусл додани маййите, ки чормоҳ ё беш аз ин син дорад воҷиб аст. Албатта аз ин ҳукм, шаҳид, истисно шудааст ва ӯ бе ғусл дафн мешавад.
Ғусл додани маййит (мурда) воҷиби кифоӣ аст ва барои анҷоми он дарёфти музд ҳаром аст.
Аҳамият ва ҷойгоҳ
Ғусли маййит аз воҷиботи кифоӣ аст, ки баъд аз вафоти мусулмоне, дигарон бояд ӯро ғусл диҳанд ва дафни ӯ пеш аз ғусл ҷоиз нест.[1] Аз ин рӯй, маъмулан дар қабристонҳо маконе барои ғусли мурдаҳо ихтисос дорад,[2] ки ба он ғассолхона мегӯянд.[3] Ва ба касе ки мурдаро ғусл медиҳад, ғассол ё мурдашур мегӯянд.[4]
Дар китобҳои ҳадисӣ ва фиқҳӣ аз ин баҳс дар боби аҳкоми амвот сухан гуфта мешавад.[5] Дар китоби Васоил-уш-шиъа дар боби Абвоби ғусли маййит 175 ҳадис дар бораи ғусли маййит нақл шудааст.[6] Дар ривоёт ғусл додани маййит ё шустани мурда сабаби дурии ҳарорати оташ аз ғуслдиҳанда ва ҳамроҳ шудани нуре бо ӯ барои вуруд ба биҳишт дониста шудааст.[7] Ҳамчунин бинобар ривояте аз Имом Боқир (а), ғусл додани мурдаи муъмин, сабаби бахшида шудани гуноҳони ғайрикабираи як соли ғуслдиҳанда мешавад.[8]
Маййит қабл аз ғусл наҷас аст, аз ин рӯ, ламси он баъд аз сард шудан сабаби воҷиб шудани ғусли масси маййит мешавад, аммо баъд аз ғусли маййит, наҷосати он бартараф шуда ва ламси маййит мӯҷиби воҷиб шудани ғусл намегардад.[9]
Чигунагӣ
Бар асоси фатвои мароҷеи тақлид, маййит бояд ба тартиби зер се ғусл дода шавад: бо оби омехта ба сидр, бо оби омехта ба кофур ва бо оби холис. Дар ғусли маййит ҳамчун дигар ғуслҳо баъд аз ният, бояд аввал сару гардан, сипас самти рост ва пас аз он самти чапи маййит шуста мешавад.[10]
Агар сидр ё кофур набошад, бояд маййитро бо оби маъмулӣ ғусл дод, аммо дар бораи ин ки дар инҷо як ғусл кофӣ аст ё се ғусл, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[11] Ҳамчунин агар ғусл додани маййит бо об мумкин набошад, бояд ӯро таяммум дод, аммо дар ин ки дар таяммум ҳамчун ғусл се бор лозим аст, ё як бор кифоят мекунад, ихтилофи назар аст.[12]
Истисно
- Бинобар назари фақеҳони шиа, шаҳиди маъракаи ҷанг ғусли маййит надорад,[13] аммо касеро ки дар маъракаи ҷанг захмӣ шуда ва баъд аз итмоми ҷанг, ба шаҳодат бирасад, бояд ғусл дод.[14] Сайид Муҳаммадкозим Таботабоии Яздӣ, шаҳиди дар маъракаро касе дониста ки дар майдони ҷиҳод ба изни имоми маъсум ё нооби хосси ӯ кушта шуда ва низ касе ки дар роҳи ҳифзи каёни Ислом дар асри ғайбат кушта шавад.[15]
- Касе ки маҳкум ба қисос ва раҷм аст пас аз кушта шудан ғусли маййит надорад вале қабл аз он тибқи одобе бояд ғусл кунад.[16]
- Ҷанини сиқтшуда то пеш аз чормоҳагӣ ниёз ба ғусли маййит надорад, вале агар чаҳор моҳи ҷанин тамом шуда буд, бояд ӯро ғусли маййит дод.[17]
Дигар аҳкоми вобаста
- Ғассол бояд мусулмон, шиаи дувоздаҳимомӣ, болиғ ва оқил бошад.[18] Ҳамчунин бояд мурдаи мардро мард, ва маййити занро зан ғусл бидиҳад.[19] Албатта маҳорим ва зану шавҳар аз ин ҳукм истисно шудаанд, ҳарчанд ки мувофиқи эҳтиёт ин аст, ки онҳо ҳам дар сурати набуди ҳамҷинс ва аз зери либос якдигарро ғусл бидиҳанд.[20]
- Ба фатвои бештари мароҷеи тақлид, музд гирифтан барои ғусли маййит ҳаром аст ва ба фатвои бархе дар сурате, ки ин кор бо қасди қурбат созгор набошад, ғуслро ҳам ботил медонанд. Албатта дарёфти уҷрат барои корҳои муқаддамотӣ ва назофат ҷоиз аст.[21]
- Касе ки ба эъдом маҳкум шудааст, агар пеш аз эъдом, худаш ғусли маййитро анҷом диҳад, лозим нест ӯро ғусл диҳанд.[22]
- Анҷоми ғусли маййит ба шеваи иртимосӣ саҳеҳ нест.[23]
- Пеш аз ғусл бояд мурда аз наҷосот пок бошад. Албатта бархеҳо пок кардани ҳар қисмат аз баданро пеш аз ғусл додани он кофӣ медонанд.[24]
- Касе ки маййит ва мурдаро ғусл медиҳад, бояд аз валии мурда иҷозат бигирад.[25]
- Ғусли мурдаи кофир, ҷоиз нест.[26]
- Мустаҳаб аст, ки сари маййит болотар аз поҳояш бошад ва баданаш монанди ҳолати муҳтазар рӯ ба қибла бошад.[27]
- Хушк кардани бадани маййит пас аз ғусл бо порчаи тоза.
- Касе ки бадани маййитро мешӯяд ҳангоми шустан машғул ба зикру истиғфор бошад ва ҷумлаи «рабби афвака афвак»-ро такрор кунад.[28]
- Шӯяндаи бадани маййит агар айбе дар ӯ дид ба касе нагӯяд.[29]
- Агар маййит пас аз ғусл зинда шавад ғуслаш кифоят аз вузӯ намекунад.[30]
Ғусли имомон (а)
Бар асоси бархе ривоёт, ҳар имомеро фақат имоми баъдӣ ғусл медиҳад[31] ва дар китобҳои ҳадисӣ бобе бо унвони «أَنَّ الْإِمَامَ لَا يُغَسِّلُهُ إِلَّا إِلامَام» (Имомро фақат имом бояд ғусл диҳад) ба ривоёти ин мавзӯъ мепардозад.[32] Пас аз даргузашти Имом Маҳдӣ (аҷ), Имом Ҳусайн(а), раҷъат карда, ғусл ва намози ҷанозаи он ҳазратро бар ӯҳда хоҳанд дошт.[33]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.30.
- ↑ Баҳромӣ, «Ғассолхона».
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи мурдашурхона.
- ↑ Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи мурдашур.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.477 – 544/ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.22.
- ↑ Ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.477 - 544.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.40.
- ↑ Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.195.
- ↑ Таботабоии Ҳаким, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.336.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46 - 47.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, муассисат ан-Нашр-ул-исломӣ, ҷ.3, саҳ.455.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48.
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.399.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.235.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.294
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.295
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.32.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.38 - 39.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.32.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.33 - 35.
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Дафтари нашри исломӣ, ҷ.1, саҳ.222 - 223.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.41.
- ↑ Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, ҷ.9, саҳ.9.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.47.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.22.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.30.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.303
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.304-305
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305
- ↑ Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.384.
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.384.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.206.
Сарчашма
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-итрат-ит-тоҳира, тасҳеҳи Муҳаммадтақии Иравонӣ, Қум, Муассисаи ан-Нашр-ул-исломӣ, бе то.
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари нашри исломӣ, бе то.
- Баҳромӣ, Фаришта, “Ғассолхона», дар Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, Маркази доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт, 1409ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъат-ул-имом ал-Хуӣ, Муассисату эҳёи осор-ил-имом ал-Хуӣ, бе то.
- Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ут-таҳорат, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайх Аъзами Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дор-уш-Шариф-ир-Разӣ ли-н-нашр, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ихтисос, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Маҳмуд Муҳаррамии Зарандӣ, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ лиалфият-иш-Шайх-ил-Муфид, 1413ҳ.қ.
- Таботабоии Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
- Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Дор-ут-тафсир, Исмоилиён, чопи панҷум, 1419ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Ниҳоят-ул-аҳком фи маърифат-ил-аҳком, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт, 1419ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.