Ғусола
- Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Ғусола (форсӣ:غُساله), обе ки ҳангоми шустани чизи наҷас аз он ҷудо мешавад.
Фақеҳони шиа аз ғусола ва аҳкоми он дар боби таҳорат сухан гуфтаанд. Аз назари фақеҳон, ғусолаи оби касир (зиёд), монанди оби кур ё оби борон, пок аст, аммо дар бораи ғусолаи оби қалил (кам) ихтилофи назар доранд, бештари онон муътақиданд, ғусолаи оби қалил, наҷас аст.
Таъриф
Ғусола дар фиқҳ, ба обе гуфта мешавад, ки ҳангоми шустани чизи наҷасе монанди бадан ё либос, аз он ҷудо мешавад.[1] Фуқаҳои шиа дар баёни аҳкоми таҳорат дар рисолаҳои амалия, дар бораи аҳкоми ғусола сухан гуфтаанд.[2]
Ҳукми фиқҳӣ
Аз дидгоҳи ҳамаи фуқаҳои шиа, ғусолаи оби касир пок аст ва ончӣ дар бораи он ихтилофи назар вуҷуд дорад, ғусолаи оби қалил аст. Бархе аз дидгоҳҳо дар ин замина иборат аст аз:
- Наҷосат: бархе аз фақиҳон, монанди Аллома Ҳиллӣ, ғусолаи оби қалилро наҷас дониста ва бар ин боваранд, то замоне ки чизе пок нашудааст, обе ки аз он ҷудо мешавад низ наҷас аст.[3] Назари бештари фуқаҳо ҳамин аст.[4]
- Таҳорат: Муҳаққиқи Каракӣ ин дидгоҳро ба Сайиди Муртазо, Ибни Идрис ва Шайхи Тусӣ нисбат дода, гуфтааст, бештари фақеҳони мутақаддим ин дидгоҳро доштаанд.[5] Соҳиби Ҷавоҳир низ ин назарро қавӣ донистааст.[6]
- Тафсил: бархе аз фақеҳон, монанди Сайидкозими Яздӣ, обе ки бо он айни наҷосат бартарафшударо наҷас донистааст, аммо дар бораи обе ки бо он айни наҷосат бартараф нашудааст, ҳукм ба эҳтиёт ва дурӣ кардан аз он додаанд.[7]
Аҳкоми муртабит
- Ғусолаи обе ки барои истинҷо; яъне шустани махраҷи пешобу мадфуъ истифода мешавад, пок аст, ба шарти тағйир пайдо накардани ғусола ва нарехтанаш бар наҷосат ва омехта набуданаш ба наҷосат ва омехта набудани пешобу мадфуъ ба наҷосати дигар.[8]
- Агар ранг, бӯ ё таъми об тағйир карда бошад, ғусола наҷас аст.[9]
- Бархе аз фақеҳони шиа гуфтаанд, ки бар фарзи пок будани ғусола, вузӯъ ва ғусл бо он ҷоиз нест.[10] Ҳамчунин дар бораи инки оё метавон бо он наҷосатро бартараф кард ё хайр, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[11]
Такнигорӣ
Бархе осори мустақил дар бораи ғусола таълиф шудааст; аз ҷумла: Ҳукм-ул-ғусола - навиштаи Муҳаммадсолеҳ Ҳоирии Мозандаронӣ, ва ҳамчунин Рисола дар аҳкоми ғусола - навиштаи Сайид Садриддини Садр.[12]
Эзоҳ
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.310.
- ↑ Барои намуна бибинед: Шайх Ансорӣ, китоби ат-Таҳорат, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.344; Хуӣ, Фиқҳ-уш-шиъа, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.167.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141.
- ↑ Ҳаким, Мустамсак-ул-урваҳ, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.229.
- ↑ Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.128.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.348.
- ↑ Сайиди Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.47.
- ↑ Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.129; Шайх Ансорӣ, китоби ат-Таҳорат, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.344.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141.
- ↑ Шайх Ансорӣ, китоби ат-Таҳорат, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.342.
- ↑ Шайх Ансорӣ, китоби ат-Таҳорат, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.342.
- ↑ Ризоӣ, “Сайидсадриддини Садр, қалъаи тавозуъ”, саҳ.58.
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаб фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, Машҳад, Маҷмаъул-буҳусил-исломийя, 1412ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, 1414ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳ: Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Ризоӣ, Муҳаммад, “Сайидсадриддини Садр, қалъаи тавозуъ”, дар маҷаллаи Фарҳанги кавсар, № 16, 1377ҳ.ш.
- Сайиди Яздӣ, Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фимо таъумму биҳи-л-балво (ал-муҳашшо), тасҳеҳи Аҳмад Муҳсинии Сабзаворӣ, Дафтари интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, тасҳеҳи Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Мусавӣ, 1416ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Фиқҳ-уш-шиъа: китоби ат-Таҳорат, тақрири Сайид Муҳаммадмаҳдӣ Мусавии Халхолӣ, Қум, муассисаи Офоқ, 1418ҳ.қ.
- Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, Қум, муассисаи Дорул-тафсир, 1416ҳ.қ.
- Шайх Ансорӣ, Муртазо, китоби ат-Таҳорат, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайхи аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳи-л-лумъат-ид-димишқийя, ҳошияи Сайидмуҳаммади Калонтар, Қум, Китобфурушии Доварӣ, 1410ҳ.қ.