Jump to content

Хамр

Аз wikishia


Хамр (форсӣ: خمر) ба маънои шароби ангур аст, ки дар Ислом хӯрдани он ҳаром аст. Дар китобҳои фиқҳӣ, хӯрдани ҳар нӯшидании масткунанда ҳукми шаробхорӣро дорад ва ҳаром будани он аз масоили мавриди иттифоқ миёни мусалмонон ва аз заруриёти дин шумурда мешавад. Дар Қуръон, хӯрдани хамр ё шароб амале шайтонӣ муаррифӣ шудааст, ки боиси гуноҳ ва душманӣ миёни инсонҳо мегардад ва ононро аз ёди Худо бозмедорад. Албатта аз шаробе ҳам ёд шудааст, ки дар биҳишт вуҷуд дорад ва осебҳои шаробҳои дунёвиро надорад.

Ба фатвои фақиҳони мусалмон, шароб наҷис аст, муомилаи он ботил аст ва хариду фурӯши ангур ва хурмо ба қасди таҳияи шароб, ҳаром ва ботил аст. Истифода аз он барои дармон низ ҷуз дар мавориди зарурат ҷоиз нест. Ҳамчунин барои касе ки шароб хӯрдааст, муҷозоти ҳаддӣ дар назар гирифта шудааст, ки ҳаштод зарбаи шаллоқ аст.

Мафҳуми хамр ва ҷойгоҳи шаробхорӣ

Хамр дар луғат ба маънои шароби ангур аст.[1] Дар оятҳои Қуръон аз шароб ба хамр ёд шудааст.[2] Дар бархе аз китобҳои фиқҳӣ низ бо ҳамин маъно ба кор рафтааст.[3] Бо ин ҳол, бархе аз китобҳои луғат ҳар моеъи масткунандаро хамр донистаанд.[4] Бархе фақиҳон низ ҳамаи нӯшиданиҳои масткунандаро дар ҳукми хамр қарор додаанд.[5]

Дар Ислом, шаробхорӣ ҳаром [6] ва аз гуноҳони кабира аст.[7] Ҳаром будани хӯрдани шароб дар Ислом масъалаи қатъӣ ва мавриди иттифоқ миёни ҳамаи мусалмонон буда дар шумори заруриёти дин қарор дорад; яъне агар касе онро ҳалол бидонад, кофир шумурда мешавад.[8]

Вожаи хамр дар оятҳои Қуръон

Дар чанд оят аз Қуръони карим, аз хамр ё шароб бо таъбирҳои гуногун ёд шудааст ва хусусиятҳое барои он баён шудааст.[9] Аз ҷумлаи онҳо ин аст: масткунанда аст,[10] сардард меоварад,[11] гуноҳзо аст,[12] боиси заволи ақл мешавад,[13] амре палид аст,[14] амали Шайтон аст,[15] душманӣ ва кинаро миёни инсонҳо бармеангезад[16] ва инсонҳоро аз ёди Худо ва намоз бозмедорад.[17] Албатта дар оятҳое аз Қуръон низ дар тавсифи биҳишт баён шудааст, ки дар он, наҳрҳое аз шароб ҷорӣ аст;[18] аммо он шароб лаззатбахш аст[19] ва осебҳои шаробҳои дунёвӣ чун мастӣ,[10] сардард,[11] гуноҳзоӣ[12] ва заволи ақлро[13] надорад.

Шаробхорӣ

Ба масрафи ҳар нӯшидании масткунанда шаробхорӣ гуфта мешавад.[20] Дар Ислом, нӯшидани ҳар навъ шароб ҳаром аст.[21] Ин ҳукм дар хусуси ҳар гуна шароб аз ҷумла шаробе, ки аз ангур, хурмо, мавиз ё чизе дигар гирифта шуда бошад сидқ мекунад.[22] Ба фатвои фақиҳон, шаробхор фосиқ аст ва шаҳодат доданаш дар додгоҳ пазируфта намешавад.[23] Дар фиқҳи исломӣ, барои шаробхор муҷозоти ҳадд дар назар гирифта шудааст,[24] ки ҳаштод зарбаи шаллоқ аст.[25] Албатта агар касе, ки шароб хӯрдааст, пеш аз шаҳодат додани шоҳидон, тавба кунад, муҷозот намешавад.[26]

Чигунагии ҳаром шудани хамр дар Ислом

Бо ин ки ҳаром будани хамр дар Ислом аз заруриёти дин аст,[27] дар бораи замон ва чигунагии эъломи ҳаром будани он ду дидгоҳи мутафовит вуҷуд дорад: назарияи таҳрими онӣ ва назарияи таҳрими тадриҷӣ. Ихтилофи аслӣ миёни ин ду дидгоҳ ба маккӣ[28] ё маданӣ будани[29] оятҳои таҳрими хамр бозмегардад.

Тарафдорони назарияи таҳрими онӣ бар инанд, ки шароб дар Макка, ба таври якбора ҳаром шудааст.[30] Дар муқобили ин назария, аҳли суннат бар ин боваранд, ки шароб дар оғоз ҳалол буда ва таҳрими он ба сурати тадриҷӣ ва дар марҳилаҳои гуногун сурат гирифтааст.[31] Дар миёни андешмандони шиа низ назарияи тадриҷӣ будани баёни аҳком мавриди таъйиди бархе қарор гирифтааст; аммо дар чигунагии эъломи ҳаром будани шароб ихтилофи назарҳое вуҷуд дорад.[32]

Наҷосати хамр

Фақиҳон ва муфассирон, бо истинод ба ояти 90 ва 91 сураи Моида[33] ва ривоёти марбут,[34] ба наҷосати хамр ҳукм додаанд. Имом Хумайнӣ (ваф.1368ҳ.ш.)[35] ва Сайид Абулқосим Хӯӣ (ваф.1371 ҳ.ш)[36] низ бар наҷосати он таъкид доранд. Аллома Ҳиллӣ, фақеҳ ва мутакаллими шиа дар қарни ҳаштум ҳиҷрӣ, иҷмои фақеҳонро бар наҷосати хамр зикр карда ва ҳаром будани онро ношӣ аз ҳамин наҷосат донистааст.[37] Ҳамчунин Аллома Ҳиллӣ аз Сайид Муртазо (ваф.436ҳ.қ) ва Шайх Тӯсӣ (ваф.460ҳ.қ.) низ нақл кардааст, ки дар миёни мусалмонон ҳеҷ ихтилофе дар бораи наҷосати хамр вуҷуд надорад.[38] Бо ин ҳол, Шайх Садуқ (ваф.381ҳ.қ.) ва Муқаддаси Ардабилӣ (ваф.993ҳ.қ) назарияи таҳорати хамрро матраҳ карда ва ба он майл нишон дода буданд.[39]

Аҳкоми шароб

Бархе аз аҳкоми хамр ба шарҳи зер аст:

  • Хамр ё шароб молият надорад; яъне хариду фурӯши он ботил аст;[40] ба ҷуз дар хусуси аҳли зимма ва низ шаробе, ки ба қасди таҳияи сирка фароҳам шуда бошад.[41]
  • Фурӯши ангур ва хурмо ва ғайри он, ба қасди таҳияи хамр, ҳаром ва муомила ботил аст; вале дар ҳаром ё макруҳ будани фурӯши он ба касе ки бода месозад, бидуни қасди таҳияи хамр, назари фақеҳон яксон нест.[42]
  • Истифода аз бода барои дармон, чи аз тариқи нӯшидан ва чи ба дигар шакли истеъмол, ҷуз дар мавориди зарурат, аз назари аксари мазоҳиби исломӣ ҷоиз нест.[43]

Эзоҳ

  1. Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арӯс, 1414ҳ.қ., зери вожаи «хамр»; Туҳрайҳӣ, 1416ҳ.қ., зери вожаи «хамр»
  2. Ояти 219 сураи Бақара; ояти 90 сураи Моида
  3. Барои намуна ниг.: Беҳбаҳонӣ, ар-Расоил-ул-фиқҳия, 1378ҳ.ш., саҳ.79; Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417ҳ.қ., саҳ.57
  4. Барои намуна ниг.: Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., зери вожаи «хамр»; Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, 1415ҳ.қ., зери вожаи «хамр»
  5. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия (Султон-ул-улумо), 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.371; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.6-5; Шайх Баҳоӣ, Машриқ-уш-шамсайн, 1414ҳ.қ., саҳ.433
  6. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ало мазҳаб-ил-имомия, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.343
  7. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.571; Шайх Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.479; Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.195 ва ҷ.6, саҳ.135-131
  8. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.373; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.157
  9. Ояти 219 сураи Бақара; ояти 90 сураи Моида; ояти 15 сураи Муҳаммад; оятҳои 36 ва 41 сураи Юсуф; ояти 67 сураи Наҳл; ояти 25 сураи Мутаффифин; ояти 23 сураи Тӯр; оятҳои 5 ва 17 сураи Инсон; ояти 34 сураи Набаъ; ояти 45 сураи Соффот; ояти 18 сураи Воқиа
  10. 10.0 10.1 Ояти 47 сураи Соффот
  11. 11.0 11.1 Ояти 19 сураи Воқиа
  12. 12.0 12.1 Ояти 23 сураи Тӯр
  13. 13.0 13.1 Ояти 47 сураи Соффот
  14. Ояти 90 сураи Моида
  15. Ояти 90 сураи Моида
  16. Ояти 91 сураи Моида
  17. Ояти 91 сураи Моида
  18. Ояти 15 сураи Муҳаммад
  19. Ояти 46 сураи Соффот
  20. Ҳошимӣ Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.634
  21. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ало мазҳаб-ил-имомия, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.343
  22. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.46; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.454
  23. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.47
  24. Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, Риёзул-масоил, 1422ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.544-547; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.453-455
  25. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқ Ҳилӣ, ал-Мухтасарун-нафиъ, 1410ҳ.қ., саҳ.222
  26. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.456
  27. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.373; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.157
  28. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.359-361; ҷ.6, саҳ.134 ва ҷ.18, саҳ.62-63
  29. Барои намуна ниг.: Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.286
  30. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.135; Ҳурри Омилӣ, Тафсилу васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.304; Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.502; Барои намуна ниг.: Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.260; Динаварӣ, аш-Шеър ва-ш-шуаро, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.250
  31. Барои намуна ниг.: Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.210; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.396; Ибни Абиҳотам, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.39; Замахшарӣ, ал-Кашшоф ан ҳақоиқ ғавомиз-ит-танзил, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.259-260; Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.286
  32. Субҳонӣ, Масодир-ул-фиқҳ-ил-исломӣ ва манодериҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.16; Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.328
  33. Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.15-17; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.370; Шаҳиди аввал, Зикри-ш-шиа фӣ аҳкомиш-шариа, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.114
  34. Шайх Тӯсӣ, Таҳзибул-аҳком, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.279; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.405; Ҳурри Омилӣ, Тафсилу васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.468-469
  35. Имом Хумайнӣ, Мавсуъатул-имомил-Хумайнӣ (ат-Таҳора), 1434ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.251
  36. Хӯӣ, ат-Танқеҳ фӣ шарҳил-урватул-вуфқо, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.191
  37. Аллома Ҳиллӣ, Мухталифуш-шиа, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.469
  38. Аллома Ҳиллӣ, Мухталифуш-шиа, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.469
  39. Шайх Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.453; Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фаоида ва-л-барҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.312
  40. Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.22-25; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.30
  41. Барои намуна ниг.: Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.714-745; Ибни Ихва, Маолим-ул-қурба фи аҳком-ил-ҳисба, 1976 м., саҳ.84
  42. Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.34, 186 ва 470-471; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.30-33; Шайх Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, 1415ҳ.қ., саҳ.16-19
  43. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.413-415; Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.156-162; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.36, саҳ.444-447

Сарчашма

  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1374ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталиф-уш-шиа, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ ат-тобеъа ли-Ҷамоат-ил-мударрисин, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Беҳбаҳонӣ, Муҳаммадбоқир, ар-Расоил-ул-фиқҳия, Қум, Муассисат-ул-аллома ал-муҷаддид ал-Ваҳид ал-Беҳбаҳонӣ, 1378ҳ.ш.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқ ғавомиз-ит-танзил, тасҳеҳ: Муҳаммад Абдуссалом Шоҳин, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, чопи севум, 1407ҳ.қ.
  • Зубайдӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тоҷ-ул-арӯс мин ҷавоҳир-ил-қомус, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Зуҳайлӣ, Ваҳба, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатиҳ, Димишқ, Дор-ул-фикр, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Абиҳотам, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Риёз, Мактабату Низор Мустафо ал-Боз, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Ихва, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Маолим-ул-қурба фи аҳком-ил-ҳисба, таҳқиқ: Муҳаммад Маҳмуд Шаъбон, Миср, беном, 1976 м.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Макрам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дор-ул-фикр ли-т-тибоъа ва-н-нашр ва-т-тавзиъ, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, тасҳеҳ: Иброҳим Абиёрӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бетаърих.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хумайнӣ (Китоб-ут-таҳора), Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи севум, 1434ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ (р), 1392ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1424ҳ.қ.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фаоида ва-л-барҳон фи шарҳи Иршод-ул-азҳон, Қум, Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмия, 1403ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Авоид-ул-айём фи баёни қавоид-ил-аҳком ва муҳиммоти масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмия, 1417ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ил-ислом, тасҳеҳ: Аббос Қучонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Масодир-ул-фиқҳ-ил-исломӣ ва манобеъиҳ, Бейрут, Дор-ул-азво, 1419ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Эрон, Носир Хусрав, чопи севум, 1372ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи севум, 1420ҳ.қ.
  • Фирӯзободӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Қомусул-муҳит, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, ат-Танқеҳ фи шарҳ-ил-урват-ил-вусқо, тақрир: Алӣ Ғаравии Табрезӣ, Қум, Нашри Лутфӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ул-макосиб, Қум, Конгураи ҷаҳонии бузургдошти Шайхи Аъзам Ансорӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Машриқ-уш-шамсайн ва иксир-ус-саодатайн, таҳқиқ: Сайид Маҳдӣ Раҷоӣ, Машҳад, Мабҳас-ил-буҳус-ил-исломия, 1414ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дор-уш-шарифи Разӣ, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, Муассисат-ул-биъса, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, Қум, Муассисаи Имом Ҳодӣ (а), 1415ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Китоб-ул-хилоф, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, бетаърих.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзибул-аҳком фи шарҳ-ил-Муқниъа ли-ш-Шайх Муфид, тасҳеҳ: Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи чорум, 1365ҳ.ш.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмад Қасир Амилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1417ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикр-уш-шиа фи аҳком-иш-шариа, Қум, Муассисату Ол-ил-байт, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-Лумъат-ид-димишқия, шарҳ: Ҳасан ибни Муҳаммад Султонулъулумо, Қум, Интишороти Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Нашри Носир Хусрав, 1364ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсилу васоил-уш-шиа ило таҳсили масоил-иш-шариа, таҳқиқ ва тасҳеҳи гурӯҳи пажӯҳиши Муассисату Ол-ил-байт, Қум, Муассисату Ол-ил-байт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.