Ҳадаси асғар

Аз wikishia
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ҳадаси асғар, ба чизе гуфта мешавад, ки вузуъ (таҳорат)-ро мешиканад ва ё ҳолате, ки бар асари ботил шудани вузуъ (таҳорат) дар инсон ба вуҷуд меояд ва монеъи анҷоми аъмоле мешавад, ки шарти анҷоми онҳо, таҳорат аст.[1]

Фақеҳон ҳадасро ба ҳадаси акбар ва ҳадаси асғар тақсим мекунанд. Ҳадаси асғар, ба маънои ҳадаси хурдтар, чизе аст, ки таҳоратро мешиканад. Ин маворид иборатанд аз: пешоб, мадфуъ, боди меъдаю рӯда аз бадан, хобе, ки ба сабаби он чашм набинад ва гӯш нашунавад, чизҳое ки ақлро аз байн мебарад (монанди девонагӣ, мастӣ ва беҳушӣ) ва истиҳозаи қалила.[2]

Ҳадас чизе аст, ки сабаби аз байн рафтани таҳорат мешавад.[3] Илова бар ин, ҳадас дар каломи фуқаҳо, ба ҳолате гуфта шудааст, ки бо сабабҳое ҳамчун баромадани пешоб, манӣ, ҳайз аз бадан ва ҳамчунин масси маййит дар инсон ба вуҷуд меояд ва монеъи анҷоми аъмоле мешавад, ки шарти анҷоми онҳо, таҳорат, аз ҷумла вузӯъ ва ғусл аст.[4] Аз аҳкоми ҳадас дар боби таҳорати рисолаҳои амалия ва дигар китобҳои фиқҳӣ сухан гуфтаанд.[5] Ба касе ки аз ӯ ҳадас содир шавад, муҳдис мегӯянд.[6]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246 - 248.
  2. Файзи Кошонӣ, Расоил, 1429ҳ.қ., ҷ.2, рисолаи 4, саҳ.22.
  3. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246.
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63; муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.246.
  5. Барои намуна бибинед: Шайх Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.43.
  6. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, 1426ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.246.

Сарчашма

  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ: мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимус-салом, зери назари Сайидмаҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт алайҳимус-салом, 1426ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, Расоили Файзи Кошонӣ, таҳқиқи Беҳзод Ҷаъфарӣ, Теҳрон, Мадрасаи олии Шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1429ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Китоб-ут-таҳорат, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайхи аъзам Ансорӣ, Қум, 1415ҳ.қ.