Үндана:Ояти ҳарс
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Номи оят | Ояти ҳарс |
| Воқеъ дар сураи | Бақара |
| Шумораи оят | 223 |
| Ҷузъ | 2 |
| Шаъни нузул | радди эътиқоди қавми яҳуд дар бораи маҳдудияти муносибатҳои заношӯӣ |
| Макони нузул | Мадина |
| Мавзуъ | фиқҳӣ, ахлоқӣ |
| Дар бораи | адами маҳдудият дар муносибатҳои заношӯӣ |
Ояти ҳарс (форсӣ: آیه حرث) бахше аз ояти 223 сураи Бақара аст, ки дар он ба муносибати заношӯӣ ва фарзандоварӣ ишора шудааст. Худованд дар ин оят, занонро ба киштзор ташбеҳ кардааст, ки мардон нутфаҳои худро дар он қарор медиҳанд.
Фақиҳон, аз ин оят, дар боби никоҳ дар китобҳои фиқҳӣ истифода кардаанд. Бештари онҳо бар асоси ин оят фатво додаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба таъбири «анно шиътум; ҳар гуна ки хостед», омезиш бо зан аз роҳи мақъад ҳам ҷоиз аст ва ривоёте дар таъйиди он овардаанд. Баъзе «анно»-ро ба «ҳар замоне» маъно карда ва бо истиндод ба ривоёте, ки аз ин амал наҳй кардаанд, фатво додаанд, ки ин кор макруҳ аст.
Худованд дар бахши поёнии оят тазаккур медиҳад, ки аъмоли солеҳро муқаддам бидоранд, тақвои илоҳӣ дошта бошанд ва бидонанд, ки дар қиёмат Худовандро мулоқот мекунанд ва ҳамаи аъмоли онҳо муҳосиба мешавад.
Сабаби номгузорӣ
Ояти 223 аз сураи Бақараро ояти ҳарс хондаанд, ки ба муносибати заношӯӣ ва фарзандоварӣ ишора кардааст.[1] Дар ин оят, Худованд бо ташбеҳи занон ба «ҳарс», яъне мазраа ё киштзор аз нақши вижаи онҳо дар тавлид ва зиёд кардани насл сухан гуфтааст.[2] Кинoя ва истиора будани таъбирҳои Қуръон дар масоили заношӯӣ ҳамчун ин оятро баёнгари риояи ахлоқ, иффати калом ва адаби Худованд дар Қуръон медонанд.[3] Иддае ташбеҳи занон ба киштзор дар ояти ҳарсро яке аз беҳтарин ва шевотарин таъбирҳои қуръонӣ барои баёни ин маъно донистаанд.[4] Баъзе низ гуфтаанд ташбеҳи занон ба киштзор ба сабаби ин аст, ки нутфаи мард ба манзилаи базрест, ки дар раҳими зан, кишт мешавад.[5] Баъзе таъбири зан ба киштзор дар ин оятро ташбеҳ ва иддае онро маҷоз, ва дигарон кинoя ё истиораи тамсилия[Ёддошт 1] медонанд.[6]
| “ | Занони шумо киштзори шумо ҳастанд, пас аз ҳар ҷо [ва ҳар гуна], ки хоҳед, ба киштзори худ дароед ва онҳоро барои худатон муқаддам доред ва аз Худо парво кунед ва бидонед, ки Ӯро дидор хоҳед кард ва муъминонро [ба ин дидор] мужда деҳ. [Бақара: 223] |
” |
Шаъни нузул
Бар асоси ривояте, ки аз Имом Ризо (а) дар шаъни нузули ояти 223 Бақара нақл шуда, ин оят дар радди баъзе ақоиди яҳуд дар мавриди омезиш бо занон нозил шудааст. Онҳо омезиш бо занонро танҳо аз пеш раво медонистанд ва гумон мекарданд, ки омезиш дар фарҷи зан аз пушт, сабаби аҳвал (дубин) ба дунё омадани фарзанд мешавад; ба ҳамин ҷиҳат ин оят нозил шуд, то ин корро ҷоиз шумурад.[7] Албатта барои ин оят шаъни нузулҳои дигаре низ гуфта шудааст.[8]
Истиндод ба ояти ҳарс дар наҳваи омезиш бо зан
Фақиҳон дар масъалаи «ватй-юл-маръа дубуран» (ба тоҷикӣ: омезиш бо ҳамсар аз роҳи мақъад) ва усулиён дар масъалаи «ал-амру ақиб-ал-ҳазр» (ба тоҷикӣ: фармони пас аз манъ) аз ин оят истифода кардаанд.[9]
Фақиҳони шиа бо истиндод ба ояти ҳарс барои истинботи ҳукми фиқҳии омезиш бо зан, назароти мухталифе ироа додаанд. Бештари онҳо ибораи «анно/اَنّیٰ»-ро дар оят ба «ҳар ҷо», «аз ҳар ҷо», «ҳар шакл» ё «ҳар гуна» маъно карда ва ояти ҳарсро далели ҳукми фиқҳии омезиш бо зан аз «дубур» (мақъад) қарор дода[10] ва бо таъйиди ин маъно аз сӯи баъзе ривоёт, ин амалро ҷоиз донистаанд.[11]
Дар муқобил, баъзе аз фақиҳон, «анно/اَنّیٰ»-ро ба «ҳар замоне» маъно карда ва иддо кардаанд ояти ҳарс дар мақоми баёни ҷоиз будани омезиш бо зан аз дубур (мақъад) надорад[12] ва ба сабаби мухталиф будани ривоёти марбута,[13] фаровонии ривоёте, ки аз ин амал наҳй карда ва шуҳрати фатвоӣ дар ин робита, ба кароҳати шадиди он фатво додаанд. Ҳамчунин гурӯҳе зимни макруҳ донистан, онро машрут ба ризояти зан қарор додаанд.[14]
Баъзеҳо низ ибораи «қаддиму ли-анфусикум» (ба тоҷикӣ: ва барои худ аз пеш бифиристед)-ро мустанади ҳаром будани омезиш аз роҳи мақъад қарор додаанд. Ба бовари инҳо, ояти ҳарс танҳо омезишеро ҷоиз шумурдааст, ки бо он тавлиди мисл карда шавад; ва аз он ҷо ки бо омезиш аз роҳи дубур (мақъад) фарзанде ба дунё оварда намешавад, пас ин ҳолат аз омезиш ҷоиз нест.[15] Иддае аз муфассирон, хитоби «қаддиму ли-анфусикум»-ро кинoя аз «фарзанди солеҳ» донистаанд;[16] бо ин истидлол, ки аъмоли солеҳи чунин фарзанд барои падару модараш низ ҳисоб мешавад.[17] Таботабоӣ нависандаи тафсири ал-Мизон супориш ба тақвои Илоҳиро дар ояти ҳарс риояи ҳаққу ҳуқуқ дар масоили заношӯӣ маъно кардааст.[18]
Оё дар ояти ҳарс ба зан таҳқир шудааст?
Иддае таъбири ояти ҳарс аз зан ба киштзорро навъе таҳқир ба ҷойгоҳи зан пиндошта ва оятро дастаки таҷовузи шавҳар ба ҳамсараш медонанд.[19] Дар таъйиди ин сухан, ба баъзе ривоёт ҳам истиндод шудааст;[20] аммо пажӯҳишгароне бо истиндод ба муҳтавои баъзе оятҳои дигар ҳамчун ояти 187 сураи Бақара ё ояти 13 сураи Ҳуҷурот, ки ба баробарии марду зан аз назари ҳувият ва ҷойгоҳи инсонӣ далолат доранд, ояти ҳарсро дар мақоми баёни тафовутҳои ҷисмӣ ва физикии зан ва мард барои таҳаққуқи ҳадафи фарзандоварӣ дониста ва гуфтаанд ин тафовутҳо ҳечгуна далолати арзишӣ барои мард ва зидди арзишӣ барои зан нест.[21] Ҳамчунин гуфта шуда ташбеҳ, ба маънои яке донистани ду чиз нест; балки барои баёни ҷанбаи монандии ошкор миёни он ду аст.[22]
Макорими Шерозӣ ва Таботабоӣ аз муфассирони шиа муътақиданд ояти ҳарс танҳо дар садади баёни зарурати вуҷуди зан дар иҷтимои инсонӣ аст; ба гуфтаи онҳо базр ба танҳоӣ арзише надоранд ва агар киштзор набошад, базрҳо ба куллӣ нобуд мешаванд ва ҳаёту бақои башар ба хатар меафтад; ҳамчунин аст агар занон набошанд.[23]
Мулоқот бо Худо
Дар бахши поёнии ояти 223 Бақара чунин омадааст: «ва-т-тақуллоҳа ваъламу аннакум мулоқуҳу ва башшир-ил-муъминин; ва аз Худо парво кунед ва бидонед, ки ӯро дидор хоҳед кард, ва муъминонро [ба ин дидор] мужда деҳ».[24] Дар ин ки марҷаи замир дар ҷумлаи «мулоқуҳу; ӯро дидор хоҳед кард» чист ва ин мулоқот, бо чи чизе хоҳад буд, ду қавл нақл шудааст:[25]
- Марҷаи замир Худованд аст; яъне мулоқот бо Худованд хоҳад буд ва оят ба мухотабони худ мегӯяд, ки тақвои Илоҳӣ пеша кунанд ва бидонанд, ки Худовандро мулоқот хоҳанд кард.[26] Мулоқот бо Худованд дар қиёмат рӯй хоҳад дод.[27] ва маънои мулоқот ғайр аз маънои руъят бо чашми зоҳирӣ аст.[28] Худованд дар ин бахш аз оят тазаккур медиҳад, ки аъмоли солеҳро муқаддам бидоранд, тақвои илоҳӣ дошта бошанд ва бидонанд, ки дар қиёмат Худовандро мулоқот мекунанд ва ҳамаи аъмоли онҳо муҳосиба мешавад.[29]
- Марҷаи замир савоб ва иқоби аъмол аст. Баъзе муфассирон дар тафсири ин бахш аз оят овардаанд, ки онҳо савоб ва иқоби аъмоли худро хоҳанд дид.[30]
Эзоҳ
- ↑ Хуросонӣ, «آیات نامدار», саҳ.381.
- ↑ Иброҳимӣ ва Бустон ва Дурустӣ, «دلالتهای تشبیه زنان به حرث در آیه ۲۲۳ سوره بقره با رویکرد تحلیلی - انتقادی آرای نواندیشان معاصر درباره آن», саҳ.105.
- ↑ Иброҳимӣ ва Бустон ва Дурустӣ, «دلالتهای تشبیه زنان به حرث در آیه ۲۲۳ سوره بقره با رویکرد تحلیلی - انتقادی آرای نواندیشان معاصر درباره آن», саҳ.106.
- ↑ Шайбонӣ, Наҳҷ-ул-баён ан кашфи маъони-ил-Қуръон, ҷ.1, саҳ.295; Сабзаворӣ, ал-Ҷадид, ҷ.1, саҳ.269.
- ↑ Фахруддини Розӣ, Мифтоҳ-ул-ғайб, ҷ.6, саҳ.421.
- ↑ Иброҳимӣ ва Бустон ва Дурустӣ, «دلالتهای تشبیه زنان به حرث در آیه ۲۲۳ سوره بقره با رویکرد تحلیلی - انتقادی آرای نواندیشان معاصر درباره آن», саҳ.115 - 117.
- ↑ Тӯсӣ, ал-Истибсор, ҷ.3, саҳ.244 - 245.
- ↑ Мавлавӣ ва Ғуломӣ ва Меҳрӣ, «تحلیل و نقد معنای واژه «أنی» در ترجمههای فارسی قرآن با تاکید بر نقش سیاق در ترجمه», саҳ.21 - 23.
- ↑ Ниг.: «وقوع امر وقع عقیب حظر یا در مقام توهم حظر», Сомонаи Мадрасаи фақоҳат - дарси хориҷи Ҳусайн Шупонӣ; «تمایل به حکم حلیت همراه با کراهت در مساله وطی در دبر», Пойгоҳи тахассусии фиқҳи ҳукуматии Васоил дарси хориҷи Ҷаводӣ Омулӣ; Ибни Ошур, ат-Таҳрир ва-т-танвир, ҷ.2, саҳ.353.
- ↑ Мавлавӣ ва Ғуломӣ ва Меҳрӣ, «تحلیل و نقد معنای واژه «أنی» در ترجمههای فارسی قرآن با تاکید بر نقش سیاق در ترجمه», саҳ.24.
- ↑ Ниг.: Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.2, саҳ.223 ва 224; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.20, саҳ.146 - 148.
- ↑ Мавлавӣ ва Ғуломӣ ва Меҳрӣ, «تحلیل و نقد معنای واژه «أنی» در ترجمههای فارسی قرآن با تاکید بر نقش سیاق در ترجمه», саҳ.25.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.100, саҳ.288.
- ↑ «تمایل به حکم حلیت همراه با کراهت در مساله وطی در دبر», Пойгоҳи тахассусии фиқҳи ҳукуматии Васоил дарси хориҷи Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ.
- ↑ Ниг.: Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, ҷ.1, саҳ.337, Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.29, саҳ.106.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.2, саҳ.213.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.27, саҳ.564.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.2, саҳ.214.
- ↑ Иброҳимӣ ва Бустон ва Дурустӣ, «دلالتهای تشبیه زنان به حرث در آیه ۲۲۳ سوره بقره با رویکرد تحلیلی - انتقادی آرای نواندیشان معاصر درباره آن», саҳ.106.
- ↑ Иброҳимӣ ва Бустон ва Дурустӣ, «دلالتهای تشبیه زنان به حرث در آیه ۲۲۳ سوره بقره با رویکرد تحلیلی - انتقادی آرای نواندیشان معاصر درباره آن», саҳ.106.
- ↑ Иброҳимӣ ва Бустон ва Дурустӣ, «دلالتهای تشبیه زنان به حرث در آیه ۲۲۳ سوره بقره با رویکرد تحلیلی - انتقادی آرای نواندیشان معاصر درباره آن», саҳ.117.
- ↑ Иброҳимӣ ва Бустон ва Дурустӣ, «دلالتهای تشبیه زنان به حرث در آیه ۲۲۳ سوره بقره با رویکرد تحلیلی - انتقادی آرای نواندیشان معاصر درباره آن», саҳ.118 ва 119.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.2, саҳ.319; Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, ҷ.2, саҳ.141.
- ↑ Сураи Бақара, ояти 223.
- ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, ҷ.2, саҳ.447.
- ↑ Қурашӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.1, саҳ.412.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.9, саҳ.37.
- ↑ Садрулмутааллиҳин, Тафсир-ул-Қуръон ал-карим, ҷ.3, саҳ.296.
- ↑ Фазлуллоҳ, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.4, саҳ.260.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.2, саҳ.565.
Ёддошт
- ↑ Ҳар гоҳ таркибе дар маънои мушобеҳи маънои худ ба кор равад, ба он, истиораи тамсилӣ гуфта мешавад. Ин навъи истиора бар навъе ташбеҳи тамсил мубатанӣ аст, дар «истиораи тамсилия» ваҷҳи шабаҳ (ваҷҳи муштараки мушобеҳати миёни ду чиз) аз умури мутааддид интизоъ шудааст ба иборати дигар, истиораи тамсилия, ташбеҳи яке аз ду тарафи истиора - ки аз умури мутааддид интизоъ шудаанд - ба тарафи дигар аст, ба тасаввури ин ки чизе ки шабоҳат аз он гирифта шуда айни чизест ки мавриди ташбеҳ қарор гирифтааст.
Сарчашма
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукрам, Лисон-ул-араб, Қум, Нашри Адаб-ул-ҳавза, 1405ҳ.қ.
- Ибни Ошур, Муҳаммадтоҳир, ат-Таҳрир ва-т-танвир, Бейрут, Муассисат-ут-таърих-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Қурашӣ, Сайид Алиакбар, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, Бунёди баъсат, чопи сеюм, 1377ҳ.ш.
- Лайло, Иброҳимӣ ва Ҳусайн, Бустон ва Маҳдӣ, Дурустӣ, «دلالتهای تشبیه زنان به حرث در آیه ۲۲۳ سوره بقره با رویکرد تحلیلی - انتقادی آرای نواندیشان معاصر درباره آن» («Дилолатҳои ташбеҳи занон ба ҳарс дар ояти 223 сураи Бақара бо равиши таҳлилӣ - интиқодӣ орои навандешони муосир дар бораи он»), дар фаслномаи илмӣ-тарвиҷии Мутолиоти улуми Қуръон, №12, 1401ҳ.қ.
- Мавлавӣ, Муҳаммад ва Ғуломӣ, Абдуллоҳ ва Марзия Меҳрӣ Собит, «تحلیل و نقد معنای واژه «أنی» در ترجمههای فارسی قرآن با تاکید بر نقش سیاق در ترجمه»، در دوفصلنامه علمی پژوهشی «پژوهشهای زبانشناختی قرآن», дар дуфаслномаи илмӣ-пажӯҳишии «Пажӯҳишҳои забоншинохтии Қуръон», №8, 1394ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Муғния, Муҳаммад Ҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ул-ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Сабзаворӣ, Муҳаммад, ал-Ҷадид фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ут-таъориф ли-л-матбуот, 1406ҳ.қ.
- Садрулмутааллиҳин, Муҳаммад ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қуръон ал-карим, таҳқиқ: Хоҷавӣ, Муҳаммад, Қум, Интишороти Бедор, чопи дуюм, 1366ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1412ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён. Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1408ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аълами ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
- Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти Ислом, чопи дуюм, 1378ҳ.ш..
- Тариҳӣ, Фахруддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, Теҳрон, Мактаб-ун-нашр-ус-сақофия-л-исломия, 1408ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Истибсор фимо ихталафа мина-л-ахбор, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, бетаърих.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-малик ли-т-тибоа ва-н-нашр, чопи дуюм, 1419ҳ.қ.
- Фахруддини Розӣ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Хуросонӣ, Алӣ, «آیات نامدار» («Оёти номдор»), Доират-ул-маорифи Қуръони карим, Қум, Бӯстони китоб, 1382ҳ.ш
- Ҷавҳарӣ, Абунаср Исмоил ибни Ҳаммод, ас-Сиҳоҳ (ат-Тоҷ-ул-луға ва сиҳоҳ-ул-арабия), Миср, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, бетаърих.
- Шайбонӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Наҳҷ-ул-баён ан кашфи маъони-ил-Қуръон, Қум, Нашри ал-Ҳодӣ, 1413ҳ.қ.
- «تمایل به حکم حلیت همراه با کراهت در مساله وطی در دبر» (Тамоюл ба ҳукми ҳалол будан ҳамроҳ бо кароҳат дар масъалаи ватй дар дубур), Пойгоҳи тахассусии фиқҳи ҳукуматии Васоил дарси хориҷи Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ, санаи дарҷи матлаб: 13 феврали 2016, санаи боздид: 7 ноябри 2026.
- «وقوع امر وقع عقیب حظر یا در مقام توهم حظر» (Вуқӯи амр воқеъ ақиб ҳазр ё дар мақоми таваҳҳуми ҳазр), Сомонаи Мадрасаи фақоҳат - дарси хориҷи Ҳусайн Шупонӣ, санаи дарҷи матлаб: 7 декабри 2022, санаи боздид: 7 ноябри 2026.