Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ояти 11 сураи Бақара

Аз wikishia
Ояти 11 сураи Бақара
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиСураи Бақара
Шумораи оят11
Ҷузъ1
Шаъни нузулМунофиқон
МавзуъЭътиқодӣ
Оёти муртабитОятҳои 8 то 20 сураи Бақара ва сураи Мунофиқун


Ояти 11 сураи Бақара (форсӣ: آیه ۱۱ سوره بقره) мунофиқонро фасодгароне тавсиф карда, ки даъвои ислоҳгарӣ доранд.[1] Дар сураи Бақара аз мунофиқони Мадина нахуст дар ояти 8 ёд шуда ва сипас дар оёти баъд аз ҷумла ояти 11, вижагиҳои ононро баён мекунад.

Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, яке аз вижагиҳои мунофиқон даъвои ислоҳгарии онон аст. Зеро вақте ба онон гуфта шавад дар рӯи замин фасод накунед, мегӯянд, ки мо фақат ислоҳкунанда ҳастем.[2]

Фахри Розӣ аз муфассирони аҳли суннат эҳтимол дода, ки ин гуфтугӯ миёни Расулуллоҳ (с) ва ё баъзе аз муъминон бо мунофиқон рух дода бошад.[3]

Ба гуфтаи Муҳсини Қироатӣ, агарчи мунофиқон пандпазир ва насиҳатхоҳ нестанд, вале беҳтар аст онҳоро мавъиза ва наҳй аз мункар кард.[4] Ҳамчунин ӯ муътақид аст, ки нифоқ, омили фасод аст ва мунофиқ дурӯя будани худро мардумдорӣ ва ислоҳталабӣ медонад ва ба ситоиши ноҷо аз худ, дар садади фиреб додани дигарон ва тавҷеҳи хилофкориҳои худаш аст.[5]

Шарафуддини Астарободӣ ва Сайид Ҳошими Баҳронӣ бо нақли ривояте аз тафсири Имом Ҳасани Аскарӣ (а), ояти 11 сураи Бақараро бар мунофиқоне татбиқ кардаанд, ки байъати худашонро бо Имом Алӣ (а) дар рӯзи Ғадир шикастанд.[6]

Эзоҳ

  1. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, бетаърих, ҷ.1, саҳ.74; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.138.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.94.
  3. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.306.
  4. Қироатӣ, Тафсири нур, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.60.
  5. Қироатӣ, Тафсири нур, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.60.
  6. Астарободӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.46; Баҳронӣ, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140.

Сарчашма

  • Астарободӣ, Алӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира фи фазоил-ил-итрат-ит-тоҳира, мусаҳҳеҳ: Устод Валӣ, Ҳусайн, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, 1416ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, 1383ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Муҳаммадҷаводи Баллоғӣ, Теҳрон, Интишороти Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмади Қасиромилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.