Ояти 13 сураи Бақара
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Воқеъ дар сураи | Сураи Бақара |
| Шумораи оят | 13 |
| Ҷузъ | 1 |
| Шаъни нузул | Мунофиқон |
| Мавзуъ | Эътиқодӣ |
| Оёти муртабит | Оёти 8 то 20 сураи Бақара ва сураи Мунофиқун |
Ояти 13 сураи Бақара (форсӣ: آیه ۱۳ سوره بقره) ба мунофиқоне ишора дорад, ки имон овардани мусалмонон ба Пайғамбар (с) ва дини Исломро бехирадӣ меноманд ва худро аз ин бехирадӣ дуртар мешуморанд, аммо Қуръон дар муқобил, мунофиқонро бехирадони воқеӣ медонад, ки аз бехирадии худ огоҳ нестанд.[1] Ин оят дар миёни оёти 8 то 20 сураи Бақара ҷойгир аст, ки ба вижагиҳои мунофиқон мепардозад.[2]
| “ | Ва чун ба онон гуфта шавад: «Ҳамон гуна ки мардум имон овардаанд, шумо низ имон биёваред», гӯянд: «Оё ҳамон гуна, ки бехирадон имон овардаанд, имон биёварем?» Огоҳ бошед, ки ҳамоно онҳо худ бехирадонанд, вале намедонанд. [Бақара: 13] |
” |
Дар тафсирҳо барои тавзеҳи бехирад будани мунофиқ ба якчанд нукта ишора шудааст:
- Бехирад касе аст, ки дар мавқеъе, ки интизор меравад чизеро ҳифз кунад, онро хароб мекунад.
- Мунофиқ дар ҷое, ки ба назар мерасад муъмин аст ва фармони Худоро анҷом медиҳад, дар ҳақиқат куфр меварзад ва нофармонӣ мекунад.[3]
- Мунофиқ дурӯягӣ ва фиребгарии худро ақлу ҳуш ва идрок мепиндорад.[4]
- Мунофиқ гирифтори ҷаҳли мураккаб аст; зеро илова бар камхирадӣ ва сафоҳат, ба ин ноқисии худ низ огоҳӣ надорад. Нисбат ба шахсияти худ ноогоҳ аст.[5]
- Мункар шумурдани маъруфҳо (некиҳо) ва маъруф шумурдани мункарҳо аз вижагиҳои мунофиқон аст.[6]
Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ, муаллифи тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, ояти 13 сураи Бақара нишон медиҳад, ки яке аз шеваҳои мунофиқон, таҳқири муъминон аст.[7] Ба гуфтаи ӯ, дар фарҳанги Қуръон, таслими ҳақ нашудан, сафоҳат аст.[8]
Шарафуддини Астурободӣ ва Сайид Ҳошими Баҳронӣ бо нақли ривояте аз тафсири Имом Ҳасани Аскарӣ (а), ояти 13 сураи Бақараро бар мунофиқоне, ки байъати худро бо Имом Алӣ (а) дар рӯзи Ғадир шикастанд, татбиқ кардаанд.[9]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.95.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, бетаърих, ҷ.1, саҳ.67; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.139; Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.307.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.139.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.95.
- ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.182.
- ↑ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири Роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.60.
- ↑ Фазлуллоҳ, Тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.146.
- ↑ Фазлуллоҳ, Тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147.
- ↑ Астурободӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.43; Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141.
Сарчашма
- Астурободӣ, Алӣ, Таъвил-ул-оёт-из-зоҳира фи фазоил-ил-итрат-ит-тоҳира, мусаҳҳеҳ: Устод Валӣ, Ҳусайн, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1409ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди беъсат, 1416ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Муҳаммадҷаводи Баллоғӣ, Теҳрон, Интишороти Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-малок ли-т-тибоъа ва-н-нашр, 1419ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири Роҳнамо, Қум, Бӯстони китоб, 1386ҳ.ш.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмади Қасири Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.