Оят-ул-курсӣ

Аз wikishia
Оят-ул-курсӣ
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОят-ул-курсӣ
Воқеъ дар сураиБақара
Шумораи оят255
Ҷузъ3
Шаъни нузулнадорад
Макони нузулМадина
Мавзуъэътиқодӣ
Дар бораитавҳид, асмо ва сифот
Дигарбоазаматтарин ояти Қуръон
Оёти муртабит256 ва 257 Бақара


Оят-ул-курсӣ (арабӣ: آية الكرسي) маҷмуае аз сифоти ҷалолу ҷамоли Худованд аст, ки ҳам шомили сифоти зотии Худованд аз ҷумла ваҳдоният, ҳаёт, қайюмият, илму қудрат ва ҳам шомили сифоти феъли Ӯ монанди моликият бар ҷаҳони ҳастӣ ва шафоат мешавад. Ин оят ба далели ҷумлаи «Васиъа курсийюҳ-ус-самовоти ва-л-арз» ба «Оятулкурсӣ» маъруф шудааст. Бархе оятҳои 256 ва 257 сураи Бақараро низ ҷузви он донистаанд; аммо ба назари бархеи дигар бо таваҷҷуҳ ба ривоёту шавоҳид оятулкурсӣ танҳо ояти 255 Бақара аст.

Дар манобеъи равоӣ, барои ин оят, вижагиҳо ва фазилатҳои фаровоне гуфта шудааст. Аз ҷумла дар баъзе ривоёт, ин оят бартарин ояти Қуръон шумурда шудааст. Хондани ин оят ҳамеша ва дар ҳамаи ҳол, ба вижа пас аз намоз, баъд аз вузӯ, қабл аз хоб, ҳангоми хуруҷ аз хона, ҳангоми мувоҷиҳа бо хатару сахтӣ ва ғ. тавсия шудааст. Хондани ин оят дар баъзе аз намозҳои мустаҳаб монанди намози шаби аввали қабр низ ворид шудааст.

Матн ва тарҷума

Ояти 255 сураи Бақара, ба ҷиҳати вожаи «ал-курсӣ» дар ин оят, Оят-ул-курсӣ номида шудааст.[1] Гуфта шуда ин оят дар садри Ислом ва замони Паёмбари акрам (с) ва имомони маъсум (а) низ ба Оят-ул-курсӣ маъруф будааст.[2] Матн ва тарҷумаи оят чунин аст:

Оят-ал-курсӣ ё оёт-ал-курсӣ

Машҳур миёни муфассирони шиа он аст, ки Оят-ал-курсӣ фақат ояти 255 сураи Бақара аст[3] ва ду ояти баъд ҷузви он нест.[4] Ба гуфта Сайид Муҳаммадҳусайн Теҳронӣ, Аллома Таботаботӣ – нависандаи тафсири ал-Мизон, муътақид аст, ки Оят-ал-курсӣ ояти 255 сураи Бақара аст ва ба иборати "ва ҳува-л-алий-юл-азим" хатм мешавад.[5] Макорими Шерозӣ, аз муфассирони шиа, шаш шоҳид барои инҳисори унвони Оят-ул-курсӣ бар ояти 255 сураи Бақара ироа кардааст; аз ҷумла:

  • Тамоми ривоёте ки дар фазилати ин оят нақл шуда, фақат ҳамин оятро Оят-ул-курсӣ хондаанд;
  • Таъбири "курсӣ" фақат дар ояти 255 омадааст;
  • Дар баъзе ривоёт ворид шуда ки Оят-ул-курсӣ панҷоҳ калима аст ва миқдори калимоти ояти 255, панҷоҳ калима аст.[6] Аз назари вай дар ривоётӣ ки дастур дода шуда ду ояти баъд низ хонда шаванд, унвони Оят-ул-курсӣ бар он ду оят гуфта нашудааст.[7]

Дар муқобили назари машҳур, бархе бо истинод ба баъзе аз ривоёт,[8][Ёддошт 1] оёти 256 ва 257 сураи Бақараро ҳам ҷузви Оят-ул-курсӣ донистаанд.[9] Ҳамин ривоётро низ сабаби машҳур шудани ду ояти баъдӣ ба Оят-ул-курсӣ дар миёни шиъён донистаанд.[10] Аз дигари далелҳо барои пайвастани оёти 256 ва 257 ба Оят-ул-курсиро пайванди амиқи мазмуни Оят-ул-курсӣ бо ду ояти баъд медонанд.[11] Сайид Муҳаммадкозми Таботабойии Яздӣ дар китоби ал-Урват-ул-вусқо дар намози лайлат-уд-дафн хондан то поёни ояти 257 «...ҳум фиҳо холидун»-ро мутобиқ бо эҳтиёт донистааст.[12]

Вожаи ал-курсӣ

ояти 255 сураи Бақара бо хатти насх, хаттот: Зайнулъобидин Исфаҳонии Султонӣ (1267ҳ.қ.)

Барои вожаи ал-курсӣ чанд маъно баён шудааст: 1.Тахту сарир; 2.Қаламрави фармондеҳӣ ва тадбир; 3.Маркази фармондеҳӣ ва тадбир ва 4.Илм.[13] Гуфта шуда мурод аз курсӣ дар Оят-ул-курсӣ ҳукумат, қаймумият, султа ва тадбири Худованд аст.[14]

Дар ривоёти мухталифе аз имомони шиа (а) курсӣ дар ин оят ба маънои илми Худованд тафсир шудааст ки маънои оят чунин мешавад: «Худованд, пеши рӯи онон ва пушти сарашонро медонад ва ба чизе аз илми Ӯ огоҳ нигараданд, ҷузи он чи худ бихоҳад. Курсӣ(=илм)-и Ӯ осмонҳо ва заминро фаро гирифтааст.»[15] Тибқи ҳадисе аз Имом Содиқ (а), «курсӣ» илми махсуси Худованд аст ки ҳеҷ як аз паёмбарон, фиристодагон ва [дигар] ҳуҷҷатҳояшро бар он огоҳ накардааст.[16]

Муҳтаво

Оят-ул-курсиро маҷмуае аз сифоти ҷалолу ҷамоли Худованд донистаанд[17] ва ин ки 16 мартаба номи Худо ва сифоти ӯ дар ин оят матраҳ шудааст; ба ҳамин сабаби Оят-ул-курсиро шиор ва паёми тавҳид хондаанд.[18] Ин оятро ҳам шомили сифоти зотии Худованд аз ҷумла ваҳдоният, ҳаёт, қайюмият, илм ва қудрат ва ҳам шомили сифоти феълии Ӯ монанди моликият бар ҷаҳони ҳастӣ ва шафоат донистаанд.[19]

Муфассирон зайли вожаҳои ин оят аз ҷумла "ал-ҳай", "ал-қайюм" ва "ал-курсӣ" баҳсҳои муфассале дар бораи ҳаёти Худованд, вобастагии тамоми ҳастӣ ба Худованд ва мурод аз курсӣ ва арши Худованд ироа додаанд.[20]

Фазилат ва хосият

Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон азимати Оят-ул-курсиро ба ҷиҳати шомил будани он бар маорифи дақиқе дар бораи тавҳиди холис ва қаймумияти мутлақи Худо донистааст.[21]

Дар фазилати Оят-ул-курсӣ аз Паёмбар (с) омадааст ки Оят-ул-курсӣ сайиди оятҳо ва бартарини онҳост ва ҳамаи хайрҳои дунё ва охиратро дар бар дорд.[22] Дар ривояти дигаре нақл шуда ки сарвари суханҳо Қуръон ва сарвари Қуръон сураи Бақара ва сарвари сураи Бақара Оят-ул-курсӣ аст.[23]

Ин оят дар миёни мусулмонон ҳамеша мавриди тавваҷуҳ ва таъзими хоссе буда. Иллат он аст ки ҳамаи маорифу таълимоти Ислом бар асоси «тавҳид» устувор аст ва дар Оят-ул-курсӣ тавҳид ба шакли ҷомеъ ва муҷаз баён шудааст. Дар ин оят, ҳам зоти Худованд тавсиф шуда ва ҳам сифоту афъоли Ӯ.[24]

Дар бораи хосияти тиловати Оят-ул-курсӣ, ривоёти фаровоне аз тариқи шиа[25] ва суннӣ[26] расидааст. Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки ҳар кас ин оятро як бор тиловат кунад, Худованд ҳазор маврид аз балоёи дунёро ки роҳаттарин он фақр аст ва ҳазор маврид аз сахтиҳои охиратро ки осонтарини он азоби қабр аст, бартараф мекунад.[27]

Бинобар ривояте ки аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст агар касе ҳангоме ки дарди чашм дорад Оят-ул-курсиро бихонад ва дар дилу нияташ ин бошад, ки беҳбуд меёбад иншоаллоҳ офият насибаш мешавад.[28]

Мавориди қироат

Бар асоси ривоёт,[29] хондани Оят-ул-курсӣ дар ҳама ҳол ба вижаи пас аз хондани намоз, қабл аз хоб, ҳангоми хуруҷ аз манзил, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо хатару сахтӣ, ҳангоми савор шудан бар маркаб, барои дафъи чашмзахм, барои саломатӣ ва ғ. тавсия шудааст.[30] Дар ривояте аз Имом Алӣ (а) нақл шуда агар бидонед ин оят чист ё дар он чист, дар ҳеҷ ҳоле онро тарк нахоҳед кард.[31] Фақиҳон низ қароати Оят-ул-курсиро дар мавориде ҳамчун баъд аз вузу, бар болини касе ки дар ҳоли ҷон додан аст, пас аз намозҳои воҷиб, ҳангоми хоб, дар сафар ва ғ. мустаҳаб донистаанд.[32] Хондани ин оят дар баъзе аз намозҳои мустаҳаб ҳамчун намози ғадир ва намози шаби аввали қабр (намози ваҳшат) низ ворид шудааст.[33]

Китобшиносӣ

Олимон бисёре ба таври мустақил бар ин оят тафсир навиштаанд; аз ҷумла Абдурраззоқи Кошонӣ, Шамсиддини Хафрӣ ва Муллосадрои Шерозӣ таҳти унвони «Тафсири Оят-ул-курсӣ». Ҳамчунин Муҳаммадтақии Фалсафӣ китобе бо унвони «Оят-ул-курсӣ, паёми осмонии тавҳид» навиштааст. Ин китоб тавассути Ҳусайни Сӯзанчӣ талхису танзим шуда ва ноширони мухталиф онро чоп кардаанд.

Оят-ул-курсӣ дар адабиёти форсӣ борҳои мавриди ишора қарор гирифтааст; аз ҷумла Касоии Марвазӣ дар интиқод аз касоне ки ҳақи имомонро ғасб карданд, чунин сурудааст:

Эй ба курсӣ бар нишаста «Оят-ул-курсӣ» ба даст,
Неши занбӯрон нигаҳ кун пеши хони ангубин.[34]

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.276
  2. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1490ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.447
  3. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1482ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.174; Кӯшо, « Оят-ул-курсӣ », саҳ.119
  4. Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.278
  5. Ҳусайнии Теҳронӣ, Меҳри тобон, 1426ҳ.қ., саҳ.177
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.276 ва 277
  7. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.277
  8. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.621
  9. Муайянӣ, «Оят-ул-курсӣ», саҳ.100
  10. Даштӣ, «Оят-ул-курсӣ», саҳ.469
  11. Кӯшо, «Оят-ул-курсӣ», саҳ.120
  12. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126
  13. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1472ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.628 - 629; Кӯшо, «Оят-ул-курсӣ», саҳ.119; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.272
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.272 - 274; Қаршии Биноӣ, Қомуси Қуръон, ҷ.6, саҳ.100
  15. Аскарӣ, 1426ҳ.қ., Ақоид-ул-Исломи мин-ал-Қуръон-ил-карим, ҷ.1, саҳ.487 - 388
  16. Садуқ, Маон-ил-ахбор, Дор-ул-маърифат, саҳ.29
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.262
  18. Кӯшо, «Оят-ул-курсӣ», саҳ.120
  19. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1490ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.428 - 336
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1490ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.428 - 336; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.262, 277; Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.491 - 395
  21. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1490ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.447
  22. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1464ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.268; Айёшӣ, ат-Тафсир, 1480ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147; Суютӣ, Ҷомеъ-ус-сағир, 1474ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.47
  23. Суютӣ, Ҷомеъ-ус-сағир, 1474ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.45
  24. Ғазолӣ, Ҷавоҳир-ул-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.74 - 75
  25. Ниг.: Айёшӣ, ат-Тафсир, 1480ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.146 ва 147
  26. Ниг.: Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.424 - 327
  27. Айёшӣ, ат-Тафсир, 1480ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.146 ва 147
  28. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1462ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.616
  29. Ба унвони намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.528, 536, 539, 543, 549, 557, 572, 573
  30. Муайянӣ, «Оят-ул-курсӣ», саҳ.101
  31. Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.509; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.425
  32. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1482ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.174
  33. Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1482ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.174
  34. Муайянӣ, «Оят-ул-курсӣ», саҳ.101

Ёддошт:

  1. Дар ривояте аз Паёмбар (с) нақл шуда ки фармуд: «Ҳар кас чаҳор оят аз аввали сураи Бақара, Оят-ул-курсӣ ва ду ояти баъд аз он ва се ояти охири сураи Бақараро бихонад, дар ҷону молаш бадӣ набинад ва ҳеҷ шайтоне ба ӯ наздик нашавад...» (Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.621.)

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ат-Тафсир (Тафсири Айёшӣ), таҳқиқи Ҳошими Расулӣ, Теҳрон, Мактабат-ул-илмийят-ул-исломийя, чопи аввал, 1480ҳ.қ.
  • Аскарӣ, Сайид Муртазо, Ақоид-ул-Исломи мин-ал-Қуръон-ил-карим, Қум, Куллияту усул-ид-дин, 1426ҳ.қ.
  • Ғазолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷавоҳир-ул-Қуръон, тасҳеҳ ва муқаддимаи Муҳаммад Рашид Ризо ал-Қабонӣ, Бейрут, Дор эҳё-ил-улум, 1411ҳ.қ./1990м.
  • Даштӣ, Сайид Маҳмуд, «Оят-ул-курсӣ» дар Доират-ул-маорифи Қуръони Карим, ҷ.1, Қум, Бӯстони китоб, 1482ҳ.ш.
  • Кафъамӣ, Иброҳм ибни Алӣ, ал-Мисбоҳ – ҷуннат-ул-амон-ил-воқия ва ҷанат-ул-имон-ил-боқия, Қум, Дор-ур-Разӣ, чопи дуввум, 1405ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқу тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Кӯшо, Маҳмадалӣ, «Оят-ул-курсӣ», дар Донишномаи муосири Қуръони Карим, Қум, Интишороти Салмони озода, 1497ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Муҳаммади ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1464ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
  • Муайянӣ, Муҳсин, «Оят-ул-курсӣ», дар Донишномаи Қуръону қуръонпажӯҳӣ, ҷ.1, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, Дӯстон - Ноҳид, 1477ҳ.ш.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, зери назари Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1482ҳ.ш.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсири ал-Кошиф, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маон-ил-ахбор, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-маърифат, бе то.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансури фии ат-Тафсири би-л-маъсўр, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ал-Ҷомеъ-ус-сағири фи аҳодис-ил-башир-ин-назир, Қоҳира, 1474ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисату аъламӣ, чопи дуввум, 1490ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Меҳри тобон, Машҳад, нури малакути Қуръон, 1426ҳ.қ.