Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ояти 10 сураи Бақара

Аз wikishia
Ояти 10 сураи Бақара
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиСураи Бақара
Шумораи оят10
Ҷузъ1
МавзуъЭътиқодӣ
Дар бораиБемордилии мунофиқон


Ояти 10 сураи Бақара (форсӣ: آیه ۱۰ سوره بقره) ба вуҷуди беморӣ ва мараз дар ҷону дили мунофиқон ишора дорад ва ин ки Худо низ бар он меафзояд.[1] Ин оят дар миёни оёти ибтидоии сураи Бақара (8 то 20) ҷой гирифта ва ба муаррифии мунофиқон ва баёни вижагиҳо ва рафторҳои онон мепардозад.[2]

Якчанд аз муфассирони шиа, бо истнод ба ин оят, нифоқ ва дурӯғро аз вижагиҳои мунофиқон медонанд[3] ва онро навъе бемории нафсонии[4] пайваста тавсиф мекунанд.[5]

Дар тафсири бемории ҷону дил, назароти гуногун матраҳ шудааст. Баъзе онро ба маънои шак дар Худо[6] ва дин[7] тафсир кардаанд ва гурӯҳи дигар онро ба маънои нифоқ,[8] куфр, кина[9] ва ё ҳасад нисбат ба Пайғамбар (с)[10] донистаанд.

Дар тафсири ибораи «фазодаҳум-ул-лоҳу маразан» гуфта шуда, ки Худо дар ибтидо дилу ҷони инсонҳоро бемор намекунад;[11] балки бемории дил ва афзоиши он ношӣ аз интихоби бероҳа тавассути худи инсон аст.[12] Гурӯҳи дигар, ин ибораро лаънат медонанд ба ин маъно, ки Худованд бар бемории онон биафзояд.[13]

Вожаи «якзибун» дар оятро баъзе ба кизби эътиқодӣ, яъне такзиби Худо ва Пайғамбар (с) тафсир кардаанд[14] ва гурӯҳи дигар онро дурӯғи гуфторӣ медонанд.[15] Дар якчанд аз қироатҳо, ба ҷои вожаи «якзибун» аз вожаи «юказзибун» истифода шуда, ки ба маънои такзиб ва болотар аз дурӯғ аст; зеро такзиб ба маънои нисбат додани дурӯғ ба шахси ростгӯст.[16]

Дар баъзе ривоёт, такзиб ва паймоншиканӣ нисбат ба байъат бо Имом Алӣ (а) аз мисдоқҳои ин оят зикр шудааст.[17]

Эзоҳ

  1. Ризоӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.178.
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.93.
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.94.
  4. Ризоӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.178.
  5. Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.378.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.135.
  8. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.72; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.135.
  9. Табарсӣ, Ҷавомеъ-ул-ҷомеъ, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.20
  10. Файзи Кошонӣ, ал-Асфо фи тафсир-ил-Қуръон, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.14.
  11. Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.263.
  12. Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.263; Ризоӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.178-179.
  13. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.72.
  14. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.135; Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.269.
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.135; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.94.
  16. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.135.
  17. Ҳасан ибни Алӣ, ат-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом ал-Ҳасан ал-Аскарӣ (а), 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.114.

Сарчашма

  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳибби-л-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Муҳаммадҷаводи Баллоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Тафсири Ҷавомиъ-ул-ҷомеъ, Қум, Ҳавзаи илмияи Қум – Маркази мудирияти Қум, 1412ҳ.к.
  • Таботабоӣ, Муҳаммад Ҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, ал-Асфо фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Мактаб-ул-иълом-ил-исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Ҳасан ибни Алӣ, ат-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом ал-Ҳасан ал-Аскарӣ (а), таҳқиқ: Мадраса ал-Имом ал-Маҳдӣ (а), Қум, Мактабат-ул-Имом ал-Маҳдӣ (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Исро, чопи ҳаштум, зимистони 1390ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмад Қасиромилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, бе то.