Фарзандоварӣ
Фарзандоварӣ (форсӣ: فرزندآوری) дар Қуръон ва аҳодиси маъсумон амре писандида шумурда шудааст. Дуои ҳазрати Иброҳим (а) ва Закариё (а) барои фарзандоварӣ дар синну соли пирӣ ва бишорати Илоҳӣ бар иҷобати дуои онҳоро нишонаи аҳамияти ин мавзуъ донистаанд. Ҳамчунин дар ҳадисе ба нақл аз Пайғамбар (с) омада ки ӯ дар қиёмат ба зиёдии ҷамъияти умматаш ифтихор мекунад.
Барои коҳиши фарзандоварӣ паёмадҳои ҷуброннопазире баршумурдаанд, ки аз ҷумлаи онҳо коҳиши рушди иқтисодӣ ва нерӯи кор ва мушкилоти фарҳангию сиёсӣ аст. Дағдағаҳои иқтисодӣ ва тарбиятӣ ва дар канори онҳо, тағйир дар сабки зиндагии мардумро низ аз муҳимтарин монеаҳои иқдом ба фарзандоварӣ қаламдод кардаанд. Мухолифони ин амр мегӯянд дар фарҳанги динӣ, рӯзии фарзандон аз ҷониби Худованд тазмин шудааст. Ҳамчунин бар ин боваранд, ки агар зиёд будани фарзандон мушкиле дар ин замина бошад, бояд хонаводаҳои яккафарзанд беҳтарин фарзандонро тарбият мекарданд.
Ҷойгоҳ
Дар Қуръон, аз фарзанд, бо вижагиҳо ва таъбирҳое ҳамчун неъмат,[1] зинати зиндагӣ,[2] нури чашм[3] ва сабаби ёрии Илоҳӣ[4] ёд шудааст. Ин тавсифот барои фарзандро баёнгари писандида будани фарзандоварӣ аз нигоҳи Қуръон донистаанд.[5] Ҳамчунин дуои ҳазрати Иброҳим (а)[6] ва Закариё (а)[7] барои фарзандоварӣ дар синни пирӣ ва аз он тараф, бишорати Илоҳӣ бар иҷобати дуои онҳо[8] низ нишонаи аҳамияти мавзуи фарзандоварӣ аз назари Қуръон шумурда шудааст.[9]
Дар байни ривоёт низ, аҳодиси зиёде аз маъсумон (а) баёнкунандаи матлуб будани фарзандоварӣ ва афзоиши ҷамъияти хонавода аст.[10] Дар китоби Кофӣ, аз манобеи муътабари ҳадисӣ, ривоёти мухталиф аз Пайғамбар (с) нақл шуда ки бар издивоҷ бо зани фарзандовар таъкид ва баён карда ман дар қиёмат ба зиёдии ҷамъияти умматам ифтихор мекунам.[11] Дар ҳадиси дигар, ки санади он мавриди пазириш қарор гирифта,[12] Пайғамбар ба сароҳат суфориш бар зиёдии фарзандоварӣ намудааст.[13]
Паёмадҳои коҳиши фарзандоварӣ
Дар бархе пажӯҳишҳо, «пирии ҷамъият» аслитарин паёмади манфии коҳиши фарзандоварӣ баён ва гуфта шуда ин рухдод паёмадҳои ҷуброннопазире ба дунбол хоҳад дошт; аз ҷумла:
- Мушкилоти иқтисодӣ: коҳиши тавлид ва рушди иқтисодӣ, ҳазинаҳои сангини суғурта, иҷрои тарҳҳои ҳимоятӣ барои бознишастагон, ки кишварро дучори буҳрони иқтисодӣ хоҳад кард.
- Муъзали нерӯи кор: бо коҳиши нерӯи кор, барои ҷилавгирӣ аз таътилии корхонаҳо ва ҳатто барои вазифаҳо ва мансабҳои муҳим бояд аз шаҳрвандои хориҷӣ истифода намуд.
- Хатарҳои сиёсӣ ва амниятӣ: тағйир дар бофти ҷамъиятии ҷомеъа ва коҳиши нерӯи ҷавон барои дифоъ аз амният ва иқтидори кишвар.[14]
Мушкилот ва дағдағаҳои фарзандоварӣ
Мушкилот ва монеаҳои чандоне баршумурдаанд, ки мӯҷиби худдории ашхос аз иқдом ба фарзандоварӣ мешавад.[15] Бархе аз ин мушкилот иборатанд аз:
Мушкили иқтисодӣ
Тарс аз нотавонии таъмини молии фарзандон ва хароҷоти онҳо яке аз дағдағаҳои ҳамешагии волидайн дар бораи фарзандоварӣ будааст;[16] дар ҳоле ки дар фарҳанги исломӣ, рӯзии фарзандон аз ҷониби Худованд тазмин шудааст.[17] Дар Қуръон хитоб ба касоне ки дар даврони ҷоҳилият, фарзандонашонро аз тарси фақру тангдастӣ ба қатл мерасонданд, ин корро гуноҳи бузург шумурда ва баён шудааст: «Мо онҳо ва шуморо рӯзӣ медиҳем.»[18] Ҳамчунин дар китоби Кофӣ омадааст яке аз асҳоби Имом Козим (а) тайи номае, назари эшонро дар бораи худдорӣ аз фарзандоварӣ ба ҷиҳати сахтии тарбияту камбуди молӣ ҷӯё шуд. Эмом посух дод: «Дар пай фарзанд бош; зеро рӯзии онҳоро Худованди азза ва ҷалл мерасонад.»[19]
Дағдағаи тарбият
Бархе зиёд будани фарзандонро монеъи тарбияти дурусти онҳо медонанд ва ба ин далел, майле ба фарзандоварӣ бештар надоранд.[20] Дар посух гуфта шуда ки аввалан, бо тавваҷуҳ ба бархе оёти Қуръон,[21] амри тарбияту ҳидояти инсонҳо ба даст Парвардигор аст. Сониян, агар масаълаи тарбият воқеан яке аз мушкилоти аслӣ дар ин мавзуъ бошад бояд хонаводаҳои яккафарзанд беҳтарин фарзандонро тарбият карда бошанд. Сеюм, ин ки агар меҳвари тарбияти фарзандон муҳаббат ва вилояти Аҳли Байт (а) бошад, бисёре аз нигарониҳо дар масаълаи тарбият аз байн меравад.[22]
Тағйири сабки зиндагӣ
Аз ҷумлаи монеаҳо дар масири фарзандоварӣ, тағйири сабки зиндагӣ бо рифоҳталабӣ ва худхоҳии бархе хонаводаҳо дониста шудааст;[23] яъне худхоҳии баъзе аз волидайн ва надоштани рӯҳияи исор дар онҳо боис шуда, ки ба танҳо будани фарзандашон таваҷҷӯҳе надошта бошанд ва ба умури рифоҳии худ бипардозанд; зеро овардани фарзандро сабаби халалдор шудани осоиши худ медонанд;[24] дар ҳоле ки дар сабки зиндагии исломӣ, рифоҳу осоиш ба унвони мақсади аслии зиндагӣ шинохта намешавад ва ҳар кадом аз рифоҳ ва машаққат, чунончи дар натиҷаи бандагии Худо бошад, матлуб шумурда мешавад.[25]
Такнигорӣ
Рисолаи никоҳия; коҳиши ҷамъият, зарбае саҳмгин бар пайкари муслимин, асари Сайид Муҳаммадҳусайни Теҳронӣ: ин китоб ҳосили суханрониҳои нависанда дар моҳи рамазони соли 1390ҳ.қ. дар масҷиди Қоим дар Теҳрон аст ки дар соли 1373ҳ.ш. тавассути муаллиф тасҳеҳ ва такмил шуд ва дар авҷи иҷрои сиёсатҳои кантроли ҷамъият, ба унвони як асари эътирозӣ мунташир гардид.[26]
Эзоҳ
- ↑ Сураи Наҳл, ояти 72
- ↑ Сураи Каҳф, ояти 46
- ↑ Сураи Фурқон, ояти 74
- ↑ Сураи Исро, ояти 6 ва сураи Шуаро, ояти 133
- ↑ Ҳайдарӣ ва Ғабишовӣ, «фарзандоварӣ дар ойинаи оёти Қуръон», Ойини раҳмат
- ↑ Сураи Соффот, ояти 100
- ↑ Сураи Оли Имрон, ояти 38; сураи Марям, оёти 5 ва 6
- ↑ Сураи Ҳуд, оёти 71 - 73; сураи Марям, оёти 7 ва 8
- ↑ Ҳайдарӣ ва Ғабишовӣ, «фарзандоварӣ дар ойинаи оёти Қуръон», Ойини раҳмат
- ↑ Мӯсавӣ, Мусбати се, 1400ҳ.ш., саҳ.44
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.333 ва 334, ҳадиси 1, 2, 3 ва 4
- ↑ Ҳайдарӣ ва Ғабишовӣ, «фарзандоварӣ дар ойинаи ривоёти исломӣ», Ойини раҳмат
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.2, ҳадиси 3
- ↑ Мӯсавӣ, Мусбати се, 1400ҳ.ш., саҳ.35 - 39; Ғабишовӣ, «фарзандоварӣ дар мизони ақлонияти иҷтимоӣ ва ахлоқ», Ойини раҳмат
- ↑ Ҳайдарӣ ва дигарон, «Фарзандоварӣ: авомили савқдиҳанда ва боздоранда», саҳ.243
- ↑ Мӯсавӣ, Мусбати се, 1400ҳ.ш., саҳ.96
- ↑ Ҳайдарӣ ва Ғабишовӣ, «фарзандоварӣ дар ойинаи ривоёти исломӣ», Ойини раҳмат
- ↑ Сураи Исро, ояти 31
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.3, ҳадиси 7
- ↑ Мӯсавӣ, Мусбати се, 1400ҳ.ш., саҳ.109
- ↑ Сураи Қасас, ояти 56
- ↑ Мӯсавӣ, Мусбати се, 1400ҳ.ш., саҳ.109 - 111
- ↑ Мӯсавӣ, Мусбати се, 1400ҳ.ш., саҳ.117 - 119
- ↑ «худхоҳӣ ва адами эсори волидайни омили аслии коҳиши фарзанд», Вебгоҳи балоғ
- ↑ Мӯсавӣ, Мусбати се, 1400ҳ.ш., саҳ.118
- ↑ Пойгоҳи интерентии Мактаби ваҳй
Сарчашма
- «خودخواهی و عدم ایثار والدین عامل اصلی کاهش فرزند», Вебгоҳи Балоғ, санаи дарҷи матлаб: 6 даии 1400ҳ.ш., санаи боздид: 23 тири 1402ҳ.ш.
- Мӯсавӣ, Сайид Ҳусайн, Мусбати се, Қум, ҳайати имрӯз, 1400ҳ.ш.
- Ғабишовӣ, Алӣ, «فرزندآوری در میزان عقلانیت اجتماعی و اخلاق», Ойини раҳмат, Вебгоҳи дафтари Оятуллоҳи Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 19 тири 1402ҳ.ш.
- Қуръони Карим.
- Ҳайдарӣ, Аҳмаду Алӣ Ғабишовӣ, «فرزندآوری در آئینه آیات قرآن», Ойини раҳмат, Вебгоҳи дафтари Оятуллоҳи Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 17 тири 1402ҳ.ш.
- Ҳайдарӣ, Аҳмаду Алӣ Ғабишовӣ, «فرزندآوری در آئینه روایات اسلامی», Ойини раҳмат, Вебгоҳи дафтари Оятуллоҳи Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 17 тири 1402ҳ.ш.
- Ҳайдарӣ, Заҳро ва дигарон, «Фарзандоварӣ: авомили савқдиҳанда ва боздоранда», дар нашрияи Пажӯҳишкадаи улуми беҳдоштии ҷиҳоди донишгоҳӣ, №3, хурдоду тири 1398ҳ.ш.
- ٰКулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, ба таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Охундӣ, Муҳаммад, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.