Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Муношада ба Ғадир

Аз wikishia

Муношада ба Ғадир (форсӣ: مُناشَدَه به غدیر) ба иқроргирӣ аз саҳоба дар бораи воқеаи Ғадир бо савганд додани онҳо ишора дорад. Аз дидгоҳи шиа, муношадаҳо ҳамчун яке аз далелҳои имомат ва ҳаққонияти хилофати бевоситаи Имом Алӣ (а) ба шумор меоянд.

Бар асоси гузоришҳо, Имом Алӣ (а) дар рӯйдодҳое монанди шӯрои шашнафара, давраи хилофати Усмон, моҷарои Руҳба ва ҷангҳои Ҷамал ва Сиффин ба воқеаи Ғадир муношада кардааст. Шахсиятҳои дигаре монанди ҳазрати Фотима (а), Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), Умар ибни Абдулазизи Умавӣ ва Маъмуни Аббосӣ низ ба ҳадиси Ғадир истинод карда ё муношада анҷом додаанд.

Ин гузоришҳо дар сарчашмаҳои шиа ва аҳли суннат, нақл шуда ва дар китоби ал-Ғадир бахше мустақил ба онҳо бахшида шудааст. Дар муқобил, аҳли суннат асли воқеаи Ғадирро мепазиранд, аммо далолати онро бар имомат қабул надоранд ва яке аз далоили ин дидгоҳро истинод надодани Имом Алӣ (а) ба Ғадир донистаанд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Муношада ба Ғадир иборат аст аз савганд додани ашхос ба Худо дар ҷойҳои умумӣ барои иқрор ба воқеаи Ғадир ва тасдиқи ҳадиси Ғадир.[1] Дар ин равиш, бар хилофи эҳтиҷоҷ, ба ҷои арзаи бевоситаи истидлол, аз савганд барои тасдиқи сиҳҳати як рӯйдод ё ҳадис истифода мешавад.[2] Аз нигоҳи шиа, муношадаҳо илова бар исботи вуқуи Ғадир, мустанаде барои ҳаққоният ва хилофати бевоситаи Имом Алӣ (а) ба шумор мераванд.[3]

Баъзе муҳаққиқон муътақиданд шиаён дар музокироти худ ба муношадаҳои марбут ба Ғадир истинод кардаанд.[4] Ба гуфтаи Аллома Аминӣ истинод ва муношада ба ҳадиси Ғадир, дар байни саҳоба ва тобеин, ривоҷ доштааст.[5] Ӯ далели ин ривоҷро пазириши воқеаи Ғадир аз сӯи мувофиқон ва мухолифон донистааст.[6] Ӯ дар китоби ал-Ғадир низ қисматеро ба муношадаҳо ва эҳтиҷоҷҳо бахшида[7] ва аз онҳо барои исботи тавотури ҳадиси Ғадир истифода кардааст.[8] Муношадаҳо дар манбаъҳои ҳадисӣ низ ба сурати пароканда нақл шудаанд.[9]

Муношадаҳои Имом Алӣ (а)

Ба гуфтаи Аллома Аминӣ, Имом Алӣ (а) дар бисёр маворид ба ҳадиси Ғадир истинод карда ва саҳобаи ҳозир дар ҳаҷҷатулвидоъро дар маҷомеи умумӣ савганд медод, то бар воқеаи Ғадир шаҳодат диҳанд.[10] Баъзе аз он маворид иборатанд аз:

Дар шӯрои шашнафара

«Шуморо ба Худо савганд медиҳам, оё касе дар миёни шумо ҳаст, ки Расули Худо (с) дар рӯзи Ғадири Хум дар бораи ӯ фармуда бошад: Ҳар кас ки ман мавлои ӯ ҳастам, Алӣ мавлои ӯст, Худоё ёрӣ кун касеро, ки ӯро ёрӣ кунад ва душманӣ кун бо касе, ки бо ӯ душманӣ кунад? Ҳозирон ҷавоб доданд: Худоё, не. Имом пас аз он ба ояти икмол ки пас аз муаррифии ӯ ба имомат нозил шуда буд, ишора кард ва бо таъйиди ҳозирон рӯ ба рӯ гардид.»[11]


Имом Алӣ (а) дар шӯрои шашнафара дар баёни фазоили худ[12] бо қасам додани онҳо ба воқеаи Ғадир ва интихоби ӯ аз ҷониби Пайғамбар (с) ишора кард ва тамоми аъзои шӯро ба сидқи гуфтори Имом гувоҳӣ доданд.[13]

Дар замони хилофати Усмон

Дар давраи хилофати Усмон ибни Аффон, музокирае миёни ансор ва муҳоҷирон дар бораи фазоили онҳо баргузор шуд.[14] Пас аз анҷоми гуфтугӯҳо, аз Имом Алӣ (а) хостанд, то сухан гӯяд. Ӯ зимни баён ин ки ҳамаи фазоил аз сӯи Худованд аст, ба баъзе фазоили худ ёдовар шуд ва бо савганд додани ҳозирон, аз онҳо хост шаъни нузули баъзе оятҳоро дар бораи ӯ тасдиқ кунанд. Пас аз таъйиди ҳозирон, имом ба насби худ ба имомат аз ҷониби Худо дар рӯзи Ғадир ишора кард.[15] Сулайм ибни Қайс, ривоятгари ин воқеа, номи сӣ нафар аз афроди ҳозир дар ин гирдиҳамоиро зикр кардааст.[16]

Дар моҷарои Руҳба

Пас аз вуруди Имом Алӣ (а) ба Кӯфа дар соли 35-уми ҳиҷрӣ ва дар паи эҷоди тардид дар бораи хилофати ӯ, дар иҷтимои мардум дар майдони Руҳба ҳозир шуд ва мардумро ба Худо савганд дод, то ба дурустии ҳадиси Ғадир шаҳодат диҳанд. Бисёре аз ҳозирон гуфтори Имомро тасдиқ карданд.[17] Ин рӯйдод ба истишҳоди Руҳба[18] ё муношадаи Руҳба[19] низ шинохта мешавад ва дар сарчашмаҳои аҳли суннат низ нақл шудааст.[20]

Дар ҷанги Ҷамал ва Сиффин

Дар ҷанги Ҷамал, Имом Алӣ (а), Талҳа ибни Убайдуллоҳро савганд дод, ки оё аз Пайғамбар (с) ҳадиси «Ман кунту мавлоҳу фа ҳаза Алӣ мавлоҳ»-ро аз Пайғамбар нашунидааст? Талҳа суханони Ҳазрати Алӣ (а)-ро тасдиқ кард ва бидуни изҳори назар бозгашт[21] ва гуфта шудааст аз ҷанг бо имом низ сарфи назар кард.[22]

Ҳамчунин бар асоси гузорише аз Сулайм ибни Қайс Ҳилолӣ, Имом Алӣ (а) дар ҷанги Сиффин, сипоҳиёни худро бо истинод ба ҳадиси Ғадир ба вилояти хеш савганд дод.[23] Дар паи он, 12 нафар аз саҳоба монанди Абулҳайсам ибни Тайҳон, Абуайюби Ансорӣ, Аммор ибни Ёсир ва Хузайма ибни Собит, суханони ӯро тасдиқ карданд ва монанди суханони Пайғамбар (с) донистанд. Сипас ҳафтод нафари дигар низ суханони ӯро тасдиқ карданд.[24] Гузориши ба ин монанде дар китоби ал-Ғайбаи Нуъмонӣ омадааст, ки дар он Имом Алӣ (а) дар дидори намояндагони Муовия, бидуни муношада ба воқеаи Ғадир истинод кардааст.[25]

Муношадаҳои дигарон ба ҳадиси Ғадир

Аллома Аминӣ дар китоби ал-Ғадир ба 22 намуна ишора мекунад, ки дар онҳо илова бар Имом Алӣ (а), афроде монанди Ҳазрати Фотима (а), Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а) ва баъзе аз хулафо монанди Умар ибни Абдулазиз ва Маъмуни Аббосӣ ба ҳадиси Ғадир истинод ё муношада кардаанд.[26] Барои намуна, дар соли 58 ҳиҷрӣ, Имом Ҳусайн (а) дар сарзамини Мино, дар ҷамеъе ҳудуди 700 нафар аз Банӣ Ҳошим, ансор, ва ҳамчунин 200 нафар аз асҳоби Пайғамбар (с) ҳозиронро савганд дод, то дурустии ҳадиси Ғадирро тасдиқ кунанд ва онҳо низ ба он гувоҳӣ доданд.[27]

Ҳамчунин гузорише аз муношадаи Имом Алӣ (а) дар бораи ояти вилоят дар дидор бо Абубакр пас аз ғасби хилофат нақл шудааст.[28]

Дидгоҳи аҳли суннат

Баъзе аҳли суннат, муътақиданд Имом Алӣ (а) барои исботи имомати худ ба ҳадиси Ғадир истинод накардааст ва гурӯҳе андак низ асли воқеаи Ғадирро инкор кардаанд.[29] Бар ин асос, баъзе муношадаҳо рад шуда[30] ё бахшҳое аз онҳо ҳазф гардидааст.[31] Ин дидгоҳ маъмулан бо нигариши онҳо нисбат ба саҳоба ва хулафо иртибот дорад.[32] Дар баъзе муношадаҳо, низ амалкарди хулафо аз сӯи Имом Алӣ (а) нақд шудааст.[33]

Эзоҳ

  1. ↑ Диёрии Бегдилӣ, «تحلیل رویکردهای حدیثی علامه امینی پیرامون احادیث مناشَدَه در کتاب الغدیر», саҳ.163.
  2. ↑ Диёрии Бегдилӣ, «تحلیل رویکردهای حدیثی علامه امینی پیرامون احادیث مناشَدَه در کتاب الغدیر», саҳ.136.
  3. ↑ Диёрии Бегдилӣ, «تحلیل رویکردهای حدیثی علامه امینی پیرامون احادیث مناشَدَه در کتاب الغدیر», саҳ.133.
  4. ↑ Зайналӣ, Бар каронаҳои китоби ал-Ғадир, саҳ.6; Диёрии Бегдилӣ, «تحلیل رویکردهای حدیثی علامه امینی پیرامون احادیث مناشَدَه در کتاب الغدیر», саҳ.135.
  5. ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.1, саҳ.327.
  6. ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.1, саҳ.327.
  7. ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.1, саҳ.328 - 422.
  8. ↑ Диёрии Бегдилӣ, «تحلیل رویکردهای حدیثی علامه امینی پیرامون احادیث مناشَدَه در کتاب الغدیر», саҳ.138.
  9. ↑ Ниг.: Ҳамавӣ Шофеъӣ, Фароид-ус-симтайн, ҷ.1, саҳ.31; Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, ҷ.6, саҳ.258 - 233, Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.1, саҳ.115 - 130.
  10. ↑ Диёрии Бегдилӣ, «تحلیل رویکردهای حدیثی علامه امینی پیرامون احادیث مناشَدَه در کتاب الغدیر», саҳ.163.
  11. ↑ Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, ҷ.3, саҳ.91; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.1, саҳ.147.
  12. ↑ Шайхи Садуқ, ал-Хисол, ҷ.2, саҳ.554 - 564; Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, саҳ.545 - 554; Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, ҷ.5, саҳ.27 - 30; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, саҳ.313 - 315.
  13. ↑ Қозӣ Нуъмон, Шарҳ-ул-ахбор, ҷ.2, саҳ.191; Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, саҳ.546.
  14. ↑ Ҳамавӣ Шофеъӣ, Фароид-ус-симтайн, ҷ.1, саҳ.314 - 315; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.1, саҳ.145.
  15. ↑ Ҳамавӣ Шофеъӣ, Фароид-ус-симтайн, ҷ.1, саҳ.314 - 315; Қандузӣ, Янобиъ-ул-мавадда, ҷ.1, саҳ.343; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.1, саҳ.145; Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, ҷ.5, саҳ.33; Баҳронӣ, Аволим-ул-улум, саҳ.232 - 233.
  16. ↑ Ҳамавӣ Шофеъӣ, Фароид-ус-симтайн, ҷ.1, саҳ.314 - 315; Қандузӣ, Янобиъ-ул-мавадда, ҷ.1, саҳ.343; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.1, саҳ.145; Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, ҷ.5, саҳ.33; Баҳронӣ, Аволим-ул-улум, саҳ.232 - 233.
  17. ↑ Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, ҷ.6, саҳ.323; Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, ҷ.3, саҳ.366; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, ҷ.4, саҳ.276 - 277; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.5, саҳ.210; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, ҷ.42, саҳ.209.
  18. ↑ Музаффар, Далоил-ус-сидқ, ҷ.6, саҳ.390.
  19. ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.1, саҳ.106.
  20. ↑ Ниг.: Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.1, саҳ.339 - 378.
  21. ↑ Шуштарӣ, Иҳқоқ-ул-ҳақ, ҷ.21, саҳ.106; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, саҳ.182.
  22. ↑ Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ.2, саҳ.364.
  23. ↑ Сулайм ибни Қайс Ҳилолӣ, Китоби Сулайм ибни Қайс Ҳилолӣ, саҳ.757 - 758; Баҳронӣ, Аволим-ул-улум, саҳ.261.
  24. ↑ Сулайм ибни Қайс Ҳилолӣ, Китоби Сулайм ибни Қайс Ҳилолӣ, саҳ.757 - 758.
  25. ↑ Нуъмонӣ, ал-Ғайба, саҳ.69 - 73.
  26. ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.1, саҳ.327 - 422.
  27. ↑ Аллома Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.1, саҳ.399; Қарашӣ, Ҳаёт ал-Имом ал-Ҳусайн (а), ҷ.1, саҳ.201 - 202.
  28. ↑ Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.1, саҳ.161.
  29. ↑ Ҷамолӣ, Насирӣ, «استشهاد امیرالمؤمنین به حدیث غدیر در مسند احمد بن حنبل», саҳ.206.
  30. ↑ Ниг.: Заҳабӣ, Мизон-ул-иътидол, ҷ.1, саҳ.422.
  31. ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, ҷ.2, саҳ.157; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, ҷ.42, саҳ.431.
  32. ↑ ««حدیث مناشده یوم الشوری»», Маҷмаи ҷаҳонии шиашиносӣ.
  33. ↑ Ниг.: Хоразмӣ, ал-Маноқиб, саҳ.313; Заҳабӣ, Мизон-ул-иътидол, ҷ.1, саҳ.422; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Лисон-ул-мизон, ҷ.2, саҳ.157; Шайхи Садуқ, ал-Хисол, ҷ.2, саҳ.554.

Сарчашма

  • Аллома Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-Китоб ва-с-сунна ва-л-адаб, Қум, Марказ-ул-ғадир ли-д-диросот-ил-исломия, 1416ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Абдуллоҳ, Аволим-ул-улум (ал-Имом Алӣ (а)), Қум, Муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), чопи дуюм, 1382ҳ.ш.
  • Диёрии Бегдилӣ, Муҳаммадтақӣ ва дигарон, «تحلیل رویکردهای حدیثی علامه امینی پیرامون احادیث مناشَدَه در کتاب الغدیر» («Таҳлили рӯйкардҳои ҳадисии Аллома Аминӣ пиромуни аҳодиси муношада дар китоби ал-Ғадир»), Фаслномаи Сафина, соли ҳаждаҳум, №70, баҳори 1400ҳ.ш.
  • Зайналӣ, Ғуломҳусайн, Бар каронаҳои китоби «ал-Ғадир фи-л-китоб ва-с-сунна ва-л-адаб», Теҳрон, муаллиф, бетаърих.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Мизон-ул-иътидол фи нақди-р-риҷол, Бейрут, Дор-ул-маърифа ли-т-тибоат ва-н-нашр, 1382ҳ.ш.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таърихи мадинати Димишқ ва зикри фазлиҳо ва тасмияти ман ҳаллаҳо минал-амотил ав иҷтоза бинавоҳиҳо мин воридиҳо ва аҳлиҳо, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Лисон-ул-мизон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Қандузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-мавадда, Қум, Усва, чопи дуюм, 1422ҳ.қ.
  • Қарашӣ, Боқир Шариф, Ҳаёт ал-Имом ал-Ҳусайн (а), Қум, Мадрасаи илмияи Эронӣ, 1413ҳ.қ.
  • Қозӣ Нуъмон, Нуъмон ибни Муҳаммад, Шарҳ-ул-ахбор фи фазоил-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1409ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маъодин-ул-ҷавҳар, Қум, Дор-ул-ҳиҷра, 1409ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммад Ҳасан, Далоил-ус-сидқ ли-наҳҷ-ил-ҳақ, Қум, Муассисаи Ол-ил-байт, 1422ҳ.қ.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Сулайм ибни Қайс Ҳилолӣ, Китоби Сулайм ибни Қайс Ҳилолӣ, Қум, Ҳодӣ, 1405ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ало аҳли-л-лаҷоҷ, Машҳад, Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, ал-Маноқиб, Қум, Ҷомеаи мударрисӣн, 1400ҳ.қ.
  • Ҳамавӣ Шофеъӣ, Иброҳим ибни Саъдуддин, Фароид-ус-симтайн, Бейрут, Муассиса ал-Маҳмуд, 1400ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудот би-н-нусус ва-л-муъҷизот, Бейрут, Аъламӣ, 1425ҳ.қ.
  • Ҷамолӣ, Ҳусайн ва Муҳаммадҳусайн Насирӣ, «استشهاد امیرالمؤمنین به حدیث غدیر در مسند احمد بن حنبل» («Истишҳоди Амирулмуъминин ба ҳадиси Ғадир дар Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал»), Имоматпажӯҳӣ, давраи 11, №2 - № паёпи 30, обони 1400ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, таҳқиқи Алиакбар Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Иҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, Мактаба Оятуллоҳ ал-Марашӣ ан-Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • ««حدیث مناشده یوم الشوری»» (Ҳадиси муношадаи явм-уш-шӯро), Сайти Маҷмаи ҷаҳонии шиашиносӣ, санаи боздид: 3 ноябри 2026.