Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҳадиси Зикру Алийин ибода

Аз wikishia
Ҳадиси Зикру Алийин ибода
Хушнависии ҳадиси «Зикри Алӣ ибода», асари устод Фарҳод Шерхонӣ
Хушнависии ҳадиси «Зикри Алӣ ибода», асари устод Фарҳод Шерхонӣ
Содиршуда азПайғамбар (с)
РовиёнОиша ва дигарон
Сарчашмаи шиаАл-Ихтисос, Маноқиби Оли Абитолиб, Кашф-ул-яқин
Сарчашмаи суннӣМаноқиби Ибни Мағозилӣ, Фатҳ-ул-кабир, Шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир
Ҳадисҳои машҳур
Ҳадиси Силсилат-уз-заҳабҲадиси СақалайнҲадиси КисоМақбулаи Умар ибни ҲанзалаҲадиси Қурби навофилҲадиси МеъроҷҲадиси ВилоятҲадиси Висоят Ҳадиси Ҷунуди ақлу ҷаҳлҲадиси Шаҷара


Зикру Алийин ибода (арабӣ: ذِکرُ علیٍّ عِبادَة ба маънии Ёди Алӣ ибодат аст) ҳадисе аз Пайғамбари Ислом дар бораи ибодат будани ёди Имом Алӣ (а) аст, ки фазилате барои ӯ шумурда мешавад. Ин ҳадис дар сарчашмаҳои шиа ва суннӣ нақл шудааст.

Бархе уламои шиа, манзур аз ибодат дар ин ҳадисро сарфи такрори номи Имом Алӣ (а) надониста, балки онро нозир ба тафаккур дар мақоми ӯ медонанд. Ёди Имом Алӣ (а) ва дигар маъсумон (а) муқаддимае барои пайравӣ аз онон дар рафтор ва амал муаррифӣ шудааст.

Ҷойгоҳ ва санади ҳадис

Ҳадиси зикру Алийин ибода, аз Пайғамбари Ислом нақл шудааст[1] ва ба унвони фазилате барои Имом Алӣ (а) шумурда мешавад.[2] Ин ҳадис дар сарчашмаҳои мутааддиди шиа[3] ва суннӣ[4] гузориш шудааст. Дар китоби Ихтисос, ин ибора дар радифи ривояте набавӣ омада, ки дар он ёди Худо, Пайғамбар ва Имом Алӣ ва дигар имомон (а) ибодат шумурдааст.[5] Ҳамчунин дар китоби Маноқиби Оли Абитолиб асари Ибни Шаҳрошӯб (ваф.588ҳ.қ.)[6] ва Кашф-ул-яқин[7] таълифи Аллома Ҳилли (ваф.726ҳ.қ.) низ нақл шудааст.

Ин ҳадис дар сарчашмаҳои аҳли суннат ҳамчун Маноқиби Ибни Мағозилӣ (ваф.483ҳ.қ.),[8] Фатҳ-ул-кабири асари Суютӣ (ваф.911ҳ.қ.)[9] ва Шарҳи ҷомеъ-ус-сағир асари Санъонӣ (ваф.1182ҳ.қ.)[10] ба нақл аз Оиша ривоят шудааст.[11]

Бархе аз уламои аҳли суннат, Ҳасан ибни Собири Касоӣ, яке аз ровиёни онро, заиф донистаанд.[12] Китоби «Ал-Ибода ли ҳукм-ил-вазъ ало ҳадиси зикру Алийин ибода», асари Сайид Ҳасан Ҳусайнии Оли Муҷаддади Шерозӣ ба баррасии асноди ин ривоят дар сарчашмаҳои аҳли суннат ва дифоъ аз эътибори он пардохтааст.[13]

Манзур аз ибодат ва зикр дар ҳадиси Зикру Алийин ибода

Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадмуҳсин Ҳусайнии Теҳронӣ (ваф.1440ҳ.қ.) аз уламои шиа, мақсуд аз «зикри Алӣ ибода» сарфи такрори номи «Алӣ» нест, балки нозир ба тафаккур дар мақоми Имом Алӣ ва имомат ва имкони пайравии амалӣ аз сираи алавӣ аст. Ба гуфтаи ӯ ибодат шомили ҳар чизест, ки мӯҷиби тақарруб ба Худо шавад.[14] Ҳусайн Ансориён низ муътақид аст ёди Имом Алӣ (а) мӯҷиби таҷаллии ёди Худо дар дили инсон мешавад ва аз ин рӯ ибодат ба шумор меояд. Ба гуфтаи ӯ, ёди маъсумон (а) заминасози намунагирии амалӣ аз онон дар зиндагӣ аст.[15] Бархе аз уламои аҳли суннат, манзур аз зикр дар ин ҳадисро баёни маноқиб ва фазоили Имом Алӣ (а), нақли суханони ӯ, бозгуфти мавъизаҳои ӯ ё нақли аҳодис аз ӯ донистаанд.[16]

Ҳадиси Зикру Алийин ибода дар осори адабӣ

Ҳадиси «Зикру Алийин ибода», дар осори адабии бархе шоирон аз ҷумла Маҳмуди Жӯлида (зода: 1341ҳ.ш.) бозтоб ёфтааст:[17]

Ҳадиси «Зикру Алийин ибода» худ гӯёст,
Ки бартарини ибодот, суҳбат аз молост.
Ба Каъба чун нигарӣ зикри Ё Алӣ дорад,
Сухан зи қиблаи дилҳо зи ояти узмост.
Садои қалби Паямбар Алӣ Алӣ Алӣ аст,
Навои нотиқи Қуръон садои ин оқост.


Эзоҳ

  1. Муқаддаси Ардабилӣ, Ҳадиқат-уш-шиа, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.777
  2. Санъонӣ, ат-Танвир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, 1432ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.178
  3. Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.224; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.202; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-яқин, 1411ҳ.қ., саҳ.449;
  4. Мановӣ, Файз-ул-қадир, 1356ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.565; Ибни Мағозилӣ, Маноқиби Амиралмуъминин, 1424ҳ.қ., саҳ.268; Суютӣ, ал-Фатҳ-ул-кабир, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.115, ҳадиси 6460; Санъонӣ, ат-Танвир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, 1432ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.178
  5. Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.224
  6. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.202
  7. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-яқин, 1411ҳ.қ., саҳ.449
  8. Ибни Мағозилӣ, Маноқиби Амиралмуъминин, 1424ҳ.қ., саҳ.268
  9. Суютӣ, ал-Фатҳ-ул-кабир, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.115, ҳадиси 6460
  10. Санъонӣ, ат-Танвир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, 1432ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.178
  11. Мановӣ, Файз-ул-қадир, 1356ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.565; Ибни Мағозилӣ, Маноқиби Амиралмуъминин, 1424ҳ.қ., саҳ.268; Суютӣ, ал-Фатҳ-ул-кабир, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.115, ҳадиси 6460; Санъонӣ, ат-Танвир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, 1432ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.178
  12. Ниг.: Мановӣ, Файз-ул-қадир, 1356ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.565; Санъонӣ, ат-Танвир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, 1432ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.178
  13. «العبادة لحکم الوضع», Китобхонаи мадрасаи фақоҳат
  14. «هدف از حضور در مجالس ذکر», Мактаби ваҳй
  15. «تحلیل حدیث «ذکر علی عبادة», хабаргузории Меҳр
  16. Ниг.: Мановӣ, Файз-ул-қадир, 1356ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.565; Санъонӣ, ат-Танвир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, 1432ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.178
  17. «حدیثِ "ذکرُ علیٌ عباده" خود گویاست», Имоми ҳашт

Сарчашма

  • العبادة لحکم الوضع («Ал-Ибода ли ҳукм-ил-вазъ»), Китобхонаи мадрасаи фақоҳат, санаи боздид: 4 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб алайҳим-ус-салом, Қум, Интишороти Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Мағозилӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Маноқиби Амиралмуъминин Алӣ ибни Абитолиб (р), муҳаққиқ: Абӯабдурраҳман Туркӣ ибни Абдуллоҳ ал-Водиъӣ, Санъо, Дор-ул-осор, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • «تحلیل حدیث «حدیثِ "ذکرُ علیٌ عباده" خود گویاست» («Таҳлили ҳадиси «Ҳадиси "Зикру Алийин ибода" худ гӯёст»), Имоми ҳашт, санаи боздид: 4 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • «تحلیل حدیث «ذکر علی عبادة» («Таҳлили ҳадиси «Зикру Алийин ибода»), хабаргузории Меҳр, санаи нашр: 16 шаҳривари 1396ҳ.ш., санаи боздид: 3 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
  • Суютӣ, Ҷалолуддин, ал-Фатҳ-ул-кабир фи замми-з-зиёда ило-л-ҷомеъ-ис-сағир, муҳаққиқ: Юсуф Набҳонӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, ал-Ихтисос, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алӣ Акбари Ғаффорӣ ва Маҳмуд Муҳаррамӣ, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ ли-л-алфияти-ш-Шайх-ил-Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Санъонӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, ат-Танвир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, таҳқиқи Муҳаммад Исҳоқ, Риёз, Мактабати Дор-ус-салом, чопи аввал, 1432ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-яқин фи фазоили Амиралмуъминин (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳусайн Даргоҳӣ, Теҳрон, Вазорати иршод, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Ҳадиқат-уш-шиа, тасҳеҳи Содиқ Ҳасанзода, Қум, Интишороти Ансориён, чопи севум, 1383ҳ.ш.
  • Мановӣ, Абдуррауф, Файз-ул-қадир шарҳ-ул-ҷомеъ-ис-сағир, Миср, ал-Мактабату-т-тиҷорият-ул-кубро, чопи аввал, 1356ҳ.қ.
  • «هدف از حضور در مجالس ذکر» («Ҳадаф аз ҳузур дар маҷолиси зикри Аҳли Байт»), Мактаби ваҳй, санаи нашр: 18 зилҳиҷҷаи 1432ҳ.қ., санаи боздид: 4 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.