Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ
| Номи комил | Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ |
|---|---|
| Лақаб | Оятуллоҳулузмо |
| Санаи таваллуд | 19 апрели 1939 |
| Зодгоҳ | шаҳри Машҳад - Эрон |
| Санаи шаҳодат | 28 феврали 2026/10 рамазони 1447 |
| Маҳалли шаҳодат | Теҳрон - Байти Раҳбарӣ |
| Хешовандон | Мустафо, Муҷтабо, Масъуд ва Майсам (писарон) Ҳудо ва Бушро (духтарон) |
| Устодон | Сайид Ҷавод Ҳусайнии Хоманаӣ, Мирзомуҳаммад Мударриси Яздӣ, Ҳошими Қазвинӣ, Сайид Муҳаммадҳодии Мелонӣ, Ҳоҷоқо Ҳусайни Буруҷердӣ, Имом Хумайнӣ, Муртазо Ҳоирии Яздӣ, Сайид Муҳаммад Муҳаққиқи Домод, Аллома Таботабоӣ |
| Таълифот | Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон Инсони 250-сола Пешвои Содиқ Сулҳ-ул-Ҳасан (китоб) |
| Вебгоҳи расмӣ | دفتر رهبری (Дафтари Раҳбарӣ) |
| Имзо | ![]() |
Саид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ (1939 - 2026) машҳур ба Оятуллоҳ Хоманаӣ (форсӣ: آیتالله خامنهای), дувумин раҳбари Низом Ҷумҳурии исломии Эрон ва аз мароҷеъи тақлиди шиа буд. Ӯ пеш аз Инқилоби исломии Эрон дар мубориза бо ҳукумати шоҳаншоҳии Паҳлавӣ фаъол буд ва ба далели фаъолиятҳои инқилобӣ муддатеро дар зиндон ва табъид гузаронд. Пас аз инқилоб, масъулиятҳои гуногуне, аз ҷумла ду давра риёсати ҷумҳурӣ (1981 - 1989), намояндагии Маҷлиси шӯрои исломӣ ва имомати ҷумъаи Теҳронро бар ӯҳда дошт ва дар соли 1989 ба раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб шуд ва то поёни умр (феврали 2026) дар ин ҷойгоҳ буд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дидгоҳҳои фиқҳӣ ва сиёсӣ дорад; аз ҷумла таҳрими қамазанӣ, ҳурмати тавҳин ба муқаддасоти аҳли суннат ва манъи истифода аз силоҳи ҳастаӣ, ҳимоят аз ҷабҳаи муқовимат, мубориза бо таҳоҷуми фарҳангӣ, таъкид бар иқтисоди муқовиматӣ ва роҳи ҳалли масъалаи Фаластин аз тариқи ҳамапурсӣ. Ӯ ҷиҳодро фаротар аз арсаи низомӣ дониста ва бар зарурати ҷиҳоди табйин таъкид дорад.
Ӯ ба адабиёт ва таърихи муосир алоқаманд аст ва бо тахаллуси Амин шеър месарояд. Осорӣ ӯ шомилӣ Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, Инсони 250-сола, Ғино ва Фаластин аст. Таҳсили улуми диниро аз кӯдакӣ оғоз карда дар ҳавзаҳои Машҳад, Наҷаф ва Қум ба таҳсил ва тадрис пардохт ва назди устодоне чун Имом Хумайнӣ ва Аллома Таботабоӣ шогирдӣ кард.
Оятуллоҳ Хоманаӣ тайи раҳбарии худ, паёмҳои солона ба ҳаҷ ирсол карда, бар ҳимоят аз ваҳдати мусулмонон, тақвияти меҳвари муқовимат, ҳидояти сиёсатҳои хориҷӣ ва низомии Эрон, эҷод ва ҳимоят аз муассисаҳои пажӯҳишӣ ва омӯзишии ҳавзавӣ ва тарвиҷи фарҳанги исломӣ таъкид доштааст. Ӯ ҳамчунин номгузории солҳои шамсӣ ва судури Баёнияи гоми дувуми инқилобро барои нишон додани дурнамои масири ояндаи низоми исломӣ анҷом додааст.
Хоманаӣ дар субҳи рӯзи шанбе 28 феврали 2026/10 рамазони 1447ҳ.қ. бар асари ҳамлаи мушакии Имрико ва Исроил ба маҷмуаи Байти Раҳбарӣ ба шаҳодат расид.
Ҷойгоҳ
Саид Алии Хоманаӣ марҷаи тақлиди шиа ва дувумин раҳбари Низом Ҷумҳурии исломии Эрон аст. Ӯ пеш аз Инқилоби исломии Эрон алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ мубориза мекард. Пас аз таъсиси Низом Ҷумҳурии исломии Эрон масъулиятҳои мухталиферо бар ӯҳда доштааст. Дидгоҳҳо ва андешаҳои ӯ ба лиҳози ҷойгоҳи раҳбарияш аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Дар Эрон бо унвонҳое чун Мақоми муаззами раҳбарӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ, Оятуллоҳ Хоманаӣ ва Имом Хоманаӣ шинохта мешавад.
Зиндагӣ ва хонадон
Саид Алии Хоманаӣ дар 19 апрели 1939 мелодӣ (28 сафари 1358ҳ.қ./29 фарвардини 1318ҳ.ш.), дар Машҳад зода шуд.[1] Падараш Саид Ҷавод Ҳусайнии Хоманаӣ (ваф.1365ҳ.ш.) муҷтаҳид ва донишомӯхтаи ҳавзаи илмияи Наҷаф,[2] дар Машҳад ба тадриси улуми ҳавзавӣ ва имомати масҷиди Сиддиқиҳои бозори Машҳад (масҷиди Озарбойҷониҳо) машғул буд.[3] Ӯ ҳамчунин аз имомони ҷамоати Масҷиди Гавҳаршод буд.[4]
Насаби Оятуллоҳ Хоманаӣ ба сайидҳои Афтасӣ ва Султон Саид Аҳмад мерасад, ки бо панҷ восита аз наводагони Имом Саҷҷод (а) аст.[5] Имомзода Муҳаммад ки дар шаҳри Тафриш[Ёддошт 1] дафн аст, аз аҷдоди ӯ мебошад.[6]
Насаби Оятуллоҳ Хоманаӣ аз тарафи модар ба Муҳаммад Дибоҷ фарзанди Имом Содиқ (а) мерасад.[7] Модари ӯ, Хадиҷа Мирдомодӣ (ваф.1368ҳ.ш.) фарзанди Саид Ҳошим Мирдомодӣ (ваф.1380ҳ.қ.) аст.[8]
Шаҳодат
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 28-уми феврали 2026 дар ҳамлаи Исроил ба Байти Раҳбарӣ дар Эрон террор шуд ва ба шаҳодат расид. Хабари шаҳодати ӯ дар рӯзи 1-уми март эълом шуд. Дар вокуниш ба шаҳодати ӯ, мардум дар шаҳрҳои Эрон ва бархе кишварҳои дигар аз ҷумла Покистон, Ҳинд, Ироқ таҷаммуъ карданд. Давлати Эрон ба ин муносибат ҳафт рӯз таътил ва 40 рӯз азои умумӣ эълом кард.
Андешаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ
Дидгоҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханрониҳо, паёмҳо, фатвоҳо ва осори мактуби ӯ баён шудааст.
Муборизаи сиёсӣ ва ҷиҳод
Оятуллоҳ Хоманаӣ бар ин бовар аст, ки зиндагии сиёсии имомҳои шиа, бо вуҷуди фарқҳои зоҳирӣ, ҳаракати бардавом буда, ки ҳудуди 250 сол идома дошта ва ҳамаи онон дар ростои рушду таолии инсоният ва эҷоди ҷомеаи исломӣ бо шеваҳои мухталиф бо душманони замонаи хеш мубориза кардаанд.[9] Ӯ ҷиҳодро фақат ҷанбаи низомӣ намедонад ва шомили мубориза бо душман дар заминаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, расонаӣ ва иқтисодӣ медонад.[10] Ҳамчунин истилоҳи ҷиҳоди табйинро барои муқобила бо нуфузи душман муаррифӣ кардааст.[11]
Ҳимоят аз ваҳдати мусулмонон дар ҷаҳони Ислом
Оятуллоҳ Хоманаӣ, ваҳдати исломиро ба маънои парҳез аз душманӣ миёни мусулмонон медонад ва албатта онро ба маънии яксонсозии ақида ва мазҳаб намешуморад.[12] Ӯ ҷараёнҳои тафриқаафкан дар миёни шиа ва аҳли суннатро ба тартиб шиаи англисӣ ва исломи амрикоӣ номидааст.[13] Дар соли 1389ҳ.ш. пас аз изҳороти Ёсир ал-Ҳабиб алайҳи Оиша ҳамсари Пайғамбар (с), бо судури фатвое тавҳин ба муқаддасоти мазоҳиби исломиро ҳаром эълом кард.[14] Ӯ бо ҳимоят аз ниҳодҳое монанди Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт ҳузур дар ҳамоишҳои байналмилалии адён ва мазоҳиб ва дидор бо уламои Ҷаҳони ислом, бар зарурати ваҳдати мусулмонон таъкид кардааст.[15] Ӯ омилҳои хориҷӣ, ба вижа Англияро дорои собиқаи таърихӣ дар доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ дар ҷаҳони Ислом медонад ва нисбат ба паёмадҳои ин тафриқаафканӣ ҳушдор додааст.[16]
|
«Қамазанӣ марбут ба дин ва ё як ҳаракати азодорӣ нест ва қатъан хилоф ва як бидъат аст ва бидуни тардид Худованд ба анҷоми он розӣ нест ва инҷониб низ аз касе, ки тазоҳур ба қамазанӣ мекунад, қалбан розӣ нестам.»[18]
Масъалаҳои фарҳангӣ ва минтақавӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳоҷуми фарҳангиро ҳуҷуми огоҳона барои султа бар миллатҳо медонад,[19] ки аз даврони Ризошоҳи Паҳлавӣ дар Эрон оғоз шуда ва пас аз ҷанги Ироқ бо Эрон идома ёфтааст.[20] Ӯ ҳамчунин истилоҳи «Ғарби Осиё»-ро ҷойгузини Ховари Миёна дониста ва ин номгузориро саҳеҳтар медонад.[21] Ҳаракатҳои инқилобӣ дар кишварҳои арабиро ки дар расонаҳо ба бедории арабӣ ёд мешудро[22] Бедории исломӣ номидааст.[23]
Масъалаи Фаластин
Роҳи ҳалли масъалаи Фаластин аз назари ӯ баргузории ҳамапурсӣ аст, ки ҳамаи фаластиниҳо новобаста аз мусулмон, масеҳӣ ва яҳудӣ дар он ширкат кунанд.[24] Оятуллоҳ Хоманаӣ муътақид аст роҳи озодии Фаластин муқовимат буда[25] ва музокира барои масъалаи Фаластинро хатое медонад, ки ҷуз хасорат барои фаластиниён чизе ба ҳамроҳ надорад ва озодии Фаластинро ба таъхир меандозад.[26]

Иқтисод ва мудирияти дохилӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ иқтисоди муқовиматиро роҳкоре барои муқобила бо таҳримҳо ва истифода аз тавони дохилии Эрон муаррифӣ кардааст.[27] Бар асари таъкидҳои ӯ вожаи иқтисоди муқовиматӣ вориди адабиёти сиёсии Эрон шуд.[28] Ӯ ҳамчунин аз соли 1378ҳ.ш. иқдом ба номгузории солҳои шамсӣ бо ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба масоили фарҳангӣ, динӣ ва иқтисодӣ кардааст.[29] Дар баҳманмоҳи 1397ҳ.ш., ба муносибати чиҳилсолагии инқилоби исломӣ, баёнияе бо унвони Гоми дувуми инқилоб содир кард, ки нақшаи дурнамои роҳи 40-солаи дувуми инқилобро баён кардааст.[30]
Ҳавзаи илмия ва тамаддуни исломӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме ба Ҳамоиши байналмилалии яксадумин солгашти бозтаъсиси ҳавзаи илмияи Қум, ҳавзаҳои илмияро ба навоварӣ, посухгӯӣ ба масоили рӯз, таҳзиб, рӯҳияи инқилобӣ ва тавонмандӣ дар тарроҳии низомоти иҷтимоӣ муваззаф медонад ва тарвиҷи тамаддуни навини исломиро муҳимтарин вазифаи ҳавзаҳо унвон кардааст..[31]
Мухолифат бо сулҳи таҳмилӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳазинаи муқовиматро камтар аз ҳазинаи созиш медонад[32] ва бо таслим ё ақибнишинии Эрон аз ҳуқуқи ҳастаии худ мухолифат кардааст. Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки Эрон ҷанги таҳмилӣ ва сулҳи таҳмилиро намепазирад.[33]
«Албатта ман исрор дорам ин минтақаро «Ғарби Осиё» бигӯям, на Ховари Миёна. Таъбири Ховари Дур, Ховари Наздик, Ховари Миёна дуруст нест. Дур аз куҷо? Аз Аврупо. Наздик ба куҷо? Ба Аврупо; яъне маркази дунё Аврупост; ҳар ҷое, ки аз Аврупо дуртар аст, исмаш Ховари Дур аст; ҳар ҷо наздиктар аст, Ховари Наздик аст; ҳар ҷо васат аст, Ховари Миёна аст! Ин таърифест, ки худи аврупоиҳо карданд; на, мо инро қабул надорем. Осиё як қораест; шарқӣ дорад, ғарбӣ дорад, васатӣ дорад; мо дар ғарби Осиё қарор дорем; бинобар ин минтақаи мо исмаш минтақаи Ғарби Осиё аст, на минтақаи Ховари Миёна.»[34]
Дидгоҳҳои фиқҳӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳавзаи фиқҳ ва дин, қамазаниро бидъат ва ҳаром медонад.[35] Ӯ эътикофро дар ғайри масҷиди ҷомеъ бо қасди раҷо ҷоиз мешуморад.[36] Дар боби ғино ва мусиқӣ, ӯ ҳар навъ ғинои дорои лаҳву гумроҳкунанда[37] ва низ мусиқии муҷиби беэътиноӣ ба дин ва воҷиботи шаръиро ҳаром медонад.[38] Ҳамчунин сохт ва бакоргирии силоҳи ҳастаӣ ва дигар силоҳҳои куштори ҷамъиро ҳаром эълом карда[39] ва тавҳин ба муқаддасоти мазоҳиби исломиро ҷоиз намедонад.[40] Аз назари ӯ, зан аз тамоми амволи шавҳар, аз ҷумла амволи ғайриманқул, ирс мебарад.[41] Ин назар дар муқобили назари фақиҳоне аст, ки муътақиданд зан фақат аз амволи манқули шавҳар ирс мебарад.[42]
Зистномаи илмӣ
Таҳсил
Саид Алии Хоманаӣ таҳсилро аз чорсолагӣ дар мактабхона оғоз кард ва ҳамзамон бо давраи дабистон, қироат ва таҷвиди Қуръонро фаро гирифт.[43] Ӯ таҳсилоти динии худро дар Машҳад оғоз кард ва давраи муқаддамот ва сатҳро дар мадрасаҳои Сулаймонхон ва Наввоб гузаронд. Ҳамзамон бо таҳсилоти ҳавзавӣ, мактаби миёнаро низ то синфи ҳаштум идома дод.[44]
Дар соли 1334ҳ.ш., дар дарси хориҷи фиқҳи Саид Муҳаммадҳодии Милонӣ ҳозир шуд ва дар 1336ҳ.ш. ҳамроҳи хонавода ба Наҷаф рафт ва дар дарсҳои ҳавзаи илмияи Наҷаф ширкат кард, аммо ба далели норизоятии падар барои иқомат дар Наҷаф ба Машҳад бозгашт[45] ва дар дарси Оятуллоҳ Милонӣ ҳозир шуд ва дар 1337ҳ.ш. озимӣ ҳавзаи илмияи Қум гардид.[46]
Дар соли 1343ҳ.ш. ба хотири кумак ба падар, аз Қум ба Машҳад бозгашт ва дар ҷаласоти дарси Оятуллоҳ Милонӣ ширкат кард, ки то 1349ҳ.ш. идома ёфт.
Устодон
Саид Ҷалил Ҳусайнӣ Систонӣ, Саид Ҷаводи Хоманаӣ, Мирзо Муҳаммад Мударриси Яздӣ, Ҳошими Қазвинӣ, Саид Муҳаммадҳодии Милонӣ, Саид Ҳусайн Таботабоии Буруҷердӣ, Имом Хумайнӣ, Муртазо Ҳоирии Яздӣ, Саид Муҳаммад Муҳаққиқи Домод ва Аллома Таботабоӣ аз устодони Оятуллоҳ Хоманаӣ будаанд.[47] Ҳамчунин нақл шуда ки мухтасаре дар дарси фалсафаи Муҷтабо Қазвинӣ низ ширкат кардааст.[48]
|
Тадрис

Саид Алии Хоманаӣ аз ибтидои ҳузур дар Машҳад, ба тадриси сутуҳи олии фиқҳ ва усул пардохт ва ҳамчунин ҷаласоти тафсири Қуръон барои умум баргузор мекард. Аз соли 1347ҳ.ш. тадриси тахассусии тафсирро барои толибилмон оғоз кард, ки то соли 1356ҳ.ш. ва пеш аз дастгирӣ ва табъид ба Эроншаҳр идома дошт.[51] Дар солҳои баъд, аз ҷумла давраи риёсати ҷумҳурӣ, низ идома ёфт. Пас аз раҳбарӣ, аз соли 1369ҳ.ш. тадриси хориҷи фиқҳро дар Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ оғоз кард ва ба тадриси абвоби ҷиҳод, қисос, макосиби муҳаррама ва намози мусофир пардохтааст.[52]
Марҷаият

Дар соли 1373ҳ.ш. пас аз даргузашти Муҳаммадалӣ Арокӣ, Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ва Ҷомеаи рӯҳонияти мубориз, Оятуллоҳ Хоманаиро ба унвони яке аз мароҷеъи тақлид муаррифӣ кард. Ӯ эълом кард дар Эрон ниёзе ба марҷаияти ӯ нест ва танҳо дархости шиаёни хориҷ аз кишварро мепазирад.[53] Нахустин асари фатвоии нашршуда аз ӯ китоби «Аҷвибат-ул-истифтоот» аст, ки шомили посухҳояш ба истифтооти шиаён аст.
Осор
Оятуллоҳ Хоманаӣ осоре дар заминаҳои риҷол, тафсири Қуръон, фиқҳ, калом ва таърихи исломӣ таълиф ё тарҷума кардааст. Аз осори таълифии ӯ метавон ба «Чор китоби аслии илми риҷол», «Аз журфои намоз», «Гуфторе дар боби сабр» ва «Рӯҳи тавҳид» ишора кард. Ӯ ҳамчунин чанд асар тарҷума карда, аз ҷумла бархе аз осори Саиди Қутб.
Бархе аз китобҳои гирдоварӣ шуда аз суханони ӯ шомил «Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон», «Фаластин аз манзари Оятуллоҳ Хоманаӣ», «Ғино», «Инсон 250-сола», «Шуое аз найири аъзам» ва «Офтоб дар мусоф» аст. Ин осор дидгоҳҳои ӯ дар бораи Қуръон, Пайғамбар ва имомони шиа, масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва фалсафаи исломиро бозтоб мекунанд. Ҳамчунин ғазале аз ӯ дар бораи рӯёрӯии Мусо (а) бо Фиръавн ва соҳирон мунташир шуда, ки дар ҷараёни амалиёти «Ваъдаи содиқ» (2024 м) мавриди ишора қарор гирифт.[54]
Муборизаҳои сиёсӣ алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ аз муборизон алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ ва фаъолони Инқилоби исломии Эрон буд. Оғози фаъолияти сиёсии ӯ ба дидор бо Саид Муҷтабо Наввоби Сафавӣ дар Машҳад нисбат дода шудааст. Ӯ ба сабаби эроди суханрониҳои интиқодӣ чандин бор боздошт шуд[55] ва аз фаъолиятҳое чун иқомаи намози ҷамоат, суханронӣ ва тадрис манъ шуд.[56] Бо ин ҳол фаъолиятҳои худро махфиёна идома медод.[57] Ҷаласоти тафсири ӯ ибтидо дар мадрасаи илмияи Мирзо Ҷаъфар, масҷиди Имом Ҳасан ва масҷиди Қибла ва манзилаш баргузор мешуд ва аз озармоҳи 1352ҳ.ш. ба масҷиди Каромат интиқол ёфт.[58]
Ӯ бо Саид Маҳмуди Толиқонӣ, Маҳдии Бозаргон ва Ядуллоҳ Саҳобӣ ки ба сабаби ҳимоят аз Имом Хумайнӣ дар зиндон буданд, дар иртибот буд[59] ва гоҳ ба мулоқоти зиндониёни сиёсӣ мерафт.[60] Хоманаӣ ба ҳамроҳи шуморе аз рӯҳониён, аз ҷумла Абдурраҳим Раббонии Шерозӣ, Саид Муҳаммад Ҳусайнии Биҳиштӣ, Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ[61] узви гурӯҳи ёздаҳнафарае буд, ки барои тақвияти Ҳавзаи илмияи Қум ва ҳимоят аз мубориза бо ҳукумати Паҳлавӣ шакл гирифта буд.[62] Талош барои таҳкими марҷаияти Имом Хумайнӣ аз дигар фаъолиятҳои сиёсии ӯ буд.[63]
Пас аз Инқилоби исломии Эрон
Узвият дар Шӯрои инқилоб
Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ибтидои таъсиси Шӯрои инқилоби исломӣ дар даймоҳи 1357ҳ.ш. дар ҷаласоти он ҳозир мешуд[64] ва то поёни фаъолият дар тирмоҳи 1359ҳ.ш. узв буд.[65] Шӯрои инқилоб масъули тасмимгириҳои муҳим дар бораи мубориза, аз ҷумла музокирот бо мақомоти ҳукумати Паҳлавӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ташкили кумитаи истиқбол аз Имом Хумайнӣ[66] ва муаррифии Маҳдии Бозаргон ба унвони раиси давлати муваққат буд.[67]
Ҳузур дар созмонҳои дифоӣ ва низомӣ
Дар тирмоҳи 1358ҳ.ш. Хоманаӣ ба муовинати умури инқилоби Вазорати дифоъ мансуб шуд ва ба узвияти комиссияи вузарои амниятӣ даромад.[68] Ҳамчунин масъули маркази аснод ва низ сарпарасти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ буд.[69] Аммо дар исфандмоҳи 1358ҳ.ш. ба далели номзадӣ дар нахустин интихоботи Маҷлиси шӯрои исломӣ аз ин симмат истеъфо дод.[70] Ӯ бо ҳукми Имом Хумайнӣ дар 20 урдибиҳиштмоҳи 1359ҳ.ш. намояндаи Имом дар Шӯрои олии дифоъ ва сухангӯи он шӯро шуд ва дар давраи риёсатҷумҳурӣ низ раиси Шӯрои олии пуштибонии ҷанг буд.[71]
Имомати ҷумъаи Теҳрон
Шаблон:Қуттии иқтибос Имом Хумайнӣ дар 24 дай 1358ҳ.ш. Оятуллоҳ Хоманаиро, ба имомати ҷумъаи Теҳрон мансуб кард.[72] Аз иқдомоти ӯ дар ин симат, пешниҳоди баргузории семинарҳои имомони ҷумъа барои инсиҷоми шабакаи имомони ҷумъа[73] ва эроди хутбаҳои арабӣ пас аз хутбаи дувуми форсӣ будааст.
Намояндагии Маҷлиси шӯрои исломӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар интихоботи нахустин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ дар исфандмоҳи 1358ҳ.ш., бо ҳимояти Ҷомеаи рӯҳонияти мубориз, Ҳизби Ҷумҳурии исломӣ[74] аз ҳавзаи интихоботии Теҳрон вориди маҷлис шуд ва узв ва раиси комиссияи умури дифоӣ буд.
Террори нофарҷоми Оятуллоҳ Хоманаӣ
Дар 6 тир соли 1360ҳ.ш. ҳангоми суханронӣ дар масҷиди Абузар дар Теҳрон, ҳадафи суиқасд қарор гирифт.[75] Дар ин ҳодиса китф, сина ва дасти рости ӯ ба шиддат маҷрӯҳ шуд.[76] Ибтидо ин террор ба гурӯҳи Фурқон мунтасаб шуд[77] аммо бархе манобеъ Созмони муҷоҳидини халқро масъул медонанд.[78]
Даврони риёсатҷумҳурии Исломии Эрон
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 10 меҳри 1360ҳ.ш. бо касби 95/11 дарсад ороъ ба унвони сеюмин раисҷумҳури низоми Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб шуд.[79] Дар ин интихобот, ки пас аз шаҳодати Муҳаммадалии Раҷоӣ баргузор шуд, Шӯрои марказии Ҳизби Ҷумҳурии исломӣ ва Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум аз номзадии ӯ дар интихоботи риёсатҷумҳурӣ ҳимоят карданд. Имом Хумайнӣ низ то он замон, ки бо тасаддии рӯҳониён дар мақоми риёсатҷумҳурӣ мувофиқ набуд, бо номзадии ӯ мувофиқат кард.[80] Ӯ дар 25 мурдоди 1364ҳ.ш. низ бо касби 12 миллиону 205 ҳазору 12 раъй (85%) аз маҷмӯи 14 миллиону 238 ҳазору 587 нафар барои дувумин бор ба риёсатҷумҳурии Эрон интихоб шуд ва то мурдоди 1368ҳ.ш. ин масъулиятро бар ӯҳда дошт.
Имом Хумайнӣ дар давраи риёсатҷумҳурии Оятуллоҳ Хоманаӣ барои ҳалли ихтилофоти Маҷлиси шӯрои исломӣ ва Шӯрои нигаҳбон дар тасвиби лоиҳаҳои мухталиф, бо ташкили Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом мувофиқат кард[81] ва Оятуллоҳ Хоманаӣ аввалин раиси он шуд,[82] ки ин симатро то поёни давраи риёсатҷумҳурӣ ӯҳдадор буд.[83]
Сафарҳои хориҷӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар давраи риёсатҷумҳурӣ ба кишварҳои Сурия, Либия, Алҷазоир, Покистон, Танзания, Зимбабве, Ангола, Музамбик, Югославия, Румания, Чин ва Куриёи Шимолӣ сафар кард.[84] Ӯ пеш аз риёсатҷумҳурӣ низ аз 21 баҳман то 6 исфанди 1359ҳ.ш. сафари таблиғӣ ба Ҳинд доштааст.[85]
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 31 шаҳривар 1366ҳ.ш. дар чиҳилу дувумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард. Ин аввалин ҳузури раисҷумҳури исломии Эрон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буд.[86][Ёддошт 2] Ӯ ҳамчунин дар ҳаштумин иҷлоси сарони кишварҳои ғайримутааҳҳид дар Ҳараре пойтахти Зимбабве низ суханронӣ кард.[87]
Ҳимоят аз муборизони мусулмон
Ҳимояти Эрон аз муборизони исломӣ дар Лубнон, Фаластин, Ироқ ва Афғонистон афзоиш ёфт ва пуштибонии Эрон ҷойгоҳи минтақаӣ ва байналмилалии он гурӯҳҳоро тақвият кард.[88] Ташкили Ҳизби ваҳдати исломӣ аз аҳзоби ҳаштгонаи Афғонистон ва Маҷлиси аълои инқилоби исломии Ироқ аз натоиҷи ин рӯйкард медонанд.
Таъсиси Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ
Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, дар соли 1362ҳ.ш. бо ҳадафи тадвини Донишномаи ҷаҳони Ислом ва бо дастури Оятуллоҳ Хоманаӣ таъсис шуд. Муассисони ин бунёд муътақиданд Доират-ул-маорифи ғарбӣ дар бораи ҷаҳони Ислом ғалабан таҳти таъсири дидгоҳи ғарбиҳо нигошта шудаанд.[89] Барномаи донишномаи ҷаҳони Ислом шомили 60 ҷилд аст. Ва то урдибиҳиштмоҳи 1403ҳ.ш., 32 ҷилди он мунташир шудааст.[90]
Даврони раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эрон
Бо даргузашти Имом Хумайнӣ дар 14 хурдодмоҳи соли 1368ҳ.ш. Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар ҳамон рӯз ташкили ҷаласа дод ва Оятуллоҳ Хоманаиро ба раҳбарии низоми Ҷумҳурии Исломӣ интихоб кард.[91] Пас аз бознагарии қонуни асосӣ ва баргузории ҳамапурсӣ, Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бар асоси қонуни асосии ҷадид бори дигар раъйгирӣ кард ва раҳбарии ӯро таъйид намуд. Бар асоси санадҳои савтии мунташиршуда аз музокироти хубрагон, дар ҷараёни ин ҷаласа, Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ суханоне аз Имом Хумайнӣ нақл кард, ки дар он, Оятуллоҳ Хоманаӣ барои раҳбарӣ шоиста дониста шуда буд.[92]
Дар пайи ин интихоб, масъулони низом, Байти Имом Хумайнӣ, мароҷеъи тақлид ва ақшорӣ мухталифи мардум бо ӯ байъат карданд.[93] Саид Аҳмади Хумайнӣ, раҳбарии вайро табрик гуфт ва табаият аз дастуроти валии фақиҳро лозим донист.[94] Ин байъатҳо ба сурати таҷаммуъҳо ва маросимҳои умумӣ дар нуқоти мухталифи кишвар анҷом шуд.[95]
Паёми солиёна ба ҳоҷиён
Судури паём ба муносибати айёми ҳаҷ хитоб ба ҳоҷиён аз барномаҳои солиёнаи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар даврони раҳбарӣ аст.[96] Ӯ дар ин паёмҳо бар масоили ҷаҳони Ислом, ваҳдати мусулмонон ва вазоифи уммати исломӣ таъкид мекунад.[97] Нахустин паёми ӯ дар соли 1369ҳ.ш. содир шуд, ки дар он бар эҳёи буъди сиёсӣ-ибодии ҳаҷ ва асли бароат аз мушрикон таъкид дошт ва бо ишора ба воқеаи ҳаҷҷи хунин маҳрумияти эрониён аз ҳаҷро дар ҳамин чорчӯб табйин кард.[98] Ҷадидтарин паёми ӯ ба муносибати ҳаҷҷи соли 1446 қ. (хурдоди 1404ҳ.ш.) қироат шуд.[99]
Тақвият ва ҳимоят аз ҷабҳаи муқовимат
Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҳомиёни аслии меҳвари муқовимат будааст.[100] Ба гузориши бархе пажӯҳишҳо, ҳимоятҳои ӯ ба тақвияти тавонмандии гурӯҳҳои муқовимат, ба вижа дар Фаластин, ва тағйири мувозинаи муқовимат дар минтақа анҷомидааст.[101]
Дастури муқобилаи низомии Эрон бо Исроил
Дар 14 апрели 2024, дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ, Сипоҳи посдорон бо шиллики мушак ва паҳпод аз хоки Эрон, аҳдофи низомӣ дар сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор дод.[102] Ин иқдом нахустин рӯёрӯии мустақими низомӣ миёни Эрон ва Исроил арзёбӣ шудааст.[103] Пеш аз ин амалиёт, Оятуллоҳ Хоманаӣ, аз танбеҳи Исроил[104] ва посухи пушаймонкунанда ба он[105] сухан гуфта буд. Ҳамчунин ӯ дар 23 хурдоди 1404ҳ.ш., пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон ва террори шуморе аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони Инқилоб ва донишмандони ҳастаӣ, эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон зарбаҳои сангине ба Исроил ворид хоҳанд кард.[106] Ҳамзамон бо интишори суханони ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломӣ аҳдофи низомӣ ва амниятиро дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор доданд.Шаблон:Мадраке лозим аст
Дастури амалиёти низомии алайҳи пойгоҳҳои Амрико дар Ғарби Осиё
Оятуллоҳ Хоманаӣ дастури ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақаи Ғарби Осиёро содир кард. Ба фармони ӯ Сипоҳи посдорон дар соли 1398ҳ.ш. дар вокуниш ба террори Қосим Сулаймонӣ пойгоҳи Айн-ул-асади Амрико дар Ироқро ҳадаф қарор дод. Ҳамчунин Сипоҳи посдорон дар соли 1404ҳ.ш. дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон ба фармони Оятуллоҳ Хоманаӣ дар амалиёти Башорати фатҳ пойгоҳи Амрикоии ал-Удайдро дар Қатар ҳадаф қарор дод.
Даъват аз ҷавонони ғарбӣ барои шинохти бевоситаи Ислом
Дар соли 1393ҳ.ш. ва пас аз вуқуи як ҳодисаи террористӣ дар Фаронса тавассути гурӯҳе аз мусулмонон, Оятуллоҳ Хоманаӣ паёме ба ҷавонони Аврупо ва Амрикои Шимолӣ содир кард ва аз онҳо хост барои шинохти Ислом ба Қуръон ва зиндагии Пайғамбари акрам муроҷиат кунанд.[107] Ин паём бо унвони «Номае барои ту» ба забонҳои мухталиф ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд.[108] Дар 8 озармоҳи 1394ҳ.ш. низ пас аз шӯриши ҷалиқазардҳо дар Порис, ӯ номаи дигар хитоб ба ҷавонони ғарбӣ навишт.[109]
Изҳори ҳамбастагӣ бо донишҷӯёни ҳомии мардуми Фаластин дар Амрико
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 5 хурдодмоҳи 1403ҳ.ш., дар номае ба донишҷӯёни ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Амрико бо онон изҳори ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ кард. Ӯ дар ин нома, ин донишҷӯёнро бахше аз ҷабҳаи муқовимат ва Амрикоро бузургтарин ҳомии Исроил донист ва бар ҳаққи фаластиниён дар дифоъ аз худ таъкид кард. Ҳамчунин истодагӣ дар роҳи ҳақро аз дарсҳое баршумурд, ки Қуръон ба инсонҳо омӯхтааст ва ононро бар ошноӣ бо Қуръон тавсия намуд.[110]
Созмонҳои эҷодшуда бо ҳимояти Оятуллоҳ Хоманаӣ
- Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (таъсис: 1368ҳ.ш.): Барои муаррифии Ислом, нашри маорифи Қуръон ва Аҳли Байт (а) ва ҳимоят аз пайравони Аҳли Байт дар ҷаҳон.[111]
- Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ (таъсис: 1368ҳ.ш.): Созмоне мушаккил аз гурӯҳе аз олимони динии Ҷаҳони ислом барои Тақриби мазоҳиби исломӣ
- Маркази таҳқиқоти компютерии улуми исломӣ (таъсис: 1368ҳ.ш.): Барои дастрасӣ остон ба манобеъ ва мутуни улуми исломӣ, бо истифода аз фанноварии иттилоот[112]
- Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а) (таъсис: 1369ҳ.ш.): Муассисаи пажӯҳишӣ ва омӯзишӣ дар заминаи фиқҳ, усули фиқҳ ва калом дар Қум.
- Ҷомеъат-ул-Мустафо ал-оламия (таъсис: 1386ҳ.ш.): Ниҳоде ҳавзавӣ барои густариши улуми исломӣ ва тарбияти талабаҳои ғайриэронӣ[113]
- Маркази хидматрасонии ҳавзаҳои илмия (таъсис: 1370ҳ.ш.): Барои ҳимоят аз талабаҳо ва руҳониёни ғайришоғил дар заминаи маишат, маскан ва...[114]
- Ситоди иқомаи намоз: Ниҳоди вижаи тавсеа ва тарвиҷи иқомаи намоз[115]
Паём ба иҷлоси Ҳазораи раҳбарони рӯҳонии адён
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар августи соли 2000 паёме ба иҷлоси Ҳазораи раҳбарони рӯҳонӣ барои сулҳи ҷаҳонӣ дар Созмони Милал ирсол кард ва ёдовар шуд, ки бисёре аз қудратталабон аз дин сӯиистифода мекунанд ва бузургтарин чолиши Ҷумҳурии исломии Эрон хунсоٰ кардани мушкилоте аст, ки аз сӯи қудратталабони бузурги дунё бар он таҳмил мешавад.[116] Ин паём тавассути Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ ба унвони намояндаи Эрон дар ин иҷлос қироат шуд.[117]
Вокунишҳо ба таҳдиди Оятуллоҳ Хоманаӣ аз сӯи раисҷумҳури Амрико
Дар пайи таҳдид ба террор Оятуллоҳ Хоманаӣ тавассути Доналд Трамп ва Биниёмин Нетаняҳу дар ҷараёни ҷанги Исроил бо Эрон дар 1404ҳ.ш., бархе мароҷеъи тақлиди шиа ҳар режиме, ки ба уммати исломӣ ё раҳбарии он таарруз кунадро муҳориб донистанд.[118] Ҳамчунин таҷаммуъҳое дар ҳавзаҳои илмияи Наҷаф ва Қум баргузор шуд.[119] Дар баёнияи ҳавзаи илмияи Наҷаф омада буд, ки ҳаргуна таарруз ба раҳбари Эрон, ба маънои эъломи ҷанг бо мусулмонон ва хиёнате ба арзишҳои тамаддуни тавҳидӣ аст.[120]
Эзоҳ
- ↑ تاریخ تولد دقیق رهبر انقلاب به روایت خودشان خبر آنلاین (Таърихи таваллуди дақиқи раҳбари инқилоб ба ривояти худашон - Хабаронлайн)
- ↑ Шарифрозӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1354 ҳ.ш., ҷ. 7, саҳ. 128.
- ↑ Шарифрозӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1354 ҳ.ш., ҷ. 7, саҳ. 128.
- ↑ Зангана, Машоҳири мадфун дар ҳарами Развӣ, 1382 ҳ.ш., ҷ. 1, саҳ. 77.
- ↑ «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای» («Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «آستان امامزاده محمد(ع) - تفرش» («Остони Имомзода Муҳаммад (а) - Тафриш»), ИСНА.
- ↑ Зангана, Машоҳири мадфун дар ҳарами Развӣ, 1382 қ., ҷ. 1, саҳ. 458.
- ↑ «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای» («Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Хоманаӣ, Ҳамразмони Ҳусайн, 1397 ҳ.ш., саҳ. 6.
- ↑ «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار تولیدکنندگان و فعالان اقتصادی» («Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори тавлидкунандагон ва фаъолони иқтисодӣ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ بیانات آیتالله خامنهای در دیدار مداحان اهلبیت(ع) (Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори маддоҳони аҳли Байт (а)), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Суханронӣ, 19 меҳри 1368.
- ↑ بیانات آیتالله خامنهای در دیدار اقشار مختلف مردم به مناسبت عید غدیر (Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ақшорӣ мухталифи мардум ба муносибати иди Ғадир), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «آیتالله خامنهای: توهین به عایشه و هر یک از نمادهای اهل سنت حرام است» («Оятуллоҳ Хоманаӣ: Тавҳин ба Оиша ва ҳар як аз нишонаҳои аҳли суннат ҳаром аст»), сойти Хабар онлайн.
- ↑ https://www.tasnimnews.com/fa/news/1402/07/05/2962399/مهمانان-کنفرانس-وحدت-اسلامی-روز-میلاد-پیامبر-اسلام-ص-با-رهبر-انقلاب-دیدار-می-کنند
- ↑ .Дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ,https://farsi.khamenei.ir/newspart-index?tid=1190
- ↑ Баёнот дар дидори ақшорӣ мухталифи мардум ба муносибати иди Ғадир (1395/06/30) https://farsi.khamenei.ir/newspart-index?tid=5487&p=5
- ↑ بیانات آیتالله خامنهای در دیدار اعضای مجلس خبرگان رهبری (Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори аъзои Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Нигоҳ кунед ба: Дағдағаҳои фарҳангӣ интишороти Саҳбо.
- ↑ «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار جمعی از کارگزاران فرهنگی» («Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ҷамъе аз коргузорони фарҳангӣ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار اساتید دانشگاهها ۲۲ مرداد ۱۳۹۱ش» («Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори асотиди донишгоҳҳо 22 мурдоди 1391 ҳ.ш.»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Нигоҳ кунед ба Тақвӣ, «Решаҳои баҳори арабӣ ва думинуи фурӯпошии режими араб», саҳ. 4.
- ↑ خطبههای ۱۵ بهمن ۱۳۸۹ (Хутбаҳои 15 баҳмани 1389), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Сулҳ Мирзоӣ, Фаластин аз манзари Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Хоманаӣ, 1397 ҳ.ш., саҳ. 599.
- ↑ Сулҳ Мирзоӣ, Фаластин аз манзари Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Хоманаӣ, 1397 ҳ.ш., саҳ. 487-490.
- ↑ Сулҳ Мирзоӣ, Фаластин аз манзари Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Хоманаӣ, 1397 ҳ.ш., саҳ. 499-500.
- ↑ Юсуфӣ, Низоми иқтисодии муқовиматӣ, 1395 ҳ.ш., саҳ. 32.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба اقتصاد-مقاومتی-چیست (Иқтисоди муқовиматӣ чист?), бошгоҳи хабарнигорони ҷавон.
- ↑ «مروری بر نامگذاری سالها توسط رهبر انقلاب از ۱۳۷۸ تا امروز» («Муруре бар номгузории солҳо тавассути раҳбари инқилоб аз 1378 то имрӯз»), хабаргузории ИМНА; بررسی علت نامگذاری سالها در گفتوگو با مشاور عالی رهبر انقلاب (Баррасии иллати номгузории солҳо дар гуфтугӯ бо мушовири олии раҳбари инқилоб), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ بیانیه «گام دوم انقلاب» آیتالله خامنهای خطاب به ملت ایران (Баёнияи «Гоми дувуми инқилоб» Оятуллоҳ Хоманаӣ хитоб ба миллати Эрон), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «حوزه پیشرو و سرآمد» («Ҳавзаи пешрав ва сароманд»), вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «منطق مقاومت | سه. بیشتر بودن هزینه سازش از هزینه مقاومت» («Мантиқи муқовимат | Се. Бештар будани ҳазинаи созиш аз ҳазинаи муқовимат»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «دومین پیام تلویزیونی رهبر معظم انقلاب خطاب به ملت ایران در پی تهاجم رژیم صهیونی به ایران» («Дувумин паёми телевизионии раҳбари муаззами инқилоб хитоб ба миллати Эрон дар пайи таҳоҷуми режими саҳюни ба Эрон»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «Баёнот дар дидори асотиди донишгоҳҳо, 22 мурдоди 1391 ҳ.ш.
- ↑ بیانات آیتالله خامنهای در دیدار اعضای مجلس خبرگان رهبری (Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори аъзои Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «احکام اعتکاف، حضور در مسجد واحد» («Аҳкоми эътикоф, ҳузур дар масҷиди воҳид»), пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ.
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398 ҳ.ш., саҳ. 262 ва 255.
- ↑ Хоманаӣ, Ғино, 1398 ҳ.ш., саҳ. 444.
- ↑ «ثبت پیام رهبر انقلاب بهعنوان سند در سازمان ملل» («Сабти паёми раҳбари инқилоб ба унвони санад дар Созмони Милал»), дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار مردم سقز» («Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори мардуми Саққиз»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار بانوان نخبه در آستانه سالروز میلاد حضرت زهرا(ع)» («Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори бонувони нухба дар остонаи солрӯзи мелодӣ Ҳазрати Заҳро (а)»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дори эҳёъ-ут-туроси-л-арабӣ, ҷ. 39, саҳ. 207 ва 215; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Дору-л-илм, ҷ. 2, саҳ. 397.
- ↑ Беҳбудӣ, Шарҳи исм, 1391 ҳ.ш., саҳ. 49.
- ↑ Оршиви маркази аснод, шумораи 1226.
- ↑ Оршиви маркази аснод, шумораи 1226.
- ↑ Беҳбудӣ, Шарҳи исм, 1391 ҳ.ш., саҳ. 78.
- ↑ «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای» («Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Беҳбудӣ, Шарҳи исм, 1391 ҳ.ш., саҳ. 67.
- ↑ Баёнот дар дидор бо аъзои «Гурӯҳи иҷтимоӣ» Садои Ҷумҳурии исломии Эрон (29/11/1370), https://farsi.khamenei.ir/speech-content?id=2603
- ↑ «جلسه درس خارج فقه» («Ҷаласаи дарси хориҷи фиқҳ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای» («Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای» («Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ سخنرانی ۲۳ آذر ۱۳۷۳ (Суханронии 23 озари 1373).
- ↑ «سرودهی حضرت آیتالله خامنهای که یک بیت از آن را در آستانه عملیات وعده صادق در جلسهای خواندند» («Сурудаи Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки як байти аз онро дар остонаи амалиёти Ваъдаи содиқ дар ҷаласае хонданд»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: Оршиви маркази асноди инқилоби исломӣ, шумораи 1234; Оршиви маркази аснод, шумораи 614 ва 1231-1232.
- ↑ Оршиви маркази асноди инқилоби исломӣ, шумораи 304 ва 389 ва 575.
- ↑ Оршиви маркази асноди инқилоби исломӣ, шумораи 572 ва 576.
- ↑ Оршиви маркази асноди инқилоби исломӣ, шумораи 614.
- ↑ Ёрони Имом ба ривояти асноди Совок, 1376-1382 ҳ.ш., ҷ. 1, саҳ. 468.
- ↑ Бозаргон, Ёддоштҳои рӯзона, 1376 ҳ.ш., 422-423.
- ↑ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Даврони мубориза, 1376 ҳ.ш., ҷ. 2, саҳ. 1566.
- ↑ «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای» («Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ»), вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای» («Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ»), вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ По ба по, ҷ. 2, саҳ. 192.
- ↑ Соилӣ, саҳ. 49-62.
- ↑ Қосимпур, Даҳаи сарнавиштсоз, маркази асноди инқилоби исломӣ, саҳ. 92-94.
- ↑ Ҳошимӣ, Инқилоб ва..., саҳ. 169.
- ↑ Соилӣ, саҳ. 117-118.
- ↑ Хулоса, ҷаласаи 1358/9/3.
- ↑ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Инқилоб ва пирӯзӣ, саҳ. 449.
- ↑ https://lib.eshia.ir/12293/04/1321 Доира-ту-лмаорифи бузурги исломӣ, ҷ. 4, саҳ. 1321.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389 ҳ.ш., ҷ. 12, саҳ. 116.
- ↑ Фарҳанг ва..., саҳ. 311.
- ↑ Развӣ, саҳ. 384.
- ↑ Ҳошимӣ, Инқилоб дар..., саҳ. 176.
- ↑ Қубодӣ, «گزارشی از ماجرای ترور ۶ تیر ۱۳۶۰» («Гузорише аз моҷарои террор 6 тири 1360»).
- ↑ «بازخوانی 24 ترور پس از پیروزی انقلاب اسلامی» («Бозхонии 24 террор пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ»), маркази асноди инқилоби исломӣ.
- ↑ «ترور نافرجام آیت الله خامنهای» («Террори нофарҷоми Оятуллоҳ Хоманаӣ»), Тибён.
- ↑ Ҷумҳурӣ, шумора 678, саҳ. 11.
- ↑ Форсӣ, саҳ. 543-544.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифа, ҷ. 20, саҳ. 463-465.
- ↑ Гуфтугӯ бо..., саҳ. 52.
- ↑ Гуфтугӯ бо, саҳ. 68-69.
- ↑ Ҷумҳурӣ, Шмـ 2886, саҳ. 12, Шмـ 2889, саҳ. 2-12.
- ↑ https://lib.eshia.ir/12293/04/1321 Доира-ту-лмаорифи бузурги исломӣ, ҷ. 4, саҳ. 1321.
- ↑ Ҷумҳурӣ, шумораи 2413, саҳ. 10.
- ↑ Ҷумҳурӣ, Шмـ 1921, саҳ. 12.
- ↑ https://farsi.khamenei.ir/newspart-index?tid=1179
- ↑ دیباچه دانشنامه (Дибочаи донишнома), сойти Донишномаи ҷаҳони Ислом, таърихи боздид 95/9/8.
- ↑ «انتشار سیودومین جلد دانشنامۀ جهان اسلام» («Интишори сиву дувумин ҷилди Донишномаи ҷаҳони Ислом»), сойти донишномаи ҷаҳони ислом.
- ↑ Чигунагӣ..., 18; Ҳошимӣ, Бозсозӣ..., 149-151.
- ↑ Марҷаият..., саҳ. 70; Ҷуръа Нӯш, саҳ. 265.
- ↑ Ҳадис, 1/Ҷм.
- ↑ Ҷумҳурӣ, Ш2924, саҳ. 3.
- ↑ Кайҳон, шумораи 13631; Ҷумҳурӣ, шумораи 2929; Ҷумҳурӣ, Шмـ2972; Ҷумҳурӣ, шумораи 2979.
- ↑ پیام حج، ابتکار امام بود (Паёми Ҳаҷ, ибтикори Имом буд), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ مهمترین وظایف امت اسلام درباره مسائل جهان اسلام (Муҳимтарин вазоифи уммати ислом дарбораи масоили ҷаҳони ислом), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «پیام آیتالله خامنهای به کنگره عظیم حج» («Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба Кунгураи азими Ҳаҷ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «پیام به حجاج بیتالله الحرام» («Паём ба ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳ-ил-ҳаром»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба: «بیانات در دیدار اعضای مجمع جهانی اهلبیت علیهمالسلام و اتحادیهی رادیو و تلویزیونهای اسلامی» («Баёнот дар дидори аъзои Маҷмаи ҷаҳонии аҳли Байт алайҳим-ус-салом ва Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Аҳмадимуқаддам ва дигарон, «Табйини нақши Имом Хоманаӣ дар ҳидоят ва раҳбарии ҷабҳаи муқовимат», саҳ. 38.
- ↑ «دهها فروند پهپاد و موشک به سمت سرزمینهای اشغالی شلیک شد» («Даҳҳо фирванд паҳпод ва мушак ба самти сарзаминҳои ишғолӣ шиллик шуд»), хабаргузории ИРНА.
- ↑ «رویارویی مستقیم نظامی با اسرائیل چه تاثیری بر زندگی شهروندان عادی ایران میگذارد؟» («Рӯёрӯии мустақими низомӣ бо Исроил чӣ таъсире бар зиндагии шаҳрвандони оддии Эрон мегузорад?»), Еврониюс; Motamedi, "‘True Promise’: Why and how did Iran launch a historic attack on Israel?», Al Jazeera Media Network.
- ↑ «خطبههای نماز عید فطر» («Хутбаҳои намози иди Фитр»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «پیام در پی شهادت سرلشکر پاسدار محمدرضا زاهدی و همرزمانش» («Паём дар пайи шаҳодати сарлашгар Посдор Муҳаммадризо Зоҳидӣ ва ҳамразмонаш»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ Дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ,https://farsi.khamenei.ir/news-content?id=60426
- ↑ نامهای برای تو (Номае барои ту), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ بازتاب پیام آیتالله خامنهای در رسانهها (Бозтоби паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ дар расонаҳо), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ; дар CNN; дар BBC.
- ↑ نامه رهبر انقلاب به عموم جوانان غربی (Номаи раҳбари инқилоб ба умуми ҷавонони ғарбӣ), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «نامه حضرت آیتالله خامنهای به دانشجویان حامی مردم فلسطین در دانشگاههای ایالات متحده آمریکا» («Номаи Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба донишҷӯёни ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- ↑ «آشنایی با مجمع جهانی اهلبیت(ع)» («Ошноӣ бо Маҷмаъи ҷаҳонии аҳли Байт (а)»), пуртали аҳли Байт.
- ↑ «معرفی مرکز تحقیقات کامپیوتری علوم اسلامی (نور)» («Муаррифии Маркази таҳқиқоти компютерии улуми исломӣ (Нур)»), муаррифии Маркази таҳқиқоти компютерии улуми исломӣ (Нур).
- ↑ «اساسنامه نهاد علمی و آموزشی جامعة المصطفی العالمیة» («Асосномаи ниҳоди илмӣ ва омӯзишии Ҷомеъа-ту-л-Мустафо-л-оламия»), маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ.
- ↑ «معرفی مرکز خدمات حوزههای علمیه» («Муаррифии Маркази хидматрасонии ҳавзаҳои илмия»), сойти Маркази хидматрасонии ҳавзаҳои илмия.
- ↑ Ал-Ғурайфӣ, Халифа-ту-л-Имом-ур-роҳил, саҳ. 175-204.
- ↑ پیام آیتالله خامنهای به اجلاس هزاره رهبران روحانی ادیان (Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба иҷлоси Ҳазораи раҳбарони руҳонии адён).
- ↑ گزارش هزاره ادیان (Гузориши Ҳазораи адён).
- ↑ «آیتالله مکارم شیرازی: تهدیدکننده رهبری و مرجعیت حکم «محارب» دارد» («Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ: Таҳдидкунандаи раҳбарӣ ва марҷаият ҳукми «муҳориб» дорад»), хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ; «پاسخ استفتا از مرجع عالیقدر حضرت آیت الله العظمی نوری همدانی «مدظله العالی» در پی تهدید آمریکا و رژیم صهیونیستی نسبت به مقام معظم رهبری «دامت برکاته»» («Посухи истифто аз марҷаи олиқадр Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Нурии Ҳамадонӣ «муддиззалу-л-олӣ» дар пайи таҳдиди Амрико ва режими саҳюнистӣ нисбат ба мақоми муаззами раҳбарӣ «домат баракотуҳу»»), дафтари Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Нурии Ҳамадонӣ.
- ↑ «واکنش قاطع مراجع تقلید و علما نسبت به گستاخی ترامپ به رهبر انقلاب» («Вокуниши қотеъи мароҷеъи тақлид ва уламо нисбат ба густохии Трамп ба раҳбари инқилоб»), хабаргузории Расо.
- ↑ «حوزه علمیه نجف بر علیه تهدید گستاخانه «ترامپ جنایتکار» مبنی بر ترور امام خامنهای واکنش شدید نشان داد» («Ҳавзаи илмияи Наҷаф бар алайҳи таҳдиди густохонаи «Трампи ҷинояткор» мабнӣ бар террор Имом Хоманаӣ вокуниши шадид нишон дод»), Хабагузории Донишҷӯ.
Ёддошт
- ↑ Тафриш шаҳрест дар навоҳии марказии Эрон
- ↑ Муҳаммадалӣ Раҷоӣ дар соли 1359 ҳ.ш. ба унвони нахуствазир дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ширкат карда буд.
Сарчашма
- «Тадовоми Офтоб: Вижаномаи оғози бистумин соли раҳбарии Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ», дар рӯзномаи Ҷоми Ҷам, мурдоди 1387.
- Тақвӣ, Сайид Муҳаммадалӣ, «ریشههای بهار عربی و دومینوی فروپاشی رژیمهای عرب (تعیینکنندگی عوامل کوتاهمدت و نقش مدیریت سیاسی)» («Решаҳои баҳори арабӣ ва думинуи фурӯпошии режими араб (таъйинкунандагии авомили кӯтоҳмуддат ва нақши мудирияти сиёсӣ»), давраи 3, №11, озари 1396 ҳ.ш.
- Оршиви Маркази асноди инқилоби исломӣ.
- Оршиви Маркази пажӯҳиш ва асноди риёсатҷумҳурӣ, парвандаҳои давраи риёсат ҷумҳурии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- Оршиви муассисаи пажӯҳиши - фарҳангии инқилоби исломӣ.
- Ошноӣ бо Маҷлиси Шӯрои исломӣ, ба кӯшиши равобити умумии Маҷлиси Шӯрии Исломӣ, Теҳрон, 1360 ҳ.ш.
- Оқо бузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоти эълом-уш-шиъа, Теҳрон, 1388 ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ дар ойинаи аснод ба ривояти Совок, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1386 ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389 ҳ.ш.
- Бозаргон, Меҳдӣ, Ёддоштҳои рӯзона, Теҳрон, 1376 ҳ.ш.
- Беҳбудӣ, Ҳидоятуллоҳ, Шарҳи исм зиндагиномаи Оятуллоҳ Саид Алӣ Хоманаӣ (1318 - 1357), Теҳрон, муассисаи мутолиот ва пажӯҳишҳои сиёсӣ, 1391 ҳ.ш.
- Таърихи уламои Хуросон, ба кӯшиши Мирзо Абдурраҳмон, Машҳад, 1341 ҳ.ш.
- Ҷалолӣ, Ғуломризо, Машҳад дар бомдоди наҳзати исломӣ, Теҳрон, 1378 ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Саид Алӣ Ҳусайнӣ, Ғино, Теҳрон, фиқҳи рӯз, 1398 ҳ.ш.
- «نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای» («Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ»), вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 1 фарвардини 1393 ҳ.ш., санаи боздид: 1 мурдоди 1402 ҳ.ш.
- Зангана Қосимободӣ, Иброҳим, Машоҳири мадфун дар ҳарами Развӣ: Олимони динӣ, Машҳад, бунёди пажӯҳишҳои Остони Қудси Развӣ, 1382 ҳ.ш.
- Шарифрозӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон, 1354 ҳ.ш.
- Сулҳ Мирзоӣ, Саид, Фаластин аз манзари Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Хоманаӣ (муд зиллаҳу-л-олӣ) раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, Теҳрон, интишороти инқилоби исломӣ, 1397 ҳ.ш.
- Қосимпур, Довуд, Даҳаи сарнавиштсоз, Теҳрон, Маркази асноди инқилоби исломӣ.
- Касравӣ, Аҳмад, Қиёми Шайх Муҳаммад Хиёбонӣ, Теҳрон, 1376 ҳ.ш.
- «کنگره بین المللی اندیشههای قرآنی امام خامنهای برگزار شد» («Кунгураи байналмилалии андешаҳои Қуръонии Имом Хоманаӣ баргузор шуд»), рӯзномаи Кайҳон, 13 урдибиҳишти 1403 ҳ.ш.
- Гулшани аброр, ба кӯшиши ҷамъе аз пажӯҳишгарони ҳавзаи илмияи Қум, нашри маъруф, 1379 ҳ.ш.
- Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Даврони мубориза, ба кӯшиши Муҳсин Ҳошимӣ, Теҳрон, дафтари нашри маорифи инқилоб, 1376 ҳ.ш.
- Ёрони Имом ба ривояти асноди Совок, Теҳрон, маркази баррасии асноди таърихии Вазорати иттилоот, 1376-1382 ҳ.ш.
- Хоманаӣ, Сайидалӣ Ҳусайнӣ, Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон, Теҳрон, муассисаи фарҳангии Имон Ҷиҳодӣ (Саҳбо), чопи дувум, 1392 ҳ.ш.
- نگاهی گذرا به زندگینامهی حضرت آیتاللهالعظمی سید علی حسینی خامنهای (Нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Саид Алӣ Ҳусайнӣ Хоманаӣ), сайти khamenei.ir, санаи дарҷи матлаб: 1 фарвардини 1393 ҳ.ш., санаи боздид: 13 хурдоди 1400 ҳ.ш.
- https://farsi.khamenei.ir/newspart-index?tid=1179 Дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ.
- «نامه حضرت آیتالله خامنهای به دانشجویان حامی مردم فلسطین در دانشگاههای ایالات متحده آمریکا» («Номаи Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба донишҷӯёни ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико»), вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ, санаи боздид: 10 хурдоди 1403 ҳ.ш.
- «مروری بر نامگذاری سالها توسط رهبر انقلاب از ۱۳۷۸ تا امروز» («Муруре бар номгузории солҳо тавассути раҳбари инқилоб аз 1378 то имрӯз»), хабаргузории ИМНА, санаи дарҷи матлаб: 29 исфанди 1402 ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1403 ҳ.ш.
- «سرودهی حضرت آیتالله خامنهای که یک بیت از آن را در آستانه عملیات وعده صادق در جلسهای خواندند» («Сурудаи Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ки як байти аз онро дар остонаи амалиёти ваъдаи содиқ дар ҷаласае хонданд»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 4 урдибиҳишти 1403 ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1403 ҳ.ш.
- «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار مردم سقز» («Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори мардуми Саққиз»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 29 урдибиҳишти 1388 ҳ.ш., санаи боздид: 20 тири 1403 ҳ.ш.
- «بیانات آیتالله خامنهای در دیدار جمعی از کارگزاران فرهنگی» («Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ҷамъе аз коргузорони фарҳангӣ»), сойти дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 21 мурдоди 1371 ҳ.ш., санаи боздид: 27 тири 1403 ҳ.ш.
- «آستان امامزاده محمد(ع) - تفرش» («Остони Имомзода Муҳаммад (а) - Тафриш»), ИСНА, санаи дарҷи матлаб: 14 озари 1396 ҳ.ш., санаи боздид: 8 шаҳривари 1403 ҳ.ш.
