Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон

Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон (форсӣ: رهبر جمهوری اسلامی ایران) баландтарин мақоми расмӣ дар Эрон аст, ки нозир бар қувои сегона буда ва таъйини сиёсатҳои куллии низом ва ҳидояти калони кишварро бар ӯҳда дорад. Ҷойгоҳи раҳбарӣ дар чорчӯби назарияи вилояти фақеҳ дар фиқҳи имомия таъриф мешавад. Тибқи ин назария дар даврони ғайбати имоми маъсум идораи корҳои умумии ҷомеаи исломӣ ба фақеҳи ҷомеъушшароит супурда мешавад.
Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар моддаҳои 5, 107, 110 ва 177 шароит ва ихтиёроти раҳбариро мушаххас кардааст. Шароити раҳбарӣ дарбаргирандаи иҷтиҳод, адолат, тақво, биниши сиёсию иҷтимоӣ, тадбир ва мудирият аст. Интихоб, назорат ва дар сурати зарурат азли ӯ бар ӯҳдаи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ аст. Дар тағиру иловаҳои соли 1989 ба қонуни асосӣ, шарти марҷаият ва шӯрои раҳбарӣ ҳазф ва бар вилояти мутлақаи фақеҳ таъкид шуд.
Вазифаҳои раҳбарӣ дарбаргирандаи таъйини сиёсатҳои куллӣ, фармондеҳии кулли қуво, насбу азли мақомоти олӣ, ҳалли ихтилофи қуво ва имзои ҳукми раисҷумҳурӣ аст. Имом Хумайнӣ, Сайид Алии Хоманаӣ ва Сайид Муҷтабо Хоманаӣ, ба тартиб, аввалин, дувумин ва севумин раҳбарони ҷумҳурии исломӣ будаанд.
Ҷойгоҳ
Бар асоси моддаи панҷуми Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар замони ғайбати Имом Замон (аҷ), вилояти амр ва имомати уммат бар ӯҳдаи фақеҳи ҷомеъушшароит аст.[1] Раҳбарӣ болотарин мақоми сиёсӣ ва маънавии дар Низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дониста шуда,[2] ки дар раъси қувои сегона (муҷрия, муқаннина ва қазоия) қарор дорад.[3] Ҷойгоҳи ӯ бо таваҷҷуҳ ба масъулиятҳо ва ихтиёроташ дар таъйини сиёсатҳои куллии низом ва ҳамоҳангӣ байни қувои ҳоким бар кишвар, дорои аҳаммият аст.[4]

Гуфта шуда вилояти фақеҳ фалсафаи вуҷудии низоми ҷумҳурии исломӣ ва шохиси аслии он аст, ки мувофиқи он, мазҳаби шиаи исноашарӣ дар қолаби имомат ва вилояти фақеҳон ниҳодинӣ мешавад.[5] Ҳамчунин илова бар идораи кишвар, вазифаи ҳидояти маънавии мардум ва ҳидояти ниҳодҳои ҳукуматӣ дар масири иҷрои саҳеҳи қонунҳои исломӣ низ бар ӯҳдаи раҳбарӣ дониста шудааст.[6]
Раҳбарони Эрон
Имом Хумайнӣ[7] то 4 июни 1989 ва пас аз ӯ Сайид Алии Хоманаӣ то 28 феврали 2026 Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон будаанд.[8] Пас аз террори Сайид Алии Хоманаӣ, Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон дар 8 марти 2026 Сайид Муҷтабо Хоманаиро ба унвони сеюмин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон таъин кард.[9]
Мабонии фиқҳӣ ва қонунӣ
Раҳбарӣ дар Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси назарияи вилояти фақеҳ устувор аст.[10] Ин назария мувофиқи мабонии ақлӣ ва шаръӣ дар фиқҳи имомия матраҳ ва исбот шудааст.[11] Бар асоси ин назарияи дар замони ғайбати Имом Замон (аҷ), ҳукумат ва идораи умури ҷомеаи исломӣ бар ӯҳдаи фақеҳи ҷомеъушшароит ё ҳамон валии фақеҳ аст.[12]
Тибқи моддаи 177 Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон ҷойгоҳи имомат ва вилояти раҳбариро аз усули тағйирнопазири қонуни асосӣ баршумурда, ки ҳатто дар бознигариҳо низ қобили тағйир нест.[13] Баъзе таъкиди чандинбораи қонуни асосӣ бар ин нуктаро таъкид бар ҷойгоҳи имомат ва вилояти раҳбарӣ медонанд;[14] Ҳамчунин дар моддаи 57, ки ба моддаи тафкики қувои сегонаи ҳокимият маъруф аст,[15] низ тасреҳ шуда, ки қувои сегона дар зери назари ӯ эъмоли қудрат мекунанд.[16]
Шароити раҳбарӣ
Тибқи қонуни асосии Эрон, раҳбарӣ бояд дорои шароити зер бошад:
- Салоҳияти илмии лозим барои ифто (фатво додан) дар бобҳои гуногуни фиқҳ (иҷтиҳод);
- Адолат ва тақвои лозим барои раҳбарӣ;
- Биниши саҳеҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тадбир, шучоат, мудирият ва қудрати кофӣ барои раҳбарӣ.[17]
Аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ мувофиқи қонуни асосӣ, ӯҳдадоранд шароити зикршуда дар моддаҳои панҷум ва саду ҳафтуми қонуни асосиро баррасӣ ва муносибтарин шахсро барои раҳбарӣ таъин кунанд.[18]
Бар хилофи раёсати ҷумҳурӣ ва баъзе дигар аз мансабҳои ҳукуматӣ, дар раҳбарӣ шаҳрвандии эронӣ доштан шарт нашудааст. Бо ин ҳол, баъзе ҳуқуқдонон бо истинод ба зарурати вобастагии миллӣ дар мансабҳое монанди раисҷумҳурӣ, ин шартро барои раҳбарӣ низ лозим медонанд.[19]
Бознигарии қонуни асосӣ
Дар соли 1989 Қонуни асосии Эрон мавриди бознигарӣ қарор гирифт ва тағиру иловаҳо бар он ворид гардид. Аз миёни моддаҳои тағирёфта, ду модда марбут ба раҳбарӣ аст:
- Ҳазфи шарти марҷаъ будани раҳбар: Дар қонуни асосии мусавваби соли 1979, илова бар салоҳияти фатво додан, марҷаият низ ҷузви шароити раҳбарӣ буд, ки дар бознигарӣ, шарти марҷаияти феълӣ ҳазф шуд.[20] Имом Хумайнӣ бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, тавассути номае дар санаи 29 апрели 1989 ба раиси Шӯрои бознигарии қонуни асосӣ, таъкид кард, ки ман аз ибтидо бо шарти марҷаият мувофиқ набудам; зеро наметавон низоми исломиро бе сарпараст раҳо кард ва муҷтаҳиди одил кифоя мекунад.[21] Гуфта шуда кӯтоҳ омадан аз шарти марҷаият, ба маънии таназзули мартабаи фақоҳат ва иҷтиҳод нест, балки аҳаммияти раҳбарии ҷомеа иқтизо дорад, ки раҳбарӣ дар канори иҷтиҳод, аълам аз дигарон ба масоил ва мавзуоти сиёсии идораи кишвар низ бошад ва қатъан доираи шахсони дорои шароит дар байни мароҷеи тақлид бисёр тангтар хоҳад буд.[22]
- Ҳазфи шӯрои раҳбарӣ ва тасбити вилояти мутлақаи фақиҳ: Дар бознигарӣ мавзуи «Шӯрои раҳбарӣ» аз қонуни асосӣ ҳазф ва унвони вилояти мутлақаи фақеҳ бар вазифаҳо ва ихтиёроти раҳбарӣ дар баъзе маворид афзуда шуд.[23]
Вазифаҳо ва ихтиёрот
Мувофиқи моддаи 110 қонуни асосӣ, вазифаҳо ва ихтиёроти Раҳбарӣ иборатанд аз:
- Таъйини сиёсатҳои куллии низом пас аз машварат бо Маҷмаи ташхиси маслаҳат;
- Назорат бар ҳусни иҷрои сиёсатҳои куллии низом;
- Фармони раъйпурсии умумӣ;
- Фармондеҳии кулли нерӯҳои мусаллаҳ;
- Эълони ҷанг ва сулҳ ва басиҷи нерӯҳо;
- Насбу азл ва қабули истеъфои фақеҳони Шӯрои нигаҳбон, болотарин мақоми қувваи қазоия, раиси Созмони садову симо, раиси Ситоди муштарак, фармондеҳи кулли Сипоҳ, фармондеҳони олии нерӯҳои низомӣ ва интизомӣ;
- Ҳалли ихтилоф ва танзими робитаҳои қувваҳои сегонаи ҳокимият;
- Ҳалли муъзалоти низоми исломӣ тавассути Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом;
- Имзои ҳукми раёсатҷумҳурӣ пас аз интихоби мардум;
- Азли раисҷумҳур бо дар назар гирифтани масолиҳи кишвар;
- Афв ё тахфифи муҷозоти маҳкумин[24]
- Интихоби аъзо, дабир ва раиси Маҷмаи ташхиси маслаҳати низом. [25]
Бар асоси моддаи 57 қонуни асосӣ қувваҳои сегонаи ҳокимият бояд зери назари Раҳбарӣ вазифаҳои худро анҷом диҳанд.[26] Моддаҳои 5, 107 ва 110-уми Қонуни асосии Эрон низ ба шароит ва ихтиёроти Раҳбарӣ ишора дорад.[26] Тибқи моддаи 110, Раҳбарӣ метавонад баъзе аз вазифаҳо ва ихтиёроти худро ба шахси дигар вогузор кунад.[27]
Шеваи интихоб ва азл
Мувофиқи қонуни асосӣ, интихоб, азл ва назорат бар Раҳбарӣ бар ӯҳдаи Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ аст.[28]
Интихоб
Таъйини Раҳбар аз ҷониби хубрагони Раҳбарӣ, иборат аз намояндагони мунтахаби мардум, анҷом мешавад.[29] Ин шеваи таъин, бо таваҷҷуҳ ба душвории ташхиси шароити раҳбарӣ барои умуми мардум ба таври ғайри мустақим сурат мегирад.[30] Хубрагони Раҳбарӣ дар бораи ҳамаи фақеҳҳои дорои шароити раҳбариро баррасӣ ва машварат мекунанд ва ҳар гоҳ яке аз ононро аълам ба аҳком ва мавзуоти фиқҳӣ ё масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ ё дорои мақбулияти омма ё воҷиди бартарии хос дар яке аз сифатҳои мазкурро ташхис диҳанд, ӯро ба раҳбарӣ интихоб мекунанд. Дар ғайри ин сурат яке аз ононро ба унвони Раҳбар интихоб ва муаррифӣ менамоянд.[31]
Барканорӣ
Мувофиқи қонуни асосӣ, агар Раҳбарӣ аз анҷоми вазифаҳои худ нотавон шавад ё яке аз шароити раҳбариро аз даст бидиҳад, аз мақомаш барканор мешавад. Ташхиси ин масъала бар ӯҳдаи аъзои Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ аст. Ҳамчунин дар сурати фавт ё канорагирӣ ё азли Раҳбарӣ, хубрагон бояд раҳбари навро таъйин ва муаррифӣ намояд.[32]
Шӯрои муваққати Раҳбарӣ

Мувофиқи моддаи 111 Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, дар сурати фавт, канорагирӣ ё азли Раҳбарӣ, Шӯрои муваққати Раҳбарӣ муташаккил аз раисҷумҳур, раиси қувваи қазоия ва яке аз фақеҳони Шӯрои нигаҳбон ба интихоби Маҷмаи ташхиси маслаҳати низом, ҳамаи вазифаҳои Раҳбариро ба таври муваққат бар ӯҳда мегиранд.[33] Ҳамчунин агар раҳбар ба ҳар далел аз анҷоми вазифаҳои худ муваққатан нотавон шавад, шӯрои мазкур вазифаҳои раҳбариро бар ӯҳда хоҳад дошт. Нахустин бор, пас аз шаҳодати Сайид Алии Хоманаӣ дар 28 феврали 2026 ин шӯро ҷаласае ташкил дод ва то замони интихоби Сайид Муҷтабо Хоманаӣ дар 8 марти 2026 масъулиятҳои Раҳбариро бар ӯҳда дошт. Аъзои ин шӯро иборат буданд аз: Масъуди Пизишкиён - раисҷумҳури вақт, Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ - раиси вақти қувваи қазоия ва Алиризо Аърофӣ намояндаи Шӯрои нигаҳбон.
Қоииммақомӣ
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ҷисмонии Имом Хумайнӣ, Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар 9 ноябри соли 1985, Ҳусайналӣ Мунтазириро ба унвони ҷонишин ва қоииммақоми Имом Хумайнӣ интихоб кард.[34] Имом Хумайнӣ бо вуҷуди алоқа ба Мунтазирӣ,[35] ӯро барои раҳбарӣ муносиб намедонист, вале пас аз муаррифии Мунтазирӣ, ба тасмими Маҷлиси хубрагон эҳтиром гузошт ва бо он мухолифат накард.[36] Мавзеъгириҳои Мунтазирӣ дар бораи низом ва мансуб будани Сайид Маҳдии Ҳошимӣ ба байти ӯ, боиси эҳсоси хатар аз тарафи Имом Хумайнӣ ва ҳушдор ба ӯ шуд.[37] Бо идомаи мавзеъгириҳои Мунтазирӣ, саранҷом Имом дар марти 1989 (фарвардини 1368ҳ.ш.) тавассути номае, салоҳият ва машруият надоштани Мунтазириро барои раҳбарӣ эълом кард ва Мунтазирӣ низ дар посухи нома, аз қоииммақомӣ истеъфо дод.[38] Пас аз он, мансаби қоииммақомии раҳбарӣ барчида шуд.[39]
Эзоҳ
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., моддаи 5
- ↑ Амид Занҷонӣ, Куллиёти ҳуқуқи асосӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.276; Наврӯзӣ ва Боқирӣ, «Баррасӣ ва таҳлили ҷойгоҳи Раҳбарӣ дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон», фаслномаи пажӯҳишҳои инқилоби исломӣ
- ↑ Ҷавон Ороста, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1399ҳ.ш., саҳ.90
- ↑ Наврӯзӣ ва Боқирӣ, «Баррасӣ ва таҳлили ҷойгоҳи Раҳбарӣ дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон», фаслномаи пажӯҳишҳои инқилоби исломӣ
- ↑ Амид Занҷонӣ, Куллиёти ҳуқуқи асосӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.194
- ↑ Наврӯзӣ ва Боқирӣ, «Баррасӣ ва таҳлили ҷойгоҳи Раҳбарӣ дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон», фаслномаи пажӯҳишҳои инқилоби исломӣ
- ↑ «Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон», 1397ҳ.ш., моддаи 107
- ↑ «روایت یک انتخاب», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ رهبر جدید انقلاب اسلامی توسط مجلس خبرگان رهبری تعیین و معرفی شد, Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ Амид Занҷонӣ, Куллиёти ҳуқуқи асосӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.276
- ↑ Амид Занҷонӣ, Куллиёти ҳуқуқи асосӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.277-280
- ↑ нигаред ба: Шайхи Ансорӣ, Макотиб, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.545; Мунтазирӣ, Диросот фи вилоят-ил-фақиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11; Ҷаводии Омулӣ, вилояти фақеҳ вилояти фақоҳат ва адолат, 1378ҳ.ш., саҳ.129
- ↑ Ҷавон Ороста, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1399ҳ.ш., саҳ.96
- ↑ Ҷавон Ороста, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1399ҳ.ш., саҳ.95
- ↑ Ҷавон Ороста, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1399ҳ.ш., саҳ.99
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., моддаи 57
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., моддаи 109
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., моддаи 107
- ↑ Ҳошимӣ, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.35
- ↑ «Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон», вебгоҳи Маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.371
- ↑ Ҳошимӣ, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.46
- ↑ «Бознигарии қонуни асосӣ», партали Имом Хумайнӣ
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., моддаи 110
- ↑ Матни комили қонуни асосӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.64, моддаи 112; Маҷидӣ, Ошноӣ бо қонуни асосӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.278
- ↑ 26.0 26.1 Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., аслҳои 5, 107 ва 110
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., моддаи 110
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., усул 107 ва 111
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., моддаи 107
- ↑ Ҳошимӣ, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.73
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., моддаи 107
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., моддаи 111
- ↑ Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, 1397ҳ.ш., моддаи 111
- ↑ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Умед ва дилвопасӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.318
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.334
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.331 ва 334
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1389ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.136-138; Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Хотираҳо, 1388ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.89
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи нур, 1389ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.333 ва 334
- ↑ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Умед ва дилвопасӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.325
Сарчашма
- Амид Занҷонӣ, Аббосалӣ, Куллиёти ҳуқуқи асосӣ, Теҳрон, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1385ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи нур, Теҳрон, Муассисаи ҳифз ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
- Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, Теҳрон, Пажӯҳишкадаи Шӯрои нигаҳбон, 1397ҳ.ш.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Диросот фи вилоят-ил-фақиҳ ва фиқҳ-ид-давлат-ил-исломия, Қум, Мактаб-ул-аълом-ил-исломӣ, 1408ҳ.қ.
- Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Хотираҳо, Теҳрон, Маркази асноди инқилоби исломӣ, 1388ҳ.ш.
- Наврӯзӣ, Муҳаммадҷавод ва Боқирӣ, Алиакбар, «Баррасӣ ва таҳлили ҷойгоҳи Раҳбарӣ дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон», фаслномаи Пажӯҳишҳои инқилоби исломӣ, №3, зимистони 1391ҳ.ш.
- Ҳошимӣ, Сайид Муҳаммад, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, Теҳрон, Нашри Мизон, 1385ҳ.ш.
- Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Корнома ва хотираҳо, соли 1364, умед ва дилвопасӣ, (ба эҳтимоми Соро Лоҳутӣ), Теҳрон, Дафтари нашри маорифи инқилоб, 1387ҳ.ш.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, вилояти фақеҳ, вилояти фақоҳат ва адолат, Қум, Маркази нашри Исро, 1378ҳ.ш.
- Ҷавон Ороста, Ҳусайн, Ҳуқуқи асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1399ҳ.ш.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Макосиб, Қум, Конгресси Шайхи Аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
- «بازنگری قانون اساسی» («Бознигарии қонуни асосӣ»), Портали Имом Хумайнӣ, санаи боздид: 19 феврали 2026
- «روایت یک انتخاب» («Ривояти як интихоб»), Пойгоҳи иттилохрасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 5 июни 2009, санаи боздид: 19 феврали 2026
- رهبر جدید انقلاب اسلامی توسط مجلس خبرگان رهبری تعیین و معرفی شد (Раҳбари ҷадиди Инқилоби исломӣ тавассути Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ таъин ва муаррифӣ шуд), Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи нашр: 9 марти 2026, санаи боздид: 10 апрели 2026