Ҳамразмони Ҳусайн (китоб)
Тасвире аз китоб дар вирости ҷадид | |
| Нависанда | Сайид Алии Хоманаӣ |
|---|---|
| Мавзуъ | Калом ва ахлоқ |
| Забон | Форсӣ |
| Теъдоди ҷилд | 1 |
| Ношир | Муассисаи пажӯҳишии фарҳангии Инқилоби исломӣ |
| Маҳалли нашр | Теҳрон |
| Санаи нашр | 1396ҳ.ш./2017 |
Ҳамразмони Ҳусайн (форсӣ: همرزمان حسین) китобест, ки суханрониҳои Сайид Алии Хоманаӣ дар муҳаррами соли 1973 дар он ба сурати матнӣ пешкаш шудааст. Дар ин асар, масоиле чун назарияи инсони 250-сола, мафҳуми ҷиҳод, баррасии ҷиҳод дар сираи рафтории имомони шиа ва шинохти туҳмати душманон барои таҳрифи чеҳраи муборизотии онон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Ин китоб дар соли 2017 мунташир шудааст.
Ҷойгоҳ ва аҳамият
Ҳамразмони Ҳусайн, шомили маҷмуаи суханрониҳоест, ки муҳаррами соли 1393ҳ.қ. мусодиф бо 1973 дар фазои мултаҳиби сиёсӣ-мазҳабии пеш аз Инқилоби исломии Эрон (1979), сурат гирифтааст. Сайид Алии Хоманаӣ, суханрони ин ҷаласот, аз муборизони ҳукумати Паҳлавӣ дар он даврон ба шумор мерафт. Ин суханрониҳо дар ҳайати Ансор-ул-Ҳусайн дар Теҳрон эрод шудаанд. Хоманаӣ дар ин суханрониҳо ба аҳамияти шинохти саҳеҳи имомон, шинохти туҳмати душманон барои таҳрифи чеҳраи муборизотии онон ва маънои ҷиҳод пардохтааст.[1] Нависанда дар ин асар ба халқи назарияи инсони 250-сола пардохтааст ва Имом Саҷҷод (а) то Имом Ҳасани Аскарӣ (а)-ро ҳамразмони Имом Ҳусайн (а) унвон кардааст.[2]
Аз ҷумлаи тафовутҳои ин асар бо китоби Инсони 250-сола, вуҷуди инсиҷом дар матолиб ва баёни нукоти бештар дар заминаи ахлоқӣ ва таърихӣ аст.[3] Дар таълифи асар саъй шудааст, то камтар ба лаҳни гуфторгунаи нависанда тасарруф шавад, то хонанда иртиботи беҳтареро бо матн пайдо кунад.[4]
Мазмун
Китоби «Ҳамразмони Ҳусайн», дарбаргирандаи даҳ суханронӣ аз Сайид Алии Хоманаӣ аст, ки мавзуи онҳо, унсури мубориза дар сираи имомони шиа мебошад.[5] Даҳ гуфтори ин китоб ба тартиб ва бар асоси феҳристи ин китоб иборатанд аз:[6]
- Аҳамияти шинохти чеҳра ва сираи ҳақиқии имомон;
- Фалсафа ва ҳадафи имомат;
- Инсони 250-солаи мубориз;
- Давронҳои чоргонаи имомат;
- Баррасии бурҳаи оғозини давраи чоруми имомат;
- Ҳаёти сиёсии Имом Содиқ (а);
- Амалкардҳои сахти имомон ва бархӯрд бо уламо ва шуарои дарборӣ;
- Имомзодагони инқилобӣ;
- Тақия.
Интишор
Муассисаи пажӯҳишӣ-фарҳангии Инқилоби исломӣ (Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ) ин асарро аз рӯи файлҳои савтии ҷаласоти суханронии Сайид Алии Хоманаӣ истихроҷ ва танзим ва дар соли 2017 онро мунташир кардааст. Дар табдилсозии суханронии ҷаласоти нуҳум ва даҳум, ба ҷиҳати набудани файли садоӣ, ба матни нусхаи табдилшудаи ин асар иктифо шудааст.[7]
Эзоҳ
- ↑ Хоманаӣ, Ҳамразмони Ҳусайн, 1397ҳ.ш., саҳ.7
- ↑ «Ҳамразмони Ҳусайн (а)», сомонаи Оятуллоҳи ул-узмо Сайид Алӣ Хоманаӣ
- ↑ «Тафовути китобҳои Инсони 250-сола ва Ҳамразмони Ҳусайн (а)», сомонаи Ақиқ
- ↑ «Ҳамразмони Ҳусайн (а)», сомонаи Оятуллоҳи ул-узмо Сайид Алӣ Хоманаӣ
- ↑ Хоманаӣ, Ҳамразмони Ҳусайн, 1397ҳ.ш., саҳ.7
- ↑ Хоманаӣ, Ҳамразмони Ҳусайн, 1397ҳ.ш., саҳ.9–10
- ↑ Хоманаӣ, Ҳамразмони Ҳусайн, 1397ҳ.ш., саҳ.8
Сарчашма
- Хоманаӣ, Сайид Алӣ, Ҳамразмони Ҳусайн (а), Теҳрон, Муассисаи пажӯҳишии фарҳангии Инқилоби исломӣ, 1397ҳ.ш.
- «همرزمان حسین (علیهالسّلام)» («Ҳамразмони Ҳусайн (а)»), Сомонаи Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 27 ноябри 2017, санаи боздид: 19 августи 2023
- «تفاوت کتابهای انسان ۲۵۰ساله و همرزمان حسین(ع)» («Тафовути китобҳои Инсони 250-сола ва Ҳамразмони Ҳусайн (а)»), Сомонаи Ақиқ, санаи дарҷи матлаб: 10 июли 2018, санаи боздид: 19 августи 2023
Пайванд ба берун
- مطالعه کتاب در کتابخانه نور (Мутолиаи китоб дар китобхонаи Нур)